«АСРОРИ СУРАИ НАБА'»
«ДАР ПАЙРОҲАИ НУРИ ВАҲЙ: ТАФСИРИ СУРАИ НАБА' (ҚИСМИ 1)»

Оё то кунун андешидаед, ки чаро Худованд дар оғози Сураи Наба' аз бузургии замин ва кӯҳҳо ёдовар мешавад? Чаро мушрикони Макка дар мавриди қиёмат бо ҳам ихтилоф доштанд? Дар ин дарси тафсирӣ, мо ба умқи 16 ояти аввали Сураи Наба' сафар мекунем. Мо меомӯзем, ки чӣ гуна низом ва сохтори коинот — аз гаҳвораи замин то ҷуфтии инсонҳо — бузургтарин далел бар барҳақ будани рӯзи қиёмат ва қудрати беҳамтои Холиқ аст. Бо мо ҳамроҳ шавед, то ҳақиқати "Хабари Бузург"-ро дарк намоед.
Алҳамдулиллоҳи Раббил ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳи ашрафил анбиёи вал мурсалин. Аммо баъд.
Ассалому алайкум, хоҳарони аҳли имон ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бо изни Худованд ва шукронаи Зоти Пок, ки имрӯз муяссар намуд, мо аз Сураи Наба' (Сураи Амма), иншоаллоҳ, дарси худро шуруъ хоҳем кард ва чанд ояте аз онро дар ин дарс бо ҳам хоҳем дид ва ба баҳсу баррасӣ кашем.
СУОЛҲОИ ТАШВИҚӢ - ОЁ МЕДОНЕД?
- Оё медонед, ки чаро Қуръон кӯҳҳоро ба "мех" ташбеҳ кардааст?
- Агар қувваи ҷозиба ва назми замин намебуд, зиндагии мо чӣ гуна мешуд?
- Чаро бо вуҷуди ин ҳама нишони ошкор, боз ҳам бархе ба рӯзи ҷазо шак мекунанд?
- Чӣ чизе боиси оромиши воқеии инсон дар ин ҷаҳон мешавад?
Хулосаи қисмати аввал (оятҳои 1-16)Ин бахши сура бо як саволи такондиҳанда оғоз мешавад: Мушрикон дар бораи чӣ баҳс мекунанд? "Хабари Бузург" (Набаи азим) ҳамон рӯзи қиёмат аст. Худованд барои исботи он ки зинда кардани мурдагон мушкил нест, 9 далели ақлиро аз офариниши атрофамон пешкаш мекунад:
- Замин: Ҳамчун гаҳвораи ором.
- Кӯҳҳо: Ҳамчун мехҳо барои устувории замин.
- Ҷуфтӣ: Барои бақо ва оромиш.
- Хоб: Барои истироҳати бадан.
- Шаб: Ҳамчун пӯшиш ва либос.
- Рӯз: Барои талош ва зиндагӣ.
- Осмонҳо: Сохтори муҳкаму қавӣ.
- Офтоб: Чароғи дурахшон ва гармидиҳанда.
- Борон ва гиёҳон: Зинда шудани замини мурда, ки намунаи зинда шудани инсонҳост.
Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим. Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
«Ъамма ятасоалун. Ъанин-набаи-л-ъазим. Аллазӣ ҳум фӣҳи мухталифун. Калло саяъламун. Сумма калло саяъламун. Алам наҷъали-л-арза миҳодо. Ва-л-ҷибола автодо. Ва халақнокум азвоҷо. Ва ҷаъално навмакум субото. Ва ҷаъално-л-лайла либосо. Ва ҷаъално-н-наҳора маъошо. Ва банайно фавқакум сабъан шидодо. Ва ҷаъално сироҷан ваҳҳоҷо. Ва анзално мина-л-муъсироти моан саҷҷоҷо. Линухриҷа биҳӣ ҳаббан ва набото. Ва ҷаннотин алфафо».
