ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
БОБИ СЕЮМ:  ШАХСИЯТИ МУСАЛМОН БО ПАДАРУ МОДАРИ ХУД
Featured

БОБИ СЕЮМ: ШАХСИЯТИ МУСАЛМОН БО ПАДАРУ МОДАРИ ХУД

Некӣ ва эҳтироми падару модар дар Ислом ба дараҷае воло ва муқаддас аст, ки ҳеҷ низом ва фалсафаи дигари башарӣ ба ин мақом нарасидааст. Дар таълимоти исломӣ ҳаққи волидайн бевосита дар канори ҳаққи Парвардигор ва тавҳид қарор гирифта, онро аз як вазифаи оддии иҷтимоӣ ба дараҷаи ибодати бузург мебардорад.

Дар ин саҳифа боби сеюми ин асари тарбиявиро бо номи «Шахсияти мусалмон бо падару модари худ» пешкаши шумо мегардонем. Дар ин қисмат бо такя ба оёти Қуръон ва Суннати набавӣ собит мешавад, ки чӣ тавр Ислом волотарин ва комилтарин барномаи рафториро дар баробари волидайн заминагузорӣ кардааст. Ин боб нишон медиҳад, ки мусулмони ҳақиқӣ бо итоати комил, нармгуфторӣ ва дастгирии моддию маънавӣ дар даврони пиронсолӣ, намунаи беҳтарини ахлоқро дар ҷомеа инъикос мекунад ва шахсияти воқеии ӯ маҳз дар ҳамин муомилаи самимӣ комил мегардад.

БОБИ СЕЮМ:

ШАХСИЯТИ МУСАЛМОН БО ПАДАРУ МОДАРИ ХУД

1.     Некӣ кардан ба онҳо:

Ҳамчунин аз барҷастатарин сифатҳои мусалмони ҳақиқӣ, некӣ кардан (иҷрои амалҳои хайр ва фармонбардорӣ) ба падару модар ва эҳсон (хубӣ) намудан ба онҳост; зеро некӣ ба падару модар аз бузургтарин корҳое мебошад, ки Ислом ба он ташвиқ (тарғиб ва ҳавасманд) карда ва матнҳои қатъиву ҳалкунандааш онро таъкид намудаанд. Мусалмони огоҳ, ки ин матнҳои фаровони дар Китоби Аллоҳ ва суннати Расули Ӯ ﷺ паҳншударо дар худ таҷассум мекунад (амалӣ месозад) — ва ҳамаи онҳо ба некӣ ба падару модар ва ҳамроҳии некӯ бо онҳо даъват менамоянд —, илоҷе надорад ҷуз ин ки некӣ ба падару модар ба як саҷия (хислат ва табиати) ҷудонашаванда аз саҷияҳои ӯ ва як халиқа (рафтору ахлоқи) барҷаста аз ахлоқи ӯ табдил ёбад.

Қадри онҳо ва он чизеро, ки дар ҳаққи онҳо бар дӯш дорад, медонад:
Ислом мақоми падару модарро ба дараҷае боло бурдааст, ки башарият дар ғайри ин дин онро надидааст; зеро эҳсон ба онҳо ва некӣ кардан ба онҳоро дар мартабае қарор додааст, ки пас аз мартабаи имон ба Аллоҳ ва бандагии Ӯ меояд.
Оятҳои Аллоҳ пай дар пай, пуштибони якдигар ва паёпай омадаанд, то ризоияти падару модарро пас аз ризоияти Аллоҳ қарор диҳанд ва эҳсон ба онҳоро як фазилати инсонӣ бишуморанд, ки пас аз фазилати имон ба Худо меояд: "Ва Аллоҳро бипарастед ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ насозед ва ба падару модар некӣ кунед". (Сураи Нисо, ояти 36).

Аз ин рӯ, мусалмони ростгӯ ва огоҳ нисбат ба падару модари худ аз ҳар инсони дигаре дар ҷаҳон некӯкортар аст.

Қуръони Карим дар тасвири ҷойгоҳи падару модар ва баёни услуби ахлоқии волое, ки барои мусалмон лозим аст дар муомила бо падару модараш пеш гирад, боло меравад; агар умри онҳо ё яке аз онҳо тӯлонӣ шавад ва ба марҳалаи ҳарам (фарсудагӣ ва пирии ниҳоят вазнин), куҳансолӣ ва нотавонӣ бирасанд, Қуръон ба ҳадафе мерасад, ки башарият пеш аз дурахшидани хуршеди ин дин дар рӯи замин онро нашнохта буд: "Ва Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо назди ту ба пирӣ бирасанд, ба онҳо «уф» (калимаи изҳори норозигӣ ва дилтангӣ) магӯ ва бар онҳо бонг мазан (бо тундӣ сухан магӯ) ва бо онҳо сухане бузургворона ва нарм бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ боли фурӯтаниро барояшон бихобон ва бигӯ: «Парвардигоро, бар онҳо раҳм кун, ҳамон гуна ки маро дар кӯдакӣ парвариш карданд»".

Ин як фармони ҷовидони Илоҳӣ барои мусалмон дар қолаби як қазои ҳатмӣ (ҳукми қатъӣ ва ногузир) аст, ки ҳеҷ раҳоӣ ва рӯйгардонӣ аз он нест: "Ва Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед". Ин як пайванди устувор ва маҳкам байни ибодати Аллоҳ ва некӣ ба падару модар аст ва дар ин кор баланд бардоштани қадри падару модар ва воло сохтани шаъни онҳо то ҳаддест, ки ҳакимон, муслиҳон (ислоҳталабон) ва уламои ахлоқ ҳеҷ гоҳ натавонистаанд ба шаъви (авҷ ва ниҳояти дараҷаи) он бирасанд.

