МУОМИЛАИ ТУ БО АЛЛОҲ ТАЪОЛО ЧИГУНА ХОҲАД БУД: ҲАНГОМЕ, КИ БАР ТУ САЛАВОТ ФИРИСТОД?
Featured

МУОМИЛАИ ТУ БО АЛЛОҲ ТАЪОЛО ЧИГУНА ХОҲАД БУД: ҲАНГОМЕ, КИ БАР ТУ САЛАВОТ ФИРИСТОД?

МУОМИЛАИ ТУ БО АЛЛОҲ ТАЪОЛО ЧИГУНА ХОҲАД БУД: ҲАНГОМЕ, КИ БАР ТУ САЛАВОТ ФИРИСТОД?

(ҲАЛҚАИ 15)

Тасаввур кун, ки Холиқи Коинот, Зоте, ки тамоми ҳастӣ дар қабзаи қудрати Ӯст, номи туро дар миёни фариштагони муқарраб бо некӣ ва мадҳ ба забон меорад... Ин танҳо як тахайюл нест, ин ваъдаи ростини Илоҳист!

Мо одат кардаем, ки ҳамеша аз Худо бихоҳем, аммо дар ин мақола мо дар бораи чизи дигар суҳбат мекунем: Вақте Худованд бар ту салавот мефиристад, ту бо Ӯ чӣ гуна муомила хоҳӣ кард? Чӣ гуна як дуруди кӯчаки ту метавонад даҳ баробар раҳмати Худоро ба зиндагиат ворид кунад ва ғамҳоятро бартараф созад? Биёед, бо ҳам ба ин сафари нуронии эътиқодӣ ва ирфонӣ равем ва одоми бандагиро дар баробари ин караму ҳаёи Илоҳӣ биомӯзем...

 Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ (с) ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд...

 

СУОЛҲОЕ, КИ ДАР ИН МАҚОЛА ПОСУХИ ХУДРО МЕЁБАНД:

1.     Оё имкон дорад, ки Холиқи Коинот бар як бандаи заиф салавот бифиристад?

2.     Маънои ҳақиқии «Салавоти Илоҳӣ» ва «Салавоти малоика» чист?

3.     Чӣ гуна метавон номи худро дар миёни сокинони осмонҳо (Малаи аъло) машҳур гардонд?

4.     Кадом амал боиси даҳ баробар зиёд шудани раҳмати Худованд бар банда мегардад?

5.     Муомилаи боадабонаи банда дар посух ба ин карами Илоҳӣ бояд чӣ гуна бошад?

 

БОБИ 1. САЛАВОТ: ТУҲФАИ ОСМОНӢ БАРОИ БАНДАИ ЗАМИНӢ

            Инсонҳо дар тӯли ҳаёташон бо Худованд муносибат ва рафторҳои мухталиф ва гуногуне анҷом медиҳанд. Якеро мебинӣ, ки ҳар рӯз умедвор аст, ки Худованд ӯро раҳмат намояд, дигаре мехоҳад, ки ӯро рӯзӣ диҳад, дигаре мунтазир аст, ки ӯро иқоб намояд, дигаре чашмбароҳ аст, ки ӯро ибтило намояд, дигаре умед дорад, ки аз ӯ розӣ шавад ё ӯро дӯст дорад.

Нуктаи асосӣ: Лекин оё инсон пеш аз ин шунидааст, ки эҳтимол аст Худованд бар вай салавот (дуруд) фиристад? Оре, Аллоҳ таъоло, Офаридгори осмонҳо ва замин, бар ту — яке аз бандагони заифаш — салавот мефиристад.

 

БОБИ 2. ШАРҲИ МАЪНОИ САЛАВОТИ ИЛОҲӢ

Вале салавот фиристодани Худованд бар ман чӣ маъно дорад? Салавот фиристодани Худованд бар банда, яъне мадҳу санои Ӯ дар Малаи Аъло (назди фариштагон) мебошад.

Вақте мо мегӯем: «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин...», мо аз Худованд талаб мекунем, ки бар Расулуллоҳ (с) санову мадҳи зебое дар «Малаи аъло» (назди фариштагони муқарраб) намояд. Пас, вақте Худованд бар ту салавот мефиристад, ин маънои онро дорад, ки Ӯ таъоло номи туро дар ҳузури фариштагон бо некӣ ва ифтихор ба забон меорад. Кист он нафаре, ки дорои ин хушбахтӣ бошад, ки Холиқи олам номи ӯро дар осмонҳо таъриф кунад?

