Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ.
Аммо баъд...
Чӣ гуна Аллоҳ таъоло ба воситаи номҳои зебояш худро ба мо мешиносонад?
Худованд ду васила (роҳ) қарор додааст, то ки мо Ӯ субҳонаҳу ва таъолоро ва номҳои зебои Ӯро бишносем:
1. Китобе, ки хонда мешавад – яъне Қуръон,
2. Китобе, ки дида мешавад – яъне таафкур (тадаббуру андеша кардан) дар офариниши коинот (нигоҳ кардан ба табиат ва олам).
Ва меҳвари Қуръон – тавҳиди Худо (яъне эътироф кардан ба ягонагии Ӯ таъоло) ва номҳои зебои Ӯст таборака ва таъоло.
Биёед ба ин масъала назар кунем:
1. Аввалин ояте, ки нозил шудааст, ин аст:
﴿اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ﴾ (Сураи Алақ, ояти 1) –
(Бихон ба номи Парвардигорат, ки Ӯ офарид).
(Дар ин ҷо таъкид бар он аст, ки шинохт бояд бо номи Аллоҳ оғоз шавад.)
Агар ба ҳар як сураи Қуръон назар кунем, мебинем ки он бо калимаҳои: "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим" (Ба номи Худои бахшоянда ва меҳрубон) оғоз мешавад.
Гӯё ки Худованди мутаъол ба мо мегӯяд:
"Ҳар кореро ки мекунед, бо ёди Ман оғоз кунед.".
2. Ба Сураи Фотиҳа назар кун, ки бузургтарин сура дар Қуръони карим аст — ҳамаи он пур аз номҳои зебои Аллоҳ таъоло (асмои ҳусно) мебошад:
﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ﴾
“Ба номи Аллоҳ, Бахшоянда ва Меҳрубон (Раҳмон ва Раҳим”.
﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ﴾ (Сураи Фотиҳа, оятҳои 1–4)
Яъне: “Тамоми шукр ва сипос барои Худо аст — Парвардигори ҷаҳониён, Бахшоянда ва Меҳрубон, Соҳиби рӯзи ҷазо”.
Ин сураро ҳатман дар ҳар намоз мехонӣ, яъне: Худо мехоҳад, ки мо ҳар рӯз, чандин бор Ӯро бо номҳои зебояш ба ёд оварем ва шиносем.
3. Бузургтарин оят дар Қуръон – Оятул-Курсӣ мебошад, ва он дар як оят шаш ном ва сифати Худоро дар бар мегирад:
“Аллоҳ – нест маъбуде ҷуз Ӯ; Ӯ зиндаи ҷовид ва Идоракунандаи ҳама чиз (ҳамеша қоим) аст”. Баъд оят далел меорад бар “Ҳай” ва “Қайюм” будани Ӯ:
“Ӯро на хоби сабук (пинак)фаро мегирад ва на хоби сангин; аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст”.
То охири оят меравад ва ҳамаи он тавсифи Аллоҳ аст бо номҳои Ӯ ва сифатҳояш, аз ин ҷиҳат он бузургтарин ояти дар Қуръони карим шуморида мешавад, ки дар мавриди маърифати Аллоҳ таъоло ва номҳои зебои Ӯ таъоло нозил шудааст:
Ва то охири ояти идома медиҳем:
“Нигоҳдории осмонҳову замин бар Ӯ душвор нест; ва Ӯст Бартар (баландмартаба) ва Азим (азизу бузург”.(Сураи Бақара, 255).
4. Ҳамчунин, сурае ҳаст, ки баробари сеяки Қуръон аст:
“ҚУЛ ҲУВАЛЛОҲУ АҲАД”.
“Бигӯ: Ӯ Аллоҳи ягона аст...” — Сураи Ихлос1‑2.
Бингар, ки чӣ мегӯяд: “Аллоҳус-Самад”— (Аллоҳ Ӯст Самад).