Сиёқи (раванд ва матни) оят танҳо бо кашидани ин сурати дурахшон ва олии некӣ ба падару модар кифоя намекунад, балки эҳсоси раҳмату шафқат ва некиро дар нафси фарзандон бо як таъбири виҷдонии нозук, дӯстона ва саршор аз нармиву равонӣ ва унс бедор месозад: "Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо назди ту ба пирӣ бирасанд". Пас, онҳо дар ин вақт "назди ту" ва дар зери паноҳ, ҳимоят ва нигоҳубини ту ҳастанд, дар ҳоле ки шояд ду пири фарсуда ва заиф гаштаанд. (Яъне вақте назди ту гуфтааст, маълум мешавад, ки дар тоқати инсон ва вазифаи инсон аст, ки падару модарашро дар назди худ нигоҳ дорад ва онҳоро ба хонаҳои пиронсолон ва дигар ҷойҳо нафиристонад. Оё фикр намекунад, ки вақте кӯдак буд, ӯ ҳам заъифу нотавон буд, вале падару модар ӯро дар назди худ нигоҳ доштанд, бо вуҷуди ин ки аз он кӯдак ягон манфиате барои хона набуд ҷуз саргардон кардани падару модар барои нигоҳубинаш, вале боз ҳам онҳо ӯро дар ҳамин ҳол дар назди худ бо меҳру муҳаббат ва ниҳоят худро хушбахт эҳсос кардан нигоҳ доштанд). Пас, зинҳор, зинҳор (сахт огоҳ бош), ки аз ту калимаи (далолаткунанда ба) норозигӣ, бетоқатӣ ё дилтангӣ содир шавад: "Пас ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан". Балки бар ту воҷиб аст, ки пеш аз гуфтани калимаи некӯ ба онҳо хуб фикр кунӣ, то хотири онҳоро шод созӣ ва чашмашонро рӯшан намоӣ (яъне ризоманду хушнуд намоӣ) ва бо онҳо сухани бузургворонаву нарм бигӯӣ.

Ва бояд истодани ту дар пеши рӯи онҳо истодани эҳтироми шадид ва қадрдонии бениҳоят бошад, ки шабеҳ ба истодани хоксорӣ, таслим ва фурӯтанист: "Ва аз рӯи меҳрубонӣ боли фурӯтаниро барояшон бихобон". Ва бояд забони ту ҳамеша гӯё ва машғул ба дуо барои онҳо бошад, ба хотири он дастгириву некиҳои фаромӯшнашавандае, ки дар ҳаққи ту кардаанд, зеро онҳо туро дар кӯдакӣ, ки нотавону заиф будӣ, тарбият намуданд: "Ва бигӯ: Парвардигоро, бар онҳо раҳм кун, ҳамон гуна ки маро дар кӯдакӣ парвариш карданд".

Мусалмоне, ки дилаш кушода ва басираташ (биноии ботинияш) рӯшан аст, ҳамеша ин гуна оҳанги зебои Илоҳиро дар чандин ояти рӯшани Аллоҳ дарёфт мекунад ва эҳтиромаш ба падару модар ва некияш ба онҳо бештар мегардад:

"Ва Аллоҳро бипарастед ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ насозед ва ба падару модар некӣ кунед". (Сураи Нисо, ояти 36).

"Ва ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад".(Сураи Анкабут, ояти 8).

"Ва ба инсон дар бораи падару модараш тавсия кардем; модараш ба ӯ ҳомила шуд, дар ҳоле ки сустӣ бар рӯи сустӣ буд".(Сураи Луқмон, ояти 14).

Тадқиқотчии андешаманд дар матнҳои омада дар бораи некӣ ба падару модар мебинад, ки ҳадисҳои шариф пай дар пай ҳамроҳ бо оятҳои карим омадаанд, то фазилати некӣ ба падару модарро таъкид кунанд ва аз уқуқ (озор додану нофармонии) онҳо ё бадӣ кардан ба онҳо, бо ҳар сабабе ки бошад, огоҳӣ диҳанд:

Аз Абдуллоҳ ибн Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар ﷺ пурсидам: Кадом амал назди Аллоҳ маҳбубтар (дӯстдоштанитар) аст? Фармуданд: «Намоз дар вақташ». Гуфтам: Сипас кадом? Фармуданд: «Некӣ ба падару модар». Гуфтам: Пас кадом? Фармуданд: «Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ».

Расули мураббии бузург некии падару модарро дар байни ду амали бузургтарин дар Ислом қарор додааст: намоз дар вақташ ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ. Намоз сутуни дин аст ва ҷиҳод авҷи қуллаи Ислом аст. Пас, Паёмбар ﷺ чӣ мақоми гиромиву бузургеро барои падару модар қарор додаанд?!

Ба назди Паёмбари Карим ﷺ марде меояд, то бо Ӯ барои ҳиҷрат ва ҷиҳод байъат кунад (паймон бандад) ва аҷру савобро аз Аллоҳ таъоло талабгор мебошад. Паёмбар ﷺ дар қабули байъати ӯ шитоб намекунанд ва аз ӯ мепурсанд: «Оё аз падару модарат касе зинда аст?». Он мард мегӯяд: Бале, балки ҳардуяшон. Паёмбари Карим ﷺ мепурсанд: «Оё аҷру савобро аз Аллоҳ таъоло мехоҳӣ?». Он мард ҷавоб медиҳад: Бале. Пас Расули некӯкору раҳим ﷺ мефармоянд: «Ба назди падару модарат баргард ва бо онҳо ба некӣ ҳамроҳӣ кун». (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд ва бар он иттифоқ доранд).