 

БОБИ 3. МУОМИЛАИ ДУҶОНИБА: ЯК ҚАДАМ АЗ ТУ, ДАҲ ҚАДАМ АЗ ХОЛИҚ

ДАЪВАТИ ҚУРЪОНӢ ВА АСЛИ МУОМИЛА

            Пеш аз он ки ба салавоти Худо бар банда бирасем, бояд фармони бузурги Илоҳиро дарк кунем, ки роҳи ин муомиларо кушодааст:

            Аллоҳ таъоло фармудааст:

"إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ ۚ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا" (Сураи Аҳзоб, ояти 56)

            «Ҳамоно Худо ва фариштагони Ӯ бар Паёмбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ дуруд фиристед ва салом гӯед — саломе шоиста».

Яъне: Ин оят нишон медиҳад, ки салавот як амали муқаддаси илоҳист. Вақте мо ба ин фармон лаббайк мегӯем, дар воқеъ ба як ҷараёни бузурги осмонӣ пайваст мешавем. Посухи Худованд ба ин амали мо боз ҳам бузургтар аст.

            Расулуллоҳ (с) мефармояд:

“Касе бар ман як салавот бифиристад, Худованд бар ӯ даҳ салавот мефиристад ва аз ӯ даҳ хатояшро маҳв менамояд ва барояш даҳ дараҷа баланд мебардорад”.

Тасаввури эътиқодӣ: Биандеш, ки ту як бор бо забони кӯчаки худ дуруд мефиристӣ, вале дар иваз Парвардигори Арши Аъзим даҳ маротиба туро таъриф мекунад. Кист он нафаре, ки дорои ин хушбахтӣ ва насиби баланд бошад, ки Худованд ӯро дар осмонҳо ситоиш кунад?

Шарҳ: Дар ин ҷо муомилаи банда бо Аллоҳ аз доираи хушк берун шуда, ба як фазои нуронӣ ворид мешавад. Инсон дарк мекунад, ки ӯ дар ин коиноти паҳновар танҳо нест. Вақте ту «Муҳаммад» (с) мегӯӣ, Холиқи ҷаҳон номи туро дар миёни сокинони осмон зикр мекунад. Ин баландтарин мартабаи эътирофи банда аз ҷониби Холиқ аст.

 

БОБИ 4. ТАСАВВУРИ ЯК ЛАҲЗАИ ТАКОНДИҲАНДА

            Биёед, ин манзараро бо ҳам тахтйюл кунем: Фарз мекунем, ки шахсе бо номи Иброҳими Вориси Муҳаммад рӯзи ҷумъа ба масҷид дохил шуд. Дар ҳамон лаҳза хатиб хутбаро қатъ намуда, ба ӯ ишора мекунад ва мегӯяд: «Аллоҳумма салли ъало Иброҳими Вориси Муҳаммад » ва тамоми намозгузорон аз таҳти дил «Омин» мегӯянд.

Оё Иброҳим ин лаҳзаро дар тамоми ҳаёташ фаромӯш мекунад? Ҳаргиз! Аммо савганд ба Аллоҳ, ки барои инсонҳо аз ин дида ҳолати бузургтаре вуҷуд дорад, ки онро ҳар рӯз зоеъ мекунанд: Ин салавоти Худованд бар банда аст. Бисёре аз мардум ба ҷои дуруд бар Расулуллоҳ (с), ки калиди ин саодат аст, ба корҳои беҳуда машғул мешаванд ва ин шарафи бузургро аз даст медиҳанд.

 

БОБИ 5. САЛОТИ ҶИБРИИЛ (А) ВА МАЛОИКАИ МУҚАРРАБ

            Натанҳо Парвардигор, балки бузургтарин фаришта — Ҷибриил (а) низ барои ту дуо мекунад. Вақте ин хабар ба Расулуллоҳ (с) расид, аз шиддати шукр саҷдаи тӯлоние анҷом доданд. Ҷибриил (а) гуфт: «Касе бар ту салавот бифиристад, ман бар ӯ салавот мефиристам».

Инчунин, миллионҳо-миллионҳо малоик бар ту салавот мефиристанд. Салавоти малоика, яъне дуои онҳо барои туст. Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Ӯст, ки бар шумо салавот мефиристад ва малоикааш низ, то шуморо аз торикиҳо ба нур бибарорад...» (Сураи Аҳзоб, ояти 43).

