Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ҳалқаи шашум
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Бо Худованд чигуна муносибат хоҳӣ кард,
вақте Ӯ туро дӯст дошт?
Ту чӣ эҳсос дорӣ, вақте бар рӯи ин замин ҳаёт ба сар мебарӣ, ба кор меравӣ, ғизо мехӯрӣ ва дар бозорҳо мегардӣ, дар ҳоле ки Худованди мутаъол (Яъне Аллоҳ, Парвардигори бузург) аз болои ҳафт осмон туро дӯст медорад?
Оё ту метавонӣ эҳсос намоӣ, ки он Зоте, ки тамоми мардум ба Ӯ ниёз доранд ва муҳтоҷи Ӯянд, туро аз миёни бандагонаш ихтиёр намуда, дӯст доштааст?
Ҳамоно Ӯ – Субҳонаҳу ва таъоло (Пок ва болотар аз ҳар нуқсон) – ҳамаи офаридаҳояшро яксон дӯст намедорад. Аммо туро бошад, дӯст доштааст. Бовар кун, ин масъала аз он ҳам бузургтар аст, ки ақли ту онро пурра дарк кунад ё шуъури ту онро дар худ ҷой диҳад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
«Ба зудӣ Худованд қавмеро меоварад, ки онҳоро дӯст медорад ва онҳо Ӯро дӯст медоранд».
Аз Худованд хоҳиш мекунам, ки ману шуморо аз ҷумлаи онҳо қарор диҳад. Омин.
Вале шумо медонед, ки чизи аҷиб дар ин масъала чист? Ҷои тааҷҷуб нест, ки Худованд гуфт: «…онҳо Ӯро дӯст медоранд…», балки тааҷҷуб дар он аст, ки гуфт: «…Онҳоро дӯст медорад».
Парвардигори мо онҳоро дӯст медорад? Бале! Ӯст, ки онҳоро офаридааст, рӯзияшон додааст, муҳофизаташон мекунад ва пай дар пай ба онҳо неъмату атоҳо мебахшад. Ва дар ниҳоят ҳам Ӯст, ки онҳоро дӯст медорад.
Эй Зоте, ки вақте ман туро нидо кардам: “Эй Парвардигори ман”,
Ту маро лаббайк (яъне: посух додӣ) гуфтӣ.
Эй Ягонае, ки дар мулкат дуюме нест.
Ман нофармонӣ мекунам, ту маро мепӯшонӣ (айбҳоямро пинҳон медорӣ).
Ман фаромӯш мекунам, ту маро ба ёд меорӣ.
Пас чигуна ман туро фаромӯш кунам, эй Зоте, ки ту маро ҳаргиз фаромӯш намекунӣ?
Бо Худованд чигуна муносибат хоҳӣ кард, вақте Ӯ туро дӯст дошт?
Оре, Худованди субҳон бандагони мӯъминашро дӯст медорад. Онҳо низ Ӯро дӯст медоранд. Балки дар дилҳояшон чизе маҳбубтар аз Ӯ вуҷуд надорад. Бузургтарин орзуи онҳо дидори Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мебошад.
Ибни Қаййим (раҳ) мегӯяд:
Ҷои тааҷҷуб ин нест, ки банда ба Парвардигораш наздикӣ меҷӯяд ва ба Ӯ некӣ мекунад, зеро аслан ҳамин бояд бошад. Аммо тааҷҷуб дар он аст, ки Сайиди Малик (Подшоҳи мутлақ) чигуна ба як банда аз бандагонаш некӣ мекунад, бо ҳар навъ неъмат ва ҳадия муҳаббаташро ба ӯ нишон медиҳад, дар ҳоле ки мумкин аст он банда аз ин неъматҳо рӯй гардонад.
Парвардигорамон ба бандагонаш некӣ мекунад, аммо баъзе бандагон аз Ӯ рӯй мегардонанд. Вале вақте Худованд як бандаро дӯст дорад, савганд ба Худо, ин пирӯзӣ ва комёбии равшан ва бузург аст.
Инҷое суоле ба миён меояд, ки:
Чигуна бидонем, ки Аллоҳ моро дӯст медорад?
Ин бисёр осон аст.
Агар ту дар зиндагӣ:
- корҳои итоат (фармонбардорӣ)-ро анҷом диҳӣ,
- ва аз корҳои ҳаром (манъшуда) дурӣ ҷӯӣ,
ин нишонаи он аст, ки Аллоҳ таъоло туро дӯст медорад. Оре дониста бош, ки Ӯ туро дӯст медорад.
Аломати дигар ин аст, ки аз мардум аҳли хайр ва аҳли дин туро дӯст медоранд. На он ки тамоми мардум туро дӯст доранд, зеро ҳеч кас ба муҳаббати ҳамаи мардум ноил нашудааст, ҳатто паёмбарон ҳам. Аммо дӯстӣ ва муҳаббати шахсони нофармону маъсияткор бошад, ҳеч вазне қимате надорад.
