Оё робитаи корфармо ва коргар танҳо як шартномаи хушки молӣ аст ё пайванди бародарӣ ва ободонии ҷаҳон? Ислом каромати инсонро асли собит ва болотар аз ҳар гуна тиҷорат медонад. Бихонед, ки чӣ гуна фиқҳи Ҳанафӣ ва Суннати Набавӣ аз истисмори коргарон ва поймолшавии ҳаққи онҳо ҷилавгирӣ мекунанд.
КАРОМАТИ ИНСОН ДАР ИСЛОМ
ВА МАНЪИ ИСТИСМОРИ КОРМАНД
(Қисми 1)
Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим ин ҳақиқати бузургро эълон карда, мефармояд: «Ва ба рости, Мо фарзандони Одамро каромат (иззат ва бузургӣ) бахшидем ва онҳоро дар хушкиву дарё бардоштем ва аз чизҳои покиза рӯзиашон додем ва онҳоро бар бисёре аз он чӣ офаридаем, бартарии намоён додем» (Сураи Исро, ояти 70).
Савол барои тафаккур ва тааммул
Оё ба коргаре, ки зери дасти шумо кор мекунад, ҳамчун як шарику ҳамкор дар ободонии ҷаҳони ҳастиву коинот ва баровардани ниёзҳои мардум менигаред? Ё ӯро танҳо як абзоре мебинед, ки вақту қувваашро бо пули худ харидаед?
Каромати инсонӣ — асли устувори шариат
Ислом муқаррар кардааст, ки каромат (иззат, бузургдошт ва шараф) як ҳаққи табиӣ ва муштарак миёни тамоми бани Одам аст. Дар ин ҳақ ҳеҷ табақае бар табақаи дигар бартарӣ надорад. Камбуди молу ниёзмандии моддӣ ҳаргиз ин каромати фитриро аз инсон намеситонад.
· Дидгоҳи тафсири фиқҳӣ: Имом Ҷассос дар тафсири маъруфи худ "Аҳкомул Қуръон" мегӯяд, ки ин каромати илоҳӣ аз рӯзи офариниш шомили ҳар як инсон мешавад. Ин асл тақозо мекунад, ки ҷону мол, обрӯву номус ва нафси инсон ҳифз карда шавад.
· Моҳияти кор: Кор дар Ислом барои он машруъ ё шариат шудааст, ки василае барои ҳифзи обрӯ ва бениёзии инсон бошад. Он набояд ба дарвозае барои хор кардани нафси инсонӣ ё паст задани қадру қимати ӯ табдил гардад.
ТАФОВУТИ МОДДӢ БАРОИ ХИДМАТ БА ҶАҲОН АСТ, НА БАРОИ ТАКАББУР
(Қисми 2)
Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд: «Оё онҳо раҳмати Парвардигори туро тақсим мекунанд? Мо маъишат (ризқу рӯзӣ)-и онҳоро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва баъзеро бар баъзеи дигар ба дараҷаҳое баландтар кашидаем, то баъзе аз онҳо баъзеи дигарро ба хидмат (тасхир) гиранд. Ва раҳмати Парвардигори ту аз он чӣ онҳо ҷамъ мекунанд, беҳтар аст» (Сураи Зухруф, ояти 32).
Ҳақиқати тафовути моддӣ дар ҷомеа
Тафовути моддӣ ва иҷтимоии миёни мардум дар ризқ, вазифа ва масъулиятҳо як суннату қонуни илоҳист. Ҳадаф аз он гардиши чархи зиндагӣ ва такмили манфиатҳои муштарак аст, на василае барои такаббур ва худболобинии як табақа бар табақаи дигар.
Маънои ҳақиқии «ба хидмат гирифтан» (Тасхир)
Имом Табарӣ ва Имом Замахшарӣ шарҳ додаанд, ки калимаи «Сухрийя» дар ин оят ба маънои масхара ва масхарабозии урфӣ нест. Он аз решаи "Тасхир" ба маънои ба хидмат гирифтан ва ҳамоҳанг сохтан аст:
1. Кумаки муштарак: Ин низом барои он аст, то баъзеҳо баъзеи дигарро дар баровардани ниёзҳо ва ободонии зиндагӣ кумак кунанд.
2. Табодули манфиат: Сарватманд моли худро барои ба кор андохтани коргар сарф мекунад. Коргар қувваву таҷрибаашро барои тавлиду сохтмон ба кор мебарад.
3. Баробарии инсонӣ: Дар ҳақиқат, ҳама хидматгузори якдигаранд. Ин тавозун робитаи онҳоро робитаи "такмил ва табодули манфиатҳо" месозад, на робитаи "хоҷа ва ғулом".
ҲАРОМ БУДАНИ ИСТИСМОРИ НИЁЗМАНДӢ ВА ДИДГОҲИ НИЁГОН
(Қисми 3)
Паёмбарамон ﷺ робитаи корӣ ва хизматиро пеш аз он ки як шартномаи молӣ бошад, робитаи "бародарӣ" тавсиф карда, мефармоянд: «Коргузорон ва хизматгорони шумо бародарони шумоянд, ки Худованд онҳоро зери дасти шумо қарор додааст. Пас, ҳар касе, ки бародараш зери дасти ӯ бошад, бояд аз он чӣ худ мехӯрад, ба ӯ бихӯронад ва аз он чӣ худ мепӯшад, ба ӯ бипӯшонад ва онҳоро ба корҳое, ки аз тавонашон берун аст ва бар онҳо ғолиб меояд, маҷбур накунед. Ва агар онҳоро ба чунин корҳо вазифадор кардед, пас худатон ба онҳо кумак кунед» (Ривояти Бухорӣ).
