|
Ин дуъоро пас аз итмоми вузӯ хонда, он гоҳ ду ракаъат намоз “Таҳияи вузӯ” (ё шукри вузӯ) бихонад.
Чизҳое, ки вузӯро ботил (бекор) мекунанд: 1- Ҳар чизе, ки аз маҷрои дафъи идрор (пешоб) ё мақъад (ҷои нишаст, пушт) берун ояд, вузӯро ботил мекунад. 2- Берун омадани хун ё чирк аз ҳар ҷои бадан ва расидани он ба маҳалле, ки шустани он маҳал лозим аст. 3- Истифроғи зардоб, об, хуни мунҷамид (шахшуда, лаълбаста) ба андозаи пурии даҳон. 4- Хуфтан (хоб кардан) бар пушт, ё бар паҳлӯ, ё такя зада ба чизе, ки агар он бардошта шавад, (он инсони хоб) бияфтад. 5- Девонагӣ. 6- Мастӣ. 7- Беҳӯшӣ. 8- Хандидан бо садои баланд дар намозе, ки дорои рукуъ ва саҷда бошад. 9- Мубошарати фоҳиша. Тамоми мавориде, ки зикр шуданд, вузӯро ботил мекунанд. Агар ба миқдори пурии даҳон балғам истифроғ кард, ба тавре, ки агар ҳамаи онҳо ҷамъ шаванд, ба андозаи пурии даҳон мерасанд, - аз назари имом Муҳаммад: Дар сурате, ки таҳаввуъ (дилбеҳузурӣ) яке бошад, вузӯяш ботил мешавад. - аз назари имом АбуЮсуф: Агар маҷлис яке бошад вузӯ ботил мешавад. *** Хоб дар ҳоли истодан ё нишастан бидуни такя ё дар ҳоли рукуъ ва саҷдаи маснуна вузӯро ботил намекунад. |
![]() |
Featured
АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА - 019
«Барои он ки ин масири мураккаби маънавиро қадам ба қадам тай кунем, мақоларо ба бахшҳои зерин тақсим намудем:»
Саҳифаи 3 аз 4
МАҚОЛАҲО ВА СУҲБАТҲО
ҲОЗИР ДАР СОМОНА
Ҳоло дар сомона 401 меҳмон ва ҳеҷ истифодабарандае нест
