«Оё эҳсос мекунед, ки дарҳои зиндагӣ бар рӯйи шумо баста шудаанд? Мақолаи навбатии мо аз силсилаи "Маърифати Аллоҳ" дар бораи исми мубораки «Ал-Фаттоҳ» буда, ба мо меомӯзонад, ки ҳеҷ як душворӣ бидуни кушоиш нест. Шумо бо мисолҳои ибратомӯз — аз талошҳои ҳазрати Ҳоҷар дар биёбон то зафари бузурги Фатҳи Макка — хоҳед донист, ки чӣ гуна Аллоҳ аз ҷойҳое, ки гумон надоред, дарҳои наҷотро боз мекунад. Инчунин шаш имконияти бузурги моҳи Рамазон ва се тавсияи амалие, ки ҳаёти шуморо ба сӯи беҳтарӣ тағйир медиҳанд, шуморо интизоранд.» Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ.
Аммо баъд...
Сисила мақолаҳо дар мавзӯи маърифат ва муҳаббати Аллоҳ таъоло.
Номи мубораки «Ал-Фаттоҳ» (الفتّاح)
Номи мубораки «Ал-Фаттоҳ» (الفتّاح) — яке аз асмоъул-ҳусно (номҳои зебои Худованд) аст, ки маънояш кушоянда, ҳалкунанда ва қозии одил мебошад. Ин ном дар Қуръони карим ду бор зикр шудааст, аммо вожаҳои «яфтах» (мекушояд) ва «фатҳна» (мо кушодем) бисёр маротиба дар Қуръон омадаанд.
Калимаи «фатҳ» (فتح) дар луғат маънои кушодан, раҳоӣ додан, ё ҳал кардани масъала бо ҳақиқат дорад. Аз ҳамин реша, номҳои футуҳот (кушоишҳо) ва ҳукм (ҳукми шариатӣ) ҳам сохта шудаанд.
Мисоли аввал аз Қуръон:
"رَبَّنَا افْتَحْ بَيْنَنَا وَبَيْنَ قَوْمِنَا بِالْحَقِّ وَأَنْتَ خَيْرُ الْفَاتِحِينَ". (Сураи Аъроф, ояти 89)
«Эй Парвардигори мо! Миёни мо ва қавми мо бо ҳақ ҳукм кун, ва Ту беҳтарин аз ҳукмкунандагон ҳастӣ!».
Дар ин оят, мӯъминон аз Худо мехоҳанд, ки байни онҳо ва қавме, ки бо онҳо ихтилоф доранд, Худованд бо ҳақиқат ва адолат ҳаллу фасл кунад.
Мисоли дувум аз Қуръон:
"قُلْ يَجْمَعُ بَيْنَنَا رَبُّنَا ثُمَّ يَفْتَحُ بَيْنَنَا بِالْحَقِّ وَهُوَ الْفَتَّاحُ الْعَلِيمُ". (Сураи Сабо, ояти 26)
«Бигӯ: Парвардигори мо моро ҷамъ мекунад (дар рӯзи қиёмат), пас байни мо бо ҳақ ҳукм мекунад, ва Ӯст Фаттоҳи Доност (Кушояндаи одил ва огоҳ).».
Хулосаи ибратноки ин бахш:
· «Ал-Фаттоҳ» яъне Худое, ки дарҳои хайр ва раҳматро мекушояд, мушкилоти бандагонро ҳал мекунад, ва бо ҳақ ва адолат ҳукм менамояд.
· Ин ном моро меомӯзонад, ки:
I. 1.Дар ҳама мушкилот ба Худо таваккал кунем, зеро Ӯ кушояндаи ҳақиқии ҳар баста аст.
II. 2.Дар миёни мардум ҳукм бо ҳақ кунем, мисли он ки Худо мефаҳмонад.
III. 3.Дар баҳсҳо ва ихтилофҳо бигӯем:
«Раббанофтаҳ байнана билҳақ» — Эй Парвардигори мо, миёни мо бо ҳақ ҳал кун.
1. Маънои исми мубораки Худо — «Ал-Фаттоҳ»:
Сухани «Ал-Фаттоҳ» аз решаи фатҳ меояд, яъне: кушодан, осон кардан, ҳал намудан ва ҳақро аз ботил ҷудо кардан.
