بسم الله الرحمن الرحيم
الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله محمد وعلى آله وصحبه أجمعين.
أما بعد...

КИТОБИ ТАҲОРАТ
Вузӯ
Фарзҳои вузӯ:
Дар вузӯ чаҳор амал (чиз, рафтор) фарз аст:
|
АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА بسم الله الرحمن الرحيم الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله محمد وعلى آله وصحبه أجمعين. أما بعد... КИТОБИ ТАҲОРАТ Вузӯ Фарзҳои вузӯ: Дар вузӯ чаҳор амал (чиз, рафтор) фарз аст: 1. Шустани сурат (рӯй) дар тӯл (дарозӣ) аз болои пешонӣ (ибтидои маҳалли рӯидани мӯи сар) то зери чона ва занахдон (зени манаҳ) ва дар арз (аз рӯи бараш) то ҳарду гӯш. Ёдоварӣ: Чунончи риши касе анбӯҳ ва ганҷон (зиёд) бошад, расонидани об дар буни (решаи) мӯҳои риш, лозим нест. 2. Шустани ҳарду даст то оринҷҳо. 3. Масҳи чаҳоряки сар. 4. Шустани ҳарду по то шитолангҳо (устухонҳои пошнаи по, қузак, буҷилак). Чунончи аз чаҳор узви мазкур ба андозаи як нохун ё камтар аз он ҳам хушк бимонад, вузӯ саҳеҳ нест.
Суннатҳои вузӯ: Суннатҳои вузӯ ба ин тартиб ҳастанд: 1. Хондани “Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим” дар ибтидои вузӯ. 2. Се бор шустани ҳарду даст то мучи даст (банди даст). 3. Се бор бо даст об дар даҳон ва бинӣ кардан. 4. Мисвок задан. 5. Се бор шустани ҳарду даст бо оринҷҳо. *** |
![]() |
|
Масҳи музаҳо (масҳӣ): Муза (масҳӣ) бояд бо таҳорати комил пушида шавад, онгоҳ масҳ бар он ҷоиз аст. Шахси муқим метавонад ба муддати як шабонарӯз ва мусофир ба муддати се шабонарӯз аз ҳангоми бевузӯ шудан, бар музаҳои хеш масҳ кунад. Фарз дар масҳи музаҳо ба миқдори се ангушти даст аст. Ва суннат аст, ки бо ҳар панҷ ангушти даст аз сари ангушти по то ибтидои соқ масҳ кунад. Агар музаҳо чунон пора (сурох ё дарида) шаванд, ки дар роҳ рафтан миқдори се ангушти по зоҳир шавад, масҳ бар онҳо раво нест. Агар шахсе бо вузӯ буд ва як музаро аз по берун кашид ба тавре аксари қадам аз маҳалли худ, д ар соқи муза берун омад, ё ин ки муддати масҳи муза тамом шуд, дар ҳарду сурат, ҳарду музаро бирун кашида, фақат поҳоро бишӯяд ва баргардонидани тамоми вузӯ лозим нест.
Дуъаои баъд аз вузӯ: Алшаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ. Аллоҳуммаҷъалнӣ минаттаввобина ваҷъалнӣ миналмутатаҳҳирин. Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду алло илоҳа иллоҳа илло анта астағфирука ва атубу илайк. Тарҷума: “Шаҳодат медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ маъбуде “ба ҳақ” вуҷуд надорад, яктост ва шарике барои Ӯ нест. Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Парвардигоро! Манро аз тавбакунандагон бигардон ва ҷузви (ҷузъи) касоне қарор деҳ, ки комилан таҳорат мекунанд ва покизаанд. Худовандо! Покии туро баён мекунам, ва туро ситоиш менамоям, ва гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз ту дигар маъбуде “ба ҳақ” нест, аз ту талаби мағфират мекунам, ва дар ҳузурат тавба менамоям”. *** |
![]() |
|
Ин дуъоро пас аз итмоми вузӯ хонда, он гоҳ ду ракаъат намоз “Таҳияи вузӯ” (ё шукри вузӯ) бихонад.
Чизҳое, ки вузӯро ботил (бекор) мекунанд: 1- Ҳар чизе, ки аз маҷрои дафъи идрор (пешоб) ё мақъад (ҷои нишаст, пушт) берун ояд, вузӯро ботил мекунад. 2- Берун омадани хун ё чирк аз ҳар ҷои бадан ва расидани он ба маҳалле, ки шустани он маҳал лозим аст. 3- Истифроғи зардоб, об, хуни мунҷамид (шахшуда, лаълбаста) ба андозаи пурии даҳон. 4- Хуфтан (хоб кардан) бар пушт, ё бар паҳлӯ, ё такя зада ба чизе, ки агар он бардошта шавад, (он инсони хоб) бияфтад. 5- Девонагӣ. 6- Мастӣ. 7- Беҳӯшӣ. 8- Хандидан бо садои баланд дар намозе, ки дорои рукуъ ва саҷда бошад. 9- Мубошарати фоҳиша. Тамоми мавориде, ки зикр шуданд, вузӯро ботил мекунанд. Агар ба миқдори пурии даҳон балғам истифроғ кард, ба тавре, ки агар ҳамаи онҳо ҷамъ шаванд, ба андозаи пурии даҳон мерасанд, - аз назари имом Муҳаммад: Дар сурате, ки таҳаввуъ (дилбеҳузурӣ) яке бошад, вузӯяш ботил мешавад. - аз назари имом АбуЮсуф: Агар маҷлис яке бошад вузӯ ботил мешавад. *** Хоб дар ҳоли истодан ё нишастан бидуни такя ё дар ҳоли рукуъ ва саҷдаи маснуна вузӯро ботил намекунад. |
![]() |
|
Ғусл Фароизи ғусл: Дар ғусл се чиз фарз аст: 1. шустани тамоми бадан аз сар то по. 2. Об дар даҳон кардан. 3. Об дар бинӣ кардан. Суннатҳои ғусл: Суннат дар тариқаи ғусл он аст, ки аввал дастҳоро (то банди даст) бишӯяд, сипас наҷосатро аз бадани хеш пок карда, вузӯ кунад, онгоҳ тамоми баданро се маротиба бишӯяд. Чунончӣ дар маҳалле ки ғусл мекунад, об ғусл ҷамъ мешавад, поҳои худро пас аз итмоми ғусл бишӯяд. Масъала: Расонидани об дар буни (решаи) мӯҳои бофташуда, бар занон фарз аст. Аммо шикофтани (кушодани) онҳо лузуме надорад. Ва мард агар мӯи бофташуда дошта бошад, ки шикофтан ва шустан тамоми мӯйҳо аз сар то по бун фарз аст. Ончӣ ғусл (кардан)-ро воҷиб мекунад: 1- Ҷимоъ ба ҳар сурат, ки бошад, чӣ бо зан ё бо мард (амали номашруъи ливот) гарчӣ инзоли манӣ нашавад. 2- Ҳангоми инқитоъи хуни ҳайз ва қоъидагӣ. 3- Ҳангоми инқитоъи хуни нифос. 4- Эҳтилом. Агар касе эҳтилом (хоб дид) шуд, вале манӣ берун наёмад ва осори манӣ ҳам мушоҳида нагардид. Ғусл бар ӯ воҷиб намешавад. |
![]() |