 

БОБИ 6. ЛАЗЗАТИ ЗИКРИ НОМИ БАНДА ДАР ОСМОНҲО

Олимон арзиши ин мартабаро хуб медонанд. Вақте Расулуллоҳ (с) ба Убай ибни Каъб (р) гуфтанд, ки Худованд амр кард, то барои ту Қуръон бихонам, Убай (р) пурсид: «Оё Худованд номи маро гирифт?» Вақте ҷавоби мусбат шунид, аз хурсандӣ гиря кард. Номи як бандаи заминӣ дар болои ҳафт осмон аз ҷониби Холиқи Коинот гирифта шуд! Барои ин гуна инсон гуворо бод.

Шарҳ: Дар ин ҷо мо ба авҷи эътиқоди қалбӣ мерасем. Вақте инсон дарк мекунад, ки бо як амали содда (салавот бар Паёмбар (с)) метавонад диққати тамоми олами Малакутро ба худ ҷалб кунад, дунё дар назараш хурд мешавад.

1.     Аз зулмат ба нур: Салавоти Илоҳӣ танҳо як таъриф нест, балки қувваи тағирдиҳандаест, ки инсонро аз торикии гуноҳ ба нури ҳидоят мебарорад.

2.     Адаби бандагӣ: Вақте медонӣ, ки малоика ва Холиқи малоик номи туро бо некӣ мегиранд, муомилаи ту бо Худо бояд пур аз ҳаё, шукр ва ихлос гардад. Оё дуруст аст, ки Худо туро дар боло ёд кунад ва ту дар поён Ӯро фаромӯш кунӣ?

 

МУОМИЛАИ ТУ БО АЛЛОҲ ТАЪОЛО ЧИГУНА ХОҲАД БУД: ВАҚТЕ БАР ТУ САЛАВОТ ФИРИСТОД?

БОБИ 7. ОДОБИ БАНДАГӢ: ВАҚТЕ ХОЛИҚ ТУРО МАДҲ МЕКУНАД

Бо Худованд чӣ гуна муносибату рафтор менамоӣ, вақте бар ту салавот фиристод?

1. Эҳсоси ҳаё (шарм) аз Парвардигор

            Аввалан, дар ин лаҳзае, ки Парвардигорам ба ман салавот мефиристад, ман аз Худованд эҳсоси ҳаё мекунам. Ман кистам, ки ба ман Офаридгори осмонҳо ва замин салавот бифиристад? Ман кистам, ки Парвардигорам маро дар осмонҳо мадҳу ситоиш намояд?

            Саваганд ба Худо, шояд ҳоло дар рӯи замин, дар пеши мардум, касе мадҳу ситоиши маро намекарда бошад. Пас чигуна хоҳад буд, вақте Худованд манро мадҳу таъриф мекарда бошад? Малоикаашро фармоиш дода, ки барои ман дуо намоянд. Қасам ба Худо, ин кор инсонро дар чунин ҳолат қарор медиҳад, ки аз Парвардигораш шарму ҳаё медорад. Ва ин шуур, яъне эҳсоси ҳаё, худ ибодате аз ибодатҳост, ки ба сабаби он аҷру подош дода мешавӣ. Пас ҳасанотатро бештар намо. Парвардигорам ба ту салавот мефиристад ва ту бо ҳаё намудан Ӯро ибодат менамоӣ. Ҳамд мар Худоро бар ин неъматҳои бузургаш!

2. Посух ба эҳсон бо эҳсон (Мадҳи мутақобила)

Дуввум: Аз рафтори нек намуданат бо Худованд он аст, ки дар муқобили эҳсони Ӯ, ту ҳам эҳсон намоӣ. Ту ҳам бар Худованд мадҳу сано бигӯӣ, ҳамчуноне ки Ӯ бар ту мадҳу сано гуфтааст. Ӯро мадҳ намо ва бигӯ:

"سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، وَلَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ"

(Пок аст Худо, ва ҳамд мар Худорост, ва нест маъбуде ҷуз Аллоҳ, ва Худо бузургтар аст).

