Featured

Ту бо кӣ ҳамнишини?

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Алҳмаду лиллоҳи раббил оламин

Вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.

 

Ту бо кӣ ҳамнишини?

Ҳамду сано бод бар Худованде, ки барои маҳбубият ва дӯстии Худ беҳтарин бандаро интихоб мекунад, ва дилҳои онҳоро шабу рӯз ба итоат ва розигии Худ равона месозад.

Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуде ҷуз Аллоҳ, Ягона ва бе шарик аст, Он ки дилу чашмҳоро бармегардонад. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Ӯ ва Паёмбари баргузидаи Ӯст. Дуруд ва саломи бепоён бар ӯ, бар аҳли байти покаш, бар саҳобагони некӯяш — аз муҳоҷирону ансор — ва бар ҳамаи касоне, ки ба роҳи онон қадам гузошта, ба суннати онон пайравӣ мекунанд, то даме ки шаб торик ва рӯз равшан мегардад.

 

 

Аммо баъд: 

          «Мизони инсон дӯстонаш ҳастанд. Ба ман бигӯ, бо кӣ дӯстӣ мекунӣ, то ман бигӯям: ту кистӣ.»

 

 

  Ин сухан маънояш он аст, ки арзиши ҳар инсон аз рӯйи ҳамон касоне маълум мешавад, ки дар гирду атрофаш ҳастанд. Зеро мардум шахсро аз рӯйи ҳамнишинҳояш мешиносанд — нек аст ё бад, пок аст ё фосид.

          Чаро? Барои он ки дӯстӣ яке аз муҳимтарин омилҳо дар сохтани шахсияти инсон ва муайян намудани роҳи зиндагии ӯст.

          — Агар дӯстӣ бо некон бошад — бо парҳезгорон, бо соҳибақлон, бо ростгӯён — он дӯстӣ ба инсон тамоми некиҳо ва баракатҳоро меорад. Ҳамнишинӣ бо онҳо мисли боғест, ки ҳар нафас аз онҳо бӯи хуб мегирӣ, ҳар каломашон ба ту нур мебахшад, ҳар рафторашон бароят ибрат аст.

          — Аммо агар ҳамнишинӣ бо бадкорон бошад — бо беғамон, беимон, беақл, беадаб — ин ҳамнишинӣ ҳатман доғ ва осорашро дар дилу рафтори инсон мегузорад. Чунонки гуфтаанд:
«Дӯстии аҳли шар — беморӣ аст, ва дӯстии аҳли хайр — дору ва шифо аст.»

          Маънои ин он аст, ки инсон бояд дар интихоби дӯст эҳтиёткор бошад, зеро дӯст метавонад туро ба Худо наздик кунад, ё аз Ӯ дур созад. Дӯст метавонад ақлатро равшан кунад, ё дилатро тира гардонад. Дӯст метавонад туро ба роҳи рост барад, ё ба чоҳи ҳалокат афканад.

          Пас, ҳар кас бояд аз худ бипурсад:
Ман бо кӣ менишинам? Бо кӣ роҳ меравам? Ба кӣ дил медиҳам?
Рафиқу дӯст ва ҳамсуҳбатони ман кӣ ҳастанд?

          Чун ҷавоби ин саволҳо ҷавоби ин савол ҳам ҳаст:
Ман кистам?

          «Инсон ба табиати худ ва тибқи фитрати башарияш аз ҳамнишин ва дӯсти наздики худ таъсир мегирад. Ахлоқи ҳамон касе ба ӯ мегузарад, ки бо ӯ менишинад ва бо ӯ вақташро мегузаронад. Ахлоқи ҳар инсон ва хислатҳои ӯ аз рӯйи дӯстонаш, ёрони самимияш ва ҳамсафаронаш шинохта мешавад.».

          Ин ҳақиқатест, ки таҷрибаи зиндагӣ онро сад бор собит кардааст:
инсон мисли хокаи сафед аст — ҳар рангеро, ки ба он биафканӣ, ҳамонро мегирад.

Ҳамнишинӣ ва дӯстӣ мисли шамол аст: агар шамол аз боғи атр биояд, бӯи хуш меорад; агар аз макони ифлос биояд, бӯи бад меорад.

«Ин ҳақиқатро Паёмбари Акрам (с) ба таври равшан баён кардааст, ки:

“Одам бар дини дӯсташ аст, пас ҳар яки шумо бингарад, ки бо кӣ дӯст мешавад.”. (Абу Довуд, бо санади саҳеҳ).

Яъне инсон танҳо ба суханаш шинохта намешавад, балки ба муҳите, ки интихоб мекунад. Дӯст бар дили инсон ҳукм дорад: ё ба роҳи рост мебарад, ё ба гумроҳӣ. Бо кӣ менишинӣ, ба монанди ҳамон мешавӣ — оҳиста-оҳиста, бетағйир, вале қатъӣ.

«Расули Худо (с) боз таъкид додааст, ки ҳамнишинӣ таъсири зуд ва намоён дорад.»

Сипас ҳадиси машҳури муттафақун алайҳ (Бухорӣ ва Муслим) меояд:

«Мисоли дӯсту ҳамнишини солеҳ ва бад, мисли фурӯшандаи атр ва дамандаи кураи оҳангарӣ аст.

Фурӯшандаи атр: ё ба ту ҳадя медиҳад, ё ту аз ӯ мехарӣ, ё ҳадди ақал аз назди ӯ бӯи хуб мегирӣ.

Дамандаи кураи оҳангарӣ: ё либосатро месӯзонад, ё ҳадди ақал бӯи бади дудаш ба ту мерасад.».