Пас Ал-Фаттоҳ маъно дорад: Худое, ки дарҳои хайр, ризқ, дониш ва раҳматро ба рӯйи бандагонаш мекушояд, ва миёни мардум бо адолат ҳукм мекунад.
Маънои шаръӣ
«Ал-Фаттоҳ» аз номҳои зебои Худост, ва маънояш ин аст, ки Худо:
· дилҳоро барои имон ва ҳидоят мекушояд;
· ақлҳоро барои фаҳм ва дониш мекушояд;
· дарҳои баста дар ризқу пирӯзиро мекушояд;
· миёни бандагонаш бо ҳақ ҳал мекунад, яъне дар рӯзи қиёмат бо адолат ҳукм менамояд.
Ин ном чӣ гуна дар забони мардум истифода мешавад:
I. 1.Вақте ки дуконе ё мағозае субҳ боз мешавад, соҳибаш мегӯяд:
«Ё Фаттоҳ, ё Алим!» Яъне: «Эй Худо, дарҳои ризқу баракатро ба рӯям боз кун, ва маро огоҳ гардон.»
I. 2.Вақте ки як шогирд ё олим дар илм пеш меравад, мегӯянд:
«Фатаҳаллоҳу алайка футӯҳал-ъорифин». – Худо бар ту кушоиши орифону доноёнро ато кунад. Яъне, Худо бар ту илҳом ва фаҳми амиқ ато кунад.
I. 3.Вақте ки ба як нафар дуо мекунанд, мегӯянд:
«Худо бароят кушоиш диҳад»
Яъне, Худо мушкилоти туро осон гардонад, ва роҳҳои некро ба рӯят бигушояд.
Пас, чӣ сирре дар он аст, ки номи Худо «Ал-Фаттоҳ» бар забони мардумони оддӣ бисёр такрор мешавад?
Маънои амиқи калимаи «фатҳ»
Калимаи «фатҳ» дар луғат зидди «бастан» ё «пӯшидан» аст.
Фатҳ яъне кушодан ва бартараф сохтани ҳар чизе, ки баста бошад.
Оё метавон гуфт: «Ман дареро кушодам», дар ҳоле ки он аслан боз буд?
Албатта, не — аввал бояд баста бошад, то кушодан маъно дошта бошад.
Пас номи Худо «Ал-Фаттоҳ» се маънои бузург дорад:
1. Ӯст, ки бо ирода ва қудрати Худ ҳар чизеро, ки баста аст, мекушояд:
Вайғамроаздилмебардорад, ғуссаваандуҳродурмесозад, баловасахтироазмиёнмебарад, вадушвориҳороосонмекунад.Агар дарҳои зиндагӣ бар рӯйи мо баста шаванд, ҷаҳон тира гардад ва ашк гулӯамонро фишорад — бояд ба сӯи Ал-Фаттоҳ биштобем.
Вақте ин маъно дар дилҳои мо ҷой гирад ва Худоро бо ин сифати бузург бишносем,
мо аз қавитарин инсонҳо дар рӯи замин мешавем.
Пас бирав, дар назди Ӯ тавозӯъ намо ва гиря кун, чунки Ӯ фармудааст:
«Ҳар раҳмате, ки Худо барои мардум боз кунад, ҳеҷ кас наметавонад онро боздорад;
ва ҳар чизеро, ки Ӯ боздорад, ҳеҷ кас пас аз Ӯ онро кушода наметавонад;
Ӯст Ғолиб ва Ҳаким (донаву дурандеш).». (СураиФотир, ояти 2).
Пас, агар Ӯ даре кушояд — кист, ки тавонад онро бандад?
АгарХудобартударираҳматебозкунад, мушкилотатҳалмешавад,
ваҳамаиқудратҳоизамин, агарҷамъшаванд, наметавонанддареро, киХудокушодааст, бубанданд.
Ал-Фаттоҳ ва кушоиши Илоҳӣ дар Бадр
БаРасулиХудоﷺназаркун — чӣмекарддаррӯзиҷангиБадр,
онвақткишумораимусалмононҳамагӣсесаднафарбуд, ваҳамроҳионҳотанҳодусавора,
валекофиронҳазорнафарбудандвасадсаворадоштанд.
Қувваҳо ба ҳеч ваҷҳ баробар набуданд.
