Featured

Бо Худованд чигуна муносибат менамоӣ-5 - ВАҚТЕ РОЗӢ ШУД?

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Ҳалқаи панҷум

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Муомилаи ту бо Худованд чигуна аст, вақте розӣ шуд?

Неъматҳое, ки дар ҷаннат вуҷуд доранд, васф карда намешаванд, онҳоро наметавон васф намуд. Зеро онҳоро на касе бо чашм дидааст ва на бо гуш шунидааст ва на ба ақли касе, ҳамчун тасаввур, гузаштааст. Аз ончӣ васф менамоем аз он болотаранд. Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат дохил шуданд, бо Аллоҳ таъоло сухан мегуянд ва ба Ӯ таъоло мегуянд:

Эй Парвардигорамон! Ту ба мо чизе додӣ, ки ягон касеро аз оламиён чунин надодаи. Мегуяд, ки барои шумо, ҳоло аз ин ҳам беҳтар дорам.

Мегуянд: Эй Парвардигорамон! Чӣ чиз аз ин ҷаннат афзалу бартар шуда метавонад?

Мегуяд: РИЗОГИИ МАН, баъд аз ин бар шумо ҳаргиз хашм намегирам. Ҳаргиз неъматеро бузургтар, олитар ва ширинтар аз ризвони Аллоҳ таъоло ба даст намеори. Агар ту аз ҷумлаи касоне боши, ки Аллоҳ таъоло аз ӯ розӣ шудааст, пас барои ту ин неъмат гуворо ва хӯш бод ва Худованд барои ту дар ин бахшишаш баракат ато фармояд.

Як чизи дигар боқӣ мондааст, то бидонем, ки дар ҳоли ҳозир, баъди ин неъмати бузург, бар мо чӣ чиз воҷиб аст, то анҷом диҳем?

Бо Худованд чигуна меносибат ва муомила менамоӣ, вақте аз ту розӣ шуд?

Дар ибтидо, агар касе аз мо бипурсад, ки чигуна медонам, ки Аллоҳ таъоло аз ман розӣ аст ё розӣ нест?

Баъзе мардум, ризогии Аллоҳ таъолоро ба атову бахшиши дунёӣ нисбат дода, алоқаманд месозанд. Агар инсонеро диданд, ки моле ё мансабе дода шудааст, мегуянд ки Худованд туро дӯст медорад, ки барои ту чунину чунон додааст ва Ӯ аз ту розӣ аст, ки ин ҳамаро ба ту додааст. Агар инсонеро, ба тариқи мисол, диданд, ки аз мусибате наҷот пайдо кард, мегуянд фалонӣ бо як ҳолати тааҷҷубовар наҷот ёфт, Худованд ӯро дӯст медорад.

Дунё ва моддиёту неъматҳои он, бо муҳаббати Аллоҳ таъоло ва ризогии ӯ чӣ алоқае дорад? Агар дунё аломати ризомандӣ мебуд, Расулуллоҳ (с) ҳаргиз бар рӯи бурё ба хоб намерафт, ки асари он бар палӯяш боқӣ монад, ва либосашро худаш поргӣ намекард, се моҳ мегузашт ва бештари таъоми ӯ обу хурмо намебуд. Пас аломати ризогии Худованд чист?

«Ҳангоме ки мебинӣ, ки Аллоҳ Таъоло барои ту анҷом додани ибодатҳо, итоат ба Худо ва фармону суннати Паёмбараш (с)-ро осон мегардонад; инчунин тарк намудани муҳаррамот (корҳои ҳаром), шубҳаҳо ва ҳар амалеро, ки хашму ғазаби Худованд бар он фаромадааст ва лаънат шудааст, бар ту сабук месозад — ва мебинӣ, ки имонат бештар мегардад ва наздик шуданат ба Парвардигор афзун мешавад — пас бидон, ки ин нишонаи зиёд шудани ризогии Худованд аз туст.»

«Масъала хеле содда аст: агар ту ибодати Аллоҳ Таъолоро анҷом додӣ ва ҳар он чиро, ки бар ту фармон додааст, иҷро намудӣ — пас Ӯ аз ту розӣ аст. Чӣ гуна Худованд бар ту ғазаб кунад, дар ҳоле ки ту фармони Ӯро ба ҷо овардаӣ?