Инсон ҳатман аз ҳамнишин чизе мегирад:
— Аз некон: ҳикмат, оромӣ, ибрат, хулқу адои нек, сухани ширин.
— Аз бадон: беибоӣ, гуноҳ, беҳаёӣ, бадномӣ, одатҳои зишт.

Ҳатто агар ҳеҷ сухан байни шумо радду бадал нашавад, танҳо қадам ба қадам, нафас ба нафас, ранги ҳамон муҳит ба ту мегузарад.

«Ҳамнишини бад — агар ҳеҷ зараре ҳам ба ту нарасонад, танҳо обрӯи баде, ки ба ту мебахшад, барои бад буданаш кофӣ аст.

Ҳамнишини нек — агар ҳеҷ суде ҳам надиҳад, танҳо обрӯи нек, ки ба ту мерасад, барои хуб буданаш басанда аст.»

Баъзан инсон мепиндорад, ки:

— «Ман бо ӯ танҳо менишинам, вале аз ӯ чизе намегирам.».
Аммо мардум мегӯянд:

ГИЛИ (ЛОЙИ) ХУШБӮЙ

Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,

                                                 Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки: «Мушкӣ ё абирӣ?

                                                 Ки аз бӯйи диловези ту мастам?»

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

                                                  Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,

                                                 Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам».

Худи ҳатто нишастан бо некон табиати инсонро пок мекунад.
Ҳатто нишастан бо аҳли бад ҷавҳари инсонро сиёҳ
у доғдор мекунад.

«Гуфтаанд: ҳамнишин кашанда аст. Мӯъмин агар ба маҷлисе дарояд, ки дар он сад мунофиқ ва танҳо як мӯъмин бошад, ҳатман меравад, то ба назди он мӯъмин нишинад. Ва мунофиқ агар ба маҷлисе дарояд, ки дар он сад мӯъмин ва танҳо як мунофиқ бошад, роҳ меҷӯяд, то дар паҳлӯи ҳамон мунофиқ ҷой гирад. Зеро навъҳои одамон монанди навъҳои паррандагонанд — паррандагон бо ҳамтои худ менишинанд.»

Дилҳо бо ҳамтабиатони худ ҷазб мешаванд. Нек ба сӯи нек мекашад, бад ба сӯи бад. Ин қонуни иҷтимоӣ аст: Ҳар кас навъи худро меҷӯяд.

«Эй бародари азиз! Бо инсонҳои оқил ҳамнишин шав — ҳатто агар ба дараҷаи онҳо набошӣ, ту низ ба онҳо мансуб мешавӣ. Вале аз нодонон дурӣ кун — агарчӣ ба табиат аз онҳо набошӣ, мардум туро ба онҳо мансуб медонанд.».

Ин як қоидаи зиндагист: ҳамнишинӣ обрӯ месозад, ё обрӯ месузонад.

«Бипурс аҳли зиндонҳоро: чӣ гуна ба пушти панҷара рафтанд? Чӣ тавр дасту пояшон ба занҷир афтид? Бидуни шак хоҳанд гуфт — ба сабаби дӯстони бад».

Ҳар кас қазияи онҳоро мешунавад, ҷавоб як аст: «Бо дӯстоне гаштем, ки моро гумроҳ карданд.».

«Бипурс мастон ва нашъамандонро: чӣ гуна ба ин ҳол афтоданд?».

Сабаб аксар вақт як чиз аст: дӯст, ҳамнишин, гурӯҳе аз ҳамтабиатон, ки онҳоро оҳиста, бе ҳисси худ ба дом кашиданд.

«Чӣ қадар одамон гумроҳ шуданд ба сабаби як ҳамнишини фасодкор, ё як гурӯҳи дӯстони бад! Ва чӣ қадар одамонро Аллоҳ таъоло, бо сабаби ёрони нек ва дӯстони солеҳ аз лаби чоҳи ҳалокат наҷот дод.»

Боре як калима, як маслиҳат, як ишораи дӯсти нек, метавонад инсонро аз нобудӣ наҷот диҳад.

«Дурӯғ аст, балки боз ҳам дурӯғ аст касе, ки мегӯяд ман метавонам дар муҳити фасод зиндагӣ кунам ва аз он таъсир напазирам. Зеро дили ӯ дили инсон аст, на дили фаришта. Ҳатман муҳит ба ӯ таъсир мекунад — ё ба хайр, ё ба шарр.».

Инсон оҳиста-оҳиста ранги муҳиташро мегирад. Агар муҳит бад бошад, бадиро нохоста фурӯ мебарад. Агар муҳит нек бошад, некиро тадриҷан дар худ пайдо мекунад.

**«Агар чунин набошад, пас чаро Худованд ба Паёмбараш (с) — ки бо ваҳй дастгирӣ мешуд ва биҳишту дӯзахро ба чашм дид — амр кард, ки аз маҷлиси бад дурӣ кунад? Он ҷо ки мефармояд:

“Ва ҳар гоҳ касонеро дидӣ, ки дар оятҳои Мо (бо душманӣ ва тамасхӯр) гуфтугӯ мекунанд, аз онон рӯй гардон — то ба гуфтори дигаре гузаранд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ андохт, пас баъд аз он ки ба ёд овардӣ, дигар бо қавми ситамкор (мушрик) нанишин.”. (Анъом: 68).

Агар муҳити бад ба Паёмбар (с) таъсир дорад, пас ба мо чӣ гуна таъсир надошта бошад?!