Он гоҳ Паёмбар ﷺ дастҳои худро баланд кард ва пайваста дуо мекард,
то он ҷо ки зери бағалҳояш сафед намудор шуд ва ридо (ҷомааш) аз шонаҳояш афтид,
мегуфт:
«Аллоҳуммаанҷизлӣмоваъаттанӣ»
Яъне: ЭйХудоё, онваъдаеро, кибамандодаӣ, баҷобиёр!
АзбисёрилтиҷоватавҷеҳашбаХудо, СайидинаАбӯбакр (р)азтарсионкиРасулуллоҳхудробисёрранҷдиҳад,
бакитфашдастмезадвабомеҳрмегуфт:
“Осон гир бар худ, эй Расули Худо, осон гир!”
Пас ба оят назар кун, ки Худо дар бораи кофирон чӣ фармудааст:
«Агар шумо (эй кофирон) фатҳ ва ҳаллу фасли ҳақиқатро мехоҳед — пас фатҳ омад!». (Сураи Анфол, ояти 19).
Баъд аз ин оят, Паёмбар ﷺ хушҳол гардид,
истод ва нидо кард:
«Аллоҳу Акбар! Шод бошед!
Ин аст Ҷабраил, ки авзоми аспашро гирифтааст,
ва бо ҳазор фаришта меояд, то бо шумо дар Бадр биҷангад!»
Пас, фатҳ ва пирӯзӣ омад — ва мусалмонон ғолиб шуданд.
Ин буд кушоиши Худо – фатҳи ҳақиқӣ, ки бо дуо ва таваккули Расулуллоҳ ﷺ нозил гардид.
Ривоят шудааст, ки яке аз олимон (раҳимаҳуллоҳ) ҳар гоҳ бо масъалаи душвори илмӣ рӯ ба рӯ мешуд,
аз шаҳр берун мерафт, ба саҳро мебаромад,
руяшро бар хок мегузошт, бо ниҳоят тавозӯъ ва фурӯтанӣ,
ва муддати дароз истиғфор (бахшишталабӣ) мекард.
Ӯ мегуфт:
«Ба Худо савганд, ман ҳаргиз барнамегаштам,
магар он ки Аллоҳ бар он масъала бароям кушоиш медод.»
2. Ал-Фаттоҳ ва кушоиши дарҳои муваффақият
Ал-ФаттоҳҳамонХудое, кидарҳоимуваффақиятватавфиқродароғозикорҳоинавмекушояд.
· Касе, ки ба мавзӯи нав рӯ меорад, ки он ҳанӯз баста ва ношинос аст,
· ва охири онро намедонад,
· ва ба як иттифоқ ва пуштибонӣ ниёз дорад,
боядбасӯиАл-Фаттоҳбиёяд, тороҳипешравиробаӯбозкунадвамуваффақиятдиҳад.
Оё Худо нафармуд:
Дар назди Ӯ калидҳои ғайб ва махфӣ ҳаст, ки онҳоро фақат Ӯ медонад.». Сураи Анъом: 59.
Агар оят мегуфт: «Мафотиҳул ғайб назди Ӯст», эҳтимол метавонист, ки ин калидҳо ҳам дар назди Ӯ ва ҳам дар назди дигарон бошанд; аммо таъкиди оят (пеш гузоштани калимаҳо) нишон медиҳад, ки фаақат Ӯ медонад ва каси дигар намедонад.
I. 3.Ал-Фаттоҳ ва ҳаллу фасли баҳсҳо. Аллоҳ таъоло дар миёни ду хасм ба ҳақ ҳукм мекунад, кушоишаш барои ду нафаре бо ҳам душманӣ ва даъво доранд, ҳукми ба ҳақ мекунад.
Оятҳои Қуръон, ки ин маъноро равшан мекунанд: «Бигӯ: Парвардигори мо моро ҷамъ мекунад, пас байни мо бо ҳақ ҳукм мекунад; ва Ӯст Фаттоҳи Доност (кушояндаи ҳама чиз ва огоҳ аз ҳама чиз).». (Сураи Сабаъ, ояти 26)
«Эй Парвардигори мо! Миёни мо ва қавми мо бо ҳақ ҳукм кун, ва Ту беҳтарин аз кушоандагон ҳастӣ!». (Сураи Аъроф, ояти 89).
Вақте ки ихтилоф ва баҳс байни ту ва мардум шадид мешавад,
ва туро бе гуноҳ зулм мекунанд ва обрӯи ту коста мешавад, ва мегуянд: «Ин ё он…»,
пас Ал-Фаттоҳ миёни тарафҳо ҳаллу фасл мекунад ва ҳақиқатро ошкор менамояд.
