Featured

Бо Худованд чигуна муносибат менамоӣ-4?

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Ҳалқаи чорум

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

 Бо Худованд чигуна муносибат менамоӣ, вақте Ӯ ғазаб кард?

Мо дар бораи раҳмату меҳрубонии Худованд сухан гуфта будем, ки чигуна ҳама ҷо ва ҳама чизро фаро гирифтааст. Бадаст овардани он ҳам ниҳоят осон будааст, вале ин барои касе аст, ки воқеан онро мехоста бошад. Аллоҳ таъоло дар бисёр маврид аз сифатҳояш зикр намуда, ки бештари онҳо нишондиҳандаи раҳмату шафқати Ӯ таъоло нисбат ба бандагонаш мебошад. Мехоҳад онҳо ба тарафи Ӯ бо шавқ биёянд ва гумкардаи худро пайдо намоянд. Вале Аллоҳи азза ва ҷалла танҳо ингуна номҳо ва сифатҳо надорад, балки бо вуҷуди ин ки Аллоҳ ҳалим (бурдбор), карим (саховатманду бузург), алим (доно) ва бар муъминон меҳрубону (раъуфу) раҳим аст, вақте ӯ таъоло ғазаб намуд, сифатҳои дигаре низ дорад, ки бар ғазабаш далолат мекунанд ва ғазаби Ӯ таъоло ниҳоят сахт аст. Аллоҳ таъоло мефармояд:

Ҳамоно гирифтани қаҳромези Парвардигорат бисёр сахт аст”. 29/32.

Гирифтани қаҳромез, ки дар Қуръон ба калимаи "Батш" истифода шудааст, маънои он ҷазо додан, ки бо он дуруштӣ ҳамроҳ мебошад ва боз дар баробари дуруштӣ ба сахтӣ ҳам васф шудааст, ки ниҳояти ҷазо додан ва иқоб намудани Ӯ таъолоро нисбат ба касоне ки ғазаб кардааст, нишон медиҳад. Маънояш бори дигар чунин аст, ки бар каси ғазабшуда ин маҷмуъаи калимаҳо нигаронида шудаанд, ки иборат аз "батш" ва "шадид" мебошанд. Яъне якум ҷазо медиҳад, дуввум ин ки ҷазояш дурушт мебошад, сеюм ин ки бо вуҷуди ҷазо будан, бо вуҷуди дурушт будан боз онро ба сахт будан васф намуд. Вақте Худованд бар бандае ғазаб намуд, бар зидди вай ҳама чиз ғазаб мекунанд. Инро дар сураи Фотиҳа мулоҳиза намо, ки вақте гуфт: “Ғайри-л-мағзуби ъалайҳим” “Магар (роҳи) касоне, ки ғазабшудагонанд” нагуфта, ки “Магар касоне, ки бар онҳо ғазаб намудаи” бо вуҷуди онки пеш аз ин гуфта буд, ки: “Роҳи касоне, ки бар онҳо неъмат додаи”. Лекин дар ҳолати баёни ғазаб, масъала дигаргун шуд, “Ғайри-л-мағзуби ъалайҳим” (“Магар (роҳи) касоне, ки ғазабшудагонанд”) дар шакли ҷамъ омадааст на дар шакли танҳо, чаро? Зеро чун Аллоҳ таъоло бар бандае ғазаб кард, ҳама чиз бар вай ғазаб хоҳанд кард. Фариштагон бар вай ғазаб мекунанд, осмонҳо, ҷамодот (олами шахшуда), наботот, ҳама чиз бар вай ғазаб мекунанд. Ҳато ҳайвонҳо ҳам бар вай ғазаб мекунанд. Яке аз солеҳон мефармояд: Қасам ба Аллоҳ, вақте ахлоқи ҳайвон ва ҳамсарам тағйир ёбад, ман асари маъсияту нофармониямро медонам. Савганд ба Аллоҳ, ки ҳато ҳайвонот инро эҳсос мекунанд. Аз ин ҷиҳат аст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст, “Магар (роҳи) касоне, ки ғазабшудагонанд”.

