Featured

РАВЗАНАИ МАЪРИФАТ ВА МУҲАББАТ (1) - НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО аш-ШАКУР

«Барои он ки ин масири мураккаби маънавиро қадам ба қадам тай кунем, мақоларо ба бахшҳои зерин тақсим намудем:»

АЗ НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО

АШ-ШАКУР

Муқаддима

Бисмиллоҳи р-Раҳмони р-Раҳим


Алҳамду лиллоҳи Раббил-ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ Муҳаммад, ал-мабъуси раҳматан лил-ъоламин, ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Аммо баъд:

Шинохти номҳои зебои Аллоҳ таъоло яке аз роҳҳои муҳимми тарбияи дил, тақвияти имон ва зинда сохтани шавқи ибодат аст. Аз ҷумлаи ин номҳои бузург ва таъсиргузор — номи «аш-Шакур» мебошад; номе, ки инсонро ба умед, фаъолият, саховат ва ихлос раҳнамун месозад.

 

 

 

Суолҳои умумии роҳнамо

1.    Чаро номи «аш-Шакур» инсонро ба орзумандӣ ва баландҳимматӣ даъват мекунад?

2.    Чӣ гуна ин ном танбалиро дар ибодат аз байн мебарад?

3.    Номи «аш-Шакур» чӣ гуна инсонро ба бахшиш ва исор ташвиқ мекунад?

4.    Чаро донистани ин ном сабаби наздик шудан ба Аллоҳ таъоло мегардад?

5.    Чӣ гуна ибодат метавонад ба манбаи нерӯ ва фаъолият табдил ёбад?

 


Таъсири номи «аш-Шакур» дар зинда кардани орзу ва шавқи ибодат

          Номи Аллоҳ — аш-Шакур инсонро ба сӯи орзумандӣ ва баландҳимматӣ даъват мекунад. Ин ном дар дил нерӯи ҳаракат ба вуҷуд меорад ва бандаро ба омодагӣ барои бахшидан, исор ва фидокорӣ мерасонад. Бо шинохти ин ном, танбалӣ дар ибодат ба фаъолият табдил меёбад ва худи ибодат ба манбаи нерӯ ва шавқ мегардад.

          Пас «аш-Шакур» на танҳо як сифати илоҳист, балки таконе аст барои зинда шудани дил ва наздик шудан ба Аллоҳ таъоло.

 

Маъно ва шарҳи номи «аш-Шакур»

«Аш-Шакур» яке аз номҳои зебои Аллоҳ таъолост, ки маънояш чунин аст:
Аллоҳ таъоло аъмоли бандагонро — ҳатто агар хеле кам ва ночиз бошанд — қабул мекунад, қадр менамояд ва барояшон подоши бисёр медиҳад.

Шинохти ин ном таъсирҳои муҳими тарбиявӣ дорад:

1.    Баланд шудани рӯҳия.

Вақте инсон медонад, ки Аллоҳ таъоло ҳатто амали хурдро қадр мекунад, дигар ноумед намешавад ва орзуҳои бузург дар дилаш зинда мемонанд.

2.    Табдили танбалӣ ба фаъолият.

Ёдоварии номи «аш-Шакур» инсонро ба ҳаракат меорад, зеро ҳар қадам дар роҳи хайр назди Худо арзиш дорад.

3.    Тақвияти рӯҳи бахшиш ва исор.

Ин ном инсонро ташвиқ мекунад, ки бубахшад ва кумак кунад, зеро медонад: Аллоҳ таъоло ин амалҳоро чандин баробар қадр менамояд.

4.    Наздикӣ ба Аллоҳ таъоло.

Ҳисси он ки Аллоҳ заҳмат ва нияти туро мебинад, муҳаббат ва дилбастагиро ба Ӯ бештар мекунад.

Ба ибораи дигар, номи «аш-Шакур» ибодатро аз як вазифаи сангин ба манбаи умед, нерӯ ва зиндагии маънавӣ табдил медиҳад.

 

Маънои луғавии «шукр» ва баракати амали кам

          Дар забони арабӣ «шукр» танҳо ба маънои сипос нест, балки ба маънои афзудан ва баракат ёфтан мебошад, ҳатто агар ато кам бошад.

Мисол меоранд:

  • Шутури шакур — бо хӯроки кам шир ва манфиати зиёд медиҳад.
  • Замини шакур — бо обёрии кам ҳосили фаровон медиҳад.

