ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ШАХСИЯТИ МУСУЛМОН  ДАР ПАРТАВИ ҚУРЪОН ВА СУННАТ
Featured

ШАХСИЯТИ МУСУЛМОН ДАР ПАРТАВИ ҚУРЪОН ВА СУННАТ

ШАХСИЯТИ МУСУЛМОН

ДАР ПАРТАВИ ҚУРЪОН ВА СУННАТ

 

«Китоби олим ва донишманди машҳур доктор Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳошимӣ — "Шахсияти мусулмон дар партави Қуръон ва Суннат" яке аз беҳтарин асарҳо дар мавзуи тарбия ва ахлоқи исломӣ ба шумор меравад. Муаллиф дар ин асар нишон медиҳад, ки Ислом танҳо як силсила назарияҳо ва ибодатҳои хушк набуда, балки барномаи комили зиндагист, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро танзим мекунад. Дар ин саҳифа муқаддимаи китобро пешкаши шумо мегардонем, ки дар он муаллиф сабаби навиштани ин асар ва мушкили дугонагии шахсиятро дар ҷомеаи муосир баррасӣ кардааст. Зиндагии воқеии мусулмон бояд оинаи аҳкоми Ислом бошад».

 

МУҚАДДИМА

Аммо баъд, таваҷҷуҳи ман ба мавзуи равшану ҳувайдо сохтани шахсияти инсони мусулмон, он гуна ки Ислом хостааст, ки ба он сурат бошад, ба солҳое бармегардад, ки аз даҳ сол кам нест. Ин пас аз он буд, ки дар рафтори бисёре аз мусулмонон ифрот яъне зиёдаравӣ дар як ҷониб ва тафрит яъне кутоҳӣ ва беаҳамиятӣ дар ҷониби дигарро мушоҳида кардам, ва ё дидам, ки ба баъзе корҳо аҳамият дода, нисбат ба корҳои дигар саҳлангорӣ менамоянд.

Масалан, яке аз онҳоро мебинӣ, ки кӯшиш мекунад дар сафи аввали намоз бошад, вале парвое надорад, ки аз даҳонаш бӯи бад меояд ва ё ин бӯи нохуш аз остинҳояш (либосаш) паҳн мешавад. Ё ӯро мебинӣ, ки фармонбардори Аллоҳ, бисёр фурӯтан ва таслиму бохушӯъ аст, вале дар силаи раҳм яъне дар масъалаҳои равуову алоқа намудан ва некӣ бо хешовандон кутоҳӣ мекунад.

Гоҳе ӯро меёбӣ, ки худро комилан ба ибодату илм бахшидааст, вале дар тарбияи фарзандонаш кутоҳӣ карда, аз он чӣ мехонанд ва бо кӣ рафоқату дӯстӣ доранд, ғофил аст. Ё мебинӣ, ки ба фарзандонаш аҳамият медиҳад, вале оқи падару модар (нофармони онҳо) ва дар муомила бо эшон сахтгиру бераҳм аст. Гоҳе нисбат ба падару модараш шояд некукор аст, вале ба ҳамсараш зулм мекунад ва бо ӯ хушрафторӣ (зиндагии шоиста) надорад. Ё ин ки бо ҳамсару фарзандонаш хушрафтор аст, вале бо ҳамсояаш бадмуомилагӣ мекунад.

Ва гоҳо мебинӣ, ки танҳо ба корҳои шахсии худ машғул буда, ба он чӣ барояш фоида дорад, аҳамият медиҳад, вале дар алоқаҳои иҷтимоӣ ва робита бо мардум ва таваҷҷуҳ ба умури мусулмонон кутоҳӣ менамояд. Ё ӯро шахси диндору солеҳ меёбӣ, вале одоби Исломро дар салом додан, хӯрдану нӯшидан, дар нишастухез бо мардум ва суҳбат бо онҳо саҳлангорӣ намуда риоя намекунад...