Қиссаи огоҳкунанда: сарнавишти Абӯ Толиб

«Биё дар ҳолати марди оқил, пир, соҳибобрӯ ва роҳбари қавми худ — Абӯ Толиб, аммаки Паёмбар (с) каме биандешем. Ӯ ба сабаби ҳамнишини бад ба ҳалокат афтод.»

Вақте маргаш наздик шуд, Паёмбар (с) назди ӯ омад. Дар канораш — ду нафар аз пешвоёни куфр: Абӯ Ҷаҳл ва Абдуллоҳ ибни Абу Умайя, нишаста буданд.

Паёмбар (с) бо меҳрубонӣ гуфт:

«Эй амак! Бигӯ — Ло илоҳа иллаллоҳ. Калимае, ки ман дар назди Худо ба ту шафоат мекунам.»

Вале дӯстони бад гуфтанд:

— «Эй Абӯ Толиб, оё аз мазҳаби Абдулмутталиб рӯй мегардонӣ?!»

Ва онҳо он қадар таъсир карданд, ки сухани охирини Абӯ Толиб чунин буд: «Ман бар дини Абдулмутталиб мемонам.». (Бухорӣ).

Ин аст натиҷаи дӯстии бад — ҳатто дар лаҳзаи марг роҳи ҳақро мебандад. Наъузу биллоҳ!

Васфи даҳшатноки ҳамнишинони бад

«Аз бадбахтиҳост, ки инсонро мебинӣ — бо дӯстони бад лабханд дорад, дилаш кушода аст. Агар ба хайре қасд кунад —ӯро ноумед мекунанд. Агар аз шарре бозистад — ӯро ба он ташвиқ мекунанд. Онҳо даъваткунандагони роҳҳои ҷаҳанманд».

Бо онҳо бимонӣ — туро ба нобудӣ мекашанд.
Охираташ — пушаймонӣ, афсӯс, даст газидан
аст

Қуръон ин ҳолро чунин тавсиф мекунад:

«Ва он рӯз кофир даст бар дастон газида мегӯяд: Эй кош роҳеро бо Паёмбар мегирифтам! Вой бар ман — кош фулонӣро дӯст намегирифтам! Ӯ маро аз ёдоварӣ гумроҳ кард, баъд аз он ки ҳақ ба ман расид». (Фурқон: 27–29)

          «Аз ноумедиҳои бузург ин аст, ки инсонро мебинӣ — чеҳрааш танҳо дар миёни дӯстони бад кушодаву боз мешавад».

          Яъне вақте бо аҳли хайр менишинад, дилгир аст; аммо бо аҳли шарр бошад — хандон, кушодарӯй ва шодмон аст. Ин нишонаи бемории қалб аст.

«Агар ӯ ба фикри анҷоми кори неке афтад — онҳо ӯро бозмедоранд. Агар аз гуноҳе каме дур истад — ӯро ба он кори гуноҳ мешитобонанд. Агар аз кори зишт шарм кунад — ӯро ба анҷомаш ташвиқ мекунанд ва гуноҳро барояш осон нишон медиҳанд.»
яъне агар:

— Хайр мехоҳад? Мегӯянд: “Эҳ, ин корро накун, душвор аст.”
— Аз бадӣ метарсад? Мегӯянд: “Бародар, чизе намешавад!”
— Аз гуноҳ шарм мекунад? Гуноҳро барояш хурд ва содда мекунанд.

Инҳо дӯстон нестанд. Инҳо роҳбаладони дӯзаханд.

«Онҳо даъваткунандагон ба роҳи ҷаҳанманд. Агар инсон бо онҳо бимонад, ӯро ба бадтарин оқибат ва зишттарин сарнавишт мекашанд.».

Натиҷаи роҳ рафтан бо онҳо як аст: таназзул, гуноҳ, пушаймонӣ ва бадномӣ.

«Охири кораш — пушаймонӣ ва бо дандон газидани дастҳояш хоҳад буд. Аз алам ва афсӯс барои ҳамнишинӣ бо онҳо».

Ин тасвири Каломуллоҳ аст — ҳолати касе, ки рӯзе мефаҳмад: “Ман ин фоҷиаро бо дастони худ, бо интихоби дӯстони бадам ба сари худ овардаам.”

Ояти тасвиркунанда

          Худованд дар Қуръони карим чунин ҳолро ба таври зинда ва сахт тасвир мекунад:

          « Ва (ёд кун аз) рӯзе, ки ситамкор, дастонашро (аз ҳасрат) мегазад ва мегӯяд:

— Эй кош ман роҳеро (ҳамоҳанг) бо Паёмбар мегирифтам!
— Эй вой бар ман! Эй Кош фалон (кофир)-ро ба дӯстӣ намегирифтам! Бе шак пас аз он ки Қуръон (ва даъвати Паёмбар) ба ман расид, ӯ (буд, ки) маро ба гумроҳӣ кашонд. Ва шайтон ҳамеша инсонро танҳо (ва хор) мегузорад.».

(Фурқон: 27–29)

          Ин оят ба мо мегӯяд:

·        Дӯсти бад — аввал ба гуноҳ даъват мекунад,

·        баъд дар гуноҳ шарикат мешавад,

·        баъд вақте фоҷиа омад — аз ту мегурезад, туро танҳо мегузорад,

·        ва ту мемонӣ бо пушаймонии талх.

          Мисли одами ғарқшуда, ки дастони худро газида мегӯяд:
“Кош… дар ибтидо роҳи Паёмбарро мегирифтам, на роҳи ин дӯстони бадро!”

Эй бародари мусалмон!