Аммо дар ин ҷо як шарт ҳаст: бояд ба қабул шудани ибодатҳоят умедвор бошӣ, дар ҳаққи Парвардигорат гумони нек дошта бошӣ, аммо мағрур ва фиребхӯрда нашавӣ. Яъне, умед ва хушбинӣ ба раҳмати Худо дошта бош, вале худро аз ҳисоби солеҳон ва кафолатёфтагони ҷаннат дониста, фиреби нафс ва шайтон нахӯр.»

          «Чӣ гуна мағрур нашудан мумкин аст? Баъзан инсон, вақте ки фазлу неъматҳои Худоро мебинад — ки Аллоҳ барои ӯ тоату ибодатҳоро осон кардааст — нохоста мағрур мешавад, орзӯҳо менамояд ва хаёл мекунад, ки гӯё аз осмон хитоб омадааст, ки ӯ аз аҳли ҷаннат аст. Баъдан худро аз "мусалмонҳои хосса" медонад, на аз қатори оммаи мусалмонҳо. Дар дил фикр мекунад, ки ӯ дорои фазл буда, шахси солеҳу шоиста ва аз дигарон болотар аст — ҳатто агар инро бо забон изҳор накунад. Ин ҳама аз худписандӣ ва ғурур (ъуҷб) меояд.

          Худованд ҳамаи моро аз ин бемории хатарнок — худписандӣ, худро бузург дидан ва бо вуҷуд надоштани амалҳои воқеӣ ба раҳмати Аллоҳ умеди зиёд бастан — паноҳ диҳад.

Худованди мутаъол фармудааст:
«Эй инсон, чӣ чиз туро аз Парвардигори карими худ фиреб дод (мағрурат кард)?»
(Инфитор, 6).

Пас дар ин ҳолат матлуб чист?

Матлуб ин аст, ки ҳар фазлу неъмате, ҳар тақво ва ҳар тоате, ки дар худ мебинӣ — онро ба худ нисбат надиҳӣ, балки ҳамаашро танҳо аз ҷониби Аллоҳ таъоло бидонӣ».

«Миннат аз Ӯст — Аллоҳ аст, ки туро ба амале муваффақ гардонидааст, амале, ки Ӯро розӣ мекунад. Пас, ризояти Худованд дар асл миннати Парвардигор бар мост, на натиҷаи ҷаҳду кӯшиш ва машаққати мо. Ӯст, ки ин ризоятро ба мо ато намудааст ва ин аз фазлу бузургии Ӯст, на аз он ҷиҳат, ки мо ҳақ дорем ё сазоворем, ки дар чунин ҳолат бошем.

          Худованд фармудааст:

          «Онҳо бар ту миннат мегузоранд, ки Ислом овардаанд. Бигӯ: Бар ман исломатонро миннат нагузоред! Балки агар (дар ибрози имон) садоқат доред, ин Аллоҳ аст, ки бар шумо миннат ниҳода, ки шуморо ба сӯи имон ҳидоят кардааст».  Сураи Ҳуҷурот, 17.

·        Агар Худо тоату ибодатро осон кард — ин худ ризояти Ӯ таъоло мебошад.

·        Агар дил ба некиҳо майл кард — ин туҳфаи Парвардигор аст.

·        Агар ту тавонистӣ коре кунӣ, ки Ӯро розӣ кунад — ин меваи лутф, на маҳсули қудрат ва сазовории туст.

Мӯъмин ҳақ надорад бигӯяд: «Ман чунин кардам, ман чунин ҳастам»…
Балке бигӯяд: «Ин ҳама аз фазл ва лутфи Парвардигори ман аст».

«Шояд касе бигӯяд: вақте Худованд — ба Ӯ паноҳ мебарем аз ғазабаш — аз ман ғазаб кунад, ман дар муомила ва муносибат бо Парвардигор эҳтиёт мекунам, аз азобу иқоби Ӯ метарсам ва мекӯшам худро аз он дур нигоҳ дорам. Аммо агар Худованд аз ман розӣ бошад, пас чаро дигар бояд андеша кунам, ки бо Худо чигуна муносибат намоям? Чаро эҳтиёт кунам? Чаро талош намоям? Худованд, ки аз ман розӣ шуд. Пас ба чӣ дигар муҳтоҷам?

