بسم الله الرحمن الحيم
Алҳамду лиллоҳ. Вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ.
Аммо баъд...
Имрӯз рӯзи якуми Раҷаби соли 1447 мувофиқ ба бисту якуми декабри соли 2025 мелодӣ аст.
دعاء رؤية الهلال كما ورد عن النبي ﷺ هو:
"اللَّهُمَّ أَهِلَّهُ عَلَيْنَا بِالْيُمْنِ وَالإِيمَانِ، وَالسَّلامَةِ وَالإِسْلامِ، رَبِّي وَرَبُّكَ اللَّهُ". (رواه الترمذي).
Дуои дидани моҳи нав, ҳамчуноне, ки аз Паёмбарﷺ ворид шудааст:
Аллоҳумма аҳиллаҳу ъалайно би-л-юмни ва-л-имон, ва-с-саломати ва-л-ислом, Раббӣ ва Раббукаллоҳ.»
"Худовандо, ин моҳро барои мо бо баракату имон ва саломативу ислом нав гардон. (Эй ҳилол!) Парвардигори ман ва Парвардигори ту Аллоҳ аст.".
Маънои калимаи أَهِلَّهُ (аҳиллаҳу) дар забони арабӣ аз решаи (هـ ل ل) гирифта шуда, бо калимаи «ҳилол» яъне (моҳи нав) робитаи зич дорад.
Дар матни дуои дидани моҳи нав, маънои он чунин аст:
1. Маънои луғавӣ: «Ин моҳи навро бар мо тулуъ кунон» ё «Ин моҳро барои мо оғоз намо».
2. Маънои истилоҳӣ: Вақте мегӯем «اللَّهُمَّ أَهِلَّهُ عَلَيْنَا» (Аллоҳумма аҳиллаҳу ъалайно), яъне: «Худовандо, ин моҳи навро барои мо бо хайру баракат, амният ва имон падидор гардон».
Ба ибораи содатар, ин талаби он аст, ки Худованд бо пайдо шудани ҳилоли нав, дар баробари имон ва Ислом, баракату саломатиро низ бар мо бифиристад.
Моҳи Раҷаб: Фурсати тиллоӣ барои худсозӣ ва наздикӣ ба Аллоҳ
Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром дар тақвими ҳиҷрӣ ба шумор рафта, дар назди мусулмонон ҷойгоҳи баланди динӣ дорад. Ин моҳ пеш аз моҳҳои Шаъбон ва Рамазон фаро мерасад ва барои мусулмонон фурсати муносибест, то тоату ибодати худро афзуда, ба даргоҳи Илоҳӣ наздикӣ ҷӯянд. Мусулмонон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки замони оғози ин моҳро дақиқ бидонанд, то ба ибодатҳои мустаҳаб, рӯзадорӣ, шабзиндадорӣ, дуо ва тиловати Қуръон омодагии комил бинанд.
Моҳи Раҷаб замони андӯхтани тӯшаи аъмоли солеҳ ва наздик шудан ба Аллоҳ таъоло аст. Дини мубини Ислом моро ташвиқ мекунад, ки ин моҳро барои анҷоми ибодатҳои мустаҳаб, рӯза ва дуо ғанимат шуморем. Инчунин, ин моҳ фурсатест барои ба худ омадан, тавба аз гуноҳон ва таҷдиди паймон бо Парвардигор. Мусулмонон саъй мекунанд, ки ин рӯзҳои муборакро, ки дар онҳо савобҳо афзун ва некиҳо дучанд мешаванд, аз даст надиҳанд.
Ибодатҳои мустаҳаб дар моҳи Раҷаб
Ибодатҳо дар ин моҳ гуногунанд: аз рӯзаву намозҳои шаб сар карда, то дуову тиловати Қуръони Карим, истиғфори зиёд ва садақа ба ниёзмандон. Тавсия мешавад, ки инсон ба зикрҳои субҳу шом пойбанд бошад, вақти махсусеро барои ибодат ва тафаккур дар офариниши Аллоҳ ҷудо кунад. Рӯза гирифтан дар ин моҳ аз суннатҳои мустаҳаб буда, гарчанде рӯзҳои махсус ва муайяне надорад, вале дорои савоби бузург аст. Намозҳо ҳам ракаъатҳои муайян ва сураҳои махсус хондан аз Паёмбар (с) ворид нашудааст. Ҳамон намозҳои фарзу суннат, намозҳои мустаҳабба аз суннатҳои ғайри муаккада, намози ишроқ, зуҳо, таҳийи масҷид, шукронаи вузӯ, таҳаҷҷуд ва қиёми лайл (шабзиндадорӣ) ва боз ҳар чӣ қадар инсон худаш намози нофила анҷом бидиҳад, беҳтар ва хубтар аст.
Мусулмонон талош мекунанд, ки бо истифода аз моҳи Раҷаб бештар ба Аллоҳ наздик шаванд, рӯҳу ҷони худро тарбия кунанд ва барои моҳҳои оянда — Шаъбону Рамазон омода гарданд. Ҳамчунин, бисёре аз мардум мекӯшанд дар ин моҳ ба фарзандони худ арзишҳои диниву ахлоқиро омӯзонанд, ибодатҳои рӯзонаро дар зеҳни онҳо устувор созанд ва одатҳои маънавиеро рушд диҳанд, ки робитаи инсонро бо Офаридгораш мустаҳкам мекунад. Ҳамин тавр, моҳи Раҷаб ба як фурсати воқеӣ барои тағйири мусбат ва камолоти маънавӣ табдил меёбад.