Пас Аллоҳ таъолои аш-Шакур Зоте аст, ки дар баробари амали кам, подоши бисёр медиҳад.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Ҳар кас кори нек анҷом диҳад, Мо барояш онро меафзоем; ҳамоно Аллоҳ бахшоянда ва сипосгузор аст. (Сураи Шуро, ояти 23)

Ин оят нишон медиҳад, ки:

  • амали хурд қабул мешавад,
  • қадр карда мешавад,
  • ва чандин баробар афзуда мегардад.

Ин маъно инсонро даъват мекунад, ки интизори шароити комил набошад, балки ҳатто кори хурдро анҷом диҳад. Яъне инсонҳое ҳастанд, ки метавонад ба як бурида нон хайр кунад, бо як пораи хурмо садақа намояд ва ё рӯзадореро ифтораш таъмин кунад, вале гумон мекунад, ки кам аст, ин андак аст, вақте бисёр бошад, баъд кори нек анҷом медиҳам. Ба ҳамин сурат анҷоми кори некро ба таъхир меандозад, ки аслан аз хайрот худро маҳрум кардан аст. Ё дар талаби илм гумон мекунад, ки дигам ман бузургсол шудаам, чӣ тавр мехонам ва кай ёд мегирам? Ба ҳамин сурат яке ин то ҳоло наомӯхта буд ва ҳоло ҳам вақте фаҳмид, ки аз он ба сабаби надонистани ҳақиқати дин ва нашинохтани сифатҳои Аллоҳ таъоло ӯ боз худро аз хайрот ва ҳамроҳии Паёмбар маҳрум месозад. Дар ҳоле, ки агар ҳатто ҳарфи алифро рӯзҳо ва моҳҳо рафта дарс гирад ӯ толиби илм шуморида мешавад, ки малоик парҳои худро барои ӯ фарш мекунанд, ва агар вафот кард, фардои қиёмат дар маҷлиси олимон ва дар зумраи онҳо бармехезад. Зеро нияташ омӯхтан буд, бо вуҷуди ин ки андаке омӯхт.

 

Қадрдонии амалҳои хурд ва ҳатто нияти нек

Дар Ислом ҳеҷ амали нек хурд шуморида намешавад. Табассум дар вақти вохӯрӣ бо бародаре, эҳтироми падару модар, дасти онҳоро бӯсидан аз рӯи қадрдонӣ, дур кардани озор аз роҳ — ҳамаашон назди Аллоҳ таъолои аш-Шакур арзиш доранд ва рӯзи қиёмат дар тарозуи аъмол зоҳир мегарданд.

          Паёмбар фармудаанд:

          «Ҳеҷ кори некро ночиз машуморед, ҳатто агар бо чеҳраи кушода бародаратонро мулоқот кунед.» ё дар ривояти дигар “Табассум кардани ту дар чеҳраи бародарат садақа аст”.

Номи «аш-Шакур» бо сиғаи муболиға омадааст, яъне Аллоҳ таъоло:

  • бисёр қадр мекунад,
  • пайваста ва давомнок қадр мекунад,
  • ва ҳатто бар нияти нек, агар ба амал табдил наёбад ҳам, подош медиҳад.

Эҳсоси он ки Аллоҳ таъоло туро қадр мекунад, лаззате дорад, ки аз ҳар атои моддӣ ширинтар аст. Дарк мекунем ин сухан чӣ маъно дорад? Бори дигар андеша намоем. Аллоҳ таъоло манро қадр мекунад, ин аз ҳар чизи моддӣ барои инсон ширинтар аст. Ба Расулуллоҳ чӣ дод? Аз дунё барояш чӣ расида буд? Вале барои ӯ паёмбарӣ, рисолат, имомат ва раҳбарии уммат то рӯзи қиёмат ва боз дар рӯзи қиёмат шафоати куброро насибаташ мегардонад, ки барои ӯ аз моддиёт чизе нест, фақат ин ки Аллоҳ таъоло ӯро қадр мекунад ва барояш иҷозат медиҳад, ки ба сабаби талабаш мардум аз оташи дӯзах наҷот ёбанд? Кӣ аз онҷо наҷот меёбад? Умматонеаш, ки натавонистанд ба имону амали худ ба ҷаннат ворид шаванд, ва аз онҳо кӯтоҳиҳо сар зада буд, ки ба ҷазои дузах гирифтор шудаанд, вале бо шафоати Расулуллоҳ он муддате ки барои онҳо муқаррар шуда буд, бахшида мешавад ва ба ҷаннат ворид мегарданд. Ин аз куҷо аст? Аз қадр аш‑Шакур нисбат ба Расулуллоҳ .

