Featured

АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА

«Барои он ки ин масири мураккаби маънавиро қадам ба қадам тай кунем, мақоларо ба бахшҳои зерин тақсим намудем:»

 

بسم الله الرحمن الرحيم

الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله محمد وعلى آله وصحبه أجمعين.

أما بعد...

КИТОБИ ТАҲОРАТ

Вузӯ

Фарзҳои вузӯ:

 

Дар вузӯ чаҳор амал (чиз, рафтор) фарз аст:

АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА

بسم الله الرحمن الرحيم

الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله محمد وعلى آله وصحبه أجمعين.

أما بعد...

КИТОБИ ТАҲОРАТ

Вузӯ

Фарзҳои вузӯ:

Дар вузӯ чаҳор амал (чиз, рафтор) фарз аст:

1.    Шустани сурат (рӯй) дар тӯл (дарозӣ) аз болои пешонӣ (ибтидои маҳалли рӯидани мӯи сар) то зери чона ва занахдон (зени манаҳ) ва дар арз (аз рӯи бараш) то ҳарду гӯш.

Ёдоварӣ: Чунончи риши касе анбӯҳ ва ганҷон (зиёд) бошад, расонидани об дар буни (решаи) мӯҳои риш, лозим нест.

2.    Шустани ҳарду даст то оринҷҳо.

3.    Масҳи чаҳоряки сар.

4.    Шустани ҳарду по то шитолангҳо (устухонҳои пошнаи по, қузак, буҷилак).

Чунончи аз чаҳор узви мазкур ба андозаи як нохун ё камтар аз он ҳам хушк бимонад, вузӯ саҳеҳ нест.

 

Суннатҳои вузӯ:

Суннатҳои вузӯ ба ин тартиб ҳастанд:

1.    Хондани “Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим” дар ибтидои вузӯ.

2.    Се бор шустани ҳарду даст то мучи даст (банди даст).

3.    Се бор бо даст об дар даҳон ва бинӣ кардан.

4.    Мисвок задан.

5.    Се бор шустани ҳарду даст бо оринҷҳо.

***