✨ Оё шумо "Калиди кушоиш"-и мушкилоти худро доред?
Ҳаёт гоҳо моро дар бунбаст қарор медиҳад: гоҳе аз беморӣ, гоҳе аз танқисӣ ва гоҳе аз мушкилоти корӣ хаста мешавем. Дар чунин лаҳзаҳо, оё медонед, ки як роҳи ҳалли аҷибе вуҷуд дорад, ки на маблағ талаб мекунад ва на вақти зиёд, аммо бо изни Парвардигор василае он мешавад, ки тамоми дарҳои бастаро ба рӯи шумо боз кунад?
Ин роҳ — Таваккул аст.
Аммо чаро на ҳамаи мо натиҷаи таваккулро мебинем? Чаро баъзеҳо кӯшиши зиёд мекунанд, вале ба мақсад намерасанд, вале ба баъзеи дигар ризқу шифо аз ҷое мерасад, ки ҳатто гумонашро надоштанд?
Дар ин мақола мо асрори ниҳонии ин ҳолати қалбиро ошкор мекунем. Аз қиссаи аҷиби табибе, ки "иштибоҳан" дарро кӯбид, то дарси бузурги модаре дар лаҳзаи заминларза — мо меомӯзем, ки чӣ гуна бо такя ба Худованд ва эътимоди комил, нусрату кушоишро ба зиндагии худ ворид кунем.» .
Биёед, бо ҳам роҳи ҳалли ҳақиқиро пайдо кунем...
🎧 "Шакли пурраи ин мақоларо бо тафсилоти бештар ва қиссаҳои ибратбахш (32 дақиқа) метавонед дар охири саҳифа гӯш кунед."
Гӯш кардани шакли пурраи мақола (32 дақиқа)🎧
Пеш аз хондани мақола аз худ бипурсед:
1. Чаро гоҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, аммо натиҷа намегирем? — Хатои асосӣ дар куҷост ва чаро танҳо такя ба "сабабҳо" моро ба бунбаст мебарад?
2. Ду шарти тиллоии таваккул кадомҳоянд? — Чаро бе мавҷудияти яке аз ин ду, таваккули мо аслан қабул нест?
3. Тафовут миёни таваккул ва танбалӣ дар чист? — Чаро Расули Худо (с) ба он мард гуфтанд: «Аввал шутуратро бибанд ва баъд таваккул кун»?
4. Вақте инсон ба ақлу қудрати худ аз ҳад зиёд бовар мекунад, чӣ рух медиҳад? — Қиссаи модаре, ки дар лаҳзаи заминларза ба ҷои кӯдакаш болиштро наҷот дод, чӣ дарси ибрате дорад?
5. Чӣ гуна "хатои" як табиб метавонад посухи Худованд ба дуои шумо бошад? — Оё бовар доред, ки ризқ аз ҷое мерасад, ки ҳатто ҳисобашро намекардед?
6. Шумо ба кадом гурӯҳи таваккулкунандагон дохил мешавед? — Аз се навъи одамон танҳо як гурӯҳ ба кушоишҳои раббонӣ даст меёбад, онҳо кистанд?
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Бо Аллоҳ таъоло чигуна муносибату рафтор хоҳи кард,
ВАҚТЕ БАР Ӯ ТАВАККУЛ НАМУДИ?
Рози таваккул ва қудрати он
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллҳои рабби-л-ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ (с) ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд...
Бо Аллоҳ таъоло чӣ гуна муносибату рафтор хоҳӣ кард, вақте бар Ӯ таваккул намудӣ?