Инчунин Ӯро дар назди мардум мадҳу сано намо. Вақте дар маҷлисе нишастӣ, пеш аз он ки мавзуеро шуруъ намоӣ, кӯшиш кун, то аз неъматҳои зиёди Илоҳӣ ва аз раҳмату фазли Худовандӣ ёд кунӣ. Бо маҳорате, ки дорӣ, суханро чунон оғоз кун, то мардум ҳам Парвардигорашонро мадҳ намоянд. Дар натиҷа, беҳтарин нишастро барпо намудаед.

Парвардигори мо дӯст медорад, ки мадҳ карда шавад. Аллоҳ таъоло ба ин мадҳ сазовортар аст. Паёмбар (с) дар ҳадиси саҳеҳ (Бухорӣ ва Муслим) мефармоянд:

"لَيْسَ أَحَدٌ أَحَبَّ إِلَيْهِ الْمَدْحُ مِنَ اللَّهِ"

(Ҳеҷ касе нест, ки мадҳ шудан барояш маҳбубтар аз Худованд бошад).

Зеро Ӯ таъоло ягона аҳли сано ва бузургдошт аст.

 

БОБИ 8. КАЛИДИ ГУШОИШИ ҒАМҲО (ҲАДИСИ КОМИЛ)

Барои он ки ин муомилаи ту бо Парвардигор комил гардад, ҳадиси Убай ибни Каъб (р)-ро дар қалбат ҷой бидеҳ. Вақте ӯ аз Расулуллоҳ (с) пурсид, ки чӣ миқдор аз дуояшро салавот гардонад ва дар охир гуфт:

«أَجْعَلُ لَكَ صَلَاتِي كُلَّهَا؟» (Тамоми дуову вақти худро барои Шумо (салавот) қарор медиҳам)
Паёмбар (с) фармуданд: «
إِذًا تُكْفَى هَمَّكَ، وَيُغْفَرُ لَكَ ذَنْبُكَ»

«Дар ин сурат тамоми ғамҳои ту бартараф карда мешаванд ва гуноҳонат бахшида мегарданд».

Шарҳи ирфонӣ: Биандеш! Вақте ту бо салавот ба Худо рӯ меорӣ, Худованд на танҳо дар осмонҳо туро ёд мекунад, балки дар замин гиреҳи мушкилотатро мекшояд. Дар ин ҷо мо дарк кардем, ки салавот танҳо як калимаи оддӣ нест, балки пули иртиботӣ миёни бандаи заминӣ ва Арши Илоҳист.

1.         Дар бахши эътиқодӣ: Мо донистем, ки салавоти Аллоҳ — раҳмат ва сано, ва салавоти малоика — талаби мағфират барои мост.

2.         Дар бахши ирфонӣ: Олитарин рафтори банда дар муқобили салавоти Худо — ин шикастани нафс ва эҳсоси шарму ҳаё дар баробари ин ҳама иззату эҳтироми Парвардигор аст.

Ин аст натиҷаи муомилаи дуруст бо Зоти Кариму Бузургвор. Ҳамд мар Худоро бар ин неъматҳои бузургаш!

 

БОБИ 9. ДАЪВАТ БА ИН ГУЛШАНИ ДУРУД ВА ҚУРБАТИ ҚИЁМАТ

Инчунин аз муносибату рафтори барҷастаю олии ту бо Худованд ин аст, ки вақте бар ту салавот фиристод, ту ҳам кӯшиш намоӣ, ки дигареро ба ин амал даъват намоӣ. То ин ки дигарон низ бо ту дар ин ҷамъи бузурги салавотфиристодани мутабодили миёни Офаридгор ва бандааш ҳамроҳ шаванд. Мардумро ба салавот фиристодан бар Расулуллоҳ (с) хотирнишон намо.

Ҳадиси наздикӣ ва шафоат: Дар ин ҷо ҳадиси саҳеҳеро ба ёд ор, ки Расулуллоҳ (с) мефармоянд:

"أَوْلَى النَّاسِ بِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَكْثَرُهُمْ عَلَيَّ صَلَاةً"

(Наздиктарин ва сазовортарин мардум ба ман дар рӯзи Қиёмат касоне ҳастанд, ки бар ман бештар салавот фиристодаанд). (Манбаъ: Сунани Тирмизӣ, 484).