Шарҳи тарбиявии ҳадиси Набавӣ
Суннати Набавии шариф як девори муҳкам ва ҳимоятӣ сохтааст, то нагузорад ниёзмандӣ ва фақри коргар ба василае барои истисмор, фишор овардан барои кам кардани маош, ё бор кардани кори берун аз тавоноӣ, табдил шавад:
· Пайванди бародарӣ: Паёмбар ﷺ калимаи "коргарон" ё "муздурон"-ро истифода набурданд, балки калимаи «бародарони шумо»-ро пеш кашиданд. Ин барои он аст, то пайванди инсониву имониро бар робитаи хушки корӣ муқаддам донанд.
· Огоҳӣ ба корфармо: Ҷумлаи «Худованд онҳоро зери дасти шумо қарор додааст» як огоҳии сахт аст. Низоми коинот ба дасти Худост. Оне, ки имрӯз ба ту сарват додааст, метавонад онро ҳар лаҳза бигирад ва туро зери дасти дигарон аҷиру коргар созад.
· Манъи маҷбурсозӣ: Паёмбар ﷺ дар идомаи ҳадис мефармоянд, ки онҳоро ба корҳои берун аз тавонашон маҷбур накунед ва агар вазифадор кардед, худатон ба онҳо кумак кунед.
Муносибати Саҳобагон (р)
Аз Абумасъуди Бадрӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: "Ман ғуломи (коргари) худро бо қамчин мезадам. Ногаҳон аз пушти сарам овозеро шунидам, ки мегуфт: (Бидон, эй Абумасъуд!). Аз шиддати хашм овозро нашинохтам. Вақте ки он шахс ба ман наздик шуд, дидам, ки ӯ Расули Худо ﷺ аст. Фармуданд: (Бидон, эй Абумасъуд, ки тавоноӣ ва қудрати Худованд бар ту бештар аз қудрати ту бар ин ғулом аст). Ман гуфтам: Ё Расулаллоҳ, ӯ дар роҳи Худо озод аст! Паёмбар ﷺ фармуданд: (Агар ин корро намекардӣ, оташи дӯзах туро месӯзонд)" (Ривояти Муслим).
Қоидаҳои асосии фиқҳи Ҳанафӣ
Фақеҳони ҳанафӣ дар китобҳои муътамади худ, ба монанди "Ал-Баҳрур-Роиқ" ва "Раддул Муҳтор"-и Ибни Обидин муқаррароти зеринро акс кардаанд:
1. Маҳдудияти шартнома: Шартномаи корӣ танҳо бар "суд ва кӯшиши маҳдуд" дар вақти муайян баста мешавад, на бар "нафс ё озодии коргар".
Шарҳ: Корфармо танҳо вақт ва маҳорати коргарро барои иҷрои як вазифаи муайян мехарад, на худи коргарро. Масалан, агар шахс ҳамчун ронанда ба кор қабул шуда бошад, корфармо ҳақ надорад ӯро ба корҳои хонааш ё корҳои вазнини сохтмонӣ маҷбур кунад, зеро ин зулм бар озодии инсон аст. Коргар ғулом нест, балки шарики кории шумост.
2. Манъи таҳқир: Корфармо ҳақ надорад коргарро бо сухан ё амал хор кунад ё дашном диҳад. Одамизод дар шариат мукаррам аст ва каромати инсонӣ зери шартномаҳои хариду фурӯши молӣ қарор намегирад.
3. Зулми ошкор: Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ таъкид мекунад, ки маҷбур кардани коргар ба корҳои пасткунандаи шараф (ки дар шартнома зикр нашудаанд), зулми ошкор аст. Ин кор шартномаро фосид мекунад ва корфарморо лоиқи ҷазои таъзирӣ месозад.
ТАҲЛИЛИ ВОҚЕИЯТ, ХАТОҲО ВА ХУЛОСАҲОИ ШАРЪӢ
(Қисми 4)
Татбиқоти воқеӣ дар замони мо
Фиқҳи каромат дар замони муосри вақте дида мешавад, ки соҳиби ширкат бо коргаронаш бо алфози зебо муомила кунад. Аз дашном бипарҳезад ва шароити беҳдоштиро муҳайё созад. Корфармои солеҳ ҳаргиз аз камии ҷойҳои корӣ истифода намуда, ба коргар маоши ниҳоят камро бо ҷумлаи золимона бор намекунад: "Агар ба ту маъқул набошад, дар берун ҳазорон нафар мунтазири ин кор ҳастанд!".
Хатоҳои маъруфи мо
1. Истисмори ночорӣ (Поймол кардани ҳаққи коргар): Вақте корфармо медонад, ки коргар дар ҳолати сахти молию оилавӣ қарор дорад (ё беморе дар хона дорад), маоши ӯро аз нархи бозор хеле пасттар пешниҳод мекунад, зеро медонад, ки ӯ аз ночорӣ розӣ мешавад.
2. Равонияти "Ман пул медиҳам, пас соҳиби ту ҳастам": Рафтори баъзе корфармоён бо коргарон гӯё онҳо ашё ё моли шахсӣ бошанд, дар ҳоле ки шартнома танҳо барои як хидмати муайян аст.
Илоҷи шаръӣ (Ташхис)
Давои ин дард — зинда кардани асли "Тақвои Худо дар ҳаққи заифон" ва ёдоварии корфармоён аз ин ки аҳволи дунё зуд тағйир меёбад.
Корфармо бояд ҳамеша ин тарозуи ахлоқиро дар назари худ дошта бошад ва аз худ бипурсад: «Агар ин коргар худам мебудам ё фарзанд ё бародари ман мешуд, оё розӣ мешудам, ки бо ӯ чуни рафтору чунин маоши паст раво дида шавад?».
Боргирӣ (Скачать) 003_Коргар ва корфармо дар мизони Ислом. Каромати инсон