Ислоҳи робитаи корфармо ва коргар аз баҳси маош оғоз намешавад, балки аз ислоҳи дидгоҳи мо нисбат ба худи мафҳуми «кор» шуруъ мегардад. Дар ин суҳбат мо меҳвари асосии силсиламақолаҳои «Корфармо ва коргар дар меъёри Ислом»-ро муаррифӣ карда, ба як саволи муҳим ҷавоб меҷӯем: Чӣ тавр Ислом оддитарин заҳмати рӯзмарраи моро ба як ибодати бузург ва ҳамсанги ҷиҳод табдил медиҳад?
ҚИСМИ 1. КОРФАРМО ВА КОРМАНД ДАР ТАРОЗӮИ ИСЛОМ:
ПАЁМИ ОҒОЗӢ
بسم الله الرحمن الرحيم
الحمد لله رب العالمين، القائم بالقسط، الآمر بالعدل والإحسان والوفاء بالعقود، المحذر من الظلم وبخس الحقوق وأكل أموال الناس بالباطل. والصلاة والسلام على نبي الرحمة والإنسانية، ورسول الرفق والعدالة، محمد بن عبد الله، الذي كان للضعفاء والأجراء ناصراً ومكبراً، وعلى آله وصحبه الأبرار، وخلفائه الراشدين الأخيار، ومن سار على دربهم من العلماء والتجار الصالحين إلى يوم الدين.
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.
Ҳамду сано Илоҳеро, ки Парвардигори ҷаҳониён, барподорандаи адолат ва амркунандаи ба адлу инсоф, эҳсон ва вафо ба паймонҳост; ва огоҳкунандаву таҳдидсозанда аз зулм, поймолкунии ҳуқуқ ва ба ботил хӯрдани амволи мардум мебошад.
Ва дуруду саломи бепоён бар паёмбари раҳмату инсоният ва расули нармию адолат, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ﷺ, ки барои заифон ва коргарон ёрӣ мебахшид ва мақому каромати онҳоро арҷ мегузошт ва баланд мебардошт; ва бар олу асҳоби накӯкори ӯ ва Халифаҳои Рошиди аҳли хайр, ва бар ҳар касе, ки бар равиши онҳо аз уламо ва тоҷирони солеҳ то рӯзи Ҷазо пайравӣ намуда ва рафтааст.
Аммо баъд;
Ҳамватанон ва хонандагони азиз! Иморат ва обод кардани замин ва барпо доштани амнияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеаҳои мусалмони муосири мо аз назарияҳои хушки фикрӣ оғоз намешавад. Ин ободӣ аз ислоҳи ҳамон муомилоту додугирифтҳои рӯзмаррае шуруъ мешавад, ки мардум субҳу шом дар он фаъолият мекунанд.
Аз бузургтарин ва хатарноктарин муомилот аз назари таъсир бар ҳаёти мо, маҳз ҳамон муносибати пайвандкунандаи байни «корфармо ва коргар» аст; зеро ин муносибат раги ҳаётии ҳаракати иқтисод, меҳвари устуворию истиқрори оила, ва он майдони воқеие мебошад, ки дар он диндорӣ, амонат ва парҳезкорию тақвои инсон мавриди санҷишу имтиҳон қарор мегирад.
Дар замони мо, ки фалсафаҳои моддӣ ва капиталистии (сармоядории) хушк ҳукмрон гардидаанд, муносибати корӣ, мутаассифона, танҳо бо меъёрҳои хомӯши «арзу тақозо» (талабот ва пешниҳод) чен карда мешавад. Имрӯз меъёри бисёриҳо танҳо ҷамъ кардани сарват аз ҳисоби одамият, саломатӣ ва кифояти заҳматкашон гардидааст. Маҳз дар ҳамин гуна шароит, бозгашт ба «меъёри Ислом»-и дақиқ ва адолатнок барои ҳамаи мо як амри ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад.
Ин меъёри муқаддаси исломӣ на танҳо барои ҳифзи ҳаққи соҳиби молу ҷоҳ омадааст, балки барои ҳимояи ҳаққи коргари заиф ва соҳиби кор ба таври якҷоя нигаронида шудааст. Ислом дар байни корфармо ва коргар як бародарии имонӣ ва инсониеро эҷод менамояд ва барпо созад, ки бо он тафовутҳои табақотӣ гудохта мешаванд ва тухми адовату кӯдуратҳо аз дилҳо барканда мешавад.
