«Оё хомӯшии мо дар баробари хатои дӯстон ва наздикон нишони эҳтиром аст ё хиёнат? Бузургтарин зулм ин аст, ки касеро дӯст бидорем, аммо дар роҳи ботилу ҳалокати охираташ бо ӯ ҳамсадо шавем. Дар ин мақола мо дар мавзӯи "Дӯстии ҳақиқӣ ва масъулияти имонӣ" аз нигоҳи андеша ва тадуббари мӯшикофонаи муҳаққиқони қуръонӣ, ки бар асоси оятҳо ва ашъор суҳбат мубтанӣ мебошад, хоҳем сӯҳбат кард.»
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

1. Худхоҳӣ дар либоси меҳрубонӣ
Касе, ки ботили наздикони худро (падар, модар, ҳамсар ё фарзанд) мебинад ва сукут мекунад, дар асл на ба онҳо, балки ба худ раҳм мекунад. Ӯ намехоҳад оромиши лаҳзавии худро халалдор кунад, ҳатто агар ин оромиш ба қимати сӯхтани наздиконаш дар оташи гуноҳ ва хашми Илоҳӣ бошад.
2. Қурбонӣ кардани ризояти Холиқ барои роҳати махлуқ
Сукут дар баробари ботили аҳли байт маънои онро дорад, ки шахс хушнудии Аллоҳ таъолоро аз даст медиҳад, то танҳо «гапаш гурезон» нашавад. Ин муомилаи бисёр зиёновар аст: ба даст овардани лабханди муваққатии банда ба қимати гирифтор шудан ба хашми абадии Парвардигор.
3. Хиёнати пинҳон ба пайвандони хунӣ
Агар шумо бинед, ки фарзанд ё бародари шумо заҳр менӯшад, оё ба хотири «ногувор нашудани ҳолат» сукут мекунед? Ботил ва гуноҳ заҳри рӯҳ аст. Касе, ки айби наздиконашро мебинад ва бо онҳо «мудоҳана» (хушомадгӯӣ) мекунад, дар ҳақиқат роҳи суқути онҳоро ҳамвор месозад. Ин на дӯстӣ, балки хиёнати маҳз аст.
4. Оромиши дурӯғин — оғози фалокати воқеӣ
Шиори ин гуна афрод ин аст: «Ман намехоҳам асабамро вайрон кунам». Аммо ин оромиш мисли хобидан дар хонаест, ки оташ гирифтааст. Бо сукут кардан, шумо иҷозат медиҳед, ки ботил дар хонавода реша давонад, ки дар ниҳоят ҳам дунё ва ҳам охирати ҳамаро вайрон хоҳад кард.
5. Масъулияти имонӣ: Наҷот додани худ ва аҳли худ
Қуръони Карим мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва аҳли байтатонро аз оташ ҳифз кунед». Сукут дар баробари ботил хилофи ин амри Илоҳист. Дӯстдори воқеӣ касест, ки ҳатто бо қимати ранҷиши муваққатӣ, азизонашро аз ҳалокати доимӣ боздорад.
Хулосаи тезис:
«Сукути ту ба хотири оромиши худат, имзоест бар варақаи ҳалокати азизонат. Касе, ки ҳақро намегӯяд, то маҳбуб бимонад, дар назди Аллоҳ маҳкум ва дар назди виҷдон хоин маҳсуб мешавад.».