Инчунин ҳаргиз инро аз даст мадеҳ, ҳатто як маротиба ҳам бошад, ки вақте номи Расулуллоҳ (с) гирифта шуд, дарҳол бар Расулуллоҳ (с) салавот бифиристӣ. Ҳар боре, ки Расулуллоҳ (с) дар назди ту ёд шуд, дарҳол мустақиман салавот ва саломи зебое бар осмони ҳафтум, бар ҳабибат (с) бифирист.

 

БОБИ 10. ТАЛАБИ ОХИРИН: ҲУЗУРИ ҚАЛБ ВА САЛАВОТИ КОМИЛ

Дар лаҳзаҳои охирини ин гуфтор, як талаби муҳим дорам: вақте бар Расулуллоҳ (с) салавот мефиристӣ, ин маъноҳоеро, ки зикр кардем, дар зеҳну хотират биёр ва дар қалбат ҳозир намо. Чаро? Кӯшиш кун, то салавоти ту комил бошад. Чунин салавоте набошад, ки танҳо забонат ҳаракат кунад, вале дар қалбат ва хотират ин рози бузург ва ин маъноҳо вуҷуд надошта бошанд. То салавоти ту ноқис набошад, ки дар натиҷа аҷру подошат ҳам ноқис шавад.

Зеро ин ки салавоти комил онест, ки бо қалб ва забон бошад, на танҳо бар забон фақат. Ҳарчанд барои салавоти забонӣ ҳам аҷр дода мешавад, вале лаззати ҳақиқӣ ва подоши комил дар он аст, ки ту дарк кунӣ: «Ҳоло, ки ман дуруд мегӯям, Парвардигори Олам номи маро дар осмонҳо ёд мекунад». Бигзор ин шуур сифати бандагии туро дигар кунад..

 

НУҚТАҲОИ АСОСӢ ВА ИБРАТҲО

1.     Шарафи Осмонӣ: Бузургтарин дастоварди инсон на шӯҳрати заминӣ, балки мадҳ шудан аз ҷониби Аллоҳ дар назди малоика аст.

2.     Муомилаи Мутақобила: Салавоти ту бар Паёмбар (с) боиси салавоти Худо бар ту ва салавоти ту бар Худо (мадҳу сано) мегардад.

3.     Адаби Қалбӣ: Фарқи миёни зокири ғофил ва зокири восил дар ҳузури қалб аст.

 

ЧӢ ГУНА ИНРО ДАР ҲАЁТ АМАЛӢ КУНЕМ?

·        Тарбияи нафс: Ҳар субҳ бо ният салавот бифирист, то дар тӯли рӯз зери ҳимояти "Салавоти Илоҳӣ" ва дуои малоик бошӣ.

·        Маҷлисҳои зикр: Ҳар нишастеро бо мадҳи Худо ва дуруд бар Паёмбар (с) зиннат деҳ, то он маҷлис бароят нуронӣ гардад.

·        Ҳаёи амалӣ: Вақте медонӣ Худо туро ёд мекунад, аз анҷоми гуноҳ дар танҳоӣ шарм бидор.

·      Тавозуъ: Ҳар қадар Худованд туро дар осмон баланд бардорад, ту дар замин ҳамон қадар хоксортар бош.

·      Даъват: Дигаронро ба ин хайр роҳнамоӣ кун, то шарики аҷри онҳо гарди.

 

ЗАРАРИ ДУР БУДАН АЗ ИН МУОМИЛА

Шахсе, ки аз ин муомила дур аст, худро аз нури Илоҳӣ маҳрум месозад ва дар торикиҳои нафсу дунё саргардон мемонад. Касе, ки бар Паёмбар (с) салавот намегӯяд, бино ба ҳадис, «бахилтарин инсон» аст ва роҳи раҳмати даҳчандаи Худоро бар рӯи худ мебандад. Дурӣ аз ин муомила боиси қасвати қалб (сахтшавии дил) ва фаромӯш шудани банда дар миёни сокинони осмон мегардад.

 

ХУЛОСАИ НИҲОӢ

Ин буд муомила ва рафтори бандаи муъмин бо Парвардигораш, вақте медонад, ки мавриди салавоти Илоҳӣ қарор гирифтааст.

Аз Худованд бо тазарруъ талаб мекунем, ки номи ту ва моро дар назди Худ дар осмонҳои олӣ баланд бардорад ва мову шуморо бар зикр намудану шукр намудан ва некуву зебо ибодат карданаш ёрӣ диҳад. Бигзор ҳар салавоти мо на танҳо ҷунбиши забон, балки парвози қалб ба сӯи ризоияти Холиқ бошад. Посухи эҳсони Худоро бо эҳсони бандагӣ бидеҳ.

