ДАР МИЗОНИ ИСЛОМ:
Роҳи муштараки корфармо ва коргар ба сӯи саодат
Муносибати байни соҳибкор ва коргар яке аз муҳимтарин пайвандҳо дар ҷомеа аст. Ин муносибат танҳо як додугирифти оддии молӣ нест, балки як ҳамкории дуҷониба аст, ки дар он ҳам корфармо ва ҳам коргар барои ҳамдигар аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Вақте ки ин робита дар чорчӯбаи арзишҳои волои инсоф ва қонунҳои муқарраршудаи шаръӣ пеш меравад, меҳнати ҳарду ҷониб ба як ибодати бузург ва василаи расидан ба баракати дунёву охират табдил меёбад.
Имрӯз мо ба таваҷҷуҳи шумо як қиссаи ибратомӯзро таҳти унвони «Дар тарозуи Ислом: Қиссаи корфармо ва коргар» пешкаш мекунем. Ин достон дар бораи соҳибкоре бо номи Ҷаҳонгир ва суҳбати самимии ӯ бо пири хирад Мулло Собир аст. Он барои ҳар яки мо оинаест, ки кӯмак мекунад роҳи дурусти муомиларо пайдо кунем.
Ин қисса танҳо оғози як иқдоми бузург аст. Дар сомонаи мо як силсила суҳбатҳо, мақолаҳои таҳлилӣ ва баррасиҳои амиқ дар атрофи ин мавзуи муҳим ба шакли марҳила ба марҳила (қадам ба қадам) нашр хоҳанд шуд. Бо мо ҳамроҳ бошед, то бидонем, ки чӣ тавр бо риояи меъёрҳои Ислом метавонем дар тиҷорат ва ҳаёти худ баракату оромӣ ва саодати ҳақиқиро ба даст орем.
Хулосаи китоб дар шакли қисса
«Қиссаи корфармо ва коргар: Дар тарозуи Ислом»
Панҷшанбебозор нав ба охир расида буд. Ҷаҳонгир, соҳиби як корхонаи бузурги бофандагӣ дар шаҳри Душанбе, дар дафтари худ нишаста, фоидаи ин моҳро ҳисоб мекард. Дар ҳамин вақт, ӯ овози баланд ва гиряолуди яке аз коргарони ҷавони худро шунид, ки аз мудири корхона хоҳиш мекард: "Илтимос, ба ман каме пешпардохт (аванс) диҳед, кӯдакам бемор аст, пули дору надорам..." Мудир бошад, бо хунсардӣ ҷавоб дод: "Қонуни корхона иҷозат намедиҳад, то охири моҳ сабр кун!"
Ҷаҳонгир инро шунид, аммо аҳамият надод ва ба ҳисоби миллионҳои худ давом дод. Худи ҳамон шом, ӯ барои намози хуфтан ба масҷид рафт. Пас аз намоз, бо донишманди маҳаллӣ ва пири хирад, Мулло Собир, ҳамсӯҳбат шуд.
Ҷаҳонгир бо фахр гуфт: "Ҳоҷӣ бобо, Худоро шукр, тиҷоратам рушд дорад, ин моҳ фоидаи калон дидам!"
Мулло Собир ба чашмони Ҷаҳонгир нигоҳ карда, оҳиста гуфт: "Писарам, оё ин фоида бо арақи ҷабини коргарони мазлум омехта нест? Оё ҳаққи онҳоро дар ин замони қиматӣ ва таваррум (инфляция) пурра додӣ?".
Ҷаҳонгир ҳайратзада шуд ва гуфт: "Ман ба онҳо ҳамон маоши ҳадди ақаллеро (минималка) медиҳам, ки қонуни давлат муайян кардааст. Оё ин кофӣ нест?".
Мулло Собир табассуми талхе кард ва гуфт: "Биё, писарам, ба ту бигӯям, ки Ислом дар ин бора чӣ мегӯяд":
1. Кор ибодат аст (Меҳнати Паёмбарон)
"Аввал инро бидон, ки дар Ислом кор танҳо барои пул нест, балки ибодат аст. Коргар вақте бо нияти ҳалол кор мекунад, гӯё дар меҳроби масҷид аст. Ҳамаи Паёмбарон бо дасти худ кор мекарданд; Одам (а) деҳқон буд, Нӯҳ (а) дуредгар, Довуд (а) оҳангар ва Паёмбари мо Муҳаммад (с) чӯпонӣ ва тиҷорат мекард. Пас, коргар дар назди Худо мақоми баланд дорад, набояд ба ӯ бо чашми кам нигоҳ кард».