Ту барои ҳамаи мушкилиҳоят ҳалли сеҳрие дорӣ. Пас чаро онро истифода наменамоӣ? Он ҳалли сеҳрӣ барои ҳамаи ҳоҷатҳои ту мебошад, чӣ молӣ бошад ва чӣ саломатӣ, чӣ муш
килиҳои ҷои кор, мушкилиҳои хона, умуман калиди тамоми мушкилиҳоят. Ва он дар дастраси туст. Аз ту на моле талаб мекунад ва на кӯшише ва на вақтеро мегирад. Оре, боре онро таҷриба намудаӣ? Ин як шуъури (эҳсос, дарк) муайяне аст дар қалб, ки агар онро Аллоҳ таъоло дар қалбат дид, ки он вуҷуд дорад, пас ҳамоно Аллоҳ таъоло туро кифояманд ва басанда мешавад ва тамоми ҳоҷатҳоятро бароварда мегардонад. Дарҳол ва ё дар оянда ба андаке таъхир (дер кардан, қафо партофтан).
Ҳамоно он ҳали мушкилиҳо ва калиди ҳама дарҳои баста, таваккул мебошад.
Бо Аллоҳ таъоло чӣ гуна муносибату рафтор хоҳӣ кард,
ВАҚТЕ БАР Ӯ ТАВАККУЛ НАМУДӢ?
Пеш аз ворид шудан ба мавзуъ ва баррасии он аввал ба фаҳмиши маънои таваккул мепардозем, ки он чӣ мафҳумеро ифода мекунад? Мафҳуми таваккул яке аз рукнҳои асосии имон ва пояҳои устувори ахлоқи исломӣ мебошад. Дар ин ҷо шарҳи он аз нигоҳи луғат, шариат ва ахлоқ оварда мешавад:
1. Таваккул дар луғат
Дар луғати арабӣ калимаи «таваккул» аз решаи «вакала» (وكالة) гирифта шуда, маъноҳои зеринро дорад:
· Эътимод кардан ва такя намудан ба касе.
· Супоридани кор ба дигаре ва ӯро вакили худ қарор додан.
· Изҳори оҷизӣ кардан ва ба қудрати каси дигар такя намудан.
2. Таваккул дар шариат
Дар истилоҳи шаръӣ, таваккул ин эътимоди комили қалб ба Аллоҳ таъоло аст, барои ба даст овардани манфиате ва дафъи зарар мебошад.
· Нуқтаи муҳим: Таваккули шаръӣ ду ҷузъ дорад:
1. Амал (сабаб): Иҷро кардани тамоми кӯшишҳои зоҳирӣ (масалан: рафтан ба духтур барои табобат, кор кардан барои ризқ).
2. Эътиқоди қалбӣ: Боварӣ ба ин ки натиҷа танҳо ва танҳо дар дасти Аллоҳ таъолост.
Аҳли илм гуфтаанд: Агар банда дар кӯчонидани кӯҳ аз маконаш, бар Аллоҳ таъоло таваккул намуд ва ба ин чиз фармоиш шуда бошад, албатта онро аз маконаш ба ҷои дигар кӯч медод. Таваккул як чизи ниҳоят аҷибе аст, ки ҳар чизеро, ки мехоҳӣ, Аллоҳ таъоло онро ба сабаби ин хислату рафтор амалӣ мегардонад. Таваккул ҷуз ба ду шарт амалӣ намешавад.
Аввалан: Эътимод (боварӣ, такя) ба Аллоҳ таъоло кардан. Яъне такягоҳат танҳо Ӯ таъоло бошад.
Дуввум: Чанг задан ба асбоб (истифодаи воситаҳо ва сабабҳои моддӣ).
Бинобар ин мардум дар таваккул кардан се гурӯҳ мебошанд.
Навъи аввал: Оне аст, ки бар Аллоҳ таваккул мекунад, валекин ба сабабҳо чанг намезанад ва ин аз дин нест. Марде ба Расулуллоҳ (с) гуфт: Эй Расули Худо! Шутурамро бибандам ва таваккул намоям? Ё раҳояш кунам ва таваккул намоям? Расулуллоҳ (с) ба ӯ чӣ гуфт? Гуфт: "Онро бибанд ва таваккул бар Аллоҳ кун". Яъне танҳо таваккул намудан ва чанг назадан ба асбоб, ки дар банд бастани шутур аз сабабҳо ба ҳисоб меравад, дуруст намешавад. Тавсияи Расулуллоҳ (с) ин буда, ки сабабҳоро истифода намуда, баъд ба Аллоҳ таъоло такя намо.»