 

Бузург шудани амали хурд бо ихлос дар назди Аллоҳ таъолои «аш-Шакур»

          Аллоҳ таъолои аш-Шакур кори андакеро қадр мекунад ва бар ивази он подоши бисёр медиҳад. Аз равшантарин намунаҳо — қиссаи он зане аст, ки ба саге об дод ва бо ҳамин амали зоҳиран хурд гуноҳонаш омурзида шуд ва ба биҳишт даромад.

Ҳамчунин рӯзаи як рӯзи Арафа сабаб мегардад, ки гуноҳони як соли гузашта ва як соли оянда бахшида шаванд. Ин ҳама далолат мекунад, ки подоши Аллоҳ бо меъёри инсонӣ ҳисоб намешавад.

 

Қиссаи Абӯ Наср ас-Сайёд: амали хурд ва наҷоти бузург

Дар китобҳои таърихи исломӣ аз марде бо номи Абӯ Наср ас-Сайёд ёд мешавад. Ӯ марди бисёр камбағал буд. Рӯзе ба масҷид даромад ва аз шиддати ниёз гиря мекард. Имом сабаби ғамашро пурсид. Ӯ гуфт, ки аҳли хонаашро бе ғизо гузоштааст.

Имом ӯро ба соҳили баҳр бурд ва гуфт: ду ракъат намоз бихон ва сипас тӯратро ба об андоз. Ӯ чунин кард ва нохост моҳии бузурге ба дом афтод. Онро фурӯхт ва бо пули он як чаппотӣ (ки дар баъзе ривоят дар дохилаш ҳалво буд) барои аҳли хонааш харид.

          Дар роҳ зане ва кӯдаки гуруснаро дид, ки бо чашмони умедвор ба он ғизо менигаристанд. Бо вуҷуди ниёзи сахти хонааш, ҳамон ғизои охиринро бо ихлос ба онҳо дод. Ба фикри ин ки ин зан бо кӯдак дигар касе надоранд, зану фарзанди ман гарчанде гурусна ҳам бошанд, вале боз дар хона марде доранд, ки шояд коре кунад ва ин масъаларо ба изни Аллоҳ ҳал намояд, вале ҳоли инҳо сахттар аст. Ба ин ният он ғизоро ба онҳо дод. Кӯдак табассум кард ва чашмони модар пур аз ашк шуд. Ӯ ба хонааш бо дасти холӣ баргашт.

Баъд аз чанд соат касе дарро кӯфт ва моли қарзии падари фавтидаашро баргардонд. Абӯ Наср бо он мол тиҷорат кард, сарватманд шуд ва ба ҷое расид, ки ҳар рӯз ҳазор дирҳам садақа медод. То ҳадде ки гумон мекард, бо ин хайру садақоташ, аз муқаррабтарин ва мукаррамтарин мусалмонҳо мебошад, зеро касе қариб, ки чунин наметавонист хайр кунад.

          Рӯзе дар хоб дид, ки рӯзи қиёмат аст ва дар маҳшаргоҳ ҳисоб мешавад. Дид, ки гуноҳонаш аз некӣ бештар аст. Пурсид: садақаҳо куҷо шуданд? Ба ӯ гуфта шуд, ки онҳо ё бештарашон бо риё омехта буданд.

Ногоҳ ҳамон як чаппотӣ, табассумии кӯдак ва ашки модар, ин се амалро пайдо карданд ва дар турозӯ ниҳоданд, ки паллаи некии тарозуи ӯ вазнин шуд ва сабаби наҷоти ӯ гардид.

Ин қисса ба равшанӣ меомӯзонад: сифати амал муҳимтар аз миқдори он аст, ва амали хурди холис назди Аллоҳ таъолои «аш-Шакур» арзиши азим дорад.

 

Пайванди номи «аш-Шакур» бо дигар номҳои илоҳӣ

Аш-Шакур ва ал-Ҳамид

          Ҳамд аз ҷониби банда ба сӯи Худост — ситоиши Худо барои камол ва зебоии Ӯ. Яъне банда Аллоҳ таъоло ситоиш ва ҳамд мегуяд, бо вуҷуди ин ки ба неъмате бахшидааст ё не, зеро Ӯ таъоло ба ҳар сурат сазоври ҳамд аст.

Шукр аз ҷониби Худо ба сӯи банда аст — қадрдонии амали ӯ.

