БО ХУДОВАНД ЧИГУНА МУОМИЛА МЕКУНӢ: Вақте бар ту рашк (ғайрат) намуд? -16
Featured

БО ХУДОВАНД ЧИГУНА МУОМИЛА МЕКУНӢ: Вақте бар ту рашк (ғайрат) намуд? -16

Оё медонед, ки Худованд бар ту рашк (ғайрат) мекунад?
Бисёре аз мо гумон мекунем, ки рашк танҳо як эҳсоси инсонист, аммо оё то ҳол андешидаед, ки Рашки Илоҳӣ чист ва он чӣ гуна сарнавишти моро рақам мезанад?
Дар ин мақолаи такондиҳанда аз силсилаи «Бо Худованд чигуна муомила мекунӣ?», мо парда аз рӯи яке аз нозуктарин ва муҳимтарин мавзуъҳои тарбиявӣ ва шаръӣ бардошта, ба суолҳои зерин посух меёбем:
  • Чаро Худованд баъзе гуноҳонро ҳаром гардонидааст? (Сирри муҳаббати Илоҳӣ дар паси мамнуъиятҳо).
  • Қонуни «Ҷазо аз ҷинси амал аст» чӣ гуна дар ҳаёти воқеӣ кор мекунад? (Қиссаи воқеии ҷавоне, ки номуси дигаронро бозича кард ва рӯзе худ қурбони ҳамон амал гашт).
  • Чӣ тавр рашки худро бо рашки Парвардигор ҳамоҳанг созем, то ба саодати абадӣ бирасем?
  • Ибтило (имтиҳон) ё ҷазо? Фарқи миёни сахтиҳои тарбиявӣ ва интиқоми Илоҳиро бишиносед.
Ин мақола на танҳо як матни динӣ, балки оинаест, ки воқеияти муносибати моро бо Холиқ нишон медиҳад. Бихонед, ибрат гиред ва қалби худро аз нав зинда кунед.

Силсилаи «БО ХУДОВАНД ЧИГУНА МУОМИЛА МЕКУНӢ?»

Мавзуъ: Вақте бар ту рашк (ғайрат) намуд

(ҲАЛҚАИ 15)

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Алҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ (с) ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд...

Суолҳое, ки ин мақола ба онҳо посух медиҳад:

·        Оё Худованд ҳам рашк (ғайрат) мекунад ва маънои рашки Илоҳӣ чист?

·        Чаро баъзе гуноҳон ба номуси инсон ва аҳли байташ таъсир мерасонанд?

·        Чӣ тавр дили худро бо хости Парвардигор ҳамоҳанг созем?

·        Оё ҷазои гуноҳ дар ҳамин дунё ҳам дода мешавад?

 

Боби 1: Мафҳуми рашки Илоҳӣ ва намунаи Саъд (р)

Саъд ибни Убода р. сардори Хазраҷ (яке аз қабилаҳои бузурги ансор дар Мадина) буд. Машҳур ба ин буд, ки рашки (ғайрати) сахт дошт. То ҳадде, ки агар ӯ занеро талоқ медод, аз тарси рашки ӯ он занро дигар касе издивоҷ карда наметавонист. Вақте, ки Худованд дар ин масъала ҳукм намуд, ки касе ҳамсарашро муттаҳам ба зино намуд, пас бар вай лозим аст, ки чор шоҳид овард, дар ин ҳолат Саъд ибни Убода гуфт: “Агар ҳамсарамро бо марде дидам, бо дами шамшерам онҳоро мезанам”. Ин сухан ба Расулуллоҳ (с) расид, гуфт: "Оё аз рашки Саъд тааҷҷуб мекунед? Савганд ба Худо, ман аз ӯ рашкноктарам (ғайратноктар) ва Худованд аз ман дида рашкноктар (ғайратноктар) аст. Аз рашки Худованд аст, ки ҳамаи корҳои фоҳиша (корҳои бисёр зишт ва беҳаёӣ), гуноҳон ва зиштиҳоро, чӣ ошкор бошанд ва чӣ ниҳон, ҳамаро ҳаром гардонидааст".