Ва дар ривояти дигаре аз Шайхайн (Бухорӣ ва Муслим): Марде омад ва аз Паёмбар ﷺ барои рафтан ба ҷиҳод иҷозат хост. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Оё падару модарат зиндаанд?». Гуфт: Бале. Фармуданд: «Пас дар [хидмати] онҳо ҷиҳод кун (кӯшиш намо)». (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд ва бар он иттифоқ доранд).

Паёмбари Фармондеҳ ﷺ, дар ҳоле ки лашкарҳоро барои ҷиҳод омода мекарданд, бо он қалби инсонии нозуки худ заъфи (нотавонии) падару модар ва ниёзи онҳоро ба фарзандашон фаромӯш накарданд. Аз ин рӯ, ин шахси ихтиёриро аз ҷиҳоди ихтиёрӣ бозгардонданд ва бо нармӣ ӯро ба нигоҳубини падару модараш таваҷҷӯҳ доданд. Ин дар ҳоле буд, ки Ӯ ﷺ дар он вақт ба ҳар бозуе (қуввае), ки бо шамшер бизанад, ниёз доштанд. Ин кор ба хотири қадрдонии Ӯ ﷺ аз аҳамияти бузурги некӣ ба падару модар ва хуб расидагӣ кардан ба корҳои онҳо дар низоми комил, мутавозин ва беназири Ислом аст, ки Аллоҳ онро барои саодати инсон тарҳрезӣ кардааст.

Вақте ки модари Саъд ибни Абиваққос (разияллоҳу анҳу) ислом овардани ӯро инкор кард (қабул накард) ва ба ӯ гуфт: Ё бояд аз исломат баргардӣ ё ин ки аз хӯрдани озуқа даст мекашам, то бимирам ва ту ба ин сабаб мавриди мааррат (нангу ор ва сарзаниши) арабҳо қарор гирӣ, зеро хоҳанд гуфт: «Қотили модари худ!». Саъд ба ӯ ҷавоб дод: Ба Худо қасам, хуб медонӣ, ки агар сад ҷон дошта бошӣ ва ин ҷонҳо яке-яке аз танат берун шаванд, ман аз исломи худ барнамегардам. Модараш як рӯз ва ду рӯз сабр кард, вале дар рӯзи сеюм гуруснагӣ ӯро аз по афтонд (сахт беҳол кард) ва хӯрок хӯрд. Он гоҳ Аллоҳ таъоло ояте нозил кард, ки Паёмбар ﷺ онро бар мусалмонон тиловат намуданд ва дар он барои Саъд ба хотири тундие, ки дар ҷавоб ба модараш карда буд, итоб (сарзаниши нарм) мавҷуд буд:

«Ва агар он ду [падару модар] кӯшиш кунанд, ки чизеро, ки ба он илм надорӣ, шарики Ман созӣ, аз онҳо итоат макун, вале дар дунё бо онҳо ба некӣ ҳамроҳӣ кун». (Сураи Луқмон, ояти 15).

Ва дар қиссаи Ҷурайҷи Обид як ибрати биёр бузург дар мавриди аҳамияти некӣ ба падару модар ва шитоб кардан дар тоати онҳо мавҷуд аст. Зеро модараш ӯро садо зад, дар ҳоле ки ӯ намоз мехонд. Ҷурайҷ гуфт: «Парвардигоро, модарам ё намозам?». Ва намозашро интихоб кард (идома дод). Модараш бори дуюм ӯро садо зад, вале ӯ ҷавоб надод ва дар намозаш боқӣ монд. Модараш бори сеюм ӯро садо зад ва чун ҷавоб надид, дар ҳаққи ӯ дуои бад кард, ки Аллоҳ ӯро накушад, то он даме ки рӯи мумисот (занҳои фоҳиша ва бадкор)-ро бубинад. Сипас, як зани фоҳиша бо як чӯпоне зино кард ва аз ӯ ҳомила шуд. Вақте ки аз шарманда шудани кораш тарсид, чӯпон ба ӯ гуфт: Агар аз ту дар бораи падари ин кӯдак пурсиданд, бигӯ: «Ҷурайҷи Обид» (падари ин тифл аст). Он зан ин суханро гуфт ва мардум ҳуҷум карда, савмааи (ибодатгоҳи) Ҷурайҷро вайрон намуданд ва ҳоким ӯро ба майдон бурд. Дар аснои (дар ҷараёни) роҳ ӯ дуои модарашро ба ёд оварда, табассум кард. Вақте ки ӯро барои ҷазо додан оварданд, мӯҳлат хост, то ду ракъат намоз бихонад. Сипас ба назди кӯдак омад ва дар гӯши ӯ пичиррос зад: Падари ту кист? Кӯдак гуфт: «Падари ман фалон чӯпон аст». (Ин кӯдак яке аз он се кӯдакест, ки дар гаҳвора сухан гуфтаанд ва дуи дигар Исо ибни Марям ва кӯдаке мебошанд, ки бо модараш дар миёни асҳоби ухдуд — соҳибони хандақҳои оташ — буд). Мардум таҳлил ва такбир гуфтанд (Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар гуфтанд) ва гуфтанд: Савмааатро аз тиллову нуқра аз нав месозем. Ӯ гуфт: На, балки онро ҳамон гуна ки буд, аз хоку гил бисозед. Дар ин ҳадис Паёмбар ﷺ мефармоянд: «Агар Ҷурайҷ фақеҳ (доно ва бофаҳм) мебуд, медонист, ки ҷавоб додани ӯ ба модараш воҷибтар аз идома додани намозаш буд». (Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст). Аз ин рӯ, фақеҳон чунин раъй (ақида) доранд, ки агар шахс дар намози нафл (ихтиёрӣ) бошад ва яке аз падару модараш ӯро садо занад, бар ӯ лозим аст, ки намозашро қатъ намояд ва ба онҳо ҷавоб диҳад.