Омин, ё Раббал-ъоламин.

ҲАДИСҲОИ МАВЗУЪ

1. Ҳадиси муфассали Убай ибни Каъб (р) дар бораи ихтисоси дуо

Ин ҳадис яке аз муҳимтарин далелҳо дар бораи қудрати салавот дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ аст.

عَنْ أُبَيِّ بْنِ كَعْبٍ رضي الله عنه قَالَ: قُلْتُ: «يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنِّي أُكْثِرُ الصَّلَاةَ عَلَيْكَ فَكَمْ أَجْعَلُ لَكَ مِنْ صَلَاتِي؟ فَقَالَ: مَا شِئْتَ. قُلْتُ: الرُّبُعَ؟ قَالَ: مَا شِئْتَ فَإِنْ زِدْتَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكَ. قُلْتُ: النِّصْفَ؟ قَالَ: مَا شِئْتَ فَإِنْ زِدْتَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكَ. قُلْتُ: فَالثُّلُثَيْنِ؟ قَالَ: مَا شِئْتَ فَإِنْ زِدْتَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكَ. قُلْتُ: أَجْعَلُ لَكَ صَلَاتِي كُلَّهَا؟ قَالَ: إِذًا تُكْفَى هَمَّكَ، وَيُغْفَرُ لَكَ ذَنْبُكَ».

Аз Убай ибни Каъб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Эй Расулуллоҳ (с), ман бар Шумо бисёр салавот мефиристам. Чӣ миқдор аз дуои худро барои Шумо қарор диҳам?» Фармуданд: «Ҳар чӣ хоҳӣ». Гуфтам: «Чаҳоряки онро?» Фармуданд: «Ҳар чӣ хоҳӣ ва агар зиёд кунӣ, бароят беҳтар аст». Гуфтам: «Ними онро?» Фармуданд: «Ҳар чӣ хоҳӣ ва агар зиёд кунӣ, бароят беҳтар аст». Гуфтам: «Ду сеяки онро?» Фармуданд: «Ҳар чӣ хоҳӣ ва агар зиёд кунӣ, бароят беҳтар аст». Гуфтам: «Тамоми дуову вақти худро барои Шумо (салавот) қарор медиҳам». Фармуданд: «Дар ин сурат тамоми ғамҳои ту бартараф карда мешаванд ва гуноҳонат бахшида мегарданд».
(Манбаъ: Сунани Тирмизӣ, 2457).

Шарҳи мухтасар: Ин ҳадис собит мекунад, ки салавот калиди кушоиши гиреҳҳост. Вақте банда ба ҷои талаби ниёзҳои худаш, вақташро ба дуруд бар Паёмбар (с) мебахшад, Худованд бе талаб ниёзҳои ӯро бароварда ва ғамҳояшро дур месозад.

2. Ҳадиси мутақобилаи раҳмат

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «مَنْ صَلَّى عَلَيَّ صَلَاةً وَاحِدَةً صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ بِهَا عَشْرًا».

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Касе бар ман як маротиба салавот бифиристад, Худованд дар ивази он бар ӯ даҳ маротиба салавот (раҳмат) мефиристад». (Манбаъ: Саҳеҳи Муслим, 408).

Шарҳи мухтасар: Салавоти Худо бар банда маънои раҳмат, баракат ва аз зулмот ба нур бароварданро дорад. Як қадами банда ба сӯи Паёмбар (с) боиси даҳ маротиба таваҷҷуҳи Холиқ ба банда мегардад.

3. Ҳадиси наздикӣ ва шафоат дар Қиёмат


عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «أَوْلَى النَّاسِ بِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَكْثَرُهُمْ عَلَيَّ صَلَاةً».

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Наздиктарин ва сазовортарин мардум ба ман дар рӯзи Қиёмат касоне ҳастанд, ки бар ман бештар салавот фиристодаанд».
(Манбаъ: Сунани Тирмизӣ, 484).

Шарҳи мухтасар: Ин ҳадис башорат медиҳад, ки мизони наздикии мо ба Паёмбар (с) дар ҷаннат ва баҳраманди аз шафоати ӯ дар рӯзи маҳшар ба миқдори салавотҳои мо дар дунё вобаста аст.