Шарҳ:
Дар ин қисми аввал ба нуқтаи муҳимми эътиқодӣ ишора мекунад: Таваккул танҳо бо дуову интизорӣ нест.
1. Инҷо таъкид мешавад, ки таваккул бояд "қалбӣ" бошад. Ин танҳо сухан нест, балки эҳсоси оромиш аст, ки корро ба Зоти Тавоно супоридӣ.
2. Мисоли шутур нишон медиҳад, ки дар Ислом "сабабгорӣ" (кӯшиш кардан) воҷиб аст. Касе, ки кор намекунад ва танҳо "таваккул" мегӯяд, дар асл мафҳуми таваккулро нафаҳмидааст. Инро дар илми ахлоқ "тавокул" (худро ба таваккул задани бардурӯғ) мегӯянд.
Фарқи миёни "сабаб" ва "офарандаи сабаб"
«Аммо навъи дуввум: Инсоне аст, ки ба сабабҳо чанг мезанад, валекин қалбан ба ин сабабҳо алоқаманд аст. Қалбаш ба ин сабабҳо ҳамчун фоъили асосӣ (иҷрокунандаи аслӣ, омил) эътимод менамояд, дар ҳоле ки инҳо муҷарради (танҳо, фақат) сабаб буда, фоъили асосӣ ҳамеша Аллоҳ аст. Парвардигорамон ба мо мегӯяд: "Бигӯ, ҳама корҳо ба дасти Аллоҳ аст", Оли Имрон:154.
Огоҳ бош, табиб шифодиҳанда нест, балки шифодиҳанда Аллоҳ аст. Валекин табиб дар муносибати табобат кардан, танҳо сабаб мебошад. Чӣ қадар инсонҳое ҳастанд, ки ба ҳамин беморие, ки ба ту расидааст, ба он гирифтор мешаванд ва айни ҳамон доруеро, ки ту истифода намудаӣ, тановул (хӯрдан, истеъмол кардан) менамоянд, валекин онҳо шифо намеёбанд ва ту бошӣ шифо меёбӣ. Чаро? Чунки шифодиҳанда дар асл Аллоҳ аст.
Мудири корхона ризқдиҳанда нест, балки ризқдиҳандаи асосӣ он Аллоҳ аст. Мудир дар ин кор танҳо сабаб аст. Чӣ қадар инсонҳое мебошанд, ки онҳоро аз корашон сабукдӯш (аз кор хориҷ кардан, озод кардан) карданд, вале баъди ин чандин маротиба бештар аз ин музди ҷои кори пешина, дар ҷои кори дигар пайдо намуд. Чӣ гуна ин хел шуд? Аллоҳ аст, ризқдиҳанда.
Сабабҳо ба танҳоияшон на қудрати зарар расонидан доранд ва на манфиате меоранд, на чизе медиҳанд ва на чизеро манъ мекунанд, магар ба изну ризояти мусаббиби сабабҳо (офаранда ва ба вуҷудоварандаи сабабҳо), ки он Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аст.
Пас агар хостӣ, ки ганҷинаи таваккулро ҳосил намоӣ, бар ту ду шарт зарур аст; Аввал: Ба Аллоҳ таъоло аз қалб эътимоду боварӣ ва такя кардан; Дуввум: Ба сабабҳо чанг задан.
Агар инсон дар сафар гуфт: Ман бар Аллоҳ таъоло таваккулкунандаам ва барои чанг задан ба сабабҳо, ҳеҷ ниёзе надорам. Ӯ на аз боздорандаи (тормози) сайёра (нақлиёт, мошин) муттакид (боварӣ ҳосил кардан) аст, ки кор мекунад ва на чархҳои мошинашро аз назар мегузаронад, танҳо инро мегӯяд, ки ман ба Аллоҳ таъоло таваккулкунандаам. Ин дар ҳақиқат таваккул нест.