            Ва аҷиб он аст, ки ин нуқсонро дар рафтори баъзе аз онҳое мебинӣ, ки аз аҳли даъвати исломӣ ва ҷараёни амалии он ба шумор мераванд. Ҳамон даъвате, ки одатан ба пайравонаш ҳисси ҳассоси исломӣ, фаҳми дақиқи аҳком, одоб ва арзишҳои исломӣ ва таслимшавии содиқона ба ҳидояти устувори онро мебахшад. Вале машғул шудан ё ғофилӣ ва ё бепарвоӣ аст, ки баъзе аз ин мусалмонони риоякунандаро ба ин гуна хатоҳо ва мухолифатҳо дучор мекунад, дар ҳоле ки инро чӣ худашон дарк кунанд ва чӣ дарк накунанд.

Таваҷҷуҳи ман ба равшан сохтани шахсияти мусулмон он гуна ки Ислом хостааст маро водор намуд, ки матнҳои марбут ба инсон, тарбия ва ташаккули ӯро пайгирӣ кунам. Ҳадаф ин буд, ки дар ихтиёри мусулмонон ва бахусус даъватгарони онҳо, як пажӯҳиш ва омӯзиши комил ва ҳамаҷонибаеро бигузорам, ки он шахсиятро ҳувайдо созад ва хусусияту вижагиҳо, одатҳо ва ахлоқи барҷастаи ӯро нишон диҳад. То ин ки ин пажӯҳиш барои онҳое, ки дар баъзе ҷанбаҳо кутоҳӣ мекунанд, чароғи роҳ бошад ва худро ба он ҷойгоҳи баланд ва дурахшоне бирасонанд, ки дини ҳақ барояшон хостааст.

Ва он чӣ ки дидам, маро ба ҳайрату даҳшат овард! Ман холигӣ ва фазои бисёр кушод ва масофаи хеле дуреро дидам, дар байни он чӣ Ислом барои мусулмонон хостааст ва он чӣ худи онҳо барои худ хостаанд (Яъне байни ончӣ Ислом хоста ва ончӣ онҳо барои худ хостаанд фарқияти ниҳоят зиёд дорад). Ба ҷуз иддаи каме аз онҳо, ки ақидаашон дуруст, исломашон неку, қалбҳояшон пок, рӯҳҳояшон баланд ва ҳимматҳояшон олӣ аст. Онҳо бо садоқат, шавқ ва гармӣ ба дини худ рӯ оварда, аз чашмаи софу гуворои он менӯшанд ва ҳар рӯзи нав аз ҳидояти дурахшони он баҳраи бештар мегиранд.

Ҳар кӣ имкони иттилоъу огоҳӣ аз ҳидояти Аллоҳ ва паёмбарашро дар сарчашмаҳои аслии онҳо — аз Китоби Аллоҳ ва ҳадиси Расули Худо ﷺ пайдо кунад, ҳақиқатан аз фаровонии матнҳо (яъне, оятҳову ҳадисҳо), фарогирӣ ва шомил будани онҳо ба ҳар як кори хурду бузурги инсон ҳайратзада мешавад. Ин матнҳо тамоми масъалаҳои инсонро, ки ба Парвардигораш, ба худаш ва ба мардуми атрофаш алоқаманданд, дар бар мегиранд. Ҳамаи онҳо роҳнамоӣ, ташаккул ва сохтани шахсияти инсони мусулмон дар ҳар як ҷанбаи ҳаёти ӯ буда, ӯро барои зиндагии намунавии фардӣ ва иҷтимоӣ омода месозанд.

Аз ин рӯ, инсони мусулмон ҳамон гунае ба назар мерасад, ки ин матнҳо хостаанд: як инсони иҷтимоӣ, воломақом ва беназир бошад. Барои ин гуна ташаккули камназири ӯ, маҷмӯае аз ахлоқи ҳамида даст ба дасти ҳам додаанд, ки оятҳои Китоби Карим ва ҳадисҳои Суннати пок ба онҳо гувоҳӣ медиҳанд. Инчунин, Ислом худро бо ин ахлоқ оростанро як ҷузъи дин қарор додааст, ки инсон ба риояи он ҳарис мебошад ва бо ин кор аз Парвардигораш савобу падош металабад. (Яъне, масъалаи ахлоқ ҳам як чизи оддӣ ва ихтиёрӣ набуда балки ҳамчун дин ҳисобида мешавад).