Агар касе ба ту зулм кунад, ё ба туро ҳадаф қарор диҳанд, ё туро айбдор созанд,
пас ба сӯи Ал-Фаттоҳ рӯ овар ва ба назди Ӯ саҷда кун (тавозӯъ бикун).
Сайида Оиша дар ҳодисаи Ифк “тӯҳмат” ба ноҳақ муттаҳам шуд. Ба муддати як моҳ дар бораи ӯ сӯҳбат мекарданд, ва Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар минбар истод ва гуфт: «Ба оилаам зарар расидааст, пас кист ин масъаларо метавонад бартараф кунад?» Мушкил шиддат гирифт ва бонуи Оиша гуфт: «Шабамро гиристам ва рӯзамро гиристам, сипас шаби дигар низ гиристам; ашки ман ором намегирифт то даме ки гуфтам: ҷигарам пора мешавад. Сипас Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам назди ӯ рафт ва гуфт: «Агар ба гуноҳе даст ёфта бошӣ, пас аз Худо талаби мағфират кун. Сайида Оиша ҷавоб дод ва ба Ҳазрати Абубакр гуфт: Аз ман ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоб деҳ. Абубакр гуфт: «Намедонам чӣ тавр ба Пайғамбар Худо ҷавоб диҳам.» Сайида Оиша гуфт: «Ба Худо савганд, намедонам ба шумо чӣ гӯям. Агар бигӯям аз ин ҳодиса бегуноҳам, ба ман бовар намекунед, ва агар ба чизе иқрор шавам, ки накардаам, ба ман бовар мекунед. Ба Худо, чизе барои гуфтанд надорам ҷуз он чи падари Юсуф (а) (Яъқуб а.) гуфт: сабриҷамил ва ёрии Худо дар баробари он чи шумо тасаввур мекунед, лозим аст.». Ӯ гуфт: «Ҳамаи умеди ман ин буд, ки Пайғамбар (с) хоберо аз бегуноҳиам бинад. Аммо сипас Сураи Нур нозил шуд, ки сайида Оиша-ро дар 20 оят пок кард ва ҳақиқат намоён шуд.
Ва ин Юсуф (а) аст, ки ба зиндон ворид шуд бо айбдокунии (иттиҳоми) ноҳақ, ки ба ҳамсари Азиз гӯё дастдарозӣ кардааст, дар ҳоле ки бегуноҳ буд ва 9 сол дар зиндон монд. Ва сипас бо хобе, ки подшоҳ мебинад, озод шуд. Ва ҳамсари Азиз омад ва гуфт: «Ҳоло ҳақиқат ошкор шуд, ман ӯро ба худам ҷалб кардам.»
2. Нуктаи муҳим барои бархурд бо ал‑Фаттоҳ
Ал‑Фаттоҳ дӯст дорад, ки мо то охирин лаҳза бо ҷиддият ва қудрат кор кунем, зеро намедонем, чӣ замоне гушоиш хоҳад омад. Пас мумкин аст гушоишро ба таъхир бияндозад, то эътимоди мо ба ӯ ва исрорамон бар корро озмоиш намояд ва бисанҷад. Ва мумкин аст, ки гушоишро ба таъхар бияндозад, то мо ҳамчунон исроркунанда ва мутмаъин бошем, ки Ӯ дар охирин лаҳза барои мо гушоиш хоҳад кард ва мумкин аст, гушоишро ба таъхир бияндозад то мо муддути тӯлонӣ бар назди дараш биистем ва муддати тӯлонӣ дар баробари ӯ бимонем.
Ибни Қайим раҳимаҳуллоҳ мегуяд:
“Аз истодан дар муқобили даргоҳи Ӯ хаста машав. Ҳатто агар ронда шавӣ, ва аз узрхоҳӣ даст макаш, ҳатто агар рад шуди ва бозгардонида шавӣ. Вақте дарвоза барои пазируфташудагон боз шуд, ту монанди музоҳими туфайлӣ (меҳмони нохонда) ворид шав ва бигу: Фақирам, пас садақае ба ман деҳ. Зеро садақот барои фақирон ва бенавоён аст ва ман фақиру бенаво (мискин) ҳастам”.