ҲАДАФИ АСОСӢ ВА РАВИШИ СУҲБАТҲОИ МО
Ҳамватанон ва хонандагони кариму бузургвор! Ҳадаф аз ин талоши муборак, ки онро дар қолаби суҳбатҳо таҳти унвони «Корфармо ва коргар дар меъёри Ислом: Ҳуқуқҳо, вазифаҳо ва адолати гумшуда» ё «Пеш аз он ки дар назди Худованд биистӣ... Номае ба сӯи ҳар як коргар ва корфармо» пешкаши шумо мегардонем, танҳо як ҷамъоварии хушки матнҳо, оятҳо ва ҳадисҳои ривоятшуда, ё нақли содаи аҳкоми фиқҳии муҷаррад нест.
Ҳадафи аввалин ва олии ин суҳбатҳо маҳз «ислоҳи дилҳо ва тарбияи виҷдонҳо» аст. Ин паёмест, ки барои тармиму аз нав сохтани нафси инсонӣ аз дохил талош мекунад; зеро агар виҷдон ислоҳ шавад, рафтор низ ҳатман ислоҳ хоҳад шуд — хоҳ соҳиби он як корхонаи боҳашамат дошта бошад ва хоҳ як коргари оддие бошад, ки бо арақи ҷабини худ маҳсул мебарорад.
Ва барои расидан ба ин ҳадафи бузург, мо дар ин силсиласуҳбатҳо як равиши тарбиявӣ ва виҷдонбедоркунандаро пеш гирифтаем. Бинобар ин, биёед мустақиман ва бефосила ба қадами аввалини ин масир қадам гузорем ва бубинем, ки дини мубини Ислом ба худи ҳақиқати меҳнату заҳмат чӣ гуна менигарад.
КОР ДАР ИСЛОМ: ИБОДАТ ВА ВОСИТАИ НАЗДИКӢ БА ХУДО
(Қисми 1)
Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд: «Ва бигӯ: Кор кунед, ки ба зудӣ Худо ва паёмбараш ва мӯъминон кори шуморо хоҳанд дид ва ба зудӣ ба сӯи донои ниҳону ошкор бозгардонида мешавед, пас шуморо аз он чӣ мекардед, огоҳ месозад» (Сураи Тавба, ояти 105).
Савол барои тафаккур ва тааммул
Оё имрӯз, вақте ки аз хона ба сӯи корхона, бозор ё дафтари кории худ баромадед, ҳадафатон танҳо гирифтани маош ва пайдо кардани ризқ буд? Ё дар дил нияте доштед, ки бо ин касбу кӯшиши худ ризояти Худои Рӯзидиҳандаро ба даст оред ва Ӯро ибодат кунед?
Ислоҳи робита миёни корфармо ва коргар танҳо аз баҳси маош ва масоили моддӣ оғоз намешавад. Қадами аввал, ислоҳи ҳамон дидгоҳ ва фаҳмише аст, ки ҳарду тараф нисбат ба худи мафҳуми «кор» доранд.
Маъно ва моҳияти ҳақиқии кор
Дар дидгоҳи исломӣ, кор аз мафҳуми танҳо моддии он, ки бо сарфи нерӯи ҷисмонӣ ё фикрӣ дар ивази маош маҳдуд мешавад, хеле фаротар аст. Кор дар дини мо — рисолати ҷонишинӣ ва ободонии замин мебошад. Он иборат аст аз ҳар кӯшиши машрӯе, ки инсон бо ҳадафи нафъ расонидан ба махлуқот, обод кардани коинот ва ҳифзи нафси худ аз хории гадоӣ ва дастталабӣ анҷом медиҳад. Инсон дар замин барои обод кардани он ҷонишин таъин шудааст ва кор, амалӣ кардани ҳамин рисолат аст.
Дар Қуръони Карим, Худованди Мутаоъл кӯшиш ва сафар дар заминро барои касби ризқ дар канори ҷиҳод дар роҳи Худ зикр карда, мефармояд: «...ва гурӯҳи дигаре дар замин сафар мекунанд ва аз фазли Худо рӯзӣ металабанд ва гурӯҳи дигаре дар роҳи Худо меҷанганд» (Сураи Муззаммил, ояти 20). Ин баробаркунии Қуръонӣ ба мо рӯшан нишон медиҳад, ки талоши ҳалол барои ризқи оила, ҳамсанги дифоъ аз дину ватан аст.
Чаро Худованд моро ба кор кардан амр намудааст?