Бале, Парвардигорамон ба рашк меояд, ки бандагонаш дар муҳаррамот (корҳои ҳаром ва манъшуда) воқеъ шаванд. Аллоҳ таъоло инро барои бандагонаш дӯст намедорад. Пас бар банда дар мисли ин ҳолат лозим аст, чигуна муомила ва рафтор намояд?

Шарҳ: Рашки Худованд мисли рашки инсон аз рӯи заъф ё ҳасад нест, балки аз рӯи азамат ва муҳаббат аст. Худо бандаашро азиз медорад ва рашк мекунад, ки ӯ худро бо гуноҳ хору залил созад.

 

 

Боби 2: Чигуна муомила намудан бо рашки Аллоҳ

Бо Худованд чигуна муносибату рафтор менамоӣ, вақте бар ту рашк (ғайрат) намуд?

Аввалан: Хурсанд шав, ки Худованд бар ту рашк мекунад. Чунки вақте, Худованд бар ту ба анҷом додани рафтори ҳароме аз ҳаромҳо рашк намуд, ин далел бар он аст, ки Ӯ наздикии туро бо худаш мехоҳад. Мехоҳад, ки ба наздаш баргардӣ ва қурбати (наздикии) Ӯ таъолоро ноил гардӣ аз қурбат ҷустан ба бандаҳо ва махлуқоташ дида. Ба назди он коре, ки ҳаром гардонида шудааст, ҳаргиз марав. Ба он наздик машав. Аллоҳ таъоло мефармояд: "Ва Худованд мехоҳад, ки тавбаи шуморо бипазирад (ва аз олудагӣ пок намояд) ва касоне, ки мехоҳанд аз шаҳватҳо пайравӣ намоянд, мехоҳанд шумо дастхуши инҳирофи (каҷравии) бузурге шавед. Худованд мехоҳад корро бар шумо сабуку осон намояд ва инсон заъифу нотавон офарида шудааст." (Сураи Нисо: 27-28). Чӣ қадар Худованд бар бандагонаш латифу (бо лутфу дақиқкорӣ) меҳрубон аст.

Вақте инсон Илоҳеро (Худоеро) пайдо мекунад, ки ба ӯ аҳмият медиҳад, ба ӯ диққат медиҳад ва ӯро ҳифозат (ҳифзу нигаҳбонӣ) мекунад ва бар ӯ аз воқеъ шудан дар корҳои ҳаром рашк мекунад, зуд аст, ки ин банда эҳсоси наздикии Ӯро мекунад ва шаке нест, ки Ӯ таъолоро бештар хоҳад дӯст дошт. Чунки Худованд бар ту рашк намекунад, магар дар чизҳое, ки онҳо дар зарари ту ҳастанд. Ҳаргиз бар ту рашк намекунад, магар дар чизҳое, ки барои ту дуруст намебошанд ва лоиқу сазовори ту нестанд. Ту ба ин рашки Аллоҳ таъоло нисбат ба худат хурсанд шав. Хурсанд шав, ки Ӯ манфиати туро мехоҳад.

Шарҳ ва тавзеҳи муфассал:

            Дар ин қисмати аввал, мафҳуми "Рашки Илоҳӣ" баён шудааст.:

1.     Маънои рашки Худованд: Рашки Худованд мисли рашки инсонҳо аз рӯи ҳасад ё заъф нест. Рашки Ӯ нишонаи азамат ва муҳаббати Ӯ нисбат ба банда аст. Худованд бандаашро барои он офаридааст, ки пок бошад. Вақте банда ба гуноҳ ва корҳои зишт даст мезанад, ин гӯё "таҷовуз" ба он покӣ ва ҳудудест, ки Худо муайян кардааст. Худованд рашк мекунад, ки бандаи азизаш худро бо гуноҳ хору залил созад.

2.     Намунаи Саъд ибни Убода: Дар ин ҷо рашки инсонӣ ҳамчун мисол оварда шудааст. Саъд (р) чунон ғайрати баланд дошт, ки намехост ҳеҷ бегонае ба ҳарими оилаи ӯ ворид шавад. Паёмбар (с) мефармоянд, ки агар рашки Саъд зиёд бошад, пас бидонед, ки рашки Худованд аз ҳама болотар аст. Яъне, Худованд намехоҳад бандааш (ки танҳо аз они Ӯст) ба шайтон ё нафси бад таслим шавад.