Шоъири Паёмбар (с) Ҳассон ибни Собит мегуяд:
“Даргоҳатро тарк нахоҳам кард, ва ба сӯи дигаре нахоҳам рафт,
Бо ризоят либосамро мебофам ва ифтихор мекунам, ки бандаи ту ҳастам”.
Пас агар гушоиш дер шавад, нороҳат намешавем, зеро даре, ки бо шиддат (ва бардавонму сахт) зада шавад, ҳатман боз хоҳад шуд”.
Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳамчунон ба 26 қабила даъват мекард, то онҳоро ҳидоят кунад. Аммо натиҷае намедид, то рӯзи сеюми Мино ва мардум дар ҳоли ҷамъ кардани чодарҳо барои рафтан буданд. Ӯ 6 ҷавони 18 соларо дар охирин рӯз аз айёми ташриқ пайдо кард, ба назди онҳо рафта гуфт: “Оё наменишинед, то бо шумо суҳбат кунам? Онҳо гуфтанд: Бигу. Пас Исромро ба онҳо арза кард ва онҳо гуфтанд: “Ин ҳамон Паёмбаре аст, ки яҳуд дар борааш ба мо гуфта буданд”. Дар натиҷа яҳуд сабабу иллати гушоиш бар қабилаҳои Авс ва Хазраҷ бо шинохти Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шуданд.
Аллоҳи Фаттоҳ гушоишро аз ҷое меоварад, ки намедони ва дар андешаат ҳам намегузашт. Ва мумкин аст онро баста шуда тасаввур куни, дар ҳоле ки ӯ он ҳолат авҷи кушоиш аст. барои мисол: Юсуф, алайҳиссалом, 9 сол дар зиндон буд ва ин зиндони ӯ авҷи кушоиш буд. Зеро агар зиндонӣ намешуд, бо соқиҳои Подшоҳ, ки хобро дида буданд, ошно намешуд. Ва агар зудтар аз зиндон озод мешуд, қабл аз ин ки подшоҳ хобро бубинад, оё ӯ Азизи Миср мешуд? На, балки шахсе оддӣ дар ҷомеа боқӣ мемонд.
Ва дар рӯзи Сулҳи Ҳудайбия, мусалмонҳо барои умра рафта буданд, аммо аз анҷоми умра боз дошта шуданд. Пас Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, сулҳро матраҳ кард ва бо онҳо тавофуқ шуд. Аммо Умар, разияллоҳу анҳу, мехост ё умра анҷом шавад ё ҷанг рух диҳад. Сипас оят нозил шуд:
“Ҳамоно мо барои ту кушоиш (фатҳи) ошкорро овардем”.
Умар (р) назди Паёмбар (с) рафту гуфт: “Эй Расули Худо! Оё ин кушоиш (фатҳ) аст?
Паёмбар (с) посух дод: Бале, эй Умар”.
Умар (р) пурсид: Эй Расули Худо (с), оё нагуфтед, ки мо умра анҷом хоҳем дод?
Паёмбар (с) гуфт: “Бале, эй Умар, анҷом хоҳем дод”.
Умар (р) гуфт: Пас чаро умра накардем, эй Расулуллоҳ?.
Паёмбар (с) посух дод: Оё ба шумо гуфтам, ки ин сол умра анҷом хоҳад шуд, эй Умар?
Умар (р) гуфт: Не.
Паёмбар (с) гуфт: Пас ин кушоиш аст”.
Адади мусалмононе, ки дар ду соли баъд аз сулҳи Ҳудайбия Исломро қабул карданд, ба адади касоне расид, ки аз оғози даъвати Паёмбар (с) то Сулҳи Ҳудайбия мусалмон шуда буданд.
Аллоҳи Фаттоҳ бо оддитарин чизҳо кушоиш медиҳад, бо як калима, бо як ашк, бо як оят, бо як лаҳза. Дар ин ҷо намунаҳое аст:
Баъзан мо як ояти Қуръонро сад бор мехонем, аммо ногаҳон, дар яке аз он борҳо, онро ба таври нав мешунавем — гӯё даре аз маъно бар рӯи дили мо кушода мешавад, ки то он вақт ҳеҷ гоҳ ба он наандешида будем; ва ҳамин маъно метавонад роҳи зиндагии моро дигаргун созад.