На. Ин гумон нодуруст аст. Баръакс, вақте Худованд аз ту розӣ мешавад, ту бештар аз пештара ба эҳтиёт, диққат ва эҳсон дар муносибатат бо Парвардигор ниёз дорӣ. Чаро? Зеро ба даст овардани ризогии Аллоҳ як чиз аст, вале нигоҳ доштани он, ҳифз кардани он ва устувор мондан бар он — чизе дигар ва бисёр мушкилтар аст.

          Ризогии Аллоҳро ба даст овардан осон аст, зеро Парвардигори кариму меҳрубон аз бандааш бо андактарин иқдом, бо камтарин ҳаракати қалбӣ, бо андак пушаймонӣ ва бозгашти содиқонаи банда, зуд розӣ мегардад. Чунки Ӯ карим аст, бузургвор аст, меҳрубон аст. Аммо нигоҳ доштани ин ризоят ва дар он мақом собит мондан — ин аст, ки сангин ва душвор мебошад.

          Аллоҳ Таъоло фармудааст:

          «Худо касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор собит мегардонад ва ситамкоронро гумроҳ месозад — ва Худо ҳар чизеро, ки бихоҳад, анҷом медиҳад».  Сураи Иброҳим, ояти 27

          Барои равшан шудан, ман мисоле меорам:

          Марде вазирро намешиносад ва ҳаргиз ба дафтари кораш ворид нашудааст. Як рӯз ӯро ба вазифаи баланд таъйин мекунанд: ӯ мудири дафтари кории вазир мешавад. Табиӣ аст, ки акнун мехоҳад бидонад: табиати вазир чӣ гуна аст? Чиро дӯст медорад ва чиро намехоҳад? Кадом вақтҳо муносиб аст, ки вориди ҳуҷрааш гардад? Кадом лаҳзаҳо номуносибанд, то аз ворид шудан дар он вақтҳо худдорӣ кунад?

          Агар касе ба ӯ бигӯяд: «Чаро акнун ин қадар мепурсӣ? Чаро пештар намепурсидӣ?, Чаро ба ин масъала ин қадар аҳамият медиҳӣ? Сабр кун, шитобзада мабош.» Ӯ қатъиян ҷавоб медиҳад: «Табиӣ аст, ки ҳоло мепурсам. Ман мақом ва мансаби нав гирифтам. Намехоҳам онро ба осонӣ аз даст диҳам.»

Ва лиллоҳи-л-масалул-аъло — барои Худованд мисоли комил аст.

          Ҳамин тавр, вақте Аллоҳ Таъоло аз бандаи ночизу заъифаш розӣ мегардад — ва ин бузургтарин неъмат аст — акнун воҷибтар ва заруритар мегардад, ки ин ризоят парвариш ёбад, ҳифз шавад ва аз даст наравад. Чунки расидан ба ин мақом осонтар аст аз он ки банда дар он мақом устувор бимонад.

          Волотарин мақоме, ки инсон ба он мерасад, ин ризогии Худованд аст. Ва ризогии Аллоҳ, аз ҷаннат ва аз ҳар чизе, ки дар ҷаннат аз неъматҳост, бузургтар мебошад.

          Пас, вақте Худованд аз ман, як бандаи ҳақиру ночиз, розӣ гардид, савол ин аст:

          Акнун чӣ кор кунем? Бо Парвардигор чигуна муносибат намоем, вақте Ӯ аз мо розӣ шудааст?

          Ин саволест, ки акнун матраҳ мегардад — ва ҷавобаш асоси саодати дунё ва охират аст.

          «Аввалин чизе, ки вақте Аллоҳ Таъоло аз ту розӣ мегардад бар ту воҷиб мешавад, ин аст, ки ту низ аз Аллоҳ розӣ шавӣ. Парвардигор мефармояд:

          «Худованд аз онҳо розӣ гардид ва онҳо аз Ӯ розӣ шуданд». Сураи Баййина, 8.