Агар аҳли масоҷид, аҳли салоҳ туро дӯст доранд, ин ишораест, ки Аллоҳ туро дӯст медорад. Ва вақте Аллоҳ таъоло бандаро дӯст дорад, Ҷибриил (а)-ро мефармояд, то ӯро дӯст дорад, ва тамоми фариштагон низ, бо дастури Ҷибриил (а) ӯро дӯст медоранд. Сипас дар рӯи замин барои ӯ қабули мардум қарор дода мешавад. Ба ин сурат, бо далолати фариштагон дар қалбҳои бандагони муъмин муҳаббати ӯ ҷойгир мешавад, ки дӯсташ медоранд. Чун яке аз онҳоро пурсида шавад, ки фалон нафарро дӯст дорӣ? Мегуяд: Савганд ба Аллоҳ, ки онро намешиносам, вале чун бори аввал ӯро дидам, дӯсташ доштам.
Оё аз ин ҳам бештар талаб дорӣ? Медонӣ боз кӣ туро дӯст медорад?
Бидон, ки ҳатто ҷамодот (ашёҳои беҷон) низ туро дӯст медоранд. Паёмбар (с) фармудааст:
«Уҳуд куҳест, ки моро дӯст медорад ва мо ӯро дӯст медорем». Ҳадис.
Чигуна муносибат кунем, вақте Худованд моро дӯст дошт?
Аввал: Ту низ Худовандро дӯст бидор.
Вақте Худованд туро дӯст дошт, ту низ Ӯро ҳамон гуна дӯст бидор, ки Ӯ туро дӯст доштааст. Ин муҳимтарин ва аввалиндараҷатарин вазифа аст. Оё подоши некӣ ҷуз некӣ чизи дигаре буда метавонад? Ба ростӣ, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ҳар касеро, ки дӯст бидорад, муҳаббаташ ба ӯ ҳақиқӣ ва бепоён аст.
Балки, ҳар қадаре ки муҳаббати банда нисбат ба Парвардигораш қавитар бошад, муҳаббати Худованд низ ба он банда комилтару пурратар хоҳад буд. Пас, касе назди Худованд маҳбубтар аз он бандае нест, ки Парвардигорашро сидқан дӯст медорад. Вақте Худо туро дӯст дошт, дигар аз чӣ ҳарос дорӣ? Ӯ ҳаргиз туро азоб намедиҳад ва ҷазо намекунад, зеро ту маҳбуби Ӯ ҳастӣ.
Пас, чӣ гуна метавон Ӯ Таъолоро дӯст надошт? Савганд ба Аллоҳе, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, ҳеҷ касе нест, ки бо сифатҳо ва афъоли Худованд ошно шавад ва дӯстдори Ӯ таъоло нагардад. Яъне ҳар касе Аллоҳро шинохт ва аз камолу ҷамоли сифатҳояш огоҳ шуд, ҳатман дар дилаш танҳо муҳаббати Ӯ ҷой мегирад; ин амрест ногузир.
Ман яқин дорам, ки ҳеҷ муъмине нест, ки дар дил муҳаббати Худоро надошта бошад, вале мизони ин муҳаббат аз як шахс то шахси дигар фарқ мекунад. Аммо барои ниҳояти муҳаббати банда ба Парвардигор ҳудуде нест, ҳамон гуна ки барои ҷамолу зебоии Худованд интиҳое вуҷуд надорад.
Табиати қалбҳо чунон аст, ки ба зебоӣ ва ҷамол майл доранд. Парвардигоре, ки мо Ӯро ибодат мекунем, дар ниҳояти зебоист. Балки зеботарин мавҷуде, ки дар ҳастӣ ҳаст, Аллоҳи Мутаол аст ва ҳеҷ чиз зеботар аз Ӯ нест. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд Худро «Ҷамил» (Зебо) номидааст. Вақеан ҳам, Ӯ зебост ва зебоиро дӯст медорад.
Дуввум: Вақте Аллоҳ таъоло туро дӯст дошт, аз фиқҳи муносибат ба Ӯ ин аст, ки аз Ӯ таъоло бештар ва зиёдтар талаб намои. Дуввум: Аз латоифи фиқҳи муомила бо Парвардигор ин аст, ки вақте бидонӣ Худованд туро дӯст медорад, бояд хостаҳоятро аз Ӯ бештар намоӣ. Талаб кун, талаб кун ва боз ҳам талаб кун! Дар хостан ва дуо кардан "зиёдаравӣ" намо (яъне ҳар чӣ бештар бихоҳ). Ҳар он чӣ дар дил дорӣ ва ҳар ниёзе, ки туро беқарор кардааст, ҳамаро ба даргоҳи Ӯ арз кун, зеро Ӯ ин исрори туро бисёр дӯст медорад.