Ҳикоят шуда, ки: шахсе, ки ба дин сахт пойбанд набуд, дар роҳи кораш мерафт, ки дар як қаҳвахона садои тиловати ояте аз сураи Каҳфро шунид, ки мегуфт:
“Ва ҳангоме, ки ба фариштагон гуфтем, бар Одам саҷда кунед, пас ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки аз ҷинниён буд, пас аз фармони Парвардигораш сарпечӣ кард. Оё ӯ ва фарзандонашро ба ҷои Ман ба дӯстӣ мегиред, дар ҳоле ки онҳо душмани шумо ҳастанд? Чӣ бад ивазест барои золимон!”. Сураи Каҳф: 50.
Он мард мегӯяд: «Ногаҳон дар дили худ гуфтам:
Ба Худо қасам, дигар ҳаргиз Туро, эй Парвардигорам, бо Иблис иваз нахоҳам кард!»
Маъно ва ибрат:
Ин қисса нишон медиҳад, ки ҳидоят (бедории имон) метавонад дар ҳар лаҳза ва бо як оят, як калима, ё як садо сурат гирад. Оятҳо мисли баҳр ҳастанд — ҳар кас ба қадри андеша ва садоқаташ аз он маъно мегирад. Вақте дил омода бошад, ҳатто як оят метавонад решаи инсонро аз нав зинда кунад.
Ҷавоне достони ҳидояти (ба роҳи рост омадан)-и худро чунин нақл мекунад:
«Аз Қоҳира ба Искандария бо қатора (поезд) сафар мекардам.Барои анҷом додани як гуноҳи бисёр зишт омода шуда будам,ва барои он тамоми омодагиҳо ва эҳтиётҳоро гирифта будам.Вақте ба қатора нишастам, паҳлӯи ҷавони диндор нишастам, ки Қуръон мехонд.Дар ҳамин ҳол, Худованд сабаб шуд, ки ман ин оятро бишнавам:
“Онҳоазмардумпинҳонмешаванд,валеазХудопинҳоннамешаванд,ваӮбоонҳоаст,онгоҳкишабоначизеромеандешанд,киХудоазонрозӣнест.”. (Сураи Нисо, ояти 108).
То расидан ба Искандария пайваста гиря мекардам, ва ҳамин ки расидам, билети бозгашт гирифтам ва фавран ба Қоҳира баргаштам.».
Нуктаҳо ва ибратҳо:
1. Ҳидоят (роҳнамоӣ) аз ҷониби Худост, на аз худи инсон. Он ҷавон барои анҷоми гуноҳ омода шуда буд, аммо Худованд дар як лаҳзаи сарнавиштсоз (мухимтарин вақт) дили ӯро бедор кард.
2. Қуръон дар ҳар ҷо метавонад сабаби наҷот шавад. На танҳо дар масҷид ё маҷлиси динӣ, балки ҳатто дар қаторае миёни ду шаҳр, каломи Худо таъсири амиқи худ нишон дод.
3. Қудрати як оят.Ояте кӯтоҳ, вале пурмаъно:
«Худо мебинад, ҳатто агар мардум набинанд.»
Ин ёдоварӣ дилро меларзонад ва инсонро аз нофармонӣ бозмедорад.
4. Бедории воқеӣ дар бозгашти фаврӣ зоҳир мешавад. Он ҷавон танҳо пушаймон нашуд; балки фавран қарор гирифт, ки баргардад — ин маънои тавбаи ҳақиқист: на танҳо эҳсос, балки амал.
Паёми умумӣ: Ҳидояти Худо метавонад дар ҳар вақт, дар ҳар ҷо, ва бо як оят сурат гирад — ҳамин ки дил омода бошад, нури ҳақиқат ба он дохил мешавад.).
Вақте ки “Ал-Фаттоҳ” (Худованди кушояндаи дарҳои баста) кушоиш медиҳад...
Он гоҳ кушоиши Ӯ, кушоиши оддӣ нест, балки фатеҳи бузург ва ошкоро аст.
Чаро? Зеро агар ин фатҳ (кушоиши) оддӣ мебуд ва дар доираи пешбинии мо рух медод, мо мегуфтем: «Пас ваъдаи Худо куҷост?». Аммо фатҳи илоҳӣ, кушоиши ҳақиқӣ, ҳамеша берун аз доираи тасаввур ва қудрати инсон аст.
