Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва дар хонаҳои худ бимонед (қарор ва ором бимонед) ва монанди рӯзгори ҷоҳилияти пешин зинатҳои худро [барои номаҳрамон] намоиш надиҳед...» .сураи Аҳзоб: 33.
Суфёни Саврӣ раҳимаҳуллоҳ гуфтааст: “Барои зан аз хонааш беҳтар (ҷой) нест, агарчӣ пиразан ҳам бошад”.
Ислом дине аст, ки тамоми аҳкоми он бар асоси ҳикмат, фитрат ва манфиати инсон қарор дорад. Аз ҷумлаи ин аҳком, масъалаи қарор гирифтани зан дар хона мебошад, ки бисёре онро нодуруст мефаҳманд ва гумон мекунанд, ки ин ҳукм маҳдудият ё паст задани мақоми зан аст. Дар ҳоле ки ҳақиқат комилан баръакс мебошад.
Қарор гирифтани зан дар хона, пеш аз ҳама, икром ва ҳифзи ӯ аст. Ин икром намудан ва иззат додан ва ҳифозати каромати ӯ бо амри кӣ шудааст? Бо амри Аллоҳ таъоло. Оё дар чизе, ки Аллоҳ таъоло амр кардааст, касе шак дорад? Гумон мекунад, ки ақлаш ба ин масъала хубтар дарк мекунад? Пок аст Худованд аз ҳама нуқсону камбуде, ки махлуқот доранд ва ба сӯи паноҳ мебарем аз ингуна андешаҳо ва фикрҳо.
Худованд бо ин ҳукм мехоҳад занро аз олудагиҳои ахлоқӣ, озорҳо, нигоҳҳои ношоиста ва фишорҳои иҷтимоӣ ҳифз намояд. Зан бо табиати нозук ва таъсирпазири худ бештар ба муҳити атроф вобаста аст, бинобар ин муҳити ором ва амн барои ӯ мувофиқтар мебошад. Пас маълум гашт, ки ҳикмати ин масъала дар куҷо нуҳуфта аст? Зан нозук аст, зан таъсирпазир ва дар нафси вақт таъсиргузор аст. Камтарин чизро ба дил наздик мегирад ва хуб бошад шод мешавад ва бад бошад озурда мешавад. Ё ба ибораи дигар агар барояш муносиб бошад хуш мешавад ва агар барояш муносиб ва мувофиқи хостааш набошад нороҳат мешавад. Ин як масъала аст. Масъалаи аз ин муҳимтар ва хатарноктар инҷост, ки ниҳоят ба дараҷаи боло таъсиргузор ва таъсирпазир аст. Инро чигуна метавон фаҳмид? Таъсиргузорияш ин аст, ки агар дар куча ва хиёбоне равад назарҳо ба сӯи ӯ духта мешаванд. Барои ин назар кардан, ки ба инсон хатарнок аст, Аллоҳ таъоло дар Қуръон ин масъаларо гузошта, барои мардон ва занон гуфтааст, ки аз ҷинси муқобил чашм баргиранд. Яъне марди номаҳрам аз зани номаҳрам ва зани номаҳрам аз марди номаҳрам, бояд назар ва дидаҳои худро бартараф гиранд. Яъне нигоҳе, ки сабаби пайдо намудани роҳ аст, дар ин ҳолат инсонро ба гуноҳ ва гумроҳӣ мебарад. Дар аҳодиси гуҳарбори Расулуллоҳ (с) омадааст, ки вақте зан аз хонааш баромад шайтон ӯро истишроф менамояд, ба ин маъно ки мардонро водор мекунад, ки ба ӯ назар кунанд ё ӯро дар назари мардум зинат медиҳад. Бо ҳамин вуҷуди худ таъсир дар ҷомеъа ва куча мегузорад. Чӣ қадар аз мардумоне ҳастанд, ки ба ин дастури Илоҳӣ, ки чашм баргирифтан аст, итоат мекунанд? Яъне таъсираш дар ҷомеъа манфӣ тамом мешавад, ки ба сабаби он дар оилаҳо мушкилиҳо ва парокандагиҳо ба вуҷуд меояд, чӣ дар оилаи худи зан ва чӣ дар оилаи назаркунанда ва дар умум дар ҷомеа.
Паҳлӯи дигар масъала ин ки зан худ ниҳзоят таъсирпазир аст. Дар берун ба чизе, ки бархурд мекунад ба ӯ таъсири худро мегузорад. Чӣ аз дидани манзараҳо ва чӣ аз сару либоси касе ва чӣ аз чизҳое, ки дар хонааш онро пайдо карда наметавонад. Ҳамаи инҳо ва амсоли инҳо дар ӯ таъсири худро гузошта мехоҳад онҳоро дар ҳаёташ дошта бошад. Ва чун қудрат ва тавоноии ӯ дар хонаводааш ба он чизҳое, ки ба ӯ таъсир расонидаанд, намерасад, дигар оҳиста‑оҳиста дар хона сардиҳо ва нооромиҳо шуруъ мешаванд, ки дар натиҷа ё он чизҳо ҳосил мешавад бо ҳосил шудани сардӣ дар хона ва алоқаҳои хонаводагӣ ё ҳосил намешаванд ва дар ҳар сурат хона суботу оромиши худро аздаст медиҳад.