Худованд ба кор амр накардааст, ки Худ ба кӯшиши мо ниёз дошта бошад, зеро Ӯ Бениёзи Мутлақ аст. Ӯ ин амрро барои ҳикматҳои бузурги ҳаётиамон шариат гардонидааст:
1. Иҷрои бандагӣ бо фармонбардорӣ ва амал: Танбалӣ ва нишастан аз кор бо вуҷуди доштани тавоноӣ, аз назари дин мардуд ва нописанд аст. Кӯшиш кардан, иҷрои амри Илоҳист, ки мефармояд: «Ӯст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас дар гӯшаву канори он равед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред» (Сураи Мулк, ояти 15).
2. Ҳифзи каромати нафс: Кор кардан обрӯи инсонро аз хории дастталабӣ ва ниёзмандии муттасил ба дигарон ҳифз мекунад.
3. Хидмат ба ҷомеа (Фарзи кифоя): Фақеҳони Ислом муқаррар кардаанд, ки саноат, тиҷорат, тиб, деҳқонӣ ва тамоми касбҳое, ки ҷомеа ба онҳо ниёз дорад, «фарзи кифоя» мебошанд. Агар ҷомеа ин касбҳоро тарк кунад, ҳама гунаҳкор мешаванд. Ҳар касе, ки ба ин касбҳо машғул аст, дар ҳақиқат як сангари муҳимми ҷомеаи мусалмононро ҳифз мекунад.
ЧӢ ТАВР КОР БА ИБОДАТ ТАБДИЛ МЕЁБАД ВА МАҚОМИ ЛУҚМАИ ҲАЛОЛ
(Қисми 2)
Нақши нияти солеҳ: Меҳроби кор
Яке аз бузургтарин хусусиятҳои шариати Ислом дар он аст, ки нияти солеҳ метавонад одату касбҳои оддиро ба ибодатҳои дорои савоб табдил диҳад. Табиб, муҳандис, фурӯшанда ва коргар дар корхонаи худ, ҳама гӯё дар як «меҳроби намоз ё меҳроби ибодат» ҳастанд, агар ин шартҳоро риоя кунанд:
1. Машрӯъ будани кор: Кор бояд дар асли худ мубоҳ бошад (холи аз рибо, фиреб ё фурӯши чизҳои ҳаром).
2. Солеҳ будани ният: Коргар ният кунад, ки бо ин кораш нафс ва оилаашро аз ҳаром ҳифз мекунад ва ба ҷомеа нафъ мерасонад.
3. Риояи воҷиботи шаръӣ: Кор набояд инсонро аз фарзҳо, ба монанди намози вақтӣ, некӣ ба волидайн маҳрум кунад.
4. Итқон (Маҳорати баланд): Сарфи кӯшиш барои иҷрои кор ба беҳтарин сурат. Паёмбарамон صلى الله عليه وسلم мефармоянд: «Худованди Мутаъол дӯст медорад, ки ҳар гоҳ яке аз шумо кореро анҷом диҳад, онро бо маҳорат ва мустаҳкаму босифат анҷом диҳад».
Мақоми касби ҳалол дар Қуръон, Суннат ва Фиқҳ
Матнҳои шаръӣ мақоми луқмаи ҳалолро баланд бардошта, онро шарти асосии қабули дуо ва салоҳияти дин қарор додаанд.
- Аз Қуръони Карим: Худованд мефармояд: «Эй паёмбарон, аз чизҳои покиза бихӯред ва кори шоиста кунед» (Сураи Мӯъминун, ояти 51). Имом Қуртубӣ дар тафсири худ мегӯяд, ки Худованд дар ин оят миёни хӯрдани ҳалол ва амали солеҳ пайванд гузоштааст, то нишон диҳад, ки қабули амалҳои мо ба ҳалолии луқма вобаста аст.
- Аз Суннати Набавӣ: Паёмбар صلى الله عليه وسلم фармудаанд: «Ҳеҷ кас ҳаргиз таоме нахӯрдааст, ки беҳтар аз он бошад, ки аз дастранҷи худ бихӯрад» (Ривояти Бухорӣ). Рӯзе Паёмбар صلى الله عليه وسلم дасти Муоз ибни Ҷабалро гирифтанд ва дар он аз асари кор бо бел дағаливу сахтиро диданд. Онро баланд карда фармудаанд: «Ин дастест, ки Худо ва паёмбараш онро дӯст медоранд».
- Аз суханони Саҳоба: Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (р) мефармуд: «Ман мардеро мебинам ва аз ӯ хушам меояд, пас мепурсам: Оё касбу коре дорад? Агар гӯянд: Не, аз чашмам меафтад».
