Featured

ҲИКМАТ ДАР КУҶО ПАЙДО МЕШАВАД?

Сухани рӯз

«Оё мехоҳед асрори оромии ботинӣ ва нури ҳикматро кашф кунед? Яҳё ибни Муоз (раҳимаҳуллоҳ) роҳҳои мубориза бо се душмани асосии инсон — дунё, шайтон ва нафсро нишон дода, моро ба сӯи покии дил раҳнамоӣ мекунад. Дар ин мақола меомӯзем, ки чӣ тавр бо истифода аз зӯҳд, мубориза бо шайтон ва дурӣ аз шаҳватҳо метавон ба саодати дунёву охират ва ҳикмати Илоҳӣ ноил шуд.

لَا تَسْكُنُ الْحِكْمَةُ قَلْبًا فِيهِ ثَلَاثُ خِصَالٍ: هَمُّ الرِّزْقِ، وَحَسَدُ الْخَلْقِ، وَحُبُّ الْجَاهِ؛

أَعْدَاءُ الْإِنْسَانِ ثَلَاثَةٌ: دُنْيَاهُ، وَشَيْطَانُهُ، وَنَفْسُهُ؛

فَاحْتَرِزْ مِنَ الدُّنْيَا بِالزُّهْدِ، وَمِنَ الشَّيْطَانِ بِمُخَالَفَتِهِ، وَمِنَ النَّفْسِ بِتَرْكِ الشَّهَوَاتِ.

— يَحْيَى بْنُ مُعَاذٍ رَحِمَهُ اللَّهُ.

— Яҳё ибни Муоз (раҳимаҳуллоҳ) гуфтаанд:

Ҳикмат дар диле ҷой намегирад, ки дар он се хислат бошад:

1.    андешаи аз ҳад зиёди ризқ,

2.    ҳасад ба мардум

3.    ва дӯстдории мақом.

Душманони инсон сеанд:

1.    дунёи ӯ,

2.    шайтон

3.    ва нафси ӯ.

Пас, аз дунё бо зӯҳд (парҳезгорӣ) эҳтиёт кун (барҳазар бош),

аз шайтон бо мухолифат варзидан (ба ӯ),

ва аз нафс бо тарки шаҳватҳо (хостаҳои нафс).

Панду ибратҳо

Эй бародару хоҳар! Дил мисли ойина аст: ҳар қадар ғубор бигирад, ҳақиқат дар он камтар инъикос меёбад, камтар намоён мешавад. Ҳикмат — нури Илоҳист; нуре, ки дар дили аз ташвишҳои беҳуда, ҳасад ва худнамоӣ саршор аст, фурӯзон намешавад.

Ҳамми (ғаму андӯҳ барои) ризқ — вақте инсон ризқро аз  ҳад зиёд фикр карда, ба ҷои таваккул ба Парвардигор, гирифтори изтиробу нороҳатии пайваста ва ҳамешагӣ мегардад,  пас оромии дилро аз даст медиҳад. Талош лозим аст, вале дилбастагӣ не. Ислом моро ба саъй амр мекунад, вале ба ваҳм ва изтироб не.

Ҳасад — оташе аст, ки пеш аз дигарон соҳиби худро месӯзонад; дилро торик ва муносибатҳоро вайрон мекунад. Ҳасад ин худ: Орзӯ кардан аст ба нест шудани неъмати дигарон, ҳатто агар ба ҳасадхуранда чизе ҳам нарасад. Ин хислат дилро ноором ва торик месозад ва инсонро аз шукргузорӣ дур мекунад. Бо ин хислат аввал худи ҳасадхуранда месӯзад, сипас риштаҳои муҳаббату эътимод ва боварии миёни мардумро аз байн мебарад.

Ҳубби ҷоҳ (дӯстдории мақом) — пардаи ғафсест бар чашми басирату биниш ва фаҳмиш; ҳақро хурд ва худро бузург нишон медиҳад. Ин хислатест, ки инсони ба он гирифтор аз ҳад зиёд ба мансаб, шуҳрат ва таърифи мардум, дилбаста мешавад. Ин барояш ҳамчун пардае мешавад, ки дигар айби худро намебинад ва ҳақро нодида мегирад. Худро бузург ва дигаронро хурду кӯчак мебинад.