Аш-Шакур ва ал-Ғафур

Аллоҳ таъоло ҳамзамон:

  • гуноҳро мебахшад (ал-Ғафур),
  • ва некӣҳоро гум намекунад (аш-Шакур).

Ин пайванд инсонро аз ноумедӣ наҷот медиҳад ва ба корҳои нек дилгарм месозад. Яъне чигунае, ки ривоят шудааст:

Аз Абӯ Ҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки Расули Худо фармуданд:

«Як дирҳам аз сад ҳазор дирҳам пешӣ гирифт».

Пурсиданд:
— Эй Расули Худо, чӣ гуна?

Фармуданд:
«Марде ду дирҳам дошт; якеашро садақа дод.
Ва марди дигар моли бисёр дошт; аз молаш сад ҳазор дирҳам садақа дод».

Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳаш ривоят кардааст, ҳамчунин Баззор ва Табаронӣ ривоят кардаанд, олимони ҳадис онро саҳеҳ ё ҳасан донистаанд.

Аш-Шакур ва ал-‘Алим

          Аллоҳ таъоло бар ният, ихлос ва ҳолати дил огоҳ аст. Агар мардум қадр накунанд, Худо қадр мекунад. Ин дониш ба банда оромиши амиқи дил мебахшад.

Аш-Шакур ва биҳишт

          Шукр сабаби афзудани подош аст. Аллоҳ таъоло барои амалҳои маҳдуди дунё биҳишти ҷовид медиҳад — биҳиште, ки:

  • на чашме дидааст,
  • на гӯше шунидааст,
  • ва на ба қалби инсон гузаштааст.

Чанд соли кӯтоҳи дунё → ҷовидонии беохир. Ин лутф ва адолати Аллоҳ таъолост.

 

Манзараи Рӯзи ҳисоб

Аш-Шакур нидо медиҳад: «Эй банда! Ман аз ту розӣ шудам… пас ба биҳишти Ман даро.»

          Розигии Аллоҳ болотарин мартаба аст.

          Паёмбар Муҳаммад аввалин касе мешавад, ки дари биҳиштро мекӯбад. Фариштаи дарвоза мегӯяд:

«Ба ман фармон дода шудааст, ки ҷуз барои ту дарро (ба касе) боз накунам.»

Ин манзара мақоми воло ва раҳмати фарогири Худоро нишон медиҳад.

Вуруд ба биҳишт ва ёди номи «аш-Шакур»

Ҳангоми ворид шудан ба биҳишт, банда мефаҳмад, ки ҳамаи ин неъматҳо натиҷаи қадрдонии Аллоҳ аст.

Ба ӯ гуфта мешавад, акнун барои ту:

  • саломатӣ — бе беморӣ,
  • ҷавонӣ — бе пирӣ,
  • хушбахтӣ — бе ғам,
  • ҳаёт — бе марг.

Сақфи хонааш Арши Раҳмон аст — рамзи қурб, иззат ва раҳмати бепоён.

Ин ҷо муқоисаи равшан аст:

амали кам → подоши беинтиҳо

дунёи маҳдуд → биҳишти номаҳдуд

          Оё акнун барои мо равшан гардид, ки ин номи зебои Аллоҳ таъоло барои мо чӣ маъноҳоеро дарбар дорад ва чӣ таъсироте дар мо ва ҳаёти мо дорад?

Таъсири имон ба «аш-Шакур» дар зиндагии мо

Барои он ки маънои «аш-Шакур» дар зиндагии ҳаррӯзаи мо зинда гардад, се асли муҳим лозим аст:

1.    Саховат – бахшидан мувофиқи тавон ва бе тарс

2.    Ибодати пайваста – шукри амалӣ бо саҷда ва итоат

3.    Ихлоси комил – анҷом додани амал танҳо барои Худо

          Амале, ки бо ихлос анҷом мешавад, Аллоҳ таъолои аш-Шакур онро чандин баробар меафзояд. Мисолаш ҳамон зани бадкоре, ки саги ташнаеро об дод ва марде, ки як чаппотиро хайр кард

 

ХУЛОСАИ НИҲОӢ

  • Аллоҳ таъоло аш-Шакур аст: амали камро бузург месозад.
  • Шукр сабаби розигии Худо ва вуруд ба биҳишт мегардад.
  • Амали хурди холис метавонад сабаби наҷоти абадӣ шавад.
  • Сифати амал аз миқдори он муҳимтар аст.
  • Зиндагӣ бо маънои «аш-Шакур» — зиндагӣ бо умед, фаъолият, саховат ва оромиши дил аст.