Featured

АҲКОМ ВА МАСОИЛИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ БО ЗАБОНИ СОДДА - 018

«Барои он ки ин масири мураккаби маънавиро қадам ба қадам тай кунем, мақоларо ба бахшҳои зерин тақсим намудем:»

Масҳи музаҳо (масҳӣ):

Муза (масҳӣ) бояд бо таҳорати комил пушида шавад, онгоҳ масҳ бар он ҷоиз аст.

Шахси муқим метавонад ба муддати як шабонарӯз ва мусофир ба муддати се шабонарӯз аз ҳангоми бевузӯ шудан, бар музаҳои хеш масҳ кунад.

Фарз дар масҳи музаҳо ба миқдори се ангушти даст аст. Ва суннат аст, ки бо ҳар панҷ ангушти даст аз сари ангушти по то ибтидои соқ масҳ кунад.

Агар музаҳо чунон пора (сурох ё дарида) шаванд, ки дар роҳ рафтан миқдори се ангушти по зоҳир шавад, масҳ бар онҳо раво нест.

Агар шахсе бо вузӯ буд ва як музаро аз по берун кашид ба тавре аксари қадам аз маҳалли худ, д ар соқи муза берун омад, ё ин ки муддати масҳи муза тамом шуд, дар ҳарду сурат, ҳарду музаро бирун кашида, фақат поҳоро бишӯяд ва баргардонидани тамоми вузӯ лозим нест.

 

Дуъаои баъд аз вузӯ:

Алшаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ. Аллоҳуммаҷъалнӣ минаттаввобина ваҷъалнӣ миналмутатаҳҳирин. Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду алло илоҳа иллоҳа илло анта астағфирука ва атубу илайк.

Тарҷума: “Шаҳодат медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ маъбуде “ба ҳақ” вуҷуд надорад, яктост ва шарике барои Ӯ нест. Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Парвардигоро! Манро аз тавбакунандагон бигардон ва ҷузви (ҷузъи) касоне қарор деҳ, ки комилан таҳорат мекунанд ва покизаанд. Худовандо! Покии туро баён мекунам, ва туро ситоиш менамоям, ва гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз ту дигар маъбуде “ба ҳақ” нест, аз ту талаби мағфират мекунам, ва дар ҳузурат тавба менамоям”.

***