3.     Рашк ҳамчун ҳимоят: Рашки Худованд барои банда як сипар аст. Ҳамаи он чизе, ки Худо ҳаром кардааст (зино, дурӯғ, зулм), дар асл ба зарари худи инсон аст. Пас, рашки Илоҳӣ маънои онро дорад, ки: "Эй банда, Ман туро дӯст медорам ва намехоҳам бо ин корҳои зишт худро ҳалок кунӣ".

 

 Боби 3: Ҳамоҳангии рашки банда бо рашки Холиқ

Масъалаи дуввум: Аз нек рафтор намудани ту бо Худованд ин аст, ки рашкатро ба рашки Худованд мувофиқ бигардонӣ. Яъне чизҳое, ки Худованд бар бандагонаш аз онҳо рашк мекунад, ту ҳам низ бар онҳо рашк намоӣ.

            Рашк дар инсон метавонад фитрӣ (зотӣ) ва табиӣ бошад ва мумкин аст, ки касбкардашуда (бо тамрину кӯшиш ба даст омада) бошад. Баъзе инсонҳо бар корҳои ҳаром табиатан ва фитрӣ рашк доранд. Ва баъзе инсонҳо, то ин ки рашк дар ӯ худ ба худ барои Худованд бигардад, ӯ эҳтиёҷ дорад, ки нафсашро одат кунонад, ки он чизеро, ки Худованд дӯст медорад, онро дӯст бидорад ва инчунин одат кунонад, ки он чизеро, ки Худованд дӯст намедорад ва ё ба он ғазаб дорад, ё онро лаънат кардааст, ман ҳамонро дӯст намедорам ва бар он ғазаб мекунам ва онро лаънат менамоям. Дар ин ҳангом рашк барои Худовандро, вақте пардаи ҳаромҳои Худованд дарида шуд (ҳудуди Илоҳӣ шикаста шуд), эҳсос менамоӣ.

            Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мехоҳад, ки қалбатро ба Ӯ мувофиқ бибинӣ. Ва ин ҷузъе аз амалҳои қалб аст. Зеро ки Худованд танҳо намехоҳад, ки ҷасадат амал намояд, на. Балки мехоҳад, ки қалбат низ амал намояд. Амалҳои қалб мисли: муҳаббат намудан, умедвор будан, ҳайбат (тарси боазамат) доштан, рашк намудан, аз Худованд ҳаё кардан ва амсоли инҳо, чизҳоеанд, ки бо дилат онҳоро ба ҳаракат меорӣ, на бо ҷасадат. Аз ин ҷиҳат инҳоро амалҳои қалб мегӯянд. Ва амалҳои қалбӣ муҳимтарин амалҳо мебошанд. Чуноне ки дар ҳадис омадааст: "...Дар ҷасад гӯштпорае аст, ки агар ислоҳ шавад, ҳамаи ҷасад ислоҳ мешавад ва агар вайрон шавад, ҳамаи ҷасад вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст". Имом Абуҳомиди Ғазолӣ қалбро ҳамчун подшоҳ ва дигар аъзои баданро ҳамчун хидматгор тавсиф менамояд.

Бинобар ин бидонед, ки амалҳои қалбҳо барои Худованд аз амалҳои ҷасад дида беҳтар, олитар, шарофатмандтар ва маҳбубтаранд (дӯстдоштанинад). Бо вуҷуди ин ки ҳардуи онҳо матлуб (талабшуда) мебошанд ва бар ҳардуи онҳо моро Худованд ҳисобот мегирад, магар ин ки амалҳои дилҳо олитаранд.