Дар калимаи «Ъамма» дар аслу «ъан мо» (аз чӣ чиз) буд, вале алифашро ҳазф ва идғом карда, «Ъамма» гуфтаанд. Яъне: «Аз чӣ чиз мепурсанд?».
«Ъамма ятасоалун?» — Аз чӣ чиз мепурсанд? «Ъанин-набаи-л-ъазим» — Аз хабари бузург. «Аллазӣ ҳум фӣҳи мухталифун» — Он хабаре, ки онҳо миёни ҳам дар ихтилоф ҳастанд. Хуб, ба оят нигоҳ мекунем: «Оё медонӣ, ки онҳо аз чӣ чиз баъзеашон аз баъзеи дигар савол мекунанд?».
Калимаи «ятасоалун» маънои онро дорад, ки ду ҷониб ҳастанд, бо ҳамдигар савол мекунанд, суҳбат мекунанд ва мепурсанд. Онҳо аз як масалаи бисёр муҳим мепурсанд. «Наба'» ба маънои хабар аст, хабари бисёр бузург.
Яъне ин як чизеро онҳо савол карда истодаанд, ки аслан эҳтиёҷ ба савол надорад. Ин чиз маълум аст ва бояд аз ҷониби соҳиби ақли солим қабул карда шавад. Вале онҳо ин чизро нодида гирифта, гӯё ки (аз чизи номаълуме) савол мекунанд.
«Аллазӣ ҳум фӣҳи мухталифун» — Ин ҳамон масалаест, ки онҳо миёни ҳам ихтилоф карданд. Дар мавриди он хабар ё он масалае, ки онҳо мепурсанд, чанд таъвил ҳаст. Яке аз таъвилҳо ин аст, ки онҳо дар мавриди зиндагардонидани баъд аз муронидан мепурсиданд: «Оё ҳамин чиз мешавад? Оё мо зинда мешавем?». Дар бораи баромадан аз қабрҳо, рӯзи қиёмат ва ҷамъ шудан дар рӯзи ҳашр.
Яъне ба ин чиз онҳо бовар надоштанд ва аз ҳамдигар савол мекарданд: «Ин чиз шуданист? Оё вақте мо мурдем ва зери хок рафтем ва ҷасади инсон пӯсид, оё мо боз зинда мешавем? Боз ҳаёти дигаре ҳаст?». Инро мепурсиданд. Ё ин ки аз Қуръон мепурсиданд, ки оё ин Қуръон аз ҷониби Аллоҳ аст ва ҳақиқат дорад?
Ё аз ин масала мепурсиданд, ки оё паёмбар дар ҳақиқат мабъус (фиристода) аз ҷониби Худованд аст? Вале онҳо ҷавоби дурусте аз ҳамдигар намеёфтанд. Зеро аҳли ширк ин «баъс», яъне зиндагардонидани баъд аз мурониданро инкор мекарданд ва ё дар он шак доштанд. Чи гунае ки дар оятҳо омадааст ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло фикру ақидаи онҳоро баён мекунад: «А-изо кунно туробан а-инно лафӣ халқин ҷадид?» (Оё вақте мо хок гаштем ва моро зери хок бурданд, оё мо дубора зинда мешавем ва офариниши ҷадиду нав ҳаст?). Ё дар ҷойи дигар Аллоҳ мефармояд, ки кофирон далел оварда мегуфтанд: «Ман юҳйи-л-изома ва ҳия рамим?» (Кист, ки ин устухонҳои пӯсидаву рехтаро дубора зинда кунад?).
Ва амсоли инҳо, онҳо ба рӯзи қиёмат, ба Қуръон ва ба рисолати Расулуллоҳ (с) бовар надоштанд. Яъне дин ва ақидаи онҳо ширк овардан ба Худо, инкор кардани баъс (зинда шудан) ва таъна задан ба Қуръони Карим ва такзиб (дурӯғ шумурдан)-и шаъни Расул (с) буд. Аммо мусулмонҳо бошанд, имон доштанд, ки дар ҳақиқат ин чизҳо мешавад. Мо баъд аз ин марг дубора зинда мешавем, аз қабрҳо бармехезем ва ба маҳшаргоҳ меравем. Дар ҳақиқат «баъс» вуҷуд дорад, ҳисоб вуҷуд дорад, ҷаннат ва оташи дӯзах ҳам вуҷуд дорад.
