Аз деҳаи ноошно то шӯҳрати оламгир: Қиссаи ҷавони ятиме, ки имоми илми ҳадис гардид.
Оё шароити душвор ва гумномӣ метавонад пеши роҳи бузургиро гирад? Ин достони ҳаёти Имом Бухорӣ (раҳ)-ро нақл мекунад — ҷавоне аз як деҳаи хурд, ки бе молу мансаб ва танҳо бо ихлосу сабр ба саҳеҳтарин китоби пас аз Қуръони карим асос гузошт. Паёме илҳомбахш барои ҳар ҷавон ва толиби илме, ки бо имкониятҳои кам орзуҳои бузург дорад.
АЗ ДЕҲАИ НООШНО ТО ШӮҲРАТИ ОЛАМГИР:
РОҲИ ДУРАХШОНИ ИМОМИ ИЛМИ ҲАДИС
(Ҷавоне аз деҳаи гумном: Чӣ гуна ӯ машҳуртарин олими ҳадис дар таърихи Ислом гардид?)
Муқаддима
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.
Ситоиш Худовандеро, ки аҳли илмро дараҷаҳо баланд бардошт ва олимонро ворисони паёмбарон қарор дод. Дурӯду салом бар сарвари мо Муҳаммад (с) — пешвои паёмбарон, ки Худованд суннати ӯро тавассути мардони содиқ (онҳое, ки ба паймони худ бо Худо вафо карданд) ҳифз намуд ва онро пок ва беолоиш ба уммат расониданд.
Аммо баъд...
Чӣ қадар ҷавононе ҳастанд, ки имрӯз дар деҳаи хурд, шаҳри дурдаст ё хонаи хоксоронае зиндагӣ мекунанд ва гумон доранд, ки шароит онҳоро маҳкум кардааст, то пайваста дар гумномӣ бимонанд!
Ва чӣ қадар толибони илме ҳастанд, ки орзуи хидмат ба Исломро доранд, вале мепиндоранд, ки шӯҳрат танҳо бо мол, ҷоҳ (мансабу мақом) ё нуфуз ба даст меояд!
Ин қисса омадааст, то ба онҳо бигӯяд: Ҳаргиз чунин нест!
Ин ҷавони ятимест, ки дар шаҳри дур аз пойтахтҳои ҷаҳон (марказҳои сиёсию фарҳангии он даврон) ба воя расидааст. Ӯ на амир буд, на вазир, на фармондеҳи лашкар ва на сарвати бузурге ба мерос гирифта буд. Вале ӯ қалберо ба мерос гирифт, ки барои Худо холис шуда буд ва ақле, ки аз муҳаббату ишқи суннати Расули Худо (с) лабрез буд.
Ӯ аз Бухоро берун шуд ва ҳазорҳо километрро тай намуд; гуруснагӣ кашид, хаста шуд, шабҳоро дар сафарҳо рӯз кард, ҳадисро дар рӯшноии чароғ навишт ва илмро аз даҳони шайхон (устодони ҳадис) ҷамъ овард. То ин ки пас аз солҳо пешвои ҷаҳон дар илми ҳадис гардид ва китоби ӯ бо иҷмоъ (иттифоқи орои) ҷумҳури уламои уммат, саҳеҳтарин китоб пас аз Китоби Худои Мутаол шуд.
Зиндагии ӯ ҳама шодӣ набуд, балки талхии имтиҳон (озмоишҳои иллоҳӣ), ҳасад, тӯҳмат ва берун кардан аз шаҳрашро чашид, то ин ки дар деҳаи хурде, дур аз ватанаш, дар ғурбат вафот кард.
Вале Худованди мутаъол суннати Хешро (қоидаву қонунияти иллоҳӣ дар мавриди бандагон) дар ҳаққи бандагони солеҳаш ҷорӣ кард; дар ҳоле ки ҷисми ӯ зери хок пинҳон шуд, номаш дар рӯи замин зинда монд. Имрӯз Имом Бухорӣ (раҳ) дар машриқу мағриби замин ёд мешавад, китобаш дар донишгоҳҳову масҷидҳо тадрис мегардад ва мардум ба зиёрати қабри ӯ меоянд, пас аз он ки дар дурӣ аз зоҳирҳои бузургдошти дунявӣ вафот карда буд.
Ва ин танҳо қиссаи як мард нест, балки қиссаи ихлос, сабр, ҳиммати баланд, ишқи суннат ва пойдорӣ