Шарҳ ва тавзеҳи муфассал:

Дар ин бахш, муаллиф ба умқи муносибати банда бо Худо ишора мекунад, ки онро метавон дар се нуктаи асосӣ баён кард:

1.     Ҳамоҳангии эҳсосот бо ризоияти Худо: Муомилаи нек бо Парвардигор танҳо дар намозу рӯза нест, балки дар он аст, ки инсон дили худро бо хости Худо "соз" (созгор, ҳамонҳанг) кунад. Агар Худо аз дурӯғ, хиёнат ва беҳаёӣ ба рашк меояд ва онро бад мебинад, муъмини ҳақиқӣ низ бояд дар дили худ нисбат ба ин корҳо ҳамон эҳсоси бадбиниро дошта бошад. Инро "рашк барои Худо" мегӯянд.

2.     Тарбияи нафс: На ҳама инсонҳо аз аввал соҳиби ин гуна ғайрати динӣ ҳастанд. Баъзеҳо бояд нафси худро маҷбур кунанд ва одат диҳанд. Масалан, агар дили инсон ба як кори ҳаром майл кунад, ӯ бояд бо худ мубориза барад, то он чизеро, ки Худо бад мебинад, ӯ низ бад бубинад. Ин як раванди тарбиявӣ аст.

3.     Аслнокии амали қалб: Инсон шояд бо ҷисмаш гуноҳ накунад, аммо агар дар дилаш ба гуноҳ рағбат дошта бошад ё аз дидани гуноҳи дигарон нороҳат нашавад, ин нишонаи заъфи имон аст. Қалб "подшоҳ"-и бадан аст. Агар подшоҳ (қалб) аз ҳаромҳои Худо рашк дошта бошад ва онҳоро напазирад, аъзои бадан (дасту по) ҳеҷ гоҳ ба сӯи ҳаром намераванд. Хулоса ин ки, Худованд пеш аз ҳама ба "дилнавозии" мо ва эҳсоси қалбии мо нисбат ба ҳукмҳояш аҳмият медиҳад.

 

Боби 4: Дурӣ аз ҳаромҳо ва тарси аз макри Илоҳӣ

Қадами сеюм: Аммо қадами сеюм дар муомила ва рафтор бо Аллоҳ таъоло ин аст, ки агар Аллоҳ таъоло бар ту аз чизе рашк намуд, аз он чиз мутлақан ва комилан дур бош. Худованд туро дар маконе набинад, ки дӯст намедошта бошад, ки туро дар он бубинад. Ва туро дар маконе гум накунад (ғоиб набинад), ки дӯст медорад дар он ҷо туро бубинад. Ту дар ин масъала саҳлгирӣ (бепарвоӣ) ва осонгирӣ макун. Ҳамоно аз Худованд дида чизе рашкноктар вуҷуд надорад, ҳамчуноне ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд.

Агар касе бошад, ки метарсад, падари фалон духтар ӯро бубинад, ки бо духтараш сухан мегӯяд, ҳамоно рашки Худованд аз падар ба духтараш дида сахттар аст. Фарқ ин аст, ки гоҳо падар ё бародари он духтар аз дидаҳо ғоиб мешаванд, ки дигар духтар ва хоҳарашонро назорат намоянд, аммо ин нисбат ба Худованди субҳон ҳаргиз имкон надорад. Балки ҳамеша дар зери назари Ӯ қарор дорӣ ва ҳар кореро анҷом медиҳӣ, аз ризомандияш ё аз коре, ки бар он ғазаб кардааст, ҳамаро мебинад ва медонад.

Бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту Аллоҳ таъолоро тамошогари корҳои неки худ бигардон, то аз ту хушнуд шавад, на ин ки Аллоҳ таъолоро тамошогари корҳое бигардонӣ, ки онҳоро лаънат кардааст ё бар онҳо ғазаб намудааст. Аллоҳ таъоло мефармояд: “Оё намедонанд, ки Худованд он чизеро, ки ниҳон мекунанд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонад. Ҳамоно Ӯ бо он чӣ дар дилҳост, доноаст”. Ҳатто он чӣ дар дохили қафаси синаат мебошад, Ӯ таъоло онро медонад. Агар ҷавон аз радди феъли (аксуламали) аҳли духтар метарсида бошад, агар бо сухан бигӯяд ва ё чизе ваъдааш бидиҳад, ҳамоно Худованд қувваташ ва уқубаташ (ҷазояш) аз аҳли он ҷавондухтар дида сахттар мебошад. Интиқоми Худованд ба он чӣ ҳаром гардонидааст, ки бар онҳо рашк мекунад, аз ин дида вазнинтар ва сахттар мебошад. Худованди мутаъол фармудааст: “Ҳамоно гирифтани Худованд ба интиқом сахт аст”.