Худованд мехоҳад, ки бандагонаш пайваста аз Ӯ талаб кунанд ва ин комилан баръакси хислати башар аст. Инсонҳо агар як ё ду бор аз онҳо чизе бихоҳӣ, дилтанг мешаванд ва дигар намехоҳанд ба дархости ту гӯш диҳанд. Аммо Худованд дар бораи бандаи маҳбубаш мефармояд: «Ва агар ӯ аз Ман чизе бихоҳад, албатта ба ӯ медиҳам ва агар аз Ман паноҳ талаб кунад, ҳатман ӯро паноҳ медиҳам».
Бале, савганд ба Худо, агар касе аз одамон туро озор диҳад, ба Худованд паноҳ бибар, ки Ӯ намегузорад ба ту зараре бирасад. Агар аз касе назди Худо шикоят барӣ, ба шикоятат ба ҳақ расидагӣ мекунад. Ва агар касе бихоҳад бо ту душманӣ кунад, оқибаташ албатта шикаст хоҳад буд.
Зеро Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: «...ва ҳар кас ба дӯсти Ман (ҳатто андак) азияте расонад, ҳамоно Ман бо ӯ эълони ҷанг мекунам».
Андеша кунед! Худованд ҷанг эълон мекунад? Кист он касе, ки тавони ҷанг кардан бо Худовандро дошта бошад?
Сеюм: Муносибати ту бо Худованд пас аз дастёбӣ ба муҳаббати Ӯ.
Агар Худованд туро дӯст дошт, тамоми талоши худро ба харҷ деҳ, то ин муҳаббату дӯстиро ҳифз намоӣ. Кӯшиш кун онро нигаҳбон бошад, то аз даст наравад. Расидан ба дараҷаи маҳбубияти илоҳӣ як марҳалаи ниҳоят муҳим дар ҳаёти туст, вале ин ҳанӯз поёни роҳ нест. Марҳалаи баъдӣ ва муҳимтар он аст, ки ин муҳаббати Худованд нисбат ба ту бардавом боқӣ бимонад.
Пас, вақте ба ин мақом расидӣ, онро бо ҷону дил ҳимоят кун, зеро аз даст додани муҳаббати илоҳӣ бузургтарин зиён барои инсон аст. Сахттарин азоби рӯҳӣ барои банда маҳрум шудан аз ин муҳаббат мебошад. Муҳаббати Худованд нисбат ба банда ба мисли рӯҳ дар ҷасад аст; ҳатто аз рӯҳ ҳам муҳимтар. Агар рӯҳ аз ҷасад ҷудо шавад, бадтарин иттифоқ ин аст, ки ҷисм мемирад, аммо касе, ки муҳаббати Худоро аз даст медиҳад, дар ҳаёти дунё ба азоби рӯҳии ҷонкоҳе гирифтор мешавад. То даме ки аз ин муҳаббат дур аст, ҳамеша дарду ҳасратро эҳсос мекунад.
Чаро? Зеро маълум аст, ки дардноктарин азоб барои дӯстдоранд ҷудоӣ аз дӯстдоштааш аст. Одатан, агар инсон маҳбуби заминии худро аз даст диҳад, барои таскини дарди худ ҷустуҷӯи ҳабиби дигареро мекунад, ки мисли ӯ ё беҳтар аз ӯ бошад. Аммо агар маҳбуби ту Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло бошад, чӣ хоҳӣ кард? Ӯро ҳеҷ мислу монанде нест!
Худованди Карим мефармояд: «Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавою биност». Барои Ӯ ҳаргиз иваз ва ҳамтое пайдо нахоҳӣ кард.
Агар нафс ин муҳаббатро дар дунё гум кунад ва аз даст диҳад, ба гунаҳои мухталифи азоб гирифтор мешавад ва то он даме, ки дубора мавриди лутфу дӯстдории Худованд қарор нагирад, ранҷ хоҳад кашид.
Худованди Мутаол фармудааст: «Ва ҳар кас аз зикри Ман рӯй гардонад, ҳақиқатан барои ӯ зиндагии сахту танг хоҳад буд...» (Сураи Тоҳо, ояти 124). Аз ин рӯ, андеша намо: касе, ки дар ҳалқаи тоати Ҳақ буд ва сипас аз бандагӣ даст кашид, дар синааш чунон тангию дилгириеро эҳсос мекунад, ки ин ҳолат ҳаргиз аз ӯ дур намешавад, магар ин ки дубора ба сӯйи Худованд бозгардад.
