Дарси бузурги фарзандӣ
(Қиссаи ибратомӯз)
Рӯзе як ҷавон падари пиру заифи худро ба яке аз тарабхонаҳои боҳашамат ва гаронқимати шаҳр барои шом бурд. Падар хеле пир буд ва дастонаш меларзиданд. Вақте ба хӯрдан шурӯъ кард, бинобар ларзиши дастонаш, таом ба рӯи миз, фарш ва либосҳояш мерехт.
Ин манзара таваҷҷӯҳи тамоми мизоҷони тарабхонаро ба худ ҷалб кард. Одамон бо тааҷҷуб ва баъзеҳо бо нигоҳҳои нохуш ба онҳо менигаристанд. Аммо ҷавон заррае ҳам хиҷолат накашид ва бо камоли оромӣ, сабр ва меҳрубонӣ мунтазир шуд, то падараш хӯрокро тамом кунад.
Пас аз поёни таом, ҷавон бо камоли эҳтиром дасти падарашро гирифта, ӯро ба дастшӯӣ бурд. Дасту рӯй ва даҳони падаро шуст, либосҳояшро пок кард ва мӯйҳояшро шона зад. Сипас баргашта, ҷои хӯрдаи падарашро низ бо оромӣ ҷамъ кард, пули таомро супурд ва ҳамроҳи падар ба сӯи хуруҷ равон шуд.
Тамоми ҳозирини тарабхона дар ҳайрат буданд ва ба ин ҷавону рафтораш менигаристанд.
Вақте онҳо мехостанд савори мошин шаванд, марди калонсоле аз даруни тарабхона давон-давон худро ба онҳо расонд. Ӯ пешониву сари он ҷавонро бӯсид ва гуфт: «Ҷаноб, магар пай набурдӣ, ки дар тарабхона чизеро фаромӯш кардӣ ва гузошта омадӣ?»
Ҷавон бо тааҷҷуб гуфт: «На, чизеро гузошта наомадаам».
Мард ҷавоб дод: «Бале, ту дар он ҷо барои ҳар як бинанда як дарси бузургу балиғи "Некӣ ба падару модар"-ро гузошта омадӣ! Мо ҳама меравем, аммо ин дарсу ибрати неки ту боқӣ хоҳад монд».
Оятҳо ва ҳадисҳо дар бораи некӣ ба волидайн (Бирри волидайн)
Ин ҷавони солеҳ бо рафтори худ нишон дод, ки барои комёбӣ аз ин имтиҳони бузург ва барои ба даст овардани муҳаббату ризоияти Аллоҳ таъоло ин корҳоро анҷом додааст:
📖 Оятҳо ва ҳадисҳо дар бораи некӣ ба волидайн (Бирри волидайн)
1. Аз Қуръони Карим:
Аллоҳ таъоло дар сураи Исрои, оятҳои 23-24 мефармояд:
"وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۚ إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا. وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا".
«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба пирӣ расанд, ба онҳо ҳатто "уф" магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва бо онҳо сухани шоиставу бузургвор бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ боли фурӯтаниро барояшон фуруд ор ва бигӯ: Парвардигоро!, бар онҳо раҳм кун, ҳамон гуна ки маро дар хурдӣ тарбият карданд».
2. Аз Суннати Набавӣ (Ҳадисҳо):
· Ризоияти Аллоҳ дар ризоияти падар аст:
Паёмбар (с) фармудаанд:
"رِضَا الرَّبِّ فِي رِضَا الْوَالِدِ، وَسَخَطُ الرَّبِّ فِي سَخَطِ الْوَالِدِ" (Тирмизӣ)
«Ризоияти Парвардигор дар ризоияти падар аст ва хашми Парвардигор дар хашми падар аст».
· Хизмати волидайн дар пирӣ — калиди биҳишт:
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Паёмбар (с) се бор фармуданд: «Хор бод, хор бод, хор бод касе...» Саҳобагон пурсиданд: Ё Расулуллоҳ, чӣ касе? Фармуданд:
·
"مَنْ أَدْرَكَ أَبَوَيْهِ عِنْدَ الْكِبَرِ، أَحَدَهُمَا أَوْ كِلَيْهِمَا ثُمَّ لَمْ يَدْخُلِ الْجَنَّةَ" (Муслим)
«Касе, ки падару модари худро дар пирӣ дарёбад, яке ё ҳардуро, ва (бо хизмати онҳо) дохили биҳишт нагардад».