Расулуллоҳ (с) чандин маротиба кӯшиш намуда, ки умматашро аз ин бохабар намояд ва дар чандин ҷойҳо онҳоро, чӣ дар хутбаҳояш ва чӣ дар маҷлисҳояш, барҳазар доштааст (тарсонидааст). Расулуллоҳ (с) ба мо хитоб менамуд — хитоб кардани бисёр бораҳмона ва дилсӯзона — ва мегуфт: “Эй уммати Муҳаммад, касе аз Худованд дида рашкноктар нест, ки бандааш зино кунад ё канизакаш зино кунад”.

Бародари гиромӣ ва хоҳари гиромӣ, пас огоҳ бош, аз макри Худованд касе эмин (бехатар) намебошад. Худованди мутаъол фармудааст: “Оё аз макри Худованд эмин шудаанд? Аз макри Худованд касе эмин намебошад, магар қавми зиёндидагон”. Он касоне, ки дунё ва охираташонро барои лаззати чанд дақиқа фурӯхтаанд ва дар ин тиҷораташон ниҳоят сахт зиён дидаанд. Зеро онҳо саодати абадиро, ба як лаҳза худро хушнуд кардан, фурӯхтаанд. Даст ба гуноҳе задӣ, амре аз амрҳои Аллоҳро вогузоштӣ (тарк кардӣ) ва иҷро накардӣ, барои чӣ? Фоидааш чӣ андоза аст? Хушбахтиро бо он хостӣ таъмин кунӣ? Чиро хостӣ ба даст орӣ? Оё он мехостаат туро хушбахт сохт? Оё намешуд, ки ба гуфтаи Аллоҳ таъоло таслим мешудӣ? Оё намешуд, ки рашки Аллоҳро ба бор намеовардӣ? Барои кӣ ва барои чӣ ва бо кадом ақлу хирад ин корҳоро анҷом медиҳӣ?

Шарҳ ва тавзеҳи муфассал:

Ин бахши матн ба яке аз рукнҳои муҳими имон, яъне "Муроқаба" (дар зери назари Худо будан) ишора мекунад. Барои шумо нуктаҳои зеринро тавзеҳ медиҳем:

1.     Ҳаё аз Худованд: Муаллиф як мисоли воқеиро меорад: инсон аз падар ё бародари касе шарм мекунад ва метарсад, ки ҳангоми кори нораво ӯро набинанд. Аммо суол ин ҷост: Оё Худованд, ки Офаридгори ҳама аст, сазовортар нест, ки аз Ӯ шарм кунем? Падар метавонад ғоиб шавад ё набинад, аммо "чашми" Илоҳӣ ҳеҷ гоҳ пӯшида намешавад.

2.     Макри Илоҳӣ чист? Дар матн калимаи "макр" омадааст. Дар истилоҳи шаръӣ, макри Худованд ба ин маъност, ки Худо ба гунаҳкор фурсат медиҳад, неъмат медиҳад ва ӯро дарҳол ҷазо намедиҳад. Банда фикр мекунад, ки "ҳамааш хуб аст", аммо ин дар асл як имтиҳон аст. Вақте инсон дар гуноҳ ғарқ мешавад ва тавба намекунад, ногаҳон ҷазои сахт ӯро фаро мегирад. Инро "эмин будан аз макри Худо" мегӯянд, ки танҳо зиёндидагон чунин бепарвоӣ мекунанд.

3.     Тарозуи лаззат ва талафот: Муаллиф инсонро ба фикр кардан водор месозад: Оё меарзад, ки барои 5-10 дақиқа лаззати ҳаром (масалан зино ё гуноҳҳои дигар), инсон рашки Парвардигорро бедор кунад ва саодати абадии охиратро аз даст диҳад? Ин як тиҷорати зараровар аст.