Ман ба ҷамъоварии он матнҳо аз Китоби Аллоҳ ва Суннати Паёмбараш ﷺ шурӯъ кардам ва онҳоро вобаста ба бобҳо ва мавзуъҳояшон дастабндӣ намудам. Вақте ин тасниф ё дастабандӣ барои ман ба поён расид, нишонаҳо ва сохтори ин пажӯҳиш ва ин омӯзиш равшан шуд ва он дар бахшҳои зерин ба тартиб даромад:

1 — Мусулмон бо Парвардигори худ.

2 — Мусулмон бо нафси (худи) худ.

3 — Мусулмон бо падару модари худ.

4 — Мусулмон бо ҳамсари худ.

5 — Мусулмон бо фарзандони худ.

6 — Мусулмон бо хешовандон ва пайвандони худ.

7 — Мусулмон бо ҳамсоягони худ.

8 — Мусулмон бо бародарон ва дӯстони худ.

9 — Мусулмон бо ҷомеаи худ.»

Дар рафти ҳамроҳии ман бо ин матнҳо ва андеша намуданам дар ҳидояти волову устуворе, ки онҳо дар бар мегиранд, бароям комилан равшан шуд, ки раҳмати Аллоҳ нисбат ба бандагонаш бисёр бузург будааст. Зеро Ӯ онҳоро аз чоҳи гумроҳӣ берун кашид ва ба қуллаҳои баланди ҳидоят бардошт. Пас, паёмбаронашро ба сӯи онҳо фиристод ва рисолату шариатҳои худро бар онҳо нозил кард, то ин ки башарият ҳамеша дар роҳи равшану ошкор (маҳҷату-л-байзо) боқӣ бимонад, дар торикиҳо пешпо нахӯраду даст-по назанад, дар кӯриву нодонӣ саргардон нагардад ва роҳҳои миёнаву дуруст барояшон пӯшида ва номафҳум намонад.

Ва бароям чӣ қадар равшан шуд, ки эҳтиёҷи инсон ба насиму нафасҳои ҳидоят, тарбия ва касби одоб то чӣ андоза бузург аст, то ин ки битавонад инсонияти худро амалӣ созад ва он вазифаи бузургеро, ки Аллоҳ дар ин зиндагӣ ба дӯшаш гузоштааст, иҷро намояд. Зеро агар ин нафасҳои қудсӣ, ҳидоятгар ва роҳнамо намебуданд, бешак бар инсон афтодан ва сарозер шудан ба ботлоқи худхоҳиву худпарастӣ, аноният ва зиён расонидан ба мардум ғолиб меомад. Ва ӯ дар ботлоқи кина, ҳасад, истисмор (суиистифода), зӯроварӣ ва зулм, ва дигар одатҳои зишту ахлоқи бад ғӯтавар мегашт.

Ва мо намунаи равшани инро дар рафтори кӯдак мебинем, он гоҳ ки дар баробари падару модараш меистад ва тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то шоистагӣ, рафтори дуруст ва бартарии худро нисбат ба бародараш исбот кунад. Ӯ комилан талош менамояд, ки бародарашро аз он вижагиҳои хубе, ки худашро бо онҳо оростааст, маҳрум ва холӣ нишон диҳад. Кӯдак бо ин кораш мехоҳад зоти худро исбот кунад ва майли фитрии худро ба ғолиб шудан ва бартарӣ ёфтан бар бародараш дар ҳар чиз нишон диҳад.

