Сураи Фотиҳа (Тафсири Анворул Қуръон)

«Анворул-Қуръон» як давраи комили тафсири Қуръони карим ба забони содда ва равон аст, ки аз ҷониби устод Абдуррауфи Мухлиси Ҳиравӣ таълиф ва гирдоварӣ шудааст. Ин асари арзишманд гузидаи се тафсири бузург ва муътабари Аҳли Суннат — «Тафсири Ибни Касир», «Фатҳул-Қадир»-и имом Шавконӣ ва «Ат-Тафсирул-Мунир»-и доктор Ваҳба Зуҳайлӣ мебошад. Муаллиф дар ин китоб бо парҳез аз истилоҳоти душвор, маънои вожаҳо, сабаби номгузорӣ ва паёмҳои асосии сураву оятҳоро барои оммаи хонандагон ва пажӯҳишгарон ба таври равшан баён кардааст. «Анворул-Қуръон» яке аз беҳтарин ва муфидтарин манобеъ барои дарки амиқи паёмҳои Қуръони маҷид дар асри ҳозир ба шумор меравад.