Featured

АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА - АҲКОМИ ҲАЙЗ ВА НИФОС - Аҳком ва масоили ҳайз, нифос ва истиҳоза дар фиқҳи Ҳанафӣ

«Барои он ки ин масири мураккаби маънавиро қадам ба қадам тай кунем, мақоларо ба бахшҳои зерин тақсим намудем:»

 

Ҳадди ақалл ва ҳадди аксари муддати ҳайз:

          Ҳадди ақалли муддати ҳайз се рӯз ва ҳадди аксари он даҳ рӯз аст. ҳадди аксари муддати нифос: чил рӯз аст ва барои камтарин муддати нифос ҳадди муайяне вуҷуд надорад. Албатта бастагӣ (вобаста) ба одати ҳар зан дорад.

Дар тайи рӯзҳои ҳайз ва нифос ҳаргуна хуне, ки мушоҳида шавад, ҳайз ё нифос шумурда мешавад, ба ҷуз хуни сафеди холис, ки нишонаи пок шудан аст.

Ҳадди ақалли муддати покӣ дар як моҳ, дар миёни ду ҳайз, понздаҳ рӯз аст. Ончӣ аз се рӯз камтар ё аз даҳ рӯз бештар дар ҳайз ва аз чил рӯз бештар дар нифос, хун дида шавад, хуни “истиҳоза” (як навъ беморие аст, ки бар асари он зан хунрезӣ мекунад), маҳсуб мешавад, ки монеъ аз намоз, рӯза ва ҷимоъ (ҳамбистарӣ) нест.

Агар занро беш аз одати доимиаш хуни ҳайз идома ёфт, то даҳ рӯз ҳайз ҳисоб мешавад ва ончӣ изофа бар одат омада бошад, истиҳоза аст.

Зане, ки барои аввалин бор ҳоиза шуда муддати ҳайзи ӯ  дар ҳар моҳ даҳ рӯз ва изофа бар даҳ рӯз истиҳоза ба шумор меояд.

Дар тайи муддати ҳайз ва нифос агар андак муддате покӣ ёфт шавад, тамоми он муддат ҳайз ё нифос ҳисоб мешавад.

Ҳукми ҳайз ва нифос:

Намоз дар  ҳолати ҳайз ва нифос, ба таври куллӣ соқит мешавад ва қазои он лозим нест. Вале рӯза доиман соқит намешавад, балки қазои он воҷиб аст. Дар тайи муддати ҳайз ва нифос ҳамхобӣ ҳаром аст, аммо дар ҳолати истиҳоза ҳаром нест.

Чунончӣ қабл аз тамом шудани даҳ рӯз хуни ҳайз мунқатеъ шуд, то замоне зан ғусл накунад, ҷимоъ ҳалол нест. Магар ин ки аз вақти инқитоъи хуни ҳайз то ҳини (вақти) ҷимоъ вақти як намози комил бигузарад, онгоҳ ҷимоъ равост. Ва пас аз тамом шудани даҳ рӯз, қабл аз ғусл ҳам ҷимоъ ҷоиз аст, вале беҳтар он аст, ки баъд аз ғусл амали ҷимоъ анҷом гирад.

Масъала: Дар ҳолати ҳайз ва нифос ва ҷинобат, хондани Қуръон, дохил шудан дар масҷид, тавофи хонаи Каъба, масси (даст расонидан, шакидани) Қуръони карим бидуни пуш ва ғилоф, ҷоиз нест ва шахси бе вузӯ ҳам набояд бидуни парда ва ғилоф ба Қуръон даст бизанад.