Чандин сол мешавад, ки мо ин сураро мехонем ва онро тез дар намоз тиловат мекунем, вале оё ягон рӯз дар дил эҳсос кардем, ки "Самад" чист?
Оё мо маънои номи Аллоҳ "ас-Самад"ро медонем?
Ас-Самад — Ӯст бениёзе, ки дар вақти душвориҳо ва ниёзҳо танҳо ба Ӯ муроҷиат мешавад.
Чаро?Зеро Ӯ Ягона бениёз аст, ва ғайри Ӯ касе нест, ки бениёз бошад.
Аз ин рӯ дар дуоҳо мегӯем:
"Ё Самад, касе ки барои ӯ ҷуз Ту ҳеҷ паноҳе нест!"
"Ё Санад, касе ки барои ӯ ҷуз Ту ҳеҷ такягоҳе нест!"
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ин сура гуфтаанд, ки: Ин сура баробари сеяки Қуръон аст.
Чаро?
Зеро тавассути он мо медонем, ки:
· Ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест,
· Ӯст "ас-Самад" — Паноҳгоҳи ҳақиқӣ,
· Пас мо ба ғайри Ӯ муроҷиат намекунем,
· Пас аз ғайри Ӯ намеҳаросем,
· Ба ғайри Ӯ худро хор намекунем,
· Ӯст, ки рӯзӣ медиҳад,
· Ӯст, ки ато мекунад,
· Ӯст, ки моро аз мусибатҳо раҳонидан метавонад,
· Чунки Ӯст "ас-Самад" аст.
5. Аз нишонаҳои эъҷози Қуръон (мӯъҷиза будани он) ин аст, ки он бароямон корҳоро тавзеҳ медиҳад, якчанд оятро шарҳ медиҳад, сипас онро бо номҳои зебои Худо ба поён мерасонад.
Мисоли ин гуфта, ин оят аст:
“Ва (Эй Паёмбар, ёд кун аз) он гоҳ ки Иброҳим гуфт: Эй Парвардигори ман, ба ман нишон деҳ, ки чӣ гуна мурдагонро зинда мекунӣ? (Аллоҳ таъоло) Фармуд: Магар имон наёвардӣ? Гуфт: Бале, вале (мехоҳам) қалбам ором бигирад. Фармуд: Пас, чаҳор парранда бигир (ва бикуш) ва пора‑пора кун (ва дар ҳам биёмез, омехта кун), сипас бар ҳар кӯҳе порае аз онҳоро бигзор, (ва) онгоҳ онҳоро (ба сӯи худ) фаро хон; (хоҳи дид, ки зинда мешаванд ва) шитобон ба сӯи ту меоянд; ва (Эй Иброҳим!) бидон, ки Аллоҳ таъоло шикастнопазиру (азизу, ғолиб) ҳаким аст”. (Сураи Бақара, 260)
Ин як қисса аст, вале ба охир нигар:
“Бидон, ки Аллоҳ Азиз (яъне шикастнопазиру ғолиб) ва Ҳаким (доно ва боҳикмат) аст”.
(Тавзеҳ: Ин ҷо Худо қиссаи ҷолибе аз зинда кардани мурдагонро меорад, сипас онро бо ду номи бузургаш ҷамъбаст мекунад, то ки фаҳм кунем: ҳамаи ин қудрат ва тартиб — аз Азиз ва Ҳаким аст.)
Мо Қуръонро мехонем, то ки Худоро ва номҳои зебояшро бишносем.
Қариб нест саҳифае аз Қуръон, ки дар он ягон аз номҳои зебои Худо зикр нашуда бошад.
Яъне: ҳар он чӣ қаблан дар оятҳо гуфта шуд — шарҳ ва тавзеҳест барои шинохти Худо, ки дар охир бо номи Ӯ ҷамъбаст мешавад.
Пок аст Худованде, ки аҷоиби офаридаҳояшро паҳн мекунад (баён мекунад),
ва боз ҳамаи онҳоро дар номҳои зебояш ҷамъ мекунад.