4.     Хулосаи амалӣ: Муомилаи дуруст бо Худо дар ин қадам чунин аст: Ҳар ҷое, ки ҳаром аст, он ҷо набош. Ҳар ҷое, ки фарз аст (масалан намоз), он ҷо ғоиб набош.

 

Боби 5: Қиссаи ҳақиқӣ — Оинаи амалҳо

            Ман қиссае аз қиссаҳои гузаштагон намекунам, то бар ин мавзуъ далел биёрам. На, қиссаи ҳақиқиеро зикр хоҳам кард, ки дар ин замон воқеъ шудааст.

Қиссаи ҳақиқӣ, ки дар яке аз рӯзномаҳо нашр шуда буд. Соҳиби қисса худ ин қиссаро нашр намудааст. Аз рӯзнома талаб карда, ки номашро нашр нанамоянд, фақат аз мардум инро хоста, ки аз он ибрат бигиранд. Соҳиби қисса мегӯяд:

«Ман дар донишгоҳ будам. Ҷавонони зиёде буданд, ки бо онҳо алоқа доштам ва аз ҷавондухтарон низ. Боре бо духтаре шинос шудам ва бо ӯ комилан алоқаи ғайришаръӣ барпо намудам. То як муддате ин алоқа идома пайдо кард, то ин ки аз ман ҳомиладор шуд. Вақте аҳли хонаводааш аз ин масъала огоҳ шуданд ва ҷавондухтар ҳам онҳоро аз ман хабар дод, бародараш ба назди ман омада, доду фарёд карда, ҳамла кард. Ман гуфтам, ки хоҳари туро намешиносам, рафта бин, ин ҳамлро (ҳомиладориро) аз куҷо овардааст? Ӯро тарк кардам ва рафтам. Чун онҳо бар зидди ман ягон ҳуҷҷату далеле надоштанд, маро ба ҳоли худ раҳо карданд.

Ман ҳам ин масъаларо фаромӯш кардам. Баъди чандин сол, боре ба хона даромадам, ногаҳон дидам, ки модарам бар рӯи замин аз ҳуш рафтааст. Кӯшиш кардам, ки бедораш кунам, ҳар вақте бармехост, фарёд мезад ва бори дигар аз ҳуш мерафт. Бори дигар бедораш мекунам, боз ҳам фарёд мезанад ва меафтад. Се маротиба чунин кардам, то ин ки гуфтам: «Модар, ба ту чӣ шудааст?». Фарёд мезанад ва мегӯяд, ки: «Хоҳарат...». Гуфтам: «Ба хоҳарам чӣ шудааст?». Гуфт: «Ӯ аз писари ҳамсоя ҳамл (кӯдак) бардоштааст».

            Ба назди писари ҳамсоя рафтам ва вақте ӯро доштам ва хостам бар ӯ дарафтам (ҳамла кунам), дар ин ҳолат ӯ суханеро гуфт, ки миёни қалби маро ҳамчун тир сурох карда гузашт. Оё медонед, ки чӣ гуфт? Ӯ гуфт: «Ман хоҳари туро намешиносам, рафта бин, ин ҳамлро аз куҷо овардааст?». Субҳоналлоҳ, худи ҳамон иборае, ки ман ба духтари донишгоҳӣ гуфта будам! Ҷазову подош аз ҷинси амал мебошад.

Қисса тамом нашуд. Мегӯяд, ки ман дардҳои нафсии сахтеро эҳсос намудам ва чашидам. Ва баъди чандин сол наздик буд, ки хонадор шавам. Баъд аз хостгорӣ барои тӯй кардан омодагӣ гирифта будем, дар рӯзи тӯй муфаҷаае (ҳодисаи ногаҳонӣ ва нохуше) рух медиҳад: ногаҳон маълум мешавад, ки арӯси ман пеш аз ин зинокор будааст. Ӯ ба ман мегӯяд: «Ту айби маро бипӯшон, Худованд айби туро бипӯшонад». Дар дили худ гуфтам: «Халос, эй Парвардигорам, кифоя аст. Ин қадар ҷазову уқубат бас аст».

