كُنْ سَعِيدًا
· الإِيمَانُ وَالعَمَلُ الصَّالِحُ هُمَا سِرُّ حَيَاتِكَ الطَّيِّبَةِ، فَاحْرِصْ عَلَيْهِمَا.
· اطْلُبِ العِلْمَ وَالمَعْرِفَةَ، وَعَلَيْكَ بِالقِرَاءَةِ فَإِنَّهَا تُذْهِبُ الهَمَّ.
· جَدِّدِ التَّوْبَةَ وَاهْجُرِ المَعَاصِي؛ فَإِنَّهَا تُنَغِّصُ عَلَيْكَ الحَيَاةَ.
· عَلَيْكَ بِقِرَاءَةِ القُرْآنِ مُتَدَبِّرًا، وَأَكْثِرْ مِنْ ذِكْرِ اللهِ دَائِمًا.
Хушбахт бош:
· Имон ва амали солеҳ сирри зиндагии неканд, пас онҳоро маҳкам нигоҳ дор.
· Дониш ва маърифат биҷӯй ва китоб хонданро лозим бигир, зеро он ғамро дур мекунад.
· Тавбаатро нав кун ва аз гуноҳон дурӣ бигир; зеро онҳо зиндагиро тира ва талх мегардонанд.
· Қуръонро бо тадаббур хонданро лозим бидор ва ҳамеша зикри Худоро бисёр бигӯ.
Хушбахтӣ чизе нест, ки аз берун биёяд; он аз даруни дили ҳар инсон худаш сарчашма мегирад. Ин чаҳор васила беҳтарин роҳҳо барои сохтани ҳаёти саодатманди мӯъминанд.
Имон дилро ором ва амали солеҳ зиндагиро муборак мегардонад. Хушбахтӣ аз ин ду сарчашма мегирад.
· Имон ба дил оромӣ медиҳад.
· Амали солеҳ дарҳоро ба баракат мекушояд.
· Касе, ки бо имон зинда аст, ҳатто дар камбудӣ ҳам хушбахт аст.
· Касе, ки бе имон зиндагӣ мекунад, ҳатто дар фаровонӣ ҳам ноором аст.
- Хондан фикрро васеъ мекунад, ғамро кам месозад, тасалло медиҳад.
Китоб мисли доруи рӯҳ аст — ҳар рӯз чанд саҳифа ҳам бошад, рӯҳро зинда нигоҳ медорад.
- Гуноҳ қалбро торик ва рӯҳро танг мекунад. Тавба қалбро мисли борон мешӯяд ва ҳаётро сабук месозад. Ҳар рӯз гуфтан: «Астағфируллоҳалъазим ва атубу илайҳ» (Аз Парвардигори бузурворам!, талаби мағфирату гузашт менамоям ва тавба мекунам) — дилро ором мекунад.
- Қуръон нури дил ва зикр оромии ҷон аст.
Худо мефармояд: «Бо зикри Аллоҳ дилҳо ором мешаванд».
Фақат чанд дақиқа Қуръон хондан ҳам рӯзро пурнур мекунад.
Инҳо чор сутуни ҳаёти хушбахт ва ороми ҳар мусалмонанд.