Кӯшиш кун, ки ҳамеша бо одамони солеҳ ва Худотарс бошӣ — ҳам бо онҳое, ки зиндаанд, ва ҳам бо некуёне, ки аз ин дунё гузашта. Бо некуёни гузашта аз тариқи хониши зиндагиномаҳо, қиссаҳо ва рӯзгори ибратомӯзи онҳо ҳамнишин шав, зеро зиндагии онҳо қалбро зинда мекунад. Ва бо солеҳони зинда бо онҳое ҳамнишин шав, ки дар чеҳраашон нишонаҳои тақво, ростӣ ва хулқи некро мебинӣ.

Аз ҳамин сабаб Паёмбар фармудааст:

«Ҷуз бо мӯъмин (бо каси дигар) ҳамнишин машав ва ғизои туро ҷуз парҳезгор (каси дигар) нахӯрад».

Дар «Сунани Ибни Моҷа» низ бо санади ҳасан аз ҳазрати Анас ривоят аст, ки Паёмбар гуфтанд:

«Баъзе аз мардум калидҳои хайр ҳастанд ва қулфҳои шар».

Яъне баъзе одамон ҳастанд, ки дили туро ба роҳи некӣ мекушоянд, гӯши туро ба ҳидоят шунаво мекунанд, чашми туро ба ҳақиқат равшан месозанд ва туро аз бадӣ дур менамоянд.

Пас худро ба чунин одамони нек наздик кун, зеро онҳо калидҳои бахту баракати зиндагӣ ва роҳи ростанд.

Дӯстие, ки бар дурӯғу риёву худнамоӣ ва бар манфиатҳои дунявӣ сохта шудааст, дӯстӣ нест, балки зоҳирсозӣ ва сохти қалбакӣ аст. Муҳаббате, ки барои фоидаи муваққатӣ аст, чун бодест ки мевазад, ин дӯстиро пароканда мекунад ва он ҳама ба ном дӯстиҳо ба боди фано мераванд. Чаро? Зеро ин дӯстӣ асоси мустаҳкам надошта, бар асоси имон ва садоқат сохта нашудааст.

Худованди мутаъол мефармояд:

«Он рӯз дӯстони наздик ҳамдигарро душман мешаванд, ҷуз парҳезгорон» (Зухруф: 67).

Яъне, ҳамаи дӯстӣҳое, ки барои ғайри Худо буданд — барои манфиат, барои нафс, барои ҳавас, барои расидан ба ҳадафе, барои расидан ба дунёе ва амсоли инҳо — дар рӯзи қиёмат ба душманӣ табдил меёбанд. Танҳо дӯстие боқӣ мемонад, ки бар асоси муҳаббат барои Худо ва покии имон бошад.

Пас эй касе, ки бо одамони бад, дӯстони носолеҳ ва ҳамнишинони фосид менишинӣ!

Аллоҳ таъоло амр мекунад:

«...пас баъд аз он ки ба ёд овардӣ, дигар бо қавми ситамкор (мушрик) нанишин» (Анъом: 68).

Яъне, вақте ба ту фаҳмонида шуд, вақте ба ту гуфта шуд, ки ин роҳ бад аст, ин ҳамнишинӣ туро ба ҳалокат мебарад — дигар дар паҳлӯи онҳо нанишин!

Зеро ҳамин ҳамнишинони баданд, ки инсон дар рӯзи қиёмат бо надомат мегӯяд: «Эй кош, фалониро дӯст нагирифта будам!» (Фурқон: 28).

Аз ҳамин сабаб Паёмбари Акрам дар дуояшон аз дӯст ва ҳамнишини бад паноҳ меҷӯстанд ва мегуфтанд:

«Парвардигоро! Аз рӯзи бад, аз шаби бад, аз соати бад ва аз ҳамнишини бад ба Ту паноҳ меоварам». Ибни Ҳиббон онро ривоят намуда  ва саҳеҳ шуморидааст.

Бародари гиромӣ!

Ҳамнишинӣ ва дӯстии худро бо одамиёни нек, парҳезгор ва соҳибақл мустаҳкам нигоҳ дор. Зеро нишастан бо чунин инсонҳо туро ба ростӣ, адолат, ахлоқи нек ва роҳи дурӯст бештар мебарад. Ҳамнишинии онҳо ба ту дар дунё ҳам фоида меорад ва дар охират ҳам сабаби наҷот ва рӯшанрӯйӣ мегардад.

          Аз ҳамин сабаб Аллоҳ таъоло ба Паёмбари акрам амр карда гуфтааст:

          Ва худро (бар ҳамнишинӣ) бо касоне ҳамроҳ (ва бо сабр) гардон, ки бомдод ва шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд (ва бо онки фақиранд, танҳо) ризояти Ӯро мехоҳанд. Ва мабодо чашмонат аз онҳо (ба сӯи сарватмандон) баргардад, то зеварҳои дунё (ва ҳамнишинӣ бо ашроф ва қудратмандон)-ро бихоҳи ва (ҳамчунин) аз касе пайравӣ накун, ки дилашро аз ёди Хеш ғофил сохтаем ва аз ҳавои нафси худ пайравӣ карда ва кораш барбодрафтаву табоҳ аст”. (Каҳф: 28).

          Пас, эй фарзанди Ислом! Эй касе, ки некиро меписандӣ! Эй сулолаи мардони солеҳ!

          Дар миёни мардум ту бо ҳамон касоне маҳсуб мешавӣ, ки онҳоро дӯст ва ҳамнишин гирифтаӣ.

Шоир мефармояд:

Ту дар байни мардум чен (муқоиса) мешавӣ      

Ба он ки чӣ касро дӯст интихоб кардаӣ.

Бо некон бош – боло меравӣ

                              Ва (дар ҷомеа) ба номи накӯ ноил мегардӣ.