Ва инчунин аҳли Ислом эътиқод дорем, ки аҳли имон дар ҷаннат ва аҳли куфр дар оташи дӯзах хоҳанд буд. Аҳли хайру салоҳ дар неъматҳоянд ва аҳли шарру фасод — касоне, ки бадкоранд — дар оташи дӯзах. Бубинед, вақте онҳо савол карданд: «Ъамма ятасоалун?», Худованд мегӯяд, ки онҳо аз чӣ чиз мепурсанд?
Вақте Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло саволи онҳоро бо савол ҷавоб медиҳад, ин маънои онро дорад, ки ин кори бисёр тааҷҷубовар аст. Ақли салим бояд ин чизро мепазируфт, вақте Худо Паёмбарро фиристод ва барояшон баён кард, ки зиндагардонидани баъд аз муронидан бо ҳуҷҷату далел аст, бояд онҳо қабул мекарданд. Вале чун қабул накарданд, ин ҷо ҳамчун як чизи тааҷҷубовар омадааст, ки инҳо чӣ гуна ақл, чӣ гуна биниш ва чӣ гуна фаросат доранд, ки боз ҷуръат карда савол мекунанд? Худованд дигар нагуфт, ки онҳо «чӣ» мепурсанд, балки гуфт: «Ъанин-набаи-л-ъазим».
Онҳо аз як хабари бузург мепурсанд. Хабаре, ки он қадар калон аст, ки ҳама медонанд ва ақли солим онро мефаҳмад. Чаро онҳо инро инкор мекунанд, гӯё ки намешуда бошад? Ва миёни ҳам ихтилоф доранд. Яъне дар қабул кардани он.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дарҳол ба ҷавоби онҳо напардохт, балки гуфт, ки он хабари бузург аст. Ва ҳоли онҳо дар ин хабари бузург ин аст, ки баъзеашон инкор мекунанд ва баъзеашон шак доранд.
Худованд баъд аз ин оят мефармояд: «Калло саяъламун. Сумма калло саяъламун». Калимаи «калло» калимаест, ки дар ҳолати «заҷр» (манъ кардан ва сарзаниш) ва рад кардани касе истифода мешавад.
На, ҳаргиз! Яъне он гунае ки шумо мепиндоред ва фикр мекунед, он гуна нест. Зуд аст, ки онҳо ҳақиқати ин зиндагардонидани баъд аз муронидан, ҳақиқати Қуръон ва ҳақиқати Паёмбар (с)-ро хоҳанд донист.
«Сумма калло саяъламун!» — Сипас, ҳаргиз! Он гуна ки онҳо мепиндоранд, нест. Балки онҳо хоҳанд донист ҳақиқати ин «баъс» (зинда шудан)-ро. Ҳақиқати ҷаннат ва ҳақиқати дӯзахро хоҳанд фаҳмид.
Ҳақиқати он чизеро, ки аҳли хайр дар ҷаннат ва аҳли шарр дар ҷаҳаннам ҳастанд, хоҳанд донист. Хоҳанд донист, ки ин Қуръон аз ҷониби Аллоҳ (ҷ.ҷ) аст. Хоҳанд донист, ки Муҳаммад (с) Расули барҳақ аст, ки аз ҷониби Худо фиристода шудааст. Хоҳанд донист, ки рӯҳҳо аз ҷасадҳо мебароянд.
Малоик онҳоро мегиранд. Вақти ҷон баромадан, малоикро бо чашмони худ хоҳанд дид. Саволи малакайнро (ду малакро), ки дар қабр мепурсанд, хоҳанд дид.
