ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
Featured

Оё ман дурӯғро мешиносам? (Дурӯғ дар тарозуи ақл, виҷдон ва шариат)

Бисёре аз инсонҳо гумон мекунанд, ки бо як дурӯғ метавонанд обрӯи худро ҳифз кунанд, мушкилоти рӯзгорро ҳал намоянд, дар тиҷорат фоидаи бештар ба даст оранд ва ё оромии оиларо нигоҳ доранд. Аммо оё дурӯғ воқеан метавонад такягоҳи устувори зиндагӣ бошад?
Рисолаи «Оё ман дурӯғро мешиносам?» маҳз ба ҳамин саволҳои ҳассоси зиндагӣ посух медиҳад. Муаллиф бо такя ба оятҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ ва андешаҳои Имом Ғаззолӣ нишон медиҳад, ки дурӯғ на танҳо мушкилро ҳал намекунад, балки занҷираи фиреб, бебаракатӣ ва беэътимодиро ба вуҷуд меорад.
Дар ин китобча чӣ мавзӯъҳо баррасӣ шудаанд?
  • Нӯҳ ҳолати воқеии зиндагӣ: Таҳлили дақиқи дурӯғ дар масъалаи ҳифзи обрӯ, гурез аз масъулият, харидуфурӯш ва ризқ, муҳити оила, фаъолияти корӣ ва баҳонаи «маҷбурият».
  • Тарозуи ақл ва шариат: Муқоисаи оқибатҳои дурӯғ ва ростӣ аз нигоҳи ақли солим ва дастурҳои динӣ.
  • 20 тавсияи амалӣ: Роҳнамои содда ва корбурдӣ барои раҳоӣ аз одати дурӯғгӯӣ, тақвияти таваккал ба Худо ва бунёди зиндагии баракатнок

ОЁ МАН ДУРӮҒРО МЕШИНОСАМ?

Оё бо дурӯғ метавон                                 мушкилотро ҳал кард?
Оё дурӯғ метавонад                                 такягоҳ бошад?
Оё дурӯғ метавонад                                    обрӯи маро ҳифз кунад?
Оё дурӯғ метавонад                                 ризқи маро зиёд кунад?

ДУРӮҒ ДАР ТАРОЗУИ
АҚЛ, ВИҶДОН ва ШАРИАТ