"إِنَّا فَتَحْنَا لَكَ فَتْحًا مُّبِينًا"
“Мо барои ту фатҳи ошкоро ва бузурге ато кардем.”. (Сураи Фатҳ, ояти 1)
Намунаи аввал: ҳазрати Ҳоҷар (аллайҳас-салом)
Он бону дар биёбони хушку беобу гиёҳи Макка миёни Сафо ва Марва медавид. Ҳамаи қувваи худро барои наҷоти фарзандаш — Исмоил (алайҳис-салом) — ба кор гирифт.
Бузургтарин фатҳе, ки онро тасаввур мекард, чӣ буд? Ҳамон чизе, ки Исмоил, фарзандат, як ҷуръа об бинӯшад ва аз ташнагӣ наҷот ёбад.
Аммо вақте Худованди “Ал-Фаттоҳ” дари кушоишро мекушояд, фатҳаш оддӣ нест, балки кушоиши абадӣ ва густурда то рӯзи қиёмат аст — наҷот ва подош барои заҳмате, ки ту кашидӣ ва барои сабре, ки нишон додӣ.
Пас то рӯзи қиёмат, ҳамаи зиёраткунандагони Хонаи Худо аз обе, ки аз зери пойи фарзанди ту Исмоил ҷӯшид, менӯшанд — чашмае, ки ёдоварӣ аз он модари мӯъмина ва кӯшиши поку содиқонаи ӯст — яъне чашмаи Замзам.
Паём ва андеша:
· Худо ҳеҷ талоши поку ҳақиқиро бе подош намегузорад.
· Ҳоҷар танҳо барои наҷоти писараш талош мекард, аммо Худо ба ӯ ёдгории абадӣ ва марҳамат бахшид, ки ҳар зиёраткунанда дар паҳлӯи Хонаи Худо аз он менӯшад ва ба ёди ӯ меояд.
Ин аст маънои “фатҳи мубин” — паҳлӯҳоинекӯтаразончӣинсонорзумекунад, ваосоре, китоабадбоқӣмемонад.
Намунаи дувум: Паёмбари Акрам ﷺ
Ӯ аз ғори Ҳиро — маконе тангу ноошно — оғоз кард, он ҷо ки на касе ӯро мешинохт ва на ба ӯ имон дошт.
Аммо Худованд фармуд:
"إِنَّا فَتَحْنَا لَكَ فَتْحًا مُّبِينًا"
Ва фатҳи бузурги Макка фаро расид — шаҳре, ки ҳеҷ кас пеш аз ӯ ва баъд аз ӯ
он гуна ба осонӣ ва бо шаъну шараф фатҳ накардааст.
Дар Бадр — 313 нафар, дар Уҳуд — 1000 нафар, дар Хандақ — 1000 нафар, дар Ҳудайбия — 1400 нафар, дар Хайбар — 1400 нафар, вале дар фатҳи Макка — 10 000 нафар аз мусалмонон ҳозир шуданд.
Баъд аз он, тамоми нимҷазираи Араб ‑ (1) ё имон оварданд, (2) ё бо мусалмонон дар сулҳ зиндагӣ карданд, (3) ё аз ҳайбати ӯ ба ларза афтоданд.
Ва он гоҳ нозил шуд: «Вақте ки ёрии Худо ва пирӯзӣ (Фатҳи Макка) фаро расад, ва бубинӣ, ки мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Худо даромада истодаанд…». (Сураи Наср, оятҳои 1–2).
Ӯ бо ҳамон даҳ ҳазор нафар ба Макка даромад, дар ҳоле ки бар забонаш сураи Фатҳ ҷорӣ буд:
«Ба дурустӣ Мо барои ту пирӯзии ошкоро (ва бузург) ато кардем, то Худо гуноҳони гузашта ва ояндаи туро биёмурзад, ва неъмати Худро бар ту комил гардонад, ва туро ба роҳи рост ҳидоят кунад, ва Худо туро ба ёрие пирӯзманд кӯмак намояд.». (Сураи Фатҳ, оятҳои 1–3).
Дарсҳои илоҳӣ:
1. Фатҳ танҳо баъд аз кӯшиш меояд. Ҳеҷ кушоише бе талош нест — Ҳоҷар (аъ) давид, Паёмбар (с) сабр кард, сипас фатҳ фаро расид.