Хоҳанд донист, ки ин ҳама чиз ҳақ аст. Инчунин он чизе, ки дар рӯзи қиёмат аз ҳисобу китоб ва аз подошу ҷазо хоҳад шуд. Дар ин ҷо Худованд ҷавоби онҳоро фавран надод, балки таҳдид кард, ки ҳаргиз он гуна ки онҳо фикру андеша мекунанд, нест. Хоҳанд донист. Яъне ҳолате мерасад, ки онҳо ҳақиқатро мефаҳманд.
Ва бори дигар ҳамин ҷумларо Аллоҳ (ҷ.ҷ) такрор овардааст: «Сумма калло саяъламун». Аввалаш «Калло саяъламун» буд, сипас «Сумма калло саяъламун» омад. Вақте ҷумла дубора такрор мешавад ва дар ин ҷо калимаи «сумма» омадааст, маънояш ин аст, ки танбеҳи дуюмин нисбат ба аввалин сахттар аст.
Яъне, вақте гап дубора такрор шуд, маънояш ин аст, ки онҳоро танбеҳ кард ва танбеҳи дувум аз аввалаш фарқ мекунад ва аз он дида сахттар аст. Ин таъкид дар ҳоли онҳо шуд. Ва баъд аз ин, Аллоҳ (ҷ.ҷ) баъзе ҳуҷҷатҳо ва далилҳоро меорад, вале ҳоло ҳам ҷавоби мустақим ба саволи онҳо намедиҳад.
Ба он чизе ки онҳо шак доранд ва рад кардаанд, ҷавоб намедиҳад, балки Аллоҳ (ҷ.ҷ) далели қудрати худро меорад. Нӯҳ масала ва нӯҳ далели қудраташро дар оятҳои баъдӣ баён мекунад.
То ин ки бидонанд, он Зоте, ки чунин қудрат дорад, дар назди Ӯ зиндагардонидани баъд аз муронидан масалае нест ва кори мушкиле нест. «Алам наҷъали-л-арза миҳодо» — Оё заминро гаҳвора (оромгоҳ) нагардонидем? Заминро ҳамчун гаҳворае, ки барои кӯдак омода ё афрохта мешавад, гардонидем. Бубинед, ки мо дар он ҷо ҳам қарор гирифта метавонем ва ҳам аз он намеафтем.
Замин шакли куравӣ дорад, вале дар назари мо он сурати куравӣ наметобад. Аз сабаби он ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) қувваи ҷозибаро дар он халқ кардааст, ҳатто касоне, ки дар қисми поёнии он ҳастанд, намеафтанд.
Зеро қувваи ҷозиба ҳамааш дар замин аст ва инсон эҳсос намекунад, ки дар боло ҳаст ё дар поён. Ва Аллоҳ (ҷ.ҷ) заминро ҳамчун бистар ва ҳамчун маҳд (гаҳвораи кӯдак) барои инсонҳо қарор додааст, то инсонҳо битавонанд бе хавфу хатар рӯи замин бигарданд. Бубинед, инсон вақте дар як ҷои баланд ё нишеб бошад, чӣ қадар хатар эҳсос мекунад, ки афтиданаш мумкин аст.
Вале Аллоҳ (ҷ.ҷ) заминро барои мо чунин халқ кардааст, ки агар дар кадом гӯшаву канори дунё бошем, онро зери по мебинем. Онро барои мо муҳайё кард, то ором дар он роҳ гардем ва зиндагии осуда дошта бошем. Чунки инсон наметавонад дар ҳолате, ки масалан пойҳояш дар сақф бошанд, зиндагӣ кунад. Аз хатари афтидан ором намегирад.