2.     Некӣ ба онҳо, агарчи мусалмон набошанд:

Паёмбари бузурги Ислом бо ҳидоятҳои гиромии худ ба авҷи инсоният мерасад, зеро ба некӣ ба падару модар ва эҳсон ба онҳо тавсия мекунад, ҳатто агар онҳо дар ғайри дини Ислом бошанд. Ин дар достоне омадааст, ки Асмоа бинти Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳумо) ба мо нақл карда, гуфт: Модарам дар аҳди Расули Худо ﷺ ба наздам омад, дар ҳоле ки ӯ мушрик буд. Пас, аз Расули Худо ﷺ фатво хостам ва гуфтам: Модарам ба наздам омадааст, дар ҳоле ки роғиба аст (яъне ба он чизе ки назди ман аст, тамаъ дорад ва чизе мехоҳад). Оё бо модарам пайванд дошта бошам (ба ӯ некӣ ва кумак кунам)? Фармуданд: «Бале, бо модарат пайванд кун (некӣ намо)». (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд ва бар он иттифоқ доранд). (Модари Асмоъа разияллоҳу анҳо, (Қутайла бинти Абдулъуззо) дар ҳоле ки ҳанӯз мушрик буд ва Исломро қабул накарда буд, бо худаш ҳадяҳо (ба мисли кашму равған) овард, то аз духтараш низ кӯмаки молӣ ва эҳсон бинад. Бинобар ин, ӯ рағбат ба дидор, наздикӣ ва гирифтани кӯмак дошт).

Мусалмони ҳақиқӣ, ки ин ҳидоятҳои олии Қуръонӣ ва тавҷеҳҳову роҳнамоиҳои баланди набавиро хуб дарк мекунад, илоҷе надорад ҷуз ин ки яке аз некӯкортарин халқҳои Аллоҳ нисбат ба падару модараш ва хушрафтортарини мардум бо онҳо дар ҳар ҳол ва дар ҳар замон бошад. Саҳобагон ва касоне, ки ба некӣ аз паи онҳо рафтанд (тобеин), ҳамин гуна буданд. Марде аз Саъид ибни Мусаййаб (раҳимаҳуллоҳ) пурсид: Ман тамоми оятҳои некӣ ба падару модарро фаҳмидам, ба ҷуз ин сухани Аллоҳ таъоло: «Ва бо онҳо сухане бузургворона ва нарм бигӯ». Сухани бузургворона чӣ гуна аст? Саъид ҷавоб дод: «Яъне бо онҳо чунон сухан бигӯ, ки як ғулом (банда) бо хоҷа ва саййиди худ сухан мегӯяд». Ва Ибни Сирин (раҳимаҳуллоҳ) бо модараш бо садои чунон паст сухан мегуфт, ки гӯё садои як шахси бемор бошад, то ин ки мақоми ӯро бузург дорад ва эҳтиромаш кунад.

3.     Аз уқуқ (озор додан)-и онҳо сахт метарсад:

Вақте ки мо ин саҳифаи дурахшону рӯшани ташвиқ ба некӣ ба падару модарро тарк мекунем ва ба саҳифаи муқобили он, ки дар бораи огоҳӣ аз уқуқ (озор додан)-и онҳост, назар меафканем, онро як саҳифаи сиёҳ, торик ва сахт мебинем, ки қалби фарзанди оққи сахту сангдилро мекӯбад ва виҷдони ӯро аз таҳти дил метарсонад.

Ин саҳифа ҳамаи оққонро (касонеро, ки падару модарро меозоранд) бо ин ҳақиқат рӯбарӯ мекунад, ки озори падару модар ҳамроҳ бо ширк ба Аллоҳ омадааст, ҳамон гуна ки некӣ ба онҳо дар он ҷо бо имон ба Аллоҳ ҳамроҳ шуда буд. Пас, уқуқ як ҷинояти сиёҳ, зишт ва ошкор аст, ки аз тарси он ақли мусалмони ростгӯ такон мехӯрад ва ҳушаш мепарад. Он бузургтарини гуноҳони кабира ва вазнин тарини хатоҳову гуноҳҳост:

Аз Абубакра Нуфайъ ибни Ҳорис ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо ﷺ се бор фармуданд: «Оё шуморо аз бузургтарини гуноҳони кабира огоҳ накунам?». Гуфтем: Бале, эй Расули Худо! Фармуданд: «Шарик овардан ба Аллоҳ ва озор додани (нофармонии) падару модар». (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд ва бар он иттифоқ доранд).

4.     Ба модараш некӣ мекунад, пас аз он ба падараш:

Барои он ки тавозун (баробарӣ ва адолат) дар назди фарзандон дар некӣ ба яке аз падару модар ба ҳисоби дигаре вайрон нашавад, ҳидоятҳои Ислом ҳардуи онҳоро дар бар гирифт ва ба ҳар кадом аз модару падар ба таври алоҳида низ таваҷҷӯҳ намуд.

Ин аст, ки Расули Худо ﷺ аз он марде, ки барои ҷиҳод байъат кардан омада буд — ҳамон гуна ки қаблан дидем —, мепурсанд: «Оё аз падару модарат касе зинда аст?». Ин як таъкиди Паёмбари Карим ﷺ бар воҷиб будани некӣ ба ҳардуи онҳо ба таври баробар аст.