          Яъне, ту бояд аз Аллоҳ ҳамчун Илоҳ ва Парвардигор — ки шарике надорад — розӣ бошӣ. Аз бандагии худ розӣ бош. Аз ибодат ва тоатат розӣ бош. Аз ҳар он хабаре, ки барои ту фиристодааст, аз динаш, китобаш ва аз Паёмбараш Муҳаммад (с), комилан розӣ бош.

Агар ин корро анҷом додӣ, омода бош, ки кори бузурге рух медиҳад. Медонӣ чӣ? Паёмбар (с) фармудаанд:

          «Касе аз Аллоҳ ҳамчун Парвардигор ва аз Ислом ҳамчун дин ва аз Муҳаммад (с) ҳамчун расул розӣ гардад — барои ӯ ҷаннат воҷиб мегардад».

Оё медонӣ, ки бо ин иқдомат ноил ба ҷаннат мегардӣ? Маънои ин ҳадис ин аст, ки агар аз Аллоҳ содиқона розӣ гаштӣ — ту аз аҳли ҷаннат мешавӣ.

Пас чунин бош ва бигӯ:

          «Парвардигорам! Ман аз ҳар он чи фармон диҳӣ розӣ ҳастам, ва аз ҳар он чи манъ намоӣ низ розиям. Чизе, ки туро розӣ месозад, манро розӣ месозад. Он чиро ки Ту дӯст медорӣ, ман дӯст медорам, ва он чиро ки Ту намеписандӣ, ман низ намеписандам».

          На танҳо ин, балки баъд аз ин, аз тақдиру қисмате, ки Худованд барои ту баргузидааст, низ розӣ шав:

·        аз ҷисме, ки ба ту додааст — хурд ё бузург, солим ё маъюб розӣ шав;

·        аз фарзандонат розӣ шав;

·        агар зан бошӣ аз шавҳари мусалмоне, ки Худоро итоат мекунад, аз маъсияташ, ғазабаш ва норизоятиаш худро дур гирифта парҳез мекунад, розӣ шав;

·        агар мард бошӣаз ҳамсари солеҳаат, ки мусалмон аст, Аллоҳ таъолоро итоат мекунад, аз ғазабу лаънати Ӯ худро дур мегирад, розӣ шав;

·        аз кишвари худ, ки дар он зиндагӣ дорӣ розӣ шав;

·        аз сатҳи зиндагии худ — баланд бошад ё паст, розӣ шав. Зеро ин барои ту ихтиёри Аллоҳ таъоло аст.

Агар тавонӣ, бештар некӣ кун, бештар садақа деҳ, бештар итоат намо. Аммо дар ниҳояти кор — аз Парвардигорат пурра розӣ бош.

          Ризо шудан ин худ амал аст — аммо амалест қалбӣ, на ҷисмонӣ. Ва амалҳои қалб аз амалҳои бадан афзалтар ва муҳиму гаронтар мебошанд, гарчанде ҳарду матлубанд. Вақте қалбат ба амал кардани ризо оғоз кард, ту эҳсосе меварзӣ, ки онро хурсандии ба Худованд мегӯянд. Аввалин меваи ризо, баъди амалӣ намудани он,шодмонӣ ва сурури қалбӣ аст.

          Яке аз уламо (раҳ) гуфтааст:

«Самараи ризо — хушнудӣ ва шодмонӣ аз Парвардигор аст».

Аз Худованд розӣ шудан роҳест, ки инсонро ба назди Парвардигораш мерасонад. Бо ин фарқ, ки ин роҳ — хеле мухтасар ва кӯтоҳу наздик аст. Касе, ки барои расидан ба Худо амалҳои бисёр анҷом медиҳад, шояд муддати тӯлонӣ равад. Аммо роҳе, ки аз ризо мегузарад — инсонро бо амалҳои камтар, вале бо ҳасаноту арзиши бузургтар, зудтар ба Худо мерасонад.