          Бо фосиқон, фосидон ва одамони беодобу беҳаё ҳамнишинӣ макун, ки хулқи онҳо ба ту мегузарад ва туро низ монанди худ месозад. Ба назди пастфитратон ва аҳли бадӣ нанишин, зеро ахлоқи онон– мисли беморӣ - сироят кунанда аст.

          Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд:

          «Бо бадкор ҳамнишинӣ макун, зеро ӯ кирдори худро дар назарат зебо мегардонад ва дӯст дорад, ки ту ҳам монанди ӯ бошӣ.».

Эй бародари азиз!

Ту бояд дӯстро мисли он ки беҳтарин намуди чизҳоро интихоб мекунӣ, интихоб намои: мисли ин ки аз рӯйи зоҳирӣ зеботаринро, аз хӯрок лаззатбахштаринро ва аз нӯшокӣ гуворотарашро интихоб менамоӣ. Зеро касоне, ки бадкор ва пастфитратанд, барои ту ғайр аз бадӣ ва пастфитратӣ чизе намеоранд.

Бигзор барои ту возеҳ бошад: На ҳар касе ки забонаш зебо ва суханаш ширин ва ҳамеша хандон аст, дӯст аст. Мумкин аст ба назар туро хушоянд бошад, мисли намуди зоҳирӣ ва нармии бадани мор, аммо метавонад туро низ газад.

Пас аз ҳамнишинии пастфитратон эҳтиёт кун, зеро онҳо ба мисли бемории сирояткунанда ба ту низ таъсир мерасонанд.

Дӯстро бо эҳтиёт интихоб кун ва онро аз рӯи арзиш ва сифат ҷудо кун, зеро "ҳамнишинро аз рӯи ҳамнишин муқоиса мекунанд".

Яке аз солеҳонро пурсиданд: «Бо кӣ ҳамнишин шавем?» Ӯ ҷавоб дод: «Бо касоне, ки дидани онҳо туро ба ёди Худо меорад, суханашон ва муҳокимаашон туро ба илм ва дониши бештар водор мекунад, ва кирдорашон туро ба амалҳои хуб дар охират ҳидоят менамояд.».

Шоире гуфтааст:

Дар ҳақиқат, аз худи шахс пурсиш накун, балки аз ҳамнишинаш пурс. Зеро ҳар инсон ба ҳамнишини худ мепайвандад ва аз ӯ пайравӣ мекунад.

Ҳамчунин, агар ту дар миёни мардуме бошӣ, пас бо беҳтарини онҳо (дар некӣ) рафиқу ҳамнишин шав, ва бо пастфитратон ҳамнишинӣ макун, ки ҳамон тавре ки онҳо паст мешаванд, ту низ бо онҳо фурӯ меравӣ.

Яке аз солеҳонро дар бораи ҳамнишинӣ пурсиданд. Ӯ гуфт:

·        Ҳамнишинӣ бо Аллоҳ таъоло бояд бо одоби нек ва ҳайбату тарс бошад;

·        Ҳамнишиниӣ бо Паёмбар  бо пайравӣ аз суннат ва роҳи ӯ ва зоҳири илмро лозим доштан, бошад;

·        Ҳамнишинӣ бо Авлиёуллоҳ (Дӯстони Аллоҳ) бо эҳтиром ва арҷ гузоштан бошад;

·        Ҳамнишинӣ бо аҳли оила бо ахлоқи нек ва кирдори хуб бошад;

·        Ҳамнишинӣ бо дӯстони худ бо сӯҳбати ширин ва шодобӣ, агар гуноҳ нест, бошад;

·        Ҳамнишинӣ бо нодон ва ҷоҳилон бо дуо ва раҳм бар онҳо бошад;

·        ва ба неъматҳое, ки Аллоҳ таъоло, ки бар ту додааст бо шукр намудан назар намои, ки туро ба онҳо махсус гардонида ва аз он балое, ки онҳоро мубтало намудааст, туро мубтало нанамудааст.

Имтиёзоти ҳамнишини солеҳ (дӯсти хуб)

Ҳамнишини солеҳ касест, ки туро ба некӣ амр мекунад, аз бадӣ бозмедорад, ба ту донишҳои фоидабахш меомӯзонад, сухани рост мегӯяд, ҳикматҳои пурмаъно ба гӯшат мерасонад, туро ба неъматҳо ва кароматҳои Аллоҳ таъоло бино намуда ҳушдор медиҳад, айбҳои ниҳонии туро нишон медиҳад ва аз корҳое, ки ба ту иртибот надоранд, туро ба корҳои манфиатнок барои дунё ва охиратат машғулат мегардонад.

Агар тавоно бошад, камбудиатро пур мекунад, ҳоҷати туро бароварда менамояд, то ба ҷуз Аллоҳ таъоло ба ҳеҷ каси дигар ниёзманд набошӣ. Агар ба ӯ аз Аллоҳ ёдоварӣ кунӣ, ба савоби Аллоҳи мутаъол умед мебандад; агар ӯро аз азоби Аллоҳ таъоло тарс диҳӣ, аз бадӣ даст мекашад.

Вай барои таълим додан ва ислоҳи ту — вақте ки ту аз зикри Аллоҳ ғофил мешавӣ, кӯшиш мекунад. Агар ту сустӣ кунӣ ё фаромӯшӣ намоӣ, туро ҳушдор ва башорат медиҳад. Ҳузур дошта бошӣ ё ҳузур надошта бошӣ — ҳамеша ба фикру ғами ту аст.