- Аз дидгоҳи фиқҳи Ҳанафӣ: Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (ёри Имом Абӯҳанифа) китоби комиле бо номи «Китобул касб» таълиф карда, муқаррар намудааст, ки талаби касби ҳалол, монанди талаби илм, бар ҳар мусалмон фарз аст. Дар «Фатовои Ҳиндия» омадааст: «Инсон ҳамон гуна ки ба ибодати Парвардигораш вазифадор аст, ба кӯшиш барои таъмини зиндагии худ ва оилааш низ вазифадор мебошад ва касбкунанда дӯсти Худост».
ЧАРО ПАЁМБАРОН БО ДАСТИ ХУД КОР МЕКАРДИҲАНД? ТАҲЛИЛИ ВОҚЕИЯТИ МУОСИР
(Қисми 3)
Истиқлолияти даъват ва намунаи амалии Паёмбарон
Паёмбарон ва фиристодагони Худо (а), ки беҳтарини махлуқот буданд, ҳаргиз бар дӯши мардум бор набуданд, балки худашон дар майдони кор пешсаф буданд. Ин барои ду ҳикмати бузурги тарбиявӣ буд:
1. Истиқлолияти комил дар даъват: То ҳеҷ кас гумон накунад, ки онҳо барои ба даст овардани моли мардум даъват мекунанд.
2. Намунаи амалӣ (Қудва): То пайравонашон аз ҳеҷ касбу коре, ҳарчанд оддӣ бошад, такаббур ва ор накунанд.
Довуд (а) бо вуҷуди подшоҳии бузургаш, танҳо аз дастранҷи худ мехӯрд. Худованд дар Қуръон мефармояд: «Ва ба ӯ сохтани либоси ҷангиро бароятон омӯзонидем, то шуморо аз ҷангатон ҳифз кунад» (Сураи Анбиё, ояти 80). Ва Паёмбарамон (с) дар ҳадиси саҳеҳ фармудаанд: «Паёмбари Худо Довуд (а) аз дастранҷи худ мехӯрд» (Ривояти Бухорӣ).
Нӯҳ (а) ба амри Илоҳӣ ва бо заҳмати дастони худ киштии наҷотро сохт, то ҷое ки мавриди масхараи қавмаш қарор гирифт, чуноне ки Қуръон мефармояд: «Ва (Нӯҳ) киштиро месохт ва ҳар гоҳ гурӯҳе аз қавмаш бар ӯ мегузаштанд, вайро масхара мекарданд...» (Сураи Ҳуд, ояти 38).
Мусо (а) ва худи Паёмбари мо Муҳаммад (с) касби душвори гӯсфандчарониро анҷом додаанд. Паёмбар صلى الله عليه وسلم фармудаанд: «Худованд ҳеҷ паёмбареро нафиристод, магар ин ки гӯсфандчаронӣ кардааст. Саҳобагон гуфтанд: Ва Шумо ҳам? Фармуданд: Бале, ман онҳоро дар ивази чанд қирот барои аҳли Макка мечарондам» (Ривояти Бухорӣ).
Вақте ки Паёмбарони Худо бо арақи ҷабини худ рӯзӣ меёфтанд, чӣ гуна як инсони оддӣ метавонад аз кор худро баланд гирад, ё ҷомеа ба як коргари ҳалолкор бо чашми кам нигоҳ кунад?!
Таҳлили воқеият ва хатоҳои маъруфи мо
Нигоҳи паст ба баъзе касбҳо: Имрӯз баъзе корфармоён ё ҷомеа ба корҳои поккорӣ (фаррошӣ), посбонӣ ё хизматрасониҳои оддӣ бо чашми кам менигаранд, ки ин комилан мухолифи сирати паёмбарон аст.
Ҷудо кардани ибодат аз кор: Баъзеҳо дар сафи аввали масҷид ҳастанд, аммо дар сифати кор ва соатҳои кории худ хиёнат ва сусткорӣ мекунанд. Ё корфармо дини худро танҳо дар масҷид медонад ва дар корхона қонунҳои бераҳмона ва зулми бозорро ҷорӣ мекунад.
Илоҷи шаръӣ
Илоҷ ва давои ин дард — зинда кардани фиқҳи «Ният ва Итқон» (маҳорат) дар вуҷуди мост. Мо бояд сирати Паёмбарон ва Саҳобагонро ҳамчун пешвоёни амалии майдони кор ва ободонии замин биомӯзем ва татбиқ кунем. Кор ибодат аст, ба шарте ки бо обрӯ, амонат ва инсоф анҷом шавад.