Гоҳо чунин мешавад, ки баъзе инсонҳо аз чизе гузашт мекунанд, то баъзе нафаронро розӣ намоянд, вале ин гузашт кардани онҳо ва розӣ карданашон Аллоҳ таъолоро ба ғазаб меорад. Як кори мамнуъ ё ҳаромеро анҷом медиҳад, то сардорашро дар кор розӣ намояд, то ҳамсарашро розӣ гардонад, ё мизоҷонашро дар корхона розӣ созад. Худи касоне, ки ризогии онҳоро меҷӯяд, оқибат ҳамаи онҳо аз ӯ ғазаб хоҳанд кард. Ин каломи ман нест, ин калом сухани Расулуллоҳ (с) аст. Расулуллоҳ (с) фармуданд:

Касе ризогии мардумро дар ивази хашми Аллоҳро овардан биҷӯяд, Аллоҳ бар ӯ хашм мегирад ва мардумро бар ӯ хашмгин месозад”.

Бале, дар ҳаёт таҷрибаҳои зиёд вуҷуд дорад. Вақте Аллоҳ таъоло бар чизе ғазаб намуд, он чиз ҳаргиз наҷот нахоҳад ёфт. Чӣ коре ҳам анҷом надиҳад, наҷот пайдо намекунад, магар ин ки он ғазаб ва хашми Аллоҳ таъоло аз вай бардошта шавад. Вале агар инсон бар маъсияту нофармонияш исрор варзид ва якравӣ намуд, дар ин ҳолат ғазаби Аллоҳ бар ӯ қарибтар ва сахттар хоҳад шуд.

Пас чигуна ғазаби Аллоҳ таъолоро аз худ дур созам ва худро бираҳонам? Бо Худованд чигуна муносибат мекунӣ вақте ӯ ғазаб карду хашмгин шуд? Ин аст суоли имрӯз.

Парвардигорамон субҳонаҳу ва таъоло бо вуҷуди онки бар бандааш ғазабнок аст, магар ин ки боз барои ӯ мӯҳлат медиҳад. Дар баробари бандааш сабру бурдборӣ ва ҳалимӣ менамояд. Бо вуҷуди ин ки ҳақ дорад, дарҳол аз ӯ қасос бигирад. Ин ҳақи вай аст, магар ин ки Ӯ таъоло барояш фурсат медиҳад. Ин фурсат додан, марҳилаи "мӯҳлат додан" ё "фурсати дигаре додан" номида мешавад. Ин марҳила ҳам муваққатӣ аст, ки мисли мӯҳлатҳое, ки пеш аз ин гузашта буд, мегузарад. Ин ҳамчун кӯшиши дигарбора ё бори дигар санҷидане аст, то пеш аз ин ки ягон чизе бар ӯ рӯх диҳад, Парвардигорашро тазтар розӣ намояд. Касе аз моён агар дар ин марҳила зиндагӣ дошта бошад, пас дарҳол он фурсатро ғанимат шуморида, пурра истифода намояд. Ин фурсатро пеш аз ин ки ба итмом расад ва аз даст равад, ғанимат шуморад. Чунки агар ин мӯҳлат ва ин фурсат ба охир расид, яъне марҳилаи мӯҳлат додан, баъди ин банда дар маҳилаи дигар ворид мешавад, ки он марҳилаи интиқом мебошад. Вақте Аллоҳ таъоло аз бандааш дар ғазаб шуд, аз ӯ дарҳол интиқом намегирад, балки ӯро дар марҳилаи мӯҳлат додан ва бар ӯ сабр намудан вогузор мекунад. Ӯро раҳо менамояд, шояд ки бармегардад, шояд ки маъсият ва нофармониро тарк мекунад. Гоҳо Аллоҳ таъоло бар бандааш ғазаб кардааст, вале банда бошад инро эҳсос намекунад. Баъзе инсонҳо ҳастанд, ки солҳои дароз дар ғазабу хашми Аллоҳ таъоло ҳаёт басар мебаранд ва заррае эҳсоси онро намекунанд. Чизе, ки ӯро дар қайди ҳаёт боқӣ гузоштааст ва ҷазову интиқоми Аллоҳ таъоло ба ӯ нарсидааст, ин ҳилму бурдбории Аллоҳ таъоло нисбат ба он бандааш аст. Зеро Ӯ таъоло бар бандагонаш сабур (бурдбор) ва ҳалим аст.

Шояд касе суол кунад, ки чигуна бидонам, ки Аллоҳ таъоло аз ман ғазабнок аст ё не?