Яҳё ибни Муоз (раҳимаҳуллоҳ) моро огоҳ карда, бароямон раҳнамоӣ мекунад:

          Аз дунё бо зӯҳд эҳтиёт кун ва барҳазар бош: Аз дунё барои зиндагиат чизе дошта бош, аммо асир он нашав, ки саҳар ба ёди он аз бистари хоб бархоста ва бегоҳ бо ёди ӯ ба бистари хоб баргарди.

          Аз шайтон бо мухолифат: Ӯ ба ту ҳар дам як чизе вазваса мекунад, бандҳо ва ҳиллаҳои шайтон роҳҳои мухталиф ва гуногуне доранд, ки якеаш агар қабул нашуд бо роҳи дигар васваса мекунад, бо фармоиш нашуд, бо таъриф, бо таъриф нашуд бо дилсӯзӣ, агар бо ин ҳам нашуд, бо тарсонидан, ва ё бо ваъдаҳои кӯҳҳои тиллоӣ, пас ҳар васвасаеро напазир.

Аз нафс бо тарки шаҳватҳо: Хоҳишҳоро идора кун, то онҳо туро идора накунанд. Бубин ки аз саҳар вақте аз рахти хоб бармехезӣ, фикру андеша ва вақти туро чӣ машғул сохтааст ва дилат ба чӣ сахт майл дорад ва чӣ кореро мехоҳи анҷом диҳӣ? Оё он коре дилат ба он майл дорад, барои манфиати дунё ва охирати туст ё танҳо масъалаи дунёст? Оё ба ончӣ андеша дорӣ ва дилат майл дорад, дар он ризогии Аллоҳ таъоло вуҷуд дорад ё не, ё онро барои худ сохтаи ва худро тасаллӣ додаӣ, ки гӯё хуб аст? Хоҳишотатро таҳлил намо ва бубин, ки на ҳамаи онҳо ба муроди Офаридгорат мебошанд. Чун Умар, разияллоҳу анҳу, дар он асри тиллоӣ, ба саҳобаи киром, ризвонуллоҳи алайҳим, ин масъаларо ҳушдор медиҳад, барҳазар медорад, гумон мекунед мо аз онҳо донотар ва беҳтар ҳастем? Пас ҳушёр бош. На ҳам чизҳое, ки хоҳишоти нафс ҳастанд ба манфиати ту тамом мешаванд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

﴿يُؤْتِي الْحِكْمَةَ مَن يَشَاءُ ۚ وَمَن يُؤْتَ الْحِكْمَةَ فَقَدْ أُوتِيَ خَيْرًا كَثِيرًا ۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ [البقرة:269]

"Ӯ ҳикматро ба ҳар касе, ки бихоҳад, медиҳад; ва ҳар касе ки ба ӯ ҳикмат дода шавад, пас ба ӯ неъмати бисёр дода шудааст; ва ҷуз соҳибақлон касе панд намегирад".

Хулосаи ҳикмат ва роҳи наҷот

·        Дил ойина аст: Ҳар қадар ғубори ҳасад ва ҳирс камтар бошад, нури ҳақиқат дар он бештар медурахшад.

·        Ризқ ва таваккул: Талош барои ризқ вазифа аст, вале изтиробу ваҳм барои он нишонаи камбудии таваккул аст.

·        Зӯҳди ҳақиқӣ: Ин на тарк кардани дунё, балки асири дунё нашудан аст. Бигзор дунё дар дастат бошад, на дар дилат.

·        Ҳушёрӣ дар баробари нафс: Ҳар хоҳиши дил на ҳамеша ба фоидаи инсон аст. Пеш аз иҷрои ҳар кор, ризогии Аллоҳро биҷӯед.

·        Шайтон ва ҳилаҳои ӯ: Ӯ аз роҳҳои мухталиф — таъриф, тарсонидан ва ваъдаҳои дурӯғ — ворид мешавад; ягона роҳи наҷот мухолифат бо васвасаҳои ӯст.

·        Ҳикмат — калиди саодат: Касе, ки соҳиби ҳикмат шуд, соҳиби хайри касир (неъмати бисёр) гаштааст.

Хулосаи ниҳоӣ:
Касе, ки дилашро пок кард, ҳикматро ёфт; касе, ки ҳикматро ёфт, роҳи дурустро шинохт; ва касе, ки роҳи дурустро шинохт, ба саодати дунёву охират расид.

Дуо:
Худоё, дилҳои моро аз ҳасад, изтироби беҳуда ва худписандӣ пок гардон ва бароямон ҳикмат ато фармуда, моро ба он зиннат деҳ. Омин.