Ҳамнишини солеҳ аз будани ту ва аз наздикият хаста намешавад, дар ҳолати дурӣ ҳам туро фаромӯш намекунад. Ҳар вақте ба назди ту меояд, суханаш хотир ва дилатро шод мегардонад.

Вай туро бо худ ба маҷлисҳои илм мебарад, ба ҳалқаҳои зикр мешинонад, ба хонаҳои ибодат мебарад; тоатро бароят зиннат дода зебо менамоёнад ва гуноҳро бароят зишт нишон медиҳад.

          Пайваста туро манфиат мерасонад, то он ки ба монанди мушкфурӯши атр мегардад: ӯ мефурӯшад ва ту харидор мешавӣ — яъне аз ӯ хушбӯйӣ мегирӣ ва серманфиат мешавӣ.

          Молик ибни Динар гуфтааст:«Агар бо некон санг ҳам кашӣ — беҳтар аст аз он ки бо фасодкорон ҳалво бихӯрӣ.».

          Мусо ибни Уқба гуфтааст: «Агар ман бародаре аз бародарони солеҳамро во хӯрдам, то чанд рӯз ба сабаби он мулоқотам бо ӯ оқилона ва боадаб зиндагӣ мекардам.». Яъне: таъсири суҳбати некон чанд рӯзе ҳам боқӣ мемонад, танҳо аз дидораш мутаассир мешавад. Чӣ расад, ки агар бо ҳам нишинанд ва суҳбате ороянд?

Ҳамнишини солеҳ: агар бо ӯ бошӣ — туро зиннат дода зебо мекунад; агар ӯро хидмат кунӣ — туро ҳифз мекунад; агар ба тангӣ афтад — аз моли худ ба ту мебахшад. Агар аз ту кори хубе бубинад — онро ба ёд мегирад; агар бадие бубинад — онро пинҳон мекунад ва рӯйпӯшӣ менамояд.

          Аз ҷониби ӯ ҳеҷ биму тарси бадие ё хатаре нахоҳи дошт, роҳу рафтораш ҳам рост, мустақим ва дуруст аст, ки дигаргун намешавад.

Ҳамнишини солеҳ — беҳтарин сармоя ва касби дунё аст. Дар ҳолатҳои фарохӣ зиннат аст, дар рӯзҳои сахт такягоҳ аст, дар корҳои хайри зиндагӣ ва охират ёрӣ аст.

аз тарафи дигар:

          Ҳеҷ хайр дар ҳамнишинӣ бо он касе нест ки вақте:

  • бо ту ҳарф занад — дурӯғ мегӯяд,
  • амонатеро ба ӯ бовар карда диҳӣ — хиёнат мекунад,
  • агар ба ту амонате диҳад —ба ту гумони бад мебарад,
  • агар ба ӯ неъмате додӣ, то некӣ куни — носипосӣ мекунад,
  • агар ӯ ба ту бо неъмате некӣ кард — бар сари ту миннат мегузорад.

 

          Эй бародари гиромӣ! Дӯстӣ ва ҳамнишинӣ бо солеҳон меваҳои мубораку пурарзише дорад. Аз ҷумла:

1 ـ Ту бо онҳое хоҳӣ буд, ки дӯсташон медорӣ:

          Имоми Бухорӣ аз Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки марде аз Паёмбар дар бораи «Қиёмат кай меояд?» пурсид. Паёмбар гуфт:

          «Барои он рӯз чӣ омода кардаӣ?»

          Анас гуфт: «Ҳеҷ чиз, ҷуз ин ки ман Аллоҳ ва Расулашро дӯст медорам»

          Паёмбар фармуд: «Ту бо он касоне хоҳӣ буд, ки дӯсташон медорӣ».

          Анас мегӯяд: «Мо аз ҳеҷ чиз ончунон шод нашудем, ки аз ин сухани Паёмбар “Ту бо онҳое ҳастӣ, ки дӯсташон медорӣ.”. Анас гуфт: ман Паёмбар , Абубакр ва Умарро дӯст медорам ва умед дорам, ки бо онҳо бошам — аз рӯи муҳаббатам ба онҳо — агарчи амалам ба амалҳои онҳо намерасад.».

Дӯстӣ бо солеҳон дар дунё сабаби ҳамнишинӣ бо онҳо дар биҳишт мешавад. Муҳаббат роҳи наҷот ва ҳамроҳӣ бо некон аст, ҳатто агар амал камтар бошад — то вақте муҳаббат ростин ва ихлосӣ аст.

2 ـ Наҷот ёфтан аз ваҳшату тарси рӯзи Қиёмат:

          Худованд мефармояд: Дӯстон (ё дӯстони дунёие, ки ба гуноҳҳо муттаҳид буданд) дар он рӯз душмани якдигар мешаванд,
магар парҳезгорон. Эй бандагони Ман! Имрӯз бар шумо тарсе нест ва шумо ғамгин намешавед”. (Сураи Зуҳруф, 67–68).

Дар Қиёмат ҳама дӯстии нодуруст — дӯстии бар асоси манфиат, гуноҳ ва нафс — ба душманӣ табдил мешавад. Танҳо дӯстии бар асоси тақво ва бо гузашт намудан барои ризои Аллоҳ, дар он рӯз амнияту шараф меорад.

3 ـ Баҳра бурдан аз дуоҳои онҳо дар ғайбат (ба пушти сар):

          Бисёр фарқ дорад миёни: Онҳое ки дар ҳаққи бародарони солеҳашон дуо мекунанд:

          Парвардигоро! Мо ва бародарони моро биёмурз,
онҳое ки пеш аз мо ба имон сабқат карданд,
ва дар дилҳои мо нисбат ба мӯъминон ҳасаду кинае қарор мадеҳ.
Парвардигоро! Ту меҳрубон ва раҳмкунанда ҳастӣ”. (Сураи Ҳашр, 10).