Мегӯяд, ки зарбаи дуввумро низ нӯшидам ва ин ғуссаро бо ниҳояти душворӣ фурӯ бурдам. Бо ӯ чандин солҳо зиндагӣ кардам. Аз ӯ тифлеро таваллуд кардам, ки ҳамчун моҳтоб буд. Вақте ба синни шашсолагӣ расид, духтар аз кӯча омада, гиря мекард. Ба ӯ гуфтам: «Чӣ шуд?». Гуфт: «Посбони бинои мо ӯро таҷовуз намудааст». Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-ъалийи-л-ъазим.

“Онҳо чораву макре меандешанд ва Худо (ҳам) тадбир мекард ва Худованд беҳтарин (чораҷӯён ва) тадбиркунандагон аст”. (Сураи Анфол: 30)».

Шарҳ ва тавзеҳи муфассал:

            Ин қиссаи такондиҳанда тасдиқи як қоидаи бузурги Илоҳӣ ва ахлоқист: «Ал-ҷазоу мин ҷинси-л-ъамал» (Ҷазо мувофиқи амал аст).

1.     Рашки Худованд ва номус: Вақте инсон ба номуси дигарон дастдарозӣ мекунад, ӯ дар асл ба ҳудуди рашки Илоҳӣ ворид шудааст. Чуноне ки дар қисматҳои қаблӣ гуфтем, Худованд бар бандагонаш рашк дорад. Вақте инсон "пардаи ҳаё"-ро дар хонаи дигарон медарад, Худованд низ пардаи ӯро дар миёни аҳли байташ медарад.

2.     Такрори таърих: Диққат кунед, ҳатто ҷумлае, ки он ҷавон ба бародари духтари аввала гуфта буд, калима ба калима ба худаш баргашт. Ин нишонаи он аст, ки ҳеҷ чиз дар назди Худо гум намешавад.

3.     Зино ва қарзи номус: Дар осори бузургон омадааст, ки "Зино қарз аст, агар онро бигирӣ, ҳатман аз аҳли байтат (зану духтарат) бозпас гирифта мешавад". Ин маънои онро надорад, ки он духтарон гунаҳкоранд, балки ин як ҷазои маънавӣ ва дарднок барои худи он мард аст, ки бубинад чи гуна азизонаш қурбони амалҳои ӯ мешаванд.

4.     Тавба ва ибрат: Ин қисса барои он аст, ки ҷавонон бидонанд: Худованд "Ҳалим" аст, фурсат медиҳад, аммо вақте ки инсон исрор бар гуноҳ мекунад, рашки Илоҳӣ боиси интиқом мегардад.

 

Боби 6: Натиҷагирӣ ва тавсияҳо

            Бародар ва хоҳари гиромӣ! Магӯ, ки ин ҷазоҳо бар ин шахси осӣ (гунаҳкор) ва нофармонбардор зиёд аст, на. Он духтари донишгоҳие, ки бо ӯ кори ҳаромро шурӯъ намуд, дар аввали қисса бародаре дошт, ки ин воқеа барояш хабари ногаҳонӣ буд. Худованд барои ӯ ҷазоеро ба хоҳараш муқаррар намуд. Вақте он духтар ба шавҳар мебарояд, ин ҳодиса барои шавҳар маълум мешавад, ки барояш як даҳшат мешавад; пас Худованд дар бадали даҳшати шавҳараш, ӯро ба ин зане мубтало гардонид, ки чунин рафтор бо ӯ карда шудааст. Ва ӯ падаре дошт, ки қалбаш ба духтараш пора гашта буд, пас Худованд ба духтараш ӯро мубтало намуд.

            Ҷазову подош аз ҷинси амал аст. Бар ӯ лозим аст, ки оқибати рафторашро бардошт намояд. Аммо касе, ки барои ӯ чизе рӯх дод, ки дар ин кор гуноҳе надошта буд, дар ин қисса, инҳо ибтилооте (имтиҳонҳое) мебошанд, ки Худованд ба сабаби инҳо бандагонашро дараҷаҳое баланд мебардорад ва корҳои бадашонро каффора (маҳву несткунандаи гуноҳ) менамояд.