Пок аст Он Зоте, ки ҳам ба тафсил мефармояд (яъне шарҳи муфассал медиҳад),
ва ҳам мухтасар мегӯяд (мафҳуми умумӣ медиҳад).
Пас Худо ба ту ҷаҳонро нишон медиҳад:
“Ва офтоб ҷорӣ мешавад то ба макони муайян — ин аст тадбири (тақдири) Азиз (яъне Ғолиб) ва Алим (яъне Доно)”. (Сураи Ёсин, 38).
(Тавзеҳ: Дар ин оят Худо аз ҳаракати Офтоб мегӯяд, ва ин кори аҷибро ба ду номи бузург рабт медиҳад: Азиз ва Алим.)
Худо дар чанд оят дар бораи коинот ва қудрати хеш сухан мегӯяд, ва пас онҳоро чунин ҷамъбаст мекунад:
“То бидонед, ки Худо бар ҳар чизе тавоност ва Худо ба ҳар чизе дониши комил дорад”. (Сураи Талоқ, 12).
(Тавзеҳ: Яъне тамоми ин ҷаҳони мураттаб ва нозук — шоҳид аст бар Қудрати Худо ва Илми Ӯ.)
Ва дар сураи Нур Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:
“Ва Аллоҳ таъоло ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офарид, пас, бархе аз онҳо бар шиками худ мераванд ва бархе бар ду по роҳ мераванд ва бархе аз онҳо чаҳор (по) роҳ мераванд. Аллоҳ таъоло ҳар чи бихоҳад меофаринад. Бе шак, Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз тавоност”. Сураи Нур: 45.
Оё дидӣ, ки чигуна Аллоҳ таъоло моро бар номҳои зебояш дар китобаеш, ки хонда мешавад, яъне Қуръони карим моро муаррифӣ ва шинос мекунад ва чигуна моро дар номҳои зебояш маҳбуб мегардонад, аз мо талаб менамояд ва моро амру фармоиш медиҳад, то ба онҳо Ӯ таъолоро дуо намоем.
Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва Аллоҳ таъоло номҳои зебо дорад, пас ба онҳо Ӯро дуо кунад (ва бихонед)”. Сураи Аъроф: 180.
Барои чӣ мо бо номҳои Аллоҳ (سبحانه وتعالى) зиндагӣ мекунем?
Зеро бисёриҳо бо номҳои зебои Худо танҳо барои баркат гирифтан дар маъракаҳо ва лаҳзаҳои махсус муносибат мекунанд. Ва бисёриҳо онҳоро ёд мегиранд, аммо намедонанд, ки ҳар дақиқаи зиндагии мо бо номҳои зебои Худо алоқаманд аст.
Ҳаёти мо пурра дар атрофи номҳои зебои Худо давр мезанад, ва тамоми ҷаҳон бо онҳо ҳаракат мекунад.
Сурае, ки дар он бештарин номҳои зебои Худо пай дар пай омадаанд, сураи Ҳашр аст:
“Ӯ Худост, Офаридгор, Мусаввир (Шаклдиҳанда), Номҳои зебои Ӯ ҳастанд. Ҳама чиз дар осмонҳо ва замин ҳаст, ба Ӯ тасбиҳ мегӯянд (ба покизагӣ ёд мекунанд). Ӯ Азиз (ҒолибуШикастнопазир) ва Алим (Доно.) аст”. (Сураи Ҳашр, ояти 24).
Сураи Ҳашр аслан дар бораи ҷанг байни мусулмонон ва яҳудҳо аст, ки мусулмонон дар он пирӯз шуданд. Лекин чаро дар ин сура бо ин миқдори зиёд номҳои зебои Худо оварда шудааст?
Барои он ки мо як чизи хеле муҳимеро биёмӯзем: Ва он ин аст, ки номҳои зебои Худо амалӣ ҳастанд барои пирӯзии миллати мусулмон, ва онҳо аз ҳаёти мо дур нестанд.