          Ва онҳое ки дар дунё бо ҳам ҷанҷол мекунанд ва дар охират дар оташи ҷаҳаннам якдигарро лаънат менамоянд:

          Ҳар бор ки гурӯҳе вориди оташ шавад, бар гурӯҳи қаблиаш лаънат мекунад”. (Сураи Аъроф, 38).

          Дӯсти солеҳ — ҳатто ҳангоми набудани ту — дар ҳаққат дуо мекунад, бахшоишу раҳмат мехоҳад, ва ин дуоҳо дар ҳаёту охират суд доранд. Аммо дӯстони бад — дар дунё зарар мерасонанд ва дар охират душман мешаванд.

4 ـ Баҳра бурдан аз муҳаббати Аллоҳ, ки ба сабаби муҳаббатат ба дӯстони солеҳ

          Дар ҳадиси қудсӣ Аллоҳ таъоло мефармояд:

          «Муҳаббати Ман бар онҳое воҷиб гаштааст, ки:

-        ба хотири Ман якдигарро дӯст медоранд,

-        ба хотири Ман бо ҳам менишинанд,

-        ба хотири Ман ба зиёрати ҳам мераванд,

-        ва ба хотири Ман ба ҳам лутфу атоҳо мекунанд.»

          Паёмбар фармуд:

          «Се хислате ҳаст, ки агар дар касе бошанд, ширинии имонро меёбад.»

Аз онҳо яке ин аст: «Он ки шахсеро дӯст дорад — (дӯстдорияш) танҳо барои Аллоҳ»
(Ҳадиси муттафақун алайҳ).

Муҳаббат барои Аллоҳ — муҳаббати холис, пок, бе манфиат, бе нафс — инсонро назди Парвардигор маҳбуб мегардонад. Ин бузургтарин дастоварди дӯстӣ бо солеҳон аст. Дӯстии солеҳ боиси он мегардад, ки Парвардигор туро дӯст дорад, туро дар дунё ҳидоят кунад ва дар охират ба раҳматаш дохил намояд.

Ва ин муҳаббати содиқу соф, ки барои ризои Худо бошад…

          Муҳаббати ростине, ки танҳо барои Аллоҳ Таоло аст — на барои манфиат, на барои нафс, на барои дунё —
сабаби баланд шудани мартаба ва боло рафтани дараҷа дар рӯзи Қиёмат мегардад.

          Паёмбар дар ҳадиси «ҳафт тоифа, ки Худо онҳоро дар зери сояи Аршаш паноҳ медиҳад — дар рӯзе, ки ғайр аз сояи Ӯ сояи дигаре нест —» яке аз онҳоро чунин зикр кардааст:

«Ду мард, ки барои Аллоҳ ҳамдигарро дӯст доштанд; бар асоси муҳаббат ба Аллоҳ вохӯрданд ва бар асоси он аз ҳам ҷудо шуданд.»
(Ҳадиси муттафақун алайҳ.)

Муҳаббат вақте холисона барои Аллоҳ бошад — бародарӣ ва дӯстӣ дорои қудрати илоҳӣ мешавад ва инсонро дар рӯзи Қиёмат ба паноҳу амнияти махсус мерасонад.

Паёмбар онҳоро ба баландии мартаба ва пешсаф будан башорат додааст

          Дар «Муснади Аҳмад» омадааст, ки Паёмбар ба саҳобаҳо гуфт:

          «Эй мардум! Бишнавед, бифаҳмед ва бидонед, ки Худованд бандагоне дорад, ки онҳо на пайғамбар ҳастанд ва на шаҳид, вале пайғамбарон ва шаҳидон бар ҳоли онҳо — бар ҷойгоҳ ва наздикӣ ба Худо — ҳасад мебаранд.»

          Марде аз бодинишинҳо аз канори ҷамъият истода буд, ишора кард ва гуфт:

          — Эй Паёмбари Худо! Касоне аз мардум ҳастанд, ки на пайғамбару на шаҳиданд, вале пайғамбарону шаҳидон ба мақому наздикии онҳо ҳасад мебаранд?! Сифаташонро барои мо баён кун».

          Паёмбар аз ин савол хушҳол шуд ва чеҳрааш кушода гардид, сипас фармуд:

          «Онҳо мардумонеанд аз байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз қабилаҳои пароканда, ки байни онҳо хешутабории наздик нест. Онҳо барои Аллоҳ ҳамдигарро дӯст доштанд, дилҳояшон пок гашт ва самимона шуданд. Худованд дар рӯзи Қиёмат барои онҳо минбарҳо (курсӣҳои) аз нур мегузорад ва онҳоро бар он менишонад.
Рӯи онҳо нур мешавад, либосҳояшон нур мегардад.
Мардуми дигар дар рӯзи Қиёмат тарсу ваҳшат доранд, вале онҳо тарсе надоранд.
Онҳо дӯстони Худо ҳастанд, ки бар онҳо на тарс аст ва на ғамгинӣ». (Ривояти Аҳмад.)

          Ин мақом дар Ислом хеле бузург аст. Инсон метавонад танҳо бо муҳаббати пок барои Аллоҳ — на бо мол, на бо насаб ва на бо мақом — ба ҷойгоҳе бирасад, ки ҳатто шаҳидон ва паёмбарон бар ӯ ғибта кунанд. (яъне таманно мекунанд).