            Соҳиби ин қисса аз рӯзномаҳо талаб намудааст, ки ин қиссаро нашр намоянд, то мардум аз ин ибрат бигиранд. Пас, оё пандгирандае ҳаст? Ҳоло ҳам хоҳиши худат аз дастуроти Аллоҳ таъоло ва фармоишоташ болотар меистад? Ҳоло ҳам Аллоҳро нашинохтӣ? Ҳоло ҳам аз рашки Ӯ бохабар нагаштӣ? Пас кай? Оё фурсат дорӣ?

Бародарон ва хоҳарон, Парвардигорамон ниҳоят ғайюр (бо рашк) мебошад. Бар он чӣ ҳаром гардонидааст, ниҳоят ғайюр аст, пас барои онҳо интиқом мегирад. Бинобар ин огоҳ бош ва худро дар интиқоми Аллоҳ таъоло гирифтор макун. Балки аз ин беҳтар ҷое ҳаст, ки он раҳмати Аллоҳ аст, худро ба он ҷой расон.

Аз Худованд талаб менамоем, ки бадиҳои моро бипӯшонад ва аз нооромиҳои нафсӣ эмин гардонад. Омин.

 Шарҳ ва тавзеҳи муфассал:

Дар ин ҷамъбаст, муаллиф ба чанд нуктаи муҳими ахлоқӣ ва эътиқодӣ ишора мекунад:

1.     Адолати Илоҳӣ дар ҷазо: Муаллиф шарҳ медиҳад, ки чаро ҷазо ба инсонҳои атрофи он гунаҳкор (хоҳар, ҳамсар, духтар) низ расид. Ин ҷо ду паҳлӯ ҳаст: аз як тараф ин барои худи он шахси гунаҳкор дардноктарин ҷазост (дидани азоби азизон), аз тарафи дигар, барои он наздиконе, ки худашон бегуноҳанд, ин ҳодиса на ҷазо, балки "ибтило" (имтиҳони Илоҳӣ) аст. Худованд тавассути ин сахтиҳо гуноҳони гузаштаи онҳоро мебахшад ва мақомашонро дар охират баланд мекунад.

2.     Ғайрати Илоҳӣ ва Раҳмат: Мавзуи асосӣ — Рашки Худованд — дар ин ҷо ҷамъбаст мешавад. Рашки Худо танҳо барои манъ кардан нест, балки барои ҳифз кардани банда аз чоҳи гуноҳ аст. Муаллиф даъват мекунад, ки инсон набояд ба ҷое бирасад, ки рашки Худоро ба ғазаб ва интиқом табдил диҳад.

3.     Интихоби роҳ: Инсон ҳамеша дар миёни ду роҳ аст: роҳи "Интиқом" (идома додани гуноҳ ва беэътиноӣ ба рашки Худо) ва роҳи "Раҳмат" (тавба ва бозгашт ба сӯи покӣ).

4.     Хулосаи тарбиявӣ: Ҳадафи ин силсиламавзуъ ин аст, ки мо ба ҳар як амали худ аз призмаи "Худо чӣ гуна муомила мекунад?" нигоҳ кунем. Агар бидонем, ки Ӯ бар покдоманӣ ва номуси мо рашк дорад, мо ҳеҷ гоҳ ба номуси дигарон дастдарозӣ намекунем.

 

Тавсияҳо барои муомила бо рашки Аллоҳ:

1.     Ҳаргиз хоҳиши нафси худро аз дастуроти Аллоҳ болотар нагузор.

2.     Бидон, ки Парвардигорамон ниҳоят ғайюр (борашк) аст; худро дар интиқоми Ӯ гирифтор макун.

3.     Аз ҷои интиқом ба ҷои раҳмати Аллоҳ бигрез ва худро ба он ҷой расон.

4.     Аллоҳро дар танҳоӣ ва ошкоро ҳозиру нозир бидон.

Аз Худованд талаб менамоем, ки бадиҳои моро бипӯшонад ва аз нооромиҳои нафсӣ эмин гардонад. Омин.