АҚИДАИ ТАҲОВИЯ

1.    Пешгуфтор: Аҳамияти ақида дар ҳаёти мусулмон ё чаро омӯхтани «Ақидаи Таҳовия» муҳим аст?

Илми ақида поя ва асоси дини Ислом аст. Барои ҳар як мусулмон донистани ин илм ниҳоят муҳим аст, то дар зиндагонияш ҳаёти худро дар асоси ин ҳақиқатҳо сипарӣ намояд ва ба ризогии Аллоҳ таъоло ноил гардад. Донистани ин илм қадамҳои инсонро дар дин устувор менамояд; зеро шахс бо яқин медонад, ки чӣ гуна диндорӣ дорад ва ҳаёташ дар асоси ақидаи гузаштагони солеҳ ҷараён меёбад, ки фардо дар қиёмат аз он пушаймонӣ нахоҳад кард.

Хусусан барои касоне, ки даъвои пайравӣ аз ақидаи Аҳли суннат ва ҷамоат ва мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро доранд, ин китоб мисли як тарозуи дақиқ аст, ки имони инсонро аз инҳироф ва шубҳаҳо ҳифз мекунад.