2. Фатҳи Худо болотар аз тасаввури туст.Ҳоҷар танҳо об мехост — Худо чашмаи Замзам дод. Паёмбар (с) фатҳи Маккаро мехост — Худо ӯро фатҳи дилҳо кард.
3. Агар таъхир шавад, ноумед машав.Таъхири фатҳ нишонаи заъф нест; балки нишонаест, ки Худо фатҳи бузургтареро омода мекунад.
Хулоса: Вақте Худо бикушояд — дигар касе баста наметавонад; ва вақте таъхир мекунад — дар ҳақиқат, дари бузургтареро барои ту омода месозад.
3. Рамазон — моҳи кушоиш ва фатҳ
Вақте моҳи Рамазон мерасад:
· Дарҳои осмон боз мешаванд,
· Дарҳои оташ баста мешаванд,
· Ва шайтонҳо маҳдуд ва баста мешаванд.
Рамазон шаш фатҳи бузург аз ҷониби Худо дорад:
1. Руза гирифтан бо имон ва ихлосу самимият. Ҳар кас рӯза гирад ва танҳо барои Худо бошад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд.
2. Шабона ибодат кардан бо имон ва ихлосу самимият. Ҳар кас шабҳоро ба ибодат сипарӣ кунад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд.
3. Шаби Қадр. Ибодат дар шаби Қадр бо имон ва ихлосу самимият, бахшиши гуноҳҳои гузаштаашро ба ҳам меорад.
4. Наҷот аз оташ. Паёмбар ﷺ фармуд: «Ҳар шаб дар Рамазон гурӯҳе аз мӯъминон аз оташ озод мешаванд.». Ин раҳмати Худо аст ва такрор намешавад; яъне мисли озод кардани як зиндонӣ, ки дигар ҳеҷ гоҳ дубора ба зиндон намеравад.
5. Хазинаи савобҳо. Ҳар кас дар Рамазон бо як кори хайр ба Худо наздик шавад, мисли касест, ки як фариза анҷом додааст. Ва касе ки як фариза анҷом медиҳад, мисли касест, ки ҳадди ақал ҳафтод фаризаи дигар анҷом додааст.
6. Фазилати шаби Қадр. Ибодат дар шаби Қадр беҳтар аз ибодати ҳазор моҳ аст, ва ибодат дар он шаб ба миқдори ибодати бештар аз 84 сол баробар мебошад.
Паём: Моҳи рамазон, фурсате аст барои гушоиши дилҳо, бахшиш гуноҳон ва наздикӣ ба Аллоҳ таъоло. Бо имон ва ихлос, инсон метавонад гушоиш дар зиндагии шахсӣ, хонавода ва ҷомеъаро таҷриба кунад, ҳамонтавр, ки Худованди мутаъол дар Қуръон ваъда додааст.
I. 1.Чӣ тавр бо номи “Ал-Фаттоҳ” зиндагӣ кунем
I. 1.Тавозуъ ва фурӯтанӣ дар баробари Аллоҳ таъоло
Яъне ҳамеша дар баробари Худованди мутаъол фурӯтан ва бо хузуъ ва фармонбардор бошем, бидонем, ки ҳар чӣ фатҳу кушоиш ва муваффақияте ҳаст, аз ҷониби Ӯст, на аз тавоноӣ ва қудрати мо.
I. 2.Умед доштан ба нусрат ва кумаки Аллоҳ таъоло
Яъне дар дилҳоямон умедро зинда нигоҳ дорем, ки Худованди ал‑Фаттоҳ умматро ёрӣ хоҳад кард, агар Худо бихоҳад. Умед ва эътимод ба Аллоҳ таъоло руҳи имонро тақвият мекунад.
I. 3.Худат калиди хайр бош ва садди дари шарру бадӣ
Яъне дар зиндагии худ дари хайрро боз кун, корҳои некро анҷом бидеҳ ва мардумро ба хубӣ роҳнамоӣ кун, ва дари шарру бадиро бибанд, яъне иҷоза надеҳ фасод ва бадиро дар зиндагии ту ва атрофиёнат нуфуз накунад.
Ин се нукта, улгӯи амалӣ зиндагӣ бо таваҷҷӯҳ ба номи Худованди Фаттоҳ‑ро нишон медиҳад:
· Тавозуъ
· Умед ба кумаку ёрии Илоҳӣ
· Ва табдили худ ба абзоре барои хайр ва монеъе барои шарр.
Ва билллоҳиттавфиқ.