Ва инчунин дар ҳадиси Асмоа (разияллоҳу анҳо) дидем, ки Ӯ ﷺ ба вай амр карданд, то бо модари мушрикаш пайванд (некӣ) кунад. Ва марде ба назди Паёмбар омад ва пурсид: Эй Расули Худо, кадом як аз мардум ба ҳамнишинии  (хушрафтории) неки ман ҳақдор тар аст? Паёмбари Карим ﷺ ҷавоб доданд: «Модарат». Гуфт: Спас кист? Фармуданд: «Модарат». Гуфт: Пас кист? Фармуданд: «Модарат». Гуфт: Пас кист? Фармуданд: «Падарат». (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд ва бар он иттифоқ доранд).

Дар ин ҳадис таъкиди Паёмбари Карим ﷺ бар он аст, ки некӣ ба модар бар некӣ ба падар муқаддам (пешгузошташуда) аст. Саҳобагони киром низ пас аз Расули Худо ﷺ ин маъноро барои мусалмонон таъкид мекарданд, то ҷое ки Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу), ки ҳабр (донишманди бузург)-и уммат ва фақеҳи он буд, некӣ ба модарро наздиктарин амал ба Аллоҳ қарор дод. Марде ба назди ӯ омад ва гуфт: Ман аз зане хостгорӣ кардам, вале ӯ издивоҷ бо маро рад кард. Дигаре аз ӯ хостгорӣ намуд ва он зан дӯст дошт, ки бо ӯ издивоҷ кунад. Ман бар он зан рашк бурдам (рашкам омад) ва ӯро куштам. Оё барои ман тавбае ҳаст? Ибни Аббос гуфт: «Оё модарат зинда аст?». Гуфт: На. Гуфт: «Ба сӯи Аллоҳ азза ва ҷалла тавба кун ва то метавонӣ ба Ӯ наздикӣ биҷӯ». Ато ибни Ясор, ки ровии ин ҳадис аз Ибни Аббос аст, гуфт: Пас ман рафтам ва аз Ибни Аббос пурсидам: Барои чӣ аз ӯ дар бораи зинда будани модараш пурсидӣ? Ӯ гуфт: «Ман ҳеҷ амалеро надидам, ки ба Аллоҳ азза ва ҷалла наздиктар аз некӣ ба модар бошад». (Ин ҳадисро Бухорӣ дар китоби «Ал-Адаб ал-муфрад» ривоят кардааст).

Аз ин рӯ, мо Имоми Бухориро дар китобаш «Ал-Адаб ал-муфрад» мебинем, ки онро бо боби некӣ ба падару модар оғоз карда, боби некӣ ба модарро пеш аз боби некӣ ба падар овардааст ва бо ин кор, як ҳамоҳангӣ ва инсиҷоми (созгории) комил байни ин боббандии худ ва ҳидояти гиромии набавӣ эҷод намудааст.

Қуръон эҳсоси некӯкорӣ ва ирфонро (қадрдониро) дар нафси фарзандон бедор сохт, пас ба падару модар тавсия кард ва аз фазилати модар дар даврони ҳомилагӣ ва ширдиҳӣ ва он машаққатҳову сахтиҳоеро, ки дар ин ду марҳалаи ҳаёт мекашад, бо як сурати латиф ва меҳрубонона ёд намуд; сурате, ки аз бахшиши наҷиб, меҳрубонии мутлақ ва таваҷҷӯҳи нозук дарак медиҳад:

«Ва ба инсон дар бораи падару модараш тавсия (ҳукм) кардем; модараш ба ӯ ҳомила шуд, дар ҳоле ки сустӣ бар рӯи сустӣ (заъфи рӯи заъф) буд ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст. [Тавсия кардем] ки барои Ман ва барои падару модарат шукр гузор, ки бозгашт ба сӯи Ман аст». (Сураи Луқмон, ояти 14).

Аҷабо аз ин тарбияти воло ва ин ҳидояти инсонии раҳим: «ки барои Ман ва барои падару модарат шукр гузор». Пас, шукри падару модар ба хотири он некиҳое, ки дар ҳаққи фарзанд кардаанд, дар мартабаи пас аз шукри Аллоҳ азза ва ҷалла меояд, ки он раъси (сари) фазилатҳо ва амалҳои солеҳ аст. Ва аҷабо аз ин манзилати гиромиву волое, ки ин дин барои падару модар қарор додааст!

Шояд дунё ба фарзанд рӯ оварад ва ахлофи (чашмаҳо ва роҳҳои фаровони) ризқу рӯзиро бар ӯ равон созад, хазинаҳояш аз мол пур шавад, вале зани зебо ва фарзандони кӯчаки бепар ва ниёзманд ӯро машғул созанд ва ӯ аз нигоҳубини падару модараш рӯй гардонад. Ӯ падараш ва он молҳоеро, ки дар роҳи ӯ сарф карда буд, фаромӯш мекунад ва дасташро аз кумак ба ӯ мебандад, пас ба ғазабе аз ҷони Аллоҳ гирифтор мешавад.

Вале мусалмони ҳақиқӣ ва ростин дар амонӣ ва дурӣ аз тамоми ин инҳирофҳост; зеро ӯ дар иртиботи ҳамешагӣ бо он сарчашмаи гиромӣ ва саршори ҳидоятҳои олии ҳикматноку устувори Ислом аст. Ӯ нидои Паёмбар ﷺ-ро мешунавад, ки ба ӯ мегӯянд:

«Ту ва моли ту аз они падарат ҳастед». (Ин ҳадисро Имом Аҳмад, Абудовуд ва Ибни Моҷа бо исноди ҳасан ривоят кардаанд. Матнии пурраи ҳадис ин аст: Марде ба назди Паёмбар ﷺ омад ва гуфт: Эй Расули Худо, ман молу фарзанд дорам ва падарам мехоҳад моли маро “иҷтиёҳ кунад” (аз байни бибарад ва барои худ сарф намояд). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ту ва моли ту аз они падарат ҳастед. Фарзандони шумо аз беҳтарин дастовардҳои шумоянд, пас аз дастоварди фарзандони худ бихӯред». Имом Хаттобӣ дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: «Маънои иҷтиёҳи мол ин аст, ки онро аз реша барканад ва тамом кунад. Зоҳиран он чизе ки ин шахс дар бораи иҷтиёҳи молаш аз ҷони падар гуфтааст, ба хотири нафақаи падар будааст, зеро миқдори пул барои нафақа зиёд буда ва моли зиёдатии фарзанд ба он кифоят намекардааст, магар ин ки аз асли молаш сарф шавад. Паёмбар ﷺ ӯро маъзур надонистанд ва ба ӯ иҷозат надоданд, ки нафақаи падарашро тарк кунад ва ба ӯ фармуданд: "Ту ва моли ту аз они падарат ҳастед" ба ин маъно ки агар падарат ба моли ту ниёз дошта бошад, аз он ба андозаи ниёзаш мегирад, ҳамон гуна ки аз моли худаш мегирад, ва агар мол надошта бошӣ, вале касбу кор дошта бошӣ, бар ту лозим аст, ки кор кунӣ ва ба ӯ нафақа диҳӣ»).

Бо ин адаби набавӣ тамоми вуҷуди ӯ ба ларза меояд ва нафсаш барои қабули файзҳои ҳидоят кушода мешавад. Он гоҳ вуҷуди ӯ саршор аз некӣ, нигоҳубин, муҳаббат ва бахшиш мегардад ва ӯ аз озори падару модар дар амон ва исмат (ҳифз) мемонад ва ҳақиқатан ҳамон гуна мешавад, ки Расули Ислом мехостанд: Худи ӯ ва молаш аз они падараш мебошанд.

5.     Ба дӯстони онҳо некӣ мекунад:

Ҳидоятҳои ин дини ҳаниф (рост ва пок) танҳо бо некӣ ба худи падар маҳдуд нашудааст, балки аз он гузашта, ба касоне, ки падар онҳоро дӯст медошт ва бо онҳо дӯстии холис дошт, низ шомил шудааст. Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: «Беҳтарин некӣ ин аст, ки мард бо дӯстони падараш пайванди дӯстӣ дошта бошад». Ва дар ривояти дигар: «Аз беҳтарин некиҳо ин аст, ки мард бо аҳли дӯстии падараш, пас аз он ки падар аз дунё гузашт (куч баст), пайванди хуб дошта бошад». (Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст).

Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) бо як дӯсти падараш Умар (разияллоҳу анҳу) рӯбарӯ шуд ва дар некиву эҳтироми ӯ бисёр кӯшиш кард. Баъзе аз касоне, ки ҳамроҳаш буданд, ба ӯ гуфтанд: Оё барояш кифоя набуд, ки ду дирҳам ба ӯ садақа кунӣ? Ибни Умар гуфт: Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Дӯстии падаратро ҳифз кун ва онро қатъ макун, вагарна Аллоҳ нури туро хомӯш месозад». (Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст).

Ва марде аз Паёмбар ﷺ пурсид ва гуфт: Эй Расули Худо, оё пас аз марги падару модарам чизе аз некӣ ба онҳо боқӣ мондааст, ки анҷом диҳам? Фармуданд: «Бале, чаҳор хислат (амал): Дуо кардан барои онҳо, талаби омурзиш (мағфират) барои онҳо, иҷро кардани аҳду паймони онҳо, эҳтиром кардани дӯстони онҳо ва пайванди хешовандӣ (силаи раҳм)-е, ки танҳо ба воситаи он ду (падар ва модар) бо ту пайванд доранд»». (Ин ҳадисро Бухорӣ дар китоби «Ал-Адаб ал-муфрад» ривоят кардааст).

Ин баландтарин мартабаи муҳаббат, вафодорӣ, некӯкорӣ ва бузургдошти падару модар аст, ки фарзанд бо дӯстони онҳо дар ҳаёташон ва пас аз маргашон пайванд дошта бошад. Мусалмони ҳақиқӣ ва ростгӯ ҳамеша риштаҳои дӯстӣ, пайванд ва рафоқатро бо аҳли дӯстии онҳо мустаҳкам мекунад ва бар муҳаббату эҳтироми онҳо пас аз он ки падару модараш ба дидори Парвардигорашон рафтанд, боқӣ мемонад. Ӯ он дӯстии кӯҳнаро фаромӯш намекунад ва аз он пайванди устувори инсонии наҷибе, ки падару модари азизаш риштаи онро маҳкам бофта буданд, ғафлат намекунад. Бо ин гуна эҳсосоти олии инсонӣ ва он дӯстии наҷибу холис, ҳаёт зебо мегардад ва зиндаҳо хушбахт мешаванд. Ва тамоми инҳо ба вуҷуди (шахсияти) мусалмони ростин дар ин ҳаёт вобаста мебошад.