2. Ту соҳиби пул нестӣ, ту амонатдорӣ!
Ҷаҳонгир гуфт: "Аммо пул аз они ман аст, ман бо арақи худам корхона сохтам"! .
Мулло Собир ҷавоб дод: "Хато мекунӣ! Молики ҳақиқӣ Худост. Қуръон мегӯяд: «Ваотуҳум мин молилоҳиллазӣ отокӯм» (Аз он моли Худо, ки ба шумо додааст, ба онҳо бидиҳед). Ту танҳо як хазинадор (мустахлаф) ҳастӣ. Худо ин коргаронро зери дасти ту гузоштааст, то туро имтиҳон кунад. Агар маоши онҳо каму ночиз бошад, ки ҳатто пули дорую нон ва иҷораи хонаро расонида натавонанд, ту дар интиҳо аз имтиҳони Худо меғалтӣ».
3. Пеш аз хушк шудани арақи коргар ҳаққашро бидеҳ
Мулло Собир давом дод: "Паёмбар (с) фармудаанд: «Уъту‑л‑аҷира аҷраҳу қабла ан яҷиффа ъарақуҳу» (Ҳаққи коргарро пеш аз хушк шудани арақаш бидиҳед). Ин маънои онро дорад, ки маошро набояд як рӯз ҳам ба таъхир андозӣ. Баъзе корфармоён пули коргарро нигоҳ дошта, дар тиҷорати дигар мечархонанд ва коргари бечора қарздор мешавад. Ин зулм аст! Худо дар ҳадиси қудсӣ мегӯяд: «Се кас ҳастанд, ки Ман дар рӯзи қиёмат душмани онҳоям... яке он ки коргарро кор мефармояд, аммо ҳаққашро намедиҳад». Агар Худо душманат шавад, кӣ туро наҷот медиҳад"?
4. Беш аз тавоноӣ кор нафармо (Қоидаи «Ла зарар»)
Ҷаҳонгир пурсид: "Ман онҳоро 12 соат кор мефармоям ва онҳо худашон розӣ ҳастанд, оё ин ҳам гуноҳ аст"?
Мулло Собир гуфт: "Ризояти коргари маҷбур ва муҳтоҷ ризояти ҳақиқӣ нест. Қоидаи фиқҳӣ мегӯяд: «Ло зарара ва ло зирора» (Ба худ ва ба дигарон зарар расонидан мумкин нест). Кор фармудани одам барои 12-14 соат ҷисми ӯро ҳалок мекунад, ӯро аз тарбияи фарзандон ва намозу ибодат маҳрум месозад. Соҳиби корхонаи солеҳ касест, ки ба коргараш вақти намоз, вақти хӯрок ва истироҳат медиҳад».
5. Оқибати зулм дар дунё ва охират
"Ҷаҳонгирҷон, агар маоши коргарро кам кунӣ, ӯ маҷбур мешавад барои зиндагӣ даст ба дуздӣ ё ришва занад. Сабаби вайроншавии ахлоқи ҷомеа ва дер хонадор шудани ҷавонон ҳамин маоши ноодилона аст. Ва аз ҳама хатарнок: Дуои мазлум дар нимашаб мустақим ба осмон меравад ва баракати молу саломатии фарзандони туро месӯзонад. Дар қиёмат пули коргарро на бо сомонӣ ва доллар, балки бо ҳасаноту намозҳоят пардохт мекунӣ, то даме ки муфлис шуда, ба дӯзах афтӣ, паноҳ бар Худо мебарем аз оташи дӯзах».
Хатми қисса ва тавбаи Ҷаҳонгир
Чашмони Ҷаҳонгир пур аз ашк шуданд. Ӯ ба ёд овард, ки чӣ тавр баъзан бо коргарон бо овози баланд ва дағал гап мезад. Ӯ дасти Мулло Собирро бӯсид ва гуфт: "Ман тавба кардам. Аз ҳамин пагоҳ барномаи навро оғоз мекунам".
Рӯзи дигар, Ҷаҳонгир ҳамаи коргаронро ҷамъ кард. Маоши ҳамаро 30 фоиз зиёд намуд, барои он ҷавоне, ки кӯдакаш бемор буд, пули доруро ҳамчун кӯмак дод ва дар маркази корхона як намозхонаи зебо сохт. Ӯ фаҳмид, ки роҳи ҷаннат аз инсоф ва раҳм кардан ба коргарони зери дасташ мегузарад.