          Бузургворе гуфтааст: «Ҳангоме ки Худованд ба банда ризқи андакеро таъин мекунад ва банда бо дилу ҷони худ аз Парвардигораш розӣ мегардад, ки ҳамон ризқи кам ҳам аз ҷониби Ӯст, пас Худованд низ дар муқобил аз амали андаки банда розӣ мешавад».

          Яъне чӣ? Яъне банда бо амалҳои на он қадар бисёр, вале бо диле пур аз ризо ва таслим шудан ба қазои Худо, метавонад ба биҳишт ворид гардад.

          Уламо мегӯянд: «Ҷазо аз ҷинси амал аст». Яъне подош ба шакли ҳамон амалҳои банда сурат мегирад. Касе ки аз Худованд, бо вуҷуди ризқи кам, розӣ шуд ва шикоят накард, Худованд ҳам аз ӯ кори зиёдеро талаб намекунад.

          Чаро? Зеро он амалҳои андаки ӯ бо амалҳои бузурги қалбӣ омехта буданд — бо ризо, қаноат, таслим ба ҳукми Илоҳӣ.

          Кофист, ки амалҳояш кам ҳам бошанд, вале бо он андкатрин амалҳои қалбӣ — розӣ шудан ба ҳукм ва қазои илоҳӣ — омехта бошанд. Бо ҳамин эҳсоси ростин, Худованд аз ӯ розӣ мешавад ва бандаро ба ҷаннат дохил месозад

Масъалаи дуввум дар муносибат бо Худованди азза ва ҷалла ин аст, ки вақте Ӯ аз ту розӣ шуд, муҳимтарин коре, ки ту бояд бар он ҳарис бошӣ (яъне сахт хоҳишманд бошӣ), ин аст, ки бар ин ризогии Худо сабр намоӣ. Зеро ризогии Худованд бе сабр ба даст намеояд.

Бар ту лозим аст, ки:

·        бар амрҳои Худованд сабр намоӣ;

·        аз ончи ки манъ кардааст, сабр кунӣ ва худро боздорӣ;

·        ба тақдироте, ки дар зоҳир дардовар аст ва ба сурати мусибат бар ту мерасад, сабр кунӣ.

Ин ҳама ба сабр ниёз дорад.

Дар дунё мебинем, ки мардум ба бисёр чизҳо сабр мекунанд. Барои ризогии мудир сабр мекунанд, барои ризогии масъул сабр мекунанд. Новобаста аз он ки фармонҳояшон золимона бошад ё бо нозу нозукӣ бошад — ҳамаашро таҳаммул мекунанд.

Кормандро мебинӣ, ки ҳар рӯз субҳи барвақт ба кор меояд – фақат барои он ки масъул аз ӯ розӣ гардад. Коре барояш супоранд, дарҳол иҷро мекунад – фақат барои розигии масъул.

Пас мо авлотар, шоистатар ва сазовортар ҳастем, ки ба ризогии Худованд сабр кунем, балки на танҳо сабр – балки роҳи ризомандии Ӯ-ро бо шитоб талаб намоем.

          Мусо (алайҳиссалом) ба тоати Парвардигор шитоб мекард ва мегуфт:

          “Ва ман ба сӯи Ту шитоб кардам, Парвардигорам, то розӣ шавӣ.” (Сураи Тоҳо, 84).

Бо он ки Мусо (алайҳиссалом) аз бузургтарин паёмбарон аст, бо вуҷуди ин боз ҳам мебини, ки ризогии Худоро бо шитоб меҷуст.

Ҳатто агар Худованд аз ту розӣ ҳам бошад, боз ҳам аз чизҳое, ки Ӯ-ро розӣ месозанд, ҷустуҷӯ кун. Онҳоро бо таъхир не, бо шитоб анҷом бидеҳ.

          Ба назди падару модари худ бирав ва бипурс:

          «Шумо аз ман розӣ ҳастед?»

Зеро Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

          «Ризои Парвардигор дар ризогии падар аст ва хашми Парвардигор дар хашми падар аст.»