Фарзанд дар Ғарб вақте ба синни рушд (балоғат) мерасад, аз падару модараш ҷудо мешавад ва риштаи фарзандӣ бо онҳо канда мегардад. На дидоре ҳаст, на алоқаи хешовандӣ ва на ҳамдардие бо падару модар. Фарзанд ба роҳи худ меравад ва қариб ки ҳеҷ гоҳ ба ақиб назар намекунад, то як нигоҳи дӯстӣ, вафодорӣ ва эҳсон ба он насли фидокори гузаштае, ки ба “арзали умур” (пирии ниҳоят вазнин ва нотавонӣ) расидааст, биандозад; ҳамон насле, ки тамоми усораи (шираи) умрашро рехта ва раҳиқи (шаҳди) ҳаёташро ба фарзандони нав ба ҳаёт қадамгузоштааш бахшида буд. Пас, куҷост ин уқуқ (нофармонӣ), ҷафо ва хушкии фарзанд нисбат ба падару модараш дар Ғарб, дар муқоиса бо он некӣ, маваддат, вафодорӣ ва серобии отифии (эҳсосии) мутадаффиқе (ҷӯшоне), ки аз фарзанди бори Ислом нисбат ба падару модараш дар ҳаёт ва пас аз маргашон содир мешавад, дар ҳоле ки ӯ бо дӯстони онҳо низ дар алоқа аст?! Огоҳ бошед, ки ин танҳо Ислом ва низоми беназиру хоси он дар тарбияи нафсҳо ва устувор кардани риштаҳои инсонии наҷибу волост, ки ҳеҷ низоме ба он нарасида ва ҳеҷ қонунгузорие ба авҷи он даст наёфтааст.

6.     Услуби ӯ дар некӣ ба он ду:

Мусалмоне, ки Ислом ӯро ба ҳақиқат тарбия кардааст, инсони некӯкор нисбат ба падару модари хеш аст. Ӯ онҳоро бо зеботарин нишонаҳои эҳтиром ва қадрдонӣ фаро мегирад; агар ба маҷлиси ӯ ворид шаванд, дар пеши онҳо бармехезад, ба дастҳояшон афтода, онҳоро мебӯсад, садояшро дар ҳузури онҳо аз рӯи адаб ва бузургдошт паст месозад, боли фурӯтаниро барояшон мехобонад ва дар суҳбат бо онҳо калимаҳои муҳаззаби (боадаби) латифро интихоб менамояд. Ҳеҷ гоҳ дар забони ӯ калимаи номуносиб ё ибораи дурушти ҷароҳатбахш (озордиҳанда) ҷорӣ намешавад ва дар рафтораш бо онҳо ҳеҷ амали холӣ аз адаби тавқир (эҳтиром), гиромидошт ва бузургдошт дида намешавад, ҳар гуна шароиту ҳолатҳое ҳам бошад (яъне дар ҳама ҳолат). Ӯ ҳамеша аз ин сухани Аллоҳ таъоло ҳидоят мегирад: «Ва Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед... ва бигӯ: Парвардигоро, бар онҳо раҳм кун, ҳамон гуна ки маро дар кӯдакӣ парвариш карданд». (Сураи Исро, оятҳои 23-24).

Ва шояд падару модар аз ҷоддаи (роҳи) савоб мунҳариф (дур ва бероҳа) гашта ва аз роҳи ҳақ рӯй гардонда бошанд. Дар ин гуна ҳолат, вазифаи фарзанди мусалмони некӯкор ин аст, ки бо нармӣ, оҳистагӣ, одоби баланди суҳбат ва рафтор ва гузашт намудан ба назди онҳо биёяд, то онҳоро аз ботиле, ки ба он тамассук доранд ( чанг задаанд), дур созад. Ӯ тундӣ намекунад, дуруштӣ нишон намедиҳад, сахтгирӣ намекунад ва бонг намезанад, балки кӯшиш менамояд бо зеҳни тез (заковат) ва нармӣ онҳоро қонеъ созад, то таваҷҷӯҳи онҳоро ба ҳаққие, ки худаш ба он имон дорад, ҷалб намояд. Ва силоҳи ӯ дар тамоми ин корҳо: ҳуҷҷати (далили) қавӣ, мантиқи солим ва услуби боадабу ҳикматнок аст.

Мусалмони огоҳ ва боҳушу дурандеш фаромӯш намекунад, ки ӯ ба ин гуна услуби рафтор бо падару модараш мукаллаф (вазифадор) аст, ҳатто агар онҳо мушрик бошанд. Ӯ мукаллаф аст, ки ҳатто дар ҳолати ширки онҳо, ҳамроҳиву зиндагии хубе бо онҳо дошта бошад, дар ҳоле ки ӯ хуб медонад, ки ширк бузургтарини гуноҳони кабира аст. Ӯ дар ин кор фармони Аллоҳ ҷалла ва алоро иҷро мекунад, ки мефармояд:

«Ва ба инсон дар бораи падару модараш тавсия (ҳукму амр) кардем... ва агар он ду кӯшиш кунанд, ки чизеро, ки ба он илм надорӣ, шарики Ман созӣ, аз онҳо итоат макун, вале дар дунё бо онҳо ба некӣ ҳамроҳӣ кун ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман бозгаштааст. Сипас бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас шуморо аз он чизе, ки анҷом медодед, огоҳ месозам». (Сураи Луқмон, оятҳои 14-15).

Падар ва модар наздиктарин хешовандон ва маҳбубтарин дӯстонанд, вале пайванди онҳо — бо вуҷуди бузургии қадрашон — пас аз пайванди ақида меояд. Агар онҳо мушрик бошанд ва фарзанди худро ба ширк амр кунанд, ҳеҷ итоате аз онҳо бар фарзанд воҷиб нест; зеро ҳеҷ итоате барои махлуқ дар маъсияти (гуноҳи) Холиқ (Офаридгор) нест. Риштаи ақида бар ҳар риштаи дигаре баландтар аст ва амри он аз ҳар амре болотар мерасад, вале бо ин вуҷуд фарзанд ҳамоно мулзам (вазифадор) ба некӣ, нигоҳубин ва эҳсон ба онҳо мебошад.