Посӯх ба ин суол ниҳоят осон аст. Вақте банда бар гуноҳу нофармонӣ, яъне маъсият исрор варзад, хавфи он меравад, ки феълан Аллоҳ таъоло бар ӯ ғазабнок аст. Вагарна Аллоҳ таъоло, бар ӯ қасде надорад, ки аз ӯ қасос бигирад. Чигунае, ки бузургворе гуфтааст: “Агар Аллоҳ таъоло ҳамаи бандагонашро ҳалок намуд, ин дар мулкаш чизеро зиёда намегардонад”. Балки раҳматаш Аллоҳи субҳонро аз ғазабаш сабқат кардааст, ҳамчуноне ки ӯ худаш бар ин ҳукм намудааст. Пас ҳар фарде ба худ назар намояд ва бубинад, ки агар Аллоҳ таъоло ва Расулуллоҳ (с)-ро дар чизе нофармонӣ дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки дар ғазаби Аллоҳ таъоло ҳаёт ба сар мебарад, мисли ин ки: намоз нахонад, рӯза нагирад, закот надиҳад, ҳаҷ наравад вақте қудрати онро дошта бошад, вақте даст ба гуноҳ мезанад, вақте писар ё духтар падару модарро меранҷонад, вақте зан шавҳарро итоат намекунад, вақте дашном медиҳад, вақте ба касе зарар мерасонад, вақте ғайбати касеро мекунад, вақте миёни касе шуълаи фитна ва ҷангро бармеангезад, то ду нафарро бо ҳам қаҳрӣ намояд ва амсоли инҳо. Вақте марҳилаи мӯҳлат додан ба охир расид, чӣ чиз рӯх медиҳад?

Вақте марҳилаи мӯҳлат додан ба охир расид, марҳилаи интиқом гирифтан шуруъ мешавад. Бар Аллоҳи зу-л-ҷалоли ва-л-икром паноҳ мебарем, аз интиқомаш. Ин марҳилаи ниҳоят вазнин ва ниҳоят сахт мебошад. Марҳилаи интиқом ба худ шаклҳои мухталиф ва гуногун дорад. Аллоҳ таъоло кадом шаклеро, ки бихоҳад ихтиёр менамояд. Ҳар инсони осӣ ва нофармонбардорро, ба ончӣ муносибаш аст, муайян мекунад. Касе дар миёнаи ғазаби Аллоҳ таъоло қарор дошта бошад, чӣ кор бояд кард? Бар ту лозим аст, дар ин вазъият, ки ҳолати фавқулодаи комилро эълон намои. Босуръат, пеш аз ин ки ягон чизе воқеъ шавад инро анҷом диҳи. Пас бояд чӣ кор кунам? Агар эҳсос намуди, ки Аллоҳ таъоло бар ту ғазаб кардааст, роҳе вуҷуд дорад, ки он ғазабро аз ту дур менамояд. Ба ин сурат, ки ризои Аллоҳ таъоло ба ту бармегардад, баъди онеки ту онро гум карди, баъди оне, ки ба сабаби қасдан ё нофаҳмида аз даст додӣ. Ҳалли ин масъали чунин аст, ки бояд касеро ҷустуҷӯ намоӣ, касеро пайдо куни, ки туро аз ин варта бираҳонад. Вале ту ҳаргиз касеро пайдо карда наметавони, ки туро аз ин ҳолат бираҳонад, магар худи Ӯ таъоло. Ӯст зоте, ки туро аз ин ғазаб мераҳонад. Ҳама чизе, ки дар ин ҳастӣ вуҷуд дорад, вақте мехоҳи аз ӯ гурезӣ аз назди он худро дур менамои, магар Аллоҳ таъоло, ки дар ин ҳолат бояд ту ба тарафи Ӯ гурези. Гурехтанат инҷо ба сӯи Худованд ва ба ӯ наздик шудан мебошад, на аз Ӯ дур шудан, бар хилофи дигар махлуқот. Аллоҳ таъоло фармудааст:

Фа фирру илаллоҳ”. Пас шумо ба сӯи Худованд бигурезед”.

Оё дидӣ, ки бо Худованд чигуна муносибат ва муомила менамоем, ки аз муносибат кардан бо ҳама дигар чизҳо фарқ мекунад? Ӯ маро чигуна мераҳонад? Туро раҳо мекунад, вақте танҳо ба сӯи ӯ паноҳ бурдӣ. Аз ин ҷиҳат аст, ки Расулуллоҳ (с) мегуфт:

Ҷои наҷоте ва ҷои паноҳе аз Ту нест, магар ба сӯи Ту”.