Агар баръакси ин бошад, ки ба тамоми сабабҳо чанг зад, валекин қалбаш ба он сабабҳо алоқамандии сахт пайдо карда бошад, ба ин сурат, ки бар онҳо эътимоду боварияшро бастааст, ин ҳам бо ин сурате, ки зикр шуд, таваккул шуморида намешавад.
Зеро ин ки Аллоҳ таъоло ӯро ба сабабҳое, ки дилаш ба онҳо алоқаманд шудааст, вогузор (супоридан, ба умеди касе ё чизе гузоштан) мекунад, пас агар ӯро ба он сабабҳо вогузошт, онҳо барояш албатта басанда нахоҳанд шуд, чунки кифоякунанда, танҳо Аллоҳи ягона аст. Ва ҳифозаткунанда ҳам, танҳо Аллоҳ таъоло аст ба ягонагияш.»
Шарҳ:
Дар ин қисмат ба як хатои нозуки эътиқодӣ ишора мешавад, ки бисёр одамон ба он дучор мешаванд. Мо аксар вақт фикр мекунем, ки "чунки ман дору хӯрдам, шифо ёфтам" ё "чунки мудир маро дӯст медорад, маошам зиёд шуд".
1. Ширки пинҳон: Вақте инсон сабабро (дору, пул, мудир) қудрати мустақил мебинад, ин як навъ заъфи имон аст.
2. Мувозинат: Таваккули дуруст ин аст, ки дасти инсон бояд дар кор (сабаб) бошад, вале дилаш бояд бо Худо бошад.
3. Оқибати такя ба сабаб: Дар инҷо гуфта мешавад, ки агар касе танҳо ба сабаб такя кунад, Худованд ӯро ба ҳамон сабаб ҳавола мекунад. Масалан, агар танҳо ба пулат бовар кунӣ, рӯзе мерасад, ки пул ҳаст, вале мушкилатро ҳал карда наметавонад.
Намунаи воқеии нокомии сабабҳо ва қудрати Илоҳӣ
«Дар ин маврид қиссаҳои воқеии аҷибе вуҷуд дорад. Боре дар яке аз кишварҳо заминларзае рух дод. Тамоми мардум аз биноҳо шитобон баромаданд, пеш аз ин ки бино ба сабаби ин заминларза вайрон шавад. Як зане дар ғурфааш (ҳуҷра, хона) хоб буд. Аз хобаш тарсону ҳаросон бедор мешавад ва ба тарафи ғурфаи кӯдакаш, ки ширмак буда давон-давон меравад, то онро берун барорад ва наҷоташ диҳад. Чунки агар андаке таъхир кунад, ин бино вайрон мешавад.
Лекин ӯ тифлро дар охирин лаҳза баровард, баъд аз он бино афтод. Оё медонед, ки чизи муфоҷеъ (ногаҳонӣ, ҳайратангез) ва ногаҳонӣ дар ин ҳолат чист? Зан писарашро нагирифтааст, балки болиштеро, ки бар фарш буда, ба ҷои тифлаш гирифта будааст. Оё дидед? Сабабҳо ба танҳоияшон кифоя намекунанд.
Аллоҳ таъоло фармудааст: "Агар Аллоҳ (бихоҳад) зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ наметавонад онро дафъ намояд ва агар хайре ба ту расонад, пас Ӯ бар ҳама чиз тавоност. Ва Ӯст, ки бар бандагони худ мусаллат ва чира (тавоно ва соҳиби қудрат) аст. Ва Ӯ ҳакими огоҳ аст", Анъом:17, 18.
Пас матлуб (талабшуда, мақсад) ин аст, ки аз навъи сеюм бошем. Аз як ҷониб бар Аллоҳ таъоло эътимод намоем ва аз ҷониби дигар ба сабабҳо чанг бизанем. Агар инсон тавонист, ки миёни ин ду ҳолат ҷамъ намояд, барояш кушоишҳои (осониҳо, роҳҳои наҷот) раббоние ҳосил мешавад, ки ба андешааш нагузашта буд. Бо ҳам ба ин қисса огоҳ мешавем.»