Ҳамон гуна ки сахттарин азоби нафс дар ин дунё ҷудоӣ аз Худованд аст, дар рӯзи қиёмат низ бузургтарин уқубат барои банда ҳамон ҷудоӣ ва маҳрумият аз дидори Парвардигор хоҳад буд. Худованди Таъоло мефармояд: «Ҳаргиз! Онон дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон дар парда (маҳрум) мебошанд, сипас онон ба оташи ҷаҳаннам ворид хоҳанд шуд» (Сураи Мутаффифин, оятҳои 15-16).
Яъне миёни он банда ва Парвардигораш пардае меафтад, ки монеи дидори Аллоҳ Таъоло мегардад. Андеша кун: азоби дар паси парда мондан ва маҳрумият аз дидор, аз тамоми оташи ҷаҳаннам сахттар ва дардноктар аст. Зеро ҳамон гуна ки неъмати дидори Аллоҳ Таъоло аз тамоми неъматҳои ҷаннат бузургтару болотар аст, маҳрумият аз он низ бадтарин ҷазост.
Дар он рӯз ту Зотеро бо чашмони худ хоҳӣ дид, ки аз тамоми ҳастию вуҷуд зеботар аст. Тасаввур намо: дидори худи Аллоҳ! Оё нагуфтем, ки сахттарин азоб барои инсон ҷудоӣ аз маҳбубитарин каси ӯст? Пас, чӣ азобе болотар аз ҷудоӣ аз Маҳбуби Ҳақиқӣ буда метавонад?
Чигуна муҳаббати Аллоҳ Таъолоро ҳифз намоям? Ҷавоб: Ин қоидаро аз ёд кун:
«Агар хоҳӣ, ки муҳаббати Худованд нисбат ба ту бардавом бошад, аз Ҳабиби Худо ﷺ пайравӣ намо». Касе, ки даъвои муҳаббати Худовандро дорад, вале аз Расули Ӯ ﷺ итоат намекунад, муҳол аст, ки дар гуфтораш содиқ бошад. Худованд дар сураи Оли Имрон мефармояд: «Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, пас аз ман пайравӣ кунед, то Худо шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад...» (ояти 31).
Ширинтарин муҳаббате, ки дар ин ҳастӣ вуҷуд дорад, муҳаббати Аллоҳ аст. Муҳаббати мол, муҳаббати модар ва муҳаббати фарзанд — ҳар кадоме таъму лаззати хоси худро доранд. Аммо муҳаббати Парвардигор аз ҳамаи онҳо болотар ва олитар аст. Савганд ба Худо, дар синаи инсон чизе зеботар ва лазизтар аз чашидани лаззати муҳаббати Аллоҳ Таъоло нест. Худованд мефармояд: «Ва касоне, ки имон овардаанд, муҳаббати сахттар (ва амиқтар) ба Аллоҳ доранд» (сураи Бақара, ояти 165).
Ин ҳамон муҳаббатест, ки рӯҳ ба он муштоқ аст. Аҷибаш ин аст, ки ин эҳсос дар қалб хеле зуд таъсир мегузорад. Ҳамин ки қадру азамати Худовандро ба ёд меорӣ ва дарк мекунӣ, ки ҳеҷ касро аз Ӯ бештар дӯст намедорӣ ва омодаӣ молу ҷон ва фарзандони худро фидои Ӯ созӣ, қалбат дарҳол оромӣ ва ҷамъияти хотир меёбад. Дар ин ҳолат қалб эҳсоси хосе мекунад — эҳсосе ниҳоят зебо. Инро танҳо касе мефаҳмад, ки муҳаббати Худоро дар дил ҳозир карда бошад.
Ин як навъе аз саодат аст, вале номи он чист? Ошкоро бигӯям, ман номи дақиқи онро намедонам ва намедонам онро чӣ биномам. Вале касе, ки ҳоло ин суханҳоро мехонад ва ин лаззатро чашидааст, медонад, ки ман дар бораи чӣ сухан мегӯям. Ин як эҳсоси ниҳоят олӣ ва малакутист.
Савганд ба Худо, орзу мекунам, ки ту ин лаззатро бичашӣ. Худованд дӯст медорад, ки ҳар як инсон инро эҳсос кунад. Барои шумо, бародар ва хоҳари гиромӣ, аз ин ганҷи бебаҳо насиби пурраеро талаб ва умед дорам. Савганд ба Худо, аз таҳти дил инро барои шумо мехоҳам.
Умедворам, ки Худованд ин эҳсоси нобро дар ин дунё ва дар охират ба мо бичашонад. Моро дар сояи муҳаббати Худ ҷамъ намояд ва ҷамоли зебою бокаромати Худро ба мо бинамоёнад, то дар рӯзи қиёмат аз дидори Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло лаззати абадӣ бибарем. Омин.
(Поёни бахши шашум)