Ту ба воситаи Ӯ аз Ӯ паноҳ талаб менамои, бе ягон восита ва ягон чизи дигар. Ин гуна муносибат бо ягон каси дигар наметавонад сурат бигирад, магар бо Худованди мутаъол. Аз ин ҷиҳат Расулуллоҳ (с) донотарини халқ буд ва аз ҳама дида бештар Аллоҳ таъолоро мешинохт. Ӯ ин услубро истифода мебурд ва дар дуояш мегуфт:

Ман ба ризогии Ту аз ғазабат паноҳ мебарам”.

Бале ингуна аст дар ихтиёр намудани калимаҳо, дақиқ будан. Худованд фармудааст:

Шумо маро бихонед, ман шуморо истиҷобат мекунам”.

Ту ба Ӯ таъоло бигу, бо ҳама шуъуру ва эҳсосат, аз тамоми қалбат, бигу:

Эй Парвардигорам! ба ман ғазаб макун. Эй Парвардигорам! аз ман розӣ бош. Эй Парвардигорам!, ҷуз ту касе надорам.

Бигу: Агар Ту бар ман ғазаб накарда боши, парвое надорам. Эй бори Илоҳо! Ту Парвардигори ман ҳастӣ, нест илоҳе ҷуз Ту. Маро офаридаи ва ман бандаи туям ва ман бар ваъда ва аҳди туям ба ҳамон андоза, ки тавон дорам...

Бигу: Нест илоҳе ҷуз Ту, Ту пок ҳастӣ, ҳамоно ман аз ҷумлаи зулмкунандагону ситамгорон будам.

Бовар кун, эй бародар ва эй хоҳар, Ӯ аз ту розӣ хоҳад шуд. “Вақте бандагонам туро аз ман пурсиданд, ҳамоно ман қариб ҳастам, дуои касеро, ки маро бихонад, иҷобат мекунам”. Агар инро аз Ӯ талаб накард ва напурсид, ки аз ӯ розӣ шавад, ғазаби Худованд бар ӯ бештар мегардад. Расули Худо (с) гуфт:

Касе аз Худованд талаб нанамуд, Худованд бар ӯ ғазаб менамояд”.

Парвардигорамон инро медонад. Медонад, ки агар бандааш аз Ӯ талаб нанамуд, бар ӯ ғазаб мекунад ва банда тоқату тавони ин ғазабро надорад.

Мушкилии дигаре вуҷуд дорад. Ва ин ба интиҳо расидани марҳилаи мӯлат доданро нишон мекунад ва он ин аст, ки гуноҳ гарчанде хурду кӯчак ҳам бошад, агар дар ҳоли ғазаб бошад, он бузургтар ва сахттар мешавад. Баъзе аз ҳакимон гуфтаанд: 

Ҳамчуноне, ки ҷисмҳо дар назари инсон, дар сароб бузург мегарданд, инчунин гуноҳ ҳам дар вақти ғазаб кардан бузург мегардад. 

Табиист, ки касе аз ту розӣ бошад, хатоҳои туро таҳаммул мекунад, вале вақте бар ту ғазаб дошта бошад, инҳоро аз ту таҳаммул нахоҳад кард. (Вақте ҳабибу дӯст як гуноҳеро овард, некиҳои ӯ ҳазорон шафоатгароеро хоҳанд овард).

Инро бояд бидони, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло тез розӣ мешавад. Ба андак чиз Худованди мутаъол розӣ мегардад. Ин аз караму бузургӣ ва фазли Ӯ таъолост, вагарна мустаҳиқи бисёр чизҳое аст. Вале аз караму бузургияш бо андак чиз ва дарҳол розӣ мешавад. Дар як лаҳзае, ки ба сӯи Ӯ тавба мекуни, ғазабаш ба ризо мубаддал мегардад. Балки аз ин ҳам бештар, Ӯ шоду хурсанд мешавад.