Аз ин рӯ, мусалмони ҳақиқӣ дар ҳамаи ҳолатҳо нисбат ба падару модараш некӯкор аст, барои хушбахтии онҳо ва ворид кардани шодӣ ба қалбашон то метавонад кӯшиш мекунад. Ин кор дар ҳудуди тоати Аллоҳ азза ва ҷалла сурат мегирад. Ӯ дар пешкаш кардани намудҳои некӣ, нигоҳубин ва гиромидошти онҳо аз ҳеҷ кӯшише дареғ намедорад; аз хӯроки лазиз (шаҳӣ), либоси гаронбаҳо (нафис), манзили мусоид (бароҳат) ва ҳар гуна рафоҳияти (осоиши) мубоҳе, ки дар тавону қудрати ӯст ва муносиби асри зиндагии онҳо ва сатҳи иҷтимоии онҳо мебошад. Ва болотар аз тамоми инҳо: сухани некӯ, чеҳраи кушодаву хандон ва лабони мутабассиме, ки саршор аз муҳаббат, меҳрубонӣ, вафодорӣ ва эътирофи фазли ин ду соҳиби фазли бузург, яъне падару модар аст.

Некӣ ва эҳсони мусалмони ҳақиқӣ ба падару модараш то пас аз марги онҳо низ идома меёбад; ин кор бо садақа кардан аз номи онҳо ва зиёд дуо кардан дар ҳаққи онҳо сурат мегирад, ба монанди ин сухани Аллоҳ таъоло:

«Ва аз рӯи меҳрубонӣ боли фурӯтаниро барояшон бихобон ва бигӯ: Парвардигоро, бар онҳо раҳм кун, ҳамон гуна ки маро дар кӯдакӣ парвариш карданд». (Сураи Исро, ояти 24).

Ва аммо баъд, ин аст ҳидояти Ислом дар бораи некӣ ба падару модар ва ин аст мусалмони ҳақиқие, ки бо ин дин ҳидоят ёфтааст. Вале оё мусалмонони имрӯза, пас аз он ки ҳаёти моддӣ онҳоро фаро гирифт ва рӯшноии тамаддуни (маданияти) нав чашмонашонро хира (кӯр) кард, аз ин ҳидоят пайравӣ мекунанд?

Имрӯз дар ҳаёти мо тамоми таваҷҷӯҳ ба сӯи зану фарзандон нигаронида шудааст. Аммо падару модар бошанд, нигоҳубини онҳо пас аз зану фарзанд меояд ва шояд падару модар ҳатто ба як қисми ками ин таваҷҷӯҳ ҳам даст наёбанд, магар ин ки фарзандонашон аз аброри тақводор (некӯкорони парҳезгор) бошанд.

Сабаб ин аст, ки низомҳои иҷтимоии нави ғарбӣ, ки ақлу андешаи бисёре аз мусалмононро тасхир (ғорат) кардаанд, ҳеҷ аҳамияте ба некӣ ба падару модар ва ҳифзи даврони пирии онҳо намедиҳанд. Ин низомҳо умуман дар фикри он нестанд, ки волидайнро ҳангоми расидан ба даврони нотавонии пирӣ (арзали умур), аз танҳоӣ, нобудӣ ва хориву пастӣ ҳимоят кунанд. Маҳз ҳамин раванд мардеро, ки бо ин мафҳумҳову низомҳои ғарбӣ тарбия ёфтааст, водор месозад, ки танҳо дар фикри зану фарзандонаш бошад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ақиб назар намекунад, то лоақал як нигоҳи саршори муҳаббат, некӣ ва вафодорӣ ба он насли гузашта ва рӯ ба охир биандозад; ҳамон насле, ки шабҳо барои тарбияи ӯ бедорхобӣ кашида ва тамоми дороиву ҳастии худро дар роҳи бузург кардан ва омода намудани ӯ барои ҳаёт сарф карда буд. Аз ин рӯ, мебинӣ, ки вақте ӯ дар бораи манзили осуда, либоси боҳашамат, хӯроки лазиз ва сафари ҷолиб меандешад, қалбаш танҳо ба сӯи зану фарзандонаш майл мекунад. Дар хаёли ӯ ҳеҷ гоҳ андешае намегардад, ки насиби падару модарашро низ аз ин неъматҳо ба ёд орад, дар ҳоле ки он ду дар ниёзи шадид ба ин неъматҳо ҳастанд ва орзу доранд онро аз дасти фарзанди азизашон дарёфт кунанд.

Некӣ ба падару модар ва рӯ овардан ба онҳо бо қалбе, ки бо муҳаббат метаппад ва дасте, ки барои бахшиш кушода аст ва бо сухани неки оромишбахш (мунис) ва табассуми ошкори дӯстона, як халиқаи (рафтору ахлоқи) асил аз рафтору ахлоқи шахсияти мусалмонон аст. Барои мусалмонон лоиқ (сазовор) нест, ки ин хислати нек дар миёни онҳо гум шавад, ҳарчанд корҳои ҳаёт печида (душвор) шаванд ва ҳар гуна таҳаввулоте (дигаргуние), ки дар ҳаёт рух диҳад ва ҳарчанд бар рӯи он кӯҳе (рукоми) аз одатҳои воридотӣ (бегона) ҷамъ шавад. Зеро ин хислат аз он ахлоқест, ки онҳоро аз сангдилии шадид (таҳаҷҷури қалб) ҳифз мекунад, аз рафтори худхоҳона (ананият, худкомӣ) паноҳ медиҳад ва онҳоро ба асли худ, инсоният ва вафодориашон бармегардонад; дар ҳоле ки дигарон дар пастии худхоҳӣ, инкор ва ношукрӣ афтодаанд. Ва ин амал, болотар аз тамоми инҳо, дарҳои биҳиштҳоро ба рӯи онҳо боз месозад.
 

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Ҳоло дар сомона 290 меҳмонҳо ва ҳеҷ истифодабарандае нест