Ин хислат дар инсон як табиати фитрӣ аст, ки устувории инсон ва созиши корҳои дунё ба он вобаста аст, албатта то даме ки ин хислат солим ва дар ҳадди эътидол бошад. Зеро он инсонро водор месозад, ки амиқтарин ва беҳтарин некиҳои даруни худро берун кашад. Ва ҳангоме ки ӯ ин некиро ба худаш нисбат медиҳад, аз эҳсоси қаноатмандӣ ва хушнудие, ки тамоми вуҷудашро фаро мегирад, баҳравар мешавад ва дар натиҷа, барои бахшиши бештар устуворона ба пеш қадам мегузорад.

Вале агар ин хислат дар вуҷуди инсон аз ҳад зиёд бузург шавад ва инсон дар он аз ҳад гузашта зиёдаравӣ кунад, ба як бемории хатарнок ва нохуш табдил меёбад. Дар ин ҳолат, шахси гирифтор ба ин дард ҳамчун як фарди мағрур ва иддаогар (дурӯғгӯ) зоҳир мешавад, ки бо худписандӣ бар ҳамсолони худ фахр мефурӯшад, дар ҳоле ки худи ӯ аз он хусусияту вижагиҳо ва бузургиҳое, ки барои худ иддао мекунад, бисёр дур аст.

Маҳз дар ҳамин ҷо арзиши дин, тарбия ва ахлоқ ошкор мешавад, то ҷилави (лаҷоми) шахси ба ин беморӣ гирифторшударо бикашад, аз шиддати худписандиву ғурури ӯ бикоҳад ва қадамҳои ӯро ба сӯи эътидол, хирадмандӣ ва фурӯтаниву тавозуъ равона созад.

Ва дин ҳамон чашмаи пуроб ва ҷӯшонест, ки ҳар як фазилату бузургӣ дар ин зиндагӣ (танҳо ва танҳо ба шакли комил) аз он сарчашма мегирад. Он чӣ ки принсипҳои тарбия дар бар гирифтаанд ва усули ахлоқ аз арзишҳои баланд, одатҳои нек ва рафтори устувор бар он таъкид кардаанд, дар асл дар тӯли асрҳо ба башарият маҳз аз ҳамин чашмаи илоҳии пуробу файзбахш расидааст. (Яъне, чун аз ибтидо Аллоҳ таъоло Одам алайҳиссаломро фиристод, ҳамаи ин умури лозим барои инсон бо ҳамроҳии ӯ барои фарзандонаш фиристода шуд. Аллоҳ таъоло аз ибтидо ин ахлоқи ҳамидаро барои инсон муқаррар кардааст ва инҳо чизҳои иҷтиҳодӣ намебошанд. Ҳар касе дар тӯли торих аз он истифода намудааст, ҳатман сарчашмаи он ҳамин таълимоти илоҳӣ будаанд).

Он чи ки дар ҳаёти башарият комилан ошкор аст, ин аст, ки инсонҳо аз ин ки ба сӯи болоравию чанг задан ба устуворӣ бираванд, бештар ба сӯи суқуту поён афтодан, раҳоӣ ва сарпечӣ аз дастурот майл доранд. Зеро ҳамеша поён омадан ва суқут кардан аз боло рафтан осонтар ва раҳоию бебандуборӣ дилкаштар аст. Вале барои ҷомеа устуворӣ ва ҳамбастагӣ ҳатмист ва бояд як боздорандае (тарс аз Худо ва виҷдон) вуҷуд дошта бошад, то ҳар гоҳ ки ғофилӣ бар қалбҳояшон соя афканад ва қадамҳояшон аз роҳи рост каҷ шавад, онҳоро боздорад.

Аз ин рӯ, барои соҳибони фикру донишмандон ва аҳли қалам аз нависандагон лозим ва зарур аст, ки дар равшан сохтани арзишҳои баланди дин фаъол бошанд. Онҳо бояд ин арзишҳоро ба гунае гуворо, осон ва фаҳмо ба мардум пешкаш кунанд ва он сурати дурахшон, равшан ва гузашткунандаи (таҳаммулпазири) динро барояшон баён созанд, ки Аллоҳ хостааст бандагонаш дар ин зиндагӣ худро бо он ороста кунанд, то ҳаёт зебо, лаззатбахш ва гуворо гардад.