Мисолҳои зиёде дар аҳодиси набавӣ мавҷуд аст, ки ҳар кас метавонад аз онҳо бифаҳмад, ки кадом корҳои мушаххас ризомандии Худоро ба даст меоранд. Банда бояд аз худ бипурсад:

«Оё ман он чизҳое, ки Худованд барои ризомандии Худ муқаррар кардааст, ба даст овардаам?». Мисли ризогии падар, модар ва ғайри ин амалҳое, ки инҳоро Худованд барои ба даст овардани ризояташ ҳамчун шарт қарор додааст.

Зеро касе ки ин ризомандиро ба даст меорад, дар воқеъ ба ризогии Худованд мерасад.

Инчунин ҳар таъоме, ки мехӯрӣ ва ҳар нӯшобае, ки менӯшӣ, барои он Худовандро ҳамд бигӯ. Бигӯ: «Алҳамду лиллоҳ». Зеро Расули Худо (с) фармудаанд:

          «Худованд аз банда розӣ намешавад, то вақте ки банда таоме бихӯрад ва барои он Худоро ҳамд бигӯяд, ё нӯшобае бинӯшад ва барои он Худоро ҳамд бигӯяд.»

Пас, ту барои ҳар неъмат ҳамд бигӯ, ва аслан ба ҳифз ва нигоҳдории неъматҳо ва ҳасаноте, ки аз ҷониби Худо ба даст овардаӣ, сахт ҳарис бош. Зеро ризогии Худованд ба ҳар кас дода намешавад.

Тасаввур кун: ба як бандае, ки ҳоло дар дунё аст, як порча замин дар Фирдавси аъло дода шавад. Оё ӯ ин неъмати бузургро тарк мекунад? Мумкин нест. Ӯ онро бо ҷон ва танаш ҳифз мекунад, зеро медонад, ки ин бахт ва карами бузургест.

          Пас бидон, ки ризогии Худованд аз тамоми ҷаннат ҳам бузургтар аст. Ин на сухани инсон аст, балки каломи Аллоҳи Таъоло аст. Ба Сураи Тавба (оят 72) нигар:

«Аллоҳ ба мӯъминин – мардон ва занон – ваъдаи биҳишт додааст, ки аз зери он дарёҳо ҷорист. Он ҷо ҷовидонаанд. Ва манзилҳои пок дар ҷаннатҳои ҷовидон. Ва ризогии Аллоҳ бузургтар аст. Ин аст фатҳи бузург.»

          Инро дар оят мулоҳиза намудӣ? Ризогии Худованд аз ҳамаи неъматҳои ҷаннат болотар ва гаронқиматтар аст.

          Пас, ба ин ризогӣ – ба ин ризвон – сахт чанг бизан ва мустаҳкам онро бидор. Магузор шайтон онро аз дастат барқасд кашида гирад. Зеро вақте шайтон бубинад, ки Худованд аз ту розӣ гардидааст, рашки ӯ шӯълавар мешавад. Ӯ аз ҳасад месӯзад, зеро ӯ ба Худованд қасам хӯрда буд, ки бандагони Ӯро гумроҳ созад ва аз роҳи рост дур кунад.

          Худованд низ ӯро барои имтиҳони инсонҳо ба ҳолаш гузоштааст.

          Оё ту мехоҳӣ нақшаи ӯро барҳам бизанӣ? Албатта, ин чиз ӯро аз ғазаб пора-пора мекунад. Ва Парвардигори мо инро дӯст медорад. Дӯст медорад, ки бандааш бо ибодат ва тоаташ душмани Худоро ба ғазаб оварад.

          Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

«… ва кишоварзонро ба шигифтӣ во дорад, то кофиронро ба хашм оварад…». (Сураи Фатҳ, 29)

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!

          Биёед мо ва шумо имрӯз бо ҳам аҳд бандем, ки ба ризвони Худовандӣ ворид мешавем — ба он қуллаи баланд, ба охирин марҳилаи саодати ҳақиқӣ ва хушбахтӣ.

Ҷои вохӯрӣ ва ваъдаи мо — агар Худо бихоҳад — дар ҷаннат аст. Ба изни Худо, иншоАллоҳ, мо бо ҳам он ҷо во хоҳем хӯрду дидор хоҳем кард.

(Поёни бахши панҷум)