Featured

АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА - 020

«Барои он ки ин масири мураккаби маънавиро қадам ба қадам тай кунем, мақоларо ба бахшҳои зерин тақсим намудем:»

 

Ғусл

Фароизи ғусл:

Дар ғусл се чиз фарз аст:

1.    шустани тамоми бадан аз сар то по.

2.    Об дар даҳон кардан.

3.    Об дар бинӣ кардан.

Суннатҳои ғусл:

Суннат дар тариқаи ғусл он аст, ки аввал дастҳоро (то банди даст) бишӯяд, сипас наҷосатро аз бадани хеш пок карда, вузӯ кунад, онгоҳ тамоми баданро се маротиба бишӯяд.

Чунончӣ дар маҳалле ки ғусл мекунад, об ғусл ҷамъ мешавад, поҳои худро пас аз итмоми ғусл бишӯяд.

Масъала:

Расонидани об дар буни (решаи) мӯҳои бофташуда, бар занон фарз аст. Аммо шикофтани (кушодани) онҳо лузуме надорад. Ва мард агар мӯи бофташуда дошта бошад, ки шикофтан ва шустан тамоми мӯйҳо аз сар то по бун фарз аст.

Ончӣ ғусл (кардан)-ро воҷиб мекунад:

1-    Ҷимоъ ба ҳар сурат, ки бошад, чӣ бо зан ё бо мард (амали номашруъи ливот) гарчӣ инзоли манӣ нашавад.

2-    Ҳангоми инқитоъи хуни ҳайз ва қоъидагӣ.

3-    Ҳангоми инқитоъи хуни нифос.

4-    Эҳтилом.

Агар касе эҳтилом (хоб дид) шуд, вале манӣ берун наёмад ва осори манӣ ҳам мушоҳида нагардид. Ғусл бар ӯ воҷиб намешавад.