Шарҳ:
Ин қисмат як ҳақиқати равониро бо мисоли заминларза нишон медиҳад:
1. Маҳдудияти ақли инсон: Зан тамоми кӯшишашро кард (сабаб), аммо дар ҳолати изтироб ақл кор накард ва болиштро ба ҷои кӯдак гирифт. Ин нишон медиҳад, ки ҳатто кӯшиши мо (сабаб) бе ирода ва ҳидояти Худованд метавонад бенатиҷа ё хато бошад.
2. Навъи сеюми таваккул: Ин беҳтарин ҳолат аст. Инсон бояд мисли он зан давад (кӯшиш кунад), аммо бояд бидонад, ки натиҷаи ниҳоӣ ва дурустии амал танҳо аз ҷониби Худост.
3. Ояндабинӣ: Мақола ишора мекунад, ки агар касе ин дуро (кӯшиш ва имонро) ҷамъ кунад, ба чизҳое ноил мешавад, ки ҳатто дар хобаш надида буд.
Муъҷизаи таваккул ва натиҷаи имон
«Ҳикоят мекунанд, ки зане дар яке аз кишварҳо, писари ширхорааш бемор шуд. Ӯ пули доруяшро надошт. Кӯшиш кард, чанг ба сабабҳо зад, ва дар баробари ин қалбаш ба Худованд эътимод дошт, лекин ӯ худ чизе надошт. Чӣ кор ҳам метавонист бикунад. Аз дасташ коре намеомад. Модар ба тарафи кӯдакаш истода нигоҳ мекард ва он тифл дар пеши чашмонаш ҷон медод.
Ногаҳон, нафаре дари хонаро кӯбид. Дарро кушод, табиберо дид дар пеши дар истода, дар дасташ ҷомадоне (сумкаи махсуси табибӣ) дошт. Модар аз ин ҳолате, ки ба чашмонаш медид, беҳуш шуд. Ба ӯ гуфт: Тифли ширмак куҷост? Тааҷҷубаш бештар шуд. Гуфт: Кадом кӯдак? Гуфт: Тифли бемор, дар куҷост? Гуфт: Дар дохил аст. Гуфт: Бигузор то ман онро бубинам. Ӯро ба хона дохил намуд. Беморияшро ташхис (муайян кардани навъи беморӣ) кард, барояш дору овард, сипас варақаи сабти қимати доруҳоро барояш дод.
Гуфт: Ман пули ин варақаро надорам. Гуфт: Аҷоиб. Тамос мегирӣ ва табибро ба хона талаб менамоӣ, баъди он ки даворо гирифтӣ, намехоҳӣ пардохт кунӣ? Гуфт: Ман ба касе тамос нагирифтаам. Гуфт: Чӣ гуна тамос нагирифтӣ, оё ин хонаи рақами нӯҳ нест? Гуфт: На. Эй табиб, хонаи рақами нӯҳ, хонаи ҳамсояи мо мебошад. Ин хонаи рақами даҳ аст. Ту дар унвон (адрес, нишонӣ) ғалат кардаӣ.
Вақте табиб аз ҳоли онҳо огоҳ шуд ва дид, ки Аллоҳ таъоло чӣ гуна ӯро ба сӯи онҳо равона кардааст, ӯро бахшид ва гузашт намуда аз ӯ чизе нагирифт. Яъне вақте фаҳмид, ки инҳо ҳам бемор доштанд, инҳо ҳам сахт ниёз доштанд, вале чун комилан шароит надоштанд аз ин ҷиҳат натавониста, ки ба табиб занг зананд, бо вуҷуди ин Аллоҳ таъоло ӯро чунин карда, ки ба унвоне, ки ӯро даъват кардаанд ворид нашуда ба хонаи инҳо ворид шудааст, донист, ки Аллоҳ таъоло ӯро ба ин ҷой равона кардааст ва ин хости Ӯ таъоло будааст.