Худованд ин динро аз болои ҳафт осмон нозил накардааст, то танҳо як силсила назарияҳое бошад, ки ақлҳо аз баҳсу мунозираи онҳо лаззат баранд. Ва онро танҳо барои он нафиристодааст, ки як каломи муқаддасе бошад, ки мардум танҳо барои табаррук онро тиловат кунанд, дар ҳоле ки аз ҳидояти он бехабаранд ва маъноҳояшро дарк намекунанд. Балки Аллоҳ онро нозил кардааст, то бар ҳаёти фард ҳукмрон бошад, зиндагии оиларо танзим кунад, ҷомеаро роҳбарӣ намояд ва нуре бошад, ки роҳи башариятро равшан созад ва онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур берун кашад:

"Ҳақиқатан, аз ҷониби Аллоҳ ба сӯи шумо нур ва китоби равшане омадааст, ки Аллоҳ ба воситаи он касонеро, ки аз паи хушнудии Ӯ рафтаанд, ба роҳҳои амну саломатӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро бо хости Худо аз торикиҳо ба сӯи нур берун меорад ва ба роҳи рост роҳнамоӣ менамояд" (Сураи Моида, оятҳои 15-16)

Ва дар партаву сояи ин ҳидоят аст, ки зиндагӣ шукуфону бобаракат мегардад, ҳаёт устувору пок мешавад ва зиндаҳо аз он лаззат мебаранд. Нахустин қадам ба сӯи ин зиндагии солим ва гуворо, тарбия ва ба вуҷуд овардани як фарди мусулмони содиқ аст, ки сурати равшану дурахшони Ислом дар вуҷуди ӯ намоён бошад ва таҷассум ёбад. То он ки мардум бо дидани ӯ Исломро бубинанд ва ҳангоми муомила бо ӯ, имонашон ба ин дин бештар гардад ва ба он рӯй оваранд.

Ин ҳамон корест, ки Расули Худо ﷺ дар оғози даъват анҷом доданд. Зеро нахустин қадами эшон дар ин роҳи тӯлонии Ислом ин буд, ки мардонеро тарбия кунанд, ки Ислом дар вуҷуди онҳо таҷассум ёбад; то ҷое ки онҳо ба "Қуръонҳои зиндае" табдил шуданд, ки дар рӯи замин қадам мезаданд. Онҳо дар гӯшаву канори дунё пароканда шуданд ва мардум дар вуҷуди онҳо намунаҳои беназире аз инсонҳоро диданд, ки онҳо низ як барномаи камназири зиндагиро муаррифӣ мекарданд. Вақте мардум ин барномаи беназирро дар вуҷуди як фарди мӯъмини содиқ муҷассам диданд, гурӯҳ-гурӯҳ (афвоҷан) ба дини Худо ворид шуданд.

Имрӯз башарият ва бахусус мусулмонон, эҳтиёҷи бисёр шадид ба сохтани ин гуна намунаҳои беназири инсонӣ доранд, ки зиндагӣ бидуни онҳо ширин намешавад, арзишҳои баланди инсонӣ бидуни вуҷуди онҳо устувор намегарданд ва ҳақиқати дурахшону тобони Ислом ҷуз дар вуҷуди онҳо ҳувайдо намешавад.

Пас, он сурати зебои ин намунаи инсонии беназир чӣ гуна аст? Ин ҳамон чизест, ки хонанда ҷавобашро дар саҳифаҳои ояндаи китоб хоҳад ёфт.

Аз Аллоҳ мехоҳам, ки ин амали маро холис барои Ризои Худаш қабул кунад, онро судманд гардонад ва онро бароям тӯшаи роҳ созад дар "рӯзе, ки ҳеҷ молу фарзанде фоида намекунад, магар касе, ки бо қалби солим (пок аз ширку кина) ба назди Худо ояд" (Сураи Шуаро, оятҳои 88-89).

 

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Ҳоло дар сомона 290 меҳмонҳо ва ҳеҷ истифодабарандае нест