Барои ҳамин, ин ҳам як муъҷиза ва як қудрати Аллоҳ (ҷ.ҷ) аст, ки дар ҳамин кураи замин, ки ҳама дидаем, ки мисли глобус аст, вале инсонҳо дар ҳама ҷо худро рӯи замин (мустақим) эҳсос мекунанд. Ин аз қудрату тавоноии Аллоҳ (ҷ.ҷ) ва аз офариниши он қувваи ҷозиба аст, то инсон битавонад зиндагии ором дошта бошад.
Замин як махлуқи бисёр бузург аст. Вале инсон дар баробари замин чӣ қадар аст? Яъне як чизи ночизест, ки дар баробари замин қариб дида намешавад. Вақте Аллоҳ (ҷ.ҷ) чунин махлуқи бузургро офарида ва онро ба ин сурат омода кардааст, пас дубора зинда кардани як инсон, ки дар баробари замин аслан ба чашм намеояд, чӣ мушкиле дорад? Чаро ин мушрикон инро қабул надоранд?
Чаро як бор назар намекунанд, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) заминро офарид ва онро ҳамчун бистар ва гаҳвораи кӯдак барои инсонҳо қарор дод, то дар болои он зиндагӣ ва истироҳат кунанд. Инро барои чӣ офарид? Оё наметавонад дубора инсонро зинда кунад? Чи гунае ки дар ояти дигар меояд: «Ла-халқу-с-самовоти ва-л-арзи акбару мин халқи-н-нос» (Албатта офариниши осмонҳо ва замин бузургтар аз офариниши инсонҳост).
Инчунин, Аллоҳ (ҷ.ҷ) мефармояд: «Ва-л-ҷибола автодо». Чи гунае ки пештар гуфт: «Алам наҷъали-л-арза миҳодо» (Оё заминро оромгоҳ нагардонидем?), пас мегӯяд: «Ва-л-ҷибола автодо» (Ва кӯҳҳоро ҳамчун мехҳо қарор надодем?). Бубинед, қудрати Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро нисбати офариниши кӯҳҳо. Инсон ба ин неъматҳо гоҳо назар мекунад ва андеша мекунад, ки инҳо аз куҷо омадаанд.
Вале инсон барои донистани ҳақиқати инҳо ё донистани вазифаҳои онҳо ба илми зиёд эҳтиёҷ надорад. Ҳар як инсон метавонад ба замин нигоҳ кунад ва агар дар ягон ҷо нахонда бошад ҳам, метавонад дарк кунад, ки ин чӣ махлуқест ва чи гуна Аллоҳ (ҷ.ҷ) онро муҳайё кардааст, ки болояш зиндагӣ кардан имконпазир аст. Агар инсон гӯяд, ки «ин қадар кори мушкиле нест офаридани замин», пас сайёраҳои дигарро бубинад. Оё дар он ҷо ҳаёт ҳаст? Дар он ҷо зиндагӣ карда намешавад. Ба моҳтоб ва дигар сайёраҳо рафтанд, кайҳоннавардон диданд, вале оё он ҷо ҳаёт ҳаст? Оё он ҷо ором зиндагӣ карда метавонанд ва ором нафас кашида метавонанд? Бояд бо худ «скафандр» ва ҳавое, ки аз ин замин гирифтаанд, дошта бошанд, вагарна дар он ҷо зиндагии ором дошта наметавонанд.
Агар ҳамин замини мо мисли моҳтоб ё мисли дигар сайёраҳо мешуд, ба ин мардум чӣ рух медод? Ҳамаи инҳо аз байн мерафтанд. Лекин инсон инро хуб андеша намекунад. Вале агар андеша кунад, хоҳад фаҳмид.
Ва инчунин кӯҳҳоро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ҳамчун «автод» — яъне мехҳо — қарор додааст. Кӯҳҳоро дар рӯи замин мисли мехҳо гардонидааст, то ин ки замин наларзад ва он тавозуне (баланс), ки дорад, гум накунад. То ин ки заминларзаҳо ва вулканҳо зиёд рух надиҳанд ва ҳаёт барои мардум ногувор нашавад. Ва ин кӯҳҳое, ки мо мебинем, танҳо як ҷузъи хурдашон дар рӯи замин аст. Ду-се баробар зиёдтар аз он андозае, ки дар рӯи замин аст, дар зери замин ҷойгир аст. Ин яке аз вазифаҳои кӯҳҳост, ки заминро аз ларзиш боздорад.