Савганд ба Аллоҳ таъоло, ки Ӯ таъоло, барои баргаштани ту ба роҳи ҳақ, ба итоату фармонбардорӣ, шодмону хурсанд мешавад. Барои ту аз касе, ки аз ҳалокати ҳақиқӣ наҷот ёфта бошад, бештар хурсанд мешавад. Пас ту кушиш намо, ки Ӯро розӣ гардони. Кушиш намо ба анҷом додан чизҳое, ки Ӯ субҳонаҳу ва таъоло дӯст медорад иқдом намоӣ ва розияш гардони. Масалан, Расули Худо мефармояд: “Садақаи сиррӣ (пинҳонӣ) анҷом додан, ғазаби Парвардигорро хомӯш мекунад”. Ин лафзҳои зеборо мулоҳиза намо. Мутааккид бош, ки Аллоҳ таъоло бештар мехоҳад, ки аз ту розӣ бошад аз ин ки ту аз ӯ розӣ боши. Худованд фармудааст:

"Ва Худованд мехоҳад тавбаи шуморо қабул фармояд (ва аз олӯдагӣ пок намояд) ва касоне, ки аз шаҳватҳо (хостаҳои нафсонӣ) пайравӣ мекунанд, мехоҳанд ки (аз роҳи ҳақ) инҳирофи бузург намоед (бо рафтани ба роҳи каҷ ва нодуруст). Аллоҳ мехоҳад корро бар шумо сабуку осон кунад. Ва инсон заъифу нотавон офарида шудааст". Сураи Нисо: ояти 27-28.

Валекин гоҳо фоидае надорад. Худованди субҳон мардумро аз раҳматаш намеронад, валекин худи бандагон ҳастанд, ки худашонро аз раҳмати илоҳӣ дур месозанд. Баъзе аз инсонҳо исрор меварзад, мегуяд: Бояд ба оташи дузах ворид шавам. Исрор меварзад, ки Худованд бар ӯ ғазаб намояд. Вагарна бо вуҷуди ин ҳама Аллоҳ таъоло онҳоро ҳар рӯз ба сӯи худ мехонад. Аз онҳо мехоҳад, ки сӯи Ӯ баргарданд ва намехоҳад, ки бар онҳо ғазаб намояд. Аз онҳо мехоҳад, ки ба муҳаббаташ ва бар ризогияш баргарданд ва онро ба даст оваранд. Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Худованд дасташро дар шабонгоҳ паҳн мекунад, то касе дар рӯз кори бад кардааст, тавба намояд. Ва дасташро дар рӯз паҳн мекунад, то касе дар шаб кори баде анҷом додааст, тавба намояд”.

Бале, инро Аллоҳ таъоло ҳар рӯз анҷом медиҳад. Оё чунин рӯх надода, ки ба ту хабар дода бошанд, ки падарат бар ту ғазаб кардааст ва ин ки мудират туро дарҳол ба назди худ мехоҳад ва ӯ ғазабнок аст. Дар он ҳолат метарсиди ва андеша мекарди ва ноором мешуди, вақте ба назди ӯ даромади ва бо ӯ сухан гуфтӣ, ғазабаш ором шуд ва ханда бар лабонаш пайдо шуд? Ҳамон лаҳзае, ки ханда мекунад, як шуъури бисёр олӣ ва форамеро эҳсос менамои. Ин шуъурро медонӣ ва бо он ошно ҳастӣ? Бале, ин ҳолат бар ту рӯх додааст ва ту онро хуб медони. Медони, ки ман чӣ мақсад дорам? Чӣ фикр дори, ки ин шуъурро эҳсос намоем, вале ин дафъа на бо мудир, балки бо касе ки аз мудир ҳам муҳимтар аст, аз ҳамаи мардум муҳимтар аст. Ӯ Аллоҳ таъоло аст. Ман бовар дорам, ки ин шуъур дар рӯзи қиёмат, дар синаи ту, чандин маротиба бештар аз шуъуре, ки дар дунё буд, ширинтар ва зеботар аст. Вақте дар замини маҳшар меистӣ ва мунтазир ҳасти, ки бар ту дар рӯзи қиёмат ҳукм содир шавад. Номатро гирифта, нидо карда мешавад ва ту дар пеши Малики рӯзи қиёмат меисти, ва ту хоҳи дид, ки ӯ Парвардигори меҳрубону бораҳм аст, ва Ӯ аз ту розӣ аст ва бар ту ғазаб намегирад. Шуъуру эҳсоси ту дар ин дам чигуна хоҳад буд? Ту тарсон ҳастӣ, ки Ӯ аз ту дар ғазаб аст, вале хоҳи дид, ки Ӯ аз ту розӣ аст. Ман ҳам мутафоил ва некбин ҳастам, ки ин барои ҳамаи мо дар рӯзи қиёмат хоҳад рӯх дод, иншоаллоҳ. Вале биёед акнун, пеш аз ин ки чизе рӯх бидиҳад, ӯро розӣ намоем. Ба тавфиқи илоҳӣ, иншоаллоҳ.