Аз ҷониби дигар, хона дар Ислом макони бузурги тарбия аст. Зан ҳамчун модар ва ҳамсар нақши асосӣ дар сохтани шахсияти фарзандон дорад. Ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад, ва оилаи солим ба ҳузури фаъол ва доимии модар ниёз дорад. Ҳузури зан дар хона на танҳо як вазифа, балки рисолати бузург аст, ки натиҷаи он наслҳои солеҳ ва ҷомеаи мустаҳкам мебошад.
Пас ин ҳикмати дигар аз ҳузури зан дар хона мебошад. Ӯ дар ин хона, ки гумон мекунад, маҳдуд шудааст ва ҳуқуқаш поймол мешаванд, дорои рисолати хеле бузурге аст, ки дигар кас он рисолатро анҷом дода наметавонад. Он рисолат чист? Ӯ тарбиятгари ҷомеъа аст. Ӯ дар хона ҳамчун модар аст, ки фарзандон ба ӯ сахт ниёз доранд. Ӯ дар хона боз ҳамсар аст, ки шавҳар ҳам ба ӯ ниёзманд аст. Ин фарзандон ва ин шавҳарҳо ҳама дар мактаби ин зан тарбия ва парвариш меёбанд ва ба ҷомеа таҳвил мешаванд. Оё кори муаллимӣ ва мураббӣ будан осон аст? Ҳар фарзанд табиати хоссе дорад. Шавҳар ҳам дорои табиати худ аст. Бисёр муаллимон аз сангинӣ ва мушкилии вазифаи муаллимӣ шикоят мекунанд, дар ҳоле ки онҳо танҳо муаллимӣ мекунанд, вале вазифаи тарбиявиро дар бештар вақт онҳо анҷом намедиҳанд ё онро вазифаи худ намешуморанд. Аммо модар дар баробари муаллим будан боз мураббӣ барои фарзандон аст. Вазифаи мураббӣ ва муаллимии ӯ рӯзҳо ва соатҳои муайян надорад, балки ҳамеша дар ҳангоми шабу рӯз ӯ вазифаи худро анҷом медиҳад, дар ҳафта рӯзи истироҳат надорад ва дар сол ҳам рухсатӣ аз ин вазифа надорад. Балки то охирин лаҳзаи ҳаёт, мисли Яъқуб (а) ки фарзандонашро пеш аз марг пурсид, ки баъди ман киро ибодат мекунед, модар ҳам то охирин лаҳза масъулият дорад. Аз дасти ин модар бояд ҷавонмардон неку хирадманд ва доною манфиатнок барои ҷомеа бароянд. Вале агар ин вазифаи худро дуруст анҷом надод, аз ин хона инсонҳои беманфиат, вайронкор, зараровар ва ғайра дар ҷомеа пайдо мешаванд.
Ислом ҳаргиз баромадани занро манъ накардааст. Баръакс, барои ниёзҳо ва манфиатҳои дуруст, мисли таҳсил, табобат, коре, ки шаръан иҷоза аст, ва робита бо хешу табор, баромадани зан иҷозат дода шудааст. Аммо ин баромадан бояд бо шароити шаръӣ, ҳифзи ҳаё, ҳиҷоб ва дурӣ аз фитна сурат гирад.
Мушкил он гоҳ оғоз меёбад, ки баромадан аз ҳад зиёд мешавад ва ба одат табдил меёбад. Дар чунин ҳолат зан аз вазифаи аслии худ дур мегардад, фарзандон бетаваҷҷуҳ мемонанд, оромии хона халалдор мешавад ва заминаи фитна дар ҷомеа пайдо мегардад. Бисёр фасодҳои ахлоқӣ маҳз аз ҳамин нукта оғоз шудаанд.
Аз ин рӯ, қарор гирифтани зан дар хона бояд ҳамчун неъмат ва итоат дида шавад, на маҳдудият. Неъмате аз ҷони Аллоҳ таъоло барои зан, ки дорои чунон табиатҳо будааст. Ва итоат аз Аллоҳ таъоло, ки итоати он сабаби ризояташ ва дохил шудан ба ҷаннат мешавад, пас ин маҳдудият ва таҳқир набудааст, чун чунин натиҷаҳо дорад. Ин қарор ибодат аст, агар бо нияти итоат ба Худованд анҷом ёбад. Худованд ваъда додааст, ки ҳар кас итоат ва сабрро интихоб кунад, ӯро бо иззат дар дунё ва охират подош медиҳад.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки бузургии зан дар Ислом на дар зиёд баромадан, балки дар таъсири амиқ гузоштан аст. Чӣ бисёр хонаҳои ором ҳастанд, ки аз онҳо шахсиятҳои бузург ва наслҳои солеҳ ба воя расидаанд. Ва чӣ бисёр ҷомеаҳо ҳастанд, ки бо гум шудани нақши ҳақиқии зан рӯ ба заъф овардаанд.
Худованд ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва занони мусалмонро бо ҳаё, ҳикмат ва иззат зиннат бахшад.
Омин ё Раббалъоламин.