Бубинед, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аз замин ва аз кӯҳҳо шурӯъ кард. Баъдан саволи дигар барои инсонҳо меояд: чаро Худованд ин чизҳоро мисол овард? Зеро инҳо чизҳое ҳастанд, ки ҳар як инсон онҳоро мебинад ва медонад. Ҳамаи инсонҳо заминро мешиносанд ва кӯҳҳоро медонанд.
Ин мисли як китоби кушода дар ҳаёт аст, ки ҳама онро хонда метавонанд. Масалан, китобе, ки бо забони арабӣ, англисӣ ё русӣ навишта шудааст, бояд ҳар як нафар он забонҳоро омӯзад, вагарна он китобро хонда наметавонад.
Вале ин китоберо, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло кушод ва варақҳои онро пешниҳод кард, китоби ин дунёст, ки ҳамаи инсонҳо онро дида метавонанд. Заминро ҳама мешиносанд. Бубинед, Худованд ин қадар чизҳои одӣ ва маълумро ҳамчун далел пешниҳод кард, то касе нагӯяд, ки «мо нахондаем, мо забонро намефаҳмем, мо илми фалак ва физикаро намедонем». То ин ки даъво накунанд. Балки оддитарин инсон замин ва кӯҳро мефаҳмад.
Баъд аз ин, ояти дигар меояд: «Ва халақнокум азвоҷо» — ва мо шуморо ҷуфт-ҷуфт халқ кардем.
Ин ҳам яке аз қудратҳои Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст, ки инсонҳоро аз марду зан ва ҳайвонотро аз нарина ва модина офаридааст. Агар танҳо як ҷинс вуҷуд медошт, ин ҳаёт оромиш пайдо намекард ва зиндагӣ барои инсонҳо мушкил мешуд. Вақте мо ин неъматҳоро мебинем ва дар миёни онҳо ҳастем, шояд аз ин ҷиҳат эҳсоси бузургии ин неъматҳоро накунем.
Вақте инсон аз неъмате маҳрум мешавад, бештар ба қадри он неъмат мерасад. Лекин инсонҳое ҳастанд, ки дар вақти вуҷуди неъмат ҳам ба қадри он мерасанд, вале онҳо каманд. «Ва қалилум мин ъибодия-ш-шакур» — ва андаке аз бандагони Ман шукргузоранд.
Пас, ин ҷуфт халқ карданро бубинед, ки яке аз махлуқот, масалан мард ва зан аст. Вақте онҳо дар батни модар пайдо мешаванд, кӣ медонад, ки онҳо мард ҳастанд ё зан? Танҳо Аллоҳ медонад...
- Андеша дар офариниш: Мо набояд ба ниъматҳо одат кунем. Ҳар як нафас, ҳар як кӯҳ ва ҳар як қатраи борон китобест, ки аз қудрати Худо ҳикоят мекунад.
- Имон ба қиёмат: Зиндагӣ бе ҳадаф нест. Ҳамон Худое, ки замини мурдаро бо борон зинда мекунад, моро низ барои ҳисобу китоб дубора зинда хоҳад кард.
- Шукргузорӣ: Бештари инсонҳо танҳо вақте ниъматро гум мекунанд, қадрашро медонанд (масалан, саломатӣ ё оромиш). Муъмини воқеӣ дар вақти доштани ниъмат шукргузор аст.
- Тарбияи ақл: Қуръон моро даъват мекунад, ки кӯр-кӯрона инкор накунем, балки бо ақли солим ба низоми коинот назар кунем. Ҳеҷ чиз дар ин дунё беҳикмат офарида нашудааст.