5 — Баркати маҷлисҳои нек ва хайре, ки ҳамаро фаро мегирад

          Дар ҳадиси машҳур дар фазилати маҷлисҳои зикр омадааст, ки фариштагон мегӯянд:

          «Эй Парвардигор! Дар миёни онҳо фалон кас низ ҳаст —
ки аслан ба хотири зикр наомада, балки барои кори дигар (барои ҳоҷате ва ниёзе) омадааст.»

          Худованд мефармояд:

          «Онҳо қавме ҳастанд, ки ҳар кас ҳамнишини онҳо шавад,
бадбахт ва маҳрум намегардад». (Муттафақун алайҳ)

          Яъне:
Ҳатто агар ҳар касе барои коре дигар омада бошад, то чун бо некон ва дар маҷлиси онҳо нишастааст — беандоза хайр ва бахшоиш насиб мегирад ва аз баракат, гуноҳбахшӣ ва раҳмати Худо баҳра мебарад.

          Бинобар ин:

          Қавме Худоро ёд мекунанд — ва нидое аз осмон садо медиҳад:

          «Бархезед! Ҳамаи шумо омурзида шудаед!»

          Пас чӣ неъматест нишастан бо ҳамин гуна мардум,
агар ҳар боре ки бармехезанд — бо гуноҳҳои омурзида бармехезанд?!

7 — Таъсир гирифтан аз онҳо

          Аз бузургтарин меваҳои ҳамнишинӣ бо солеҳон — таъсир пазируфтани ту аз ахлоқ, одоб, ибодат, ростқавлӣ ва тақвои онҳо аст.

          Паёмбар фармуд:

          «Инсон бар дини дӯсташ аст.»

          Яъне роҳ, одоб, рафтор, имон ва зеҳни инсон — аз дӯстонаш таъсир мегирад. Агар дӯстат солеҳ бошад — ту низ ба ӯ монанд мешавӣ.
Агар фосиқ бошад — ба ҷони худ хатар меандозӣ.

8 — Вақт ва умрро аз талаф шудан нигоҳ медоранд.

          Аз Абӯ Қилоба (р) ривоят аст:

          **«Ду мард дар бозор ба ҳамдигар во хӯрданд. Яке ба дигарӣ гуфт: Биё, дар ҳангоми ғофилии мардум, истиғфор кунем! Онҳо инкорро анҷом дода ва ҳамон ҷо ба зикру истиғфор пардохтанд. Баъди чанде яке аз онҳо аз дунё даргузашт.

          Шаби баъд дӯсташ ӯро дар хоб дид. Шахси  фавтида ба дӯсташ гуфт: Оё медонӣ? Худо моро ҳамон рӯз бахшид — дар ҳамон бегоҳе, ки дар бозор во хӯрдем (ба истиғфор машғул шудем).»**

          Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ҳатто як лаҳзаи ихлос — дар миёни ғофилони олам — метавонад сабаби мағфирати бузург гардад.

9 — Шафоат: бузургтарин меваи дӯстии шахси солеҳ

          Агар аз ҳамсӯҳбатӣ ва ҳамнишинии муъмине ҷуз шафоат кардан дар рӯзи қиёмат набошад, албатта басанда буд.

          Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфтааст: «Дӯстони бештаре аз мӯъминон дошта бошед — зеро онҳо дар рӯзи Қиёмат барои шумо шафоат мекунанд.»

          Шоир чӣ хуб гуфтааст:

          Ман солеҳонро дӯст медорам, ҳарчанд аз онҳо нестам,
Умед дорам бо ин муҳаббатам ба онҳо, шафоат ёбам.
Вале касонеро, ки тиҷорати онҳо гӯноҳкорӣ аст, дӯст намедорам,
Гарчанд, ки аз ҷиҳати молу матоъ (яъне дар гуноҳе, ки онҳо мекунанд) мо ҳам яксон бошем».

          Яъне: танҳо муҳаббат ба некон — худ роҳ ба раҳмати Худост.

Шафоати мӯъминон барои дӯстонашон дар рӯзи Қиёмат

Паёмбар дар бораи аҳволи мӯъминон баъд аз гузаштани онҳо аз болои Сирот мефармояд:

          **«Чун мӯъминон аз дӯзах раҳо меёбанд (аз Сирот мегузаранд), савганд ба Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст —
ҳеҷ кас дар он рӯз бештар аз мӯъминон дар талаби ҳаққи бародарони худ нест.

          Онҳо мегӯянд: — Парвардигоро! Инҳо бо мо рӯза медоштанд,
бо мо намоз мехонданд,
бо мо Ҳаҷ мекарданд!

Пас фармон меояд ва ба онҳо мегуяд: — Касонеро, ки мешиносед, берун оваред.

          Пас оташ бар чеҳраи онҳо ҳаром мегардад —
ва мӯъминони бисёреро аз дӯзах берун меоваранд;
гурӯҳе ки оташ то нисфи соқҳояшон ва то зонуяшон расидааст.»**
(Ривояти Муслим)

Ин қавитарин далел аст, ки дӯсти солеҳ дар дунё ва дар охират —
сабаби наҷоти ту мешавад.

Дуои хотимавӣ

          Эй Парвардигори меҳрубон!

·        моро ба дӯстии некон,

·        ба зиндагии хушбахтон,

·        ба марги шаҳидон,

·        ба ҳаёти парҳезгорон,

·        ва ба ҳамнишинии паёмбарон дар биҳишт, муваффақ гардон.

          Зеро Ту бар ҳар чиз Қодир ҳастӣ ва ба дуои бандагон иҷобаткунанда.

          Ва салоту салом бар Паёмбари мо Муҳаммад ва бар олу асҳобаш. Ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи раббил оламин.