Оё дидед, бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Ҳақиқатан ҳам ҳамон гуна, ки Худованд фармудааст: "Касе тақвои Аллоҳро пеша намояд, барояш роҳи баромаде муяссар мегардонад ва аз ҷое барояш ризқ медиҳад, ки ҳисобашро намекард". "Ва касе бар Аллоҳ таваккул менамояд, пас Ӯ барояш басанда (кифоя) аст". Яъне Ӯ барояш кифояманд аст. Дар охири оят мефармояд: "Ҳамоно Аллоҳ амрашро расонанда аст. Дар ҳақиқат барои ҳар чизе андозае гардонида аст".
Пешниҳод: Муносибатро бо Аллоҳ таъоло нек намоем, агар мехоста бошем бар Ӯ таваккул намоем. Бовар кунед, аз раҳмати Аллоҳ чизеро мебинем, ки дар хотири мо ҳаргиз намегузашт. "Ва бар Аллоҳ муъминон таваккул мекунанд".»
Хулоса ва шарҳи ниҳоӣ:
Ин қиссаи табиб ва хонаи рақами 10 беҳтарин намунаи "мусаббибул-асбоб" (сабабсоз) будани Худованд аст.
1. Ғалати ҳикматнок: Табиб фикр мекард, ки иштибоҳ кард, аммо дар асл ин иродаи Худо буд, то ниёзи зани мутаваккилро бароварда созад.
2. Ризқи бегумон: Ояти овардашуда (аз сураи Талоқ) таъкид мекунад, ки ризқ на танҳо пул, балки омадани табиби ҳозиқ дар вақти зарурӣ низ ризқ аст.
3. Пайванд бо тақво: Мақола дар охир чунин қайд мекунад, ки таваккул бе тақво ва робитаи нек бо Худо комил намешавад.
Оятҳо ва ҳадисҳои равшан дар бораи таваккул
Оятҳои Қуръон:
· Сураи Талоқ, ояти 3: "...Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккул кунад, пас, Ӯ варо кофист..."
· (...وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ...).
· Сураи Оли Имрон, ояти 159: "...Пас, чун қасди коре кардӣ, ба Аллоҳ таваккул кун, ки Аллоҳ таваккулкунандагонро дӯст медорад.".
· (... فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ)
· Сураи Моида, ояти 23: "...Ва бар Аллоҳ таваккал кунед, агар имон доред".
· (...وَعَلَى اللَّهِ فَتَوَكَّلُوا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ)
· Сураи Бақара, ояти 286: "Аллоҳ ҳеҷ касро магар ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад".
· (لا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلا وُسْعَهَا لَهَا...)
Ҳадисҳои набавӣ:
· Ҳадиси паранда: Паёмбар (с) фармуданд: "Агар шумо ончунон ки ҳаққи таваккул аст, ба Аллоҳ таваккул мекардед, шуморо мисли парандагон рӯзӣ медод, ки субҳ гурусна мераванд ва бегоҳ сер бармегарданд". Ин ҳадис тавозуни байни кӯшиш (сафар ба ҷустуҷӯи ризқ) ва таваккулро таъкид мекунад.
· (لو أنَّكم كنتُم توَكلونَ علَى اللهِ حقَّ توَكلِه لرزقتُم كما يرزقُ الطَّيرُ تغدو خماصًا وتروحُ بطانًا).
الراوي:عمر بن الخطاب المصدر:صحيح الترمذي الجزء أو الصفحة:2344 حكم المحدث:صحيح.
· Ҳадиси шутур: Вақте марде аз Паёмбар (с) пурсид, ки шутурашро озод кунад ва таваккул кунад, Паёмбар (с) фармуданд: "Онро бибанд ва сипас таваккул кун". Ин нишон медиҳад, ки таваккул бояд бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҳамроҳ бошад.
· قال رجُلٌ لِلنَّبيِّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم : أُرسِلُ ناقتي وأتوكَّلُ ؟ قال: "اعقِلْها وتوكَّلْ"
· الراوي:عمرو بن أمية المحدث:شعيب الأرناؤوط المصدر:تخريج صحيح ابن حبان الجزء أو الصفحة:731 حكم المحدث:حسن
🎧 Сабти аудиоии пурраи мақола: Тафсир ва қиссаҳо
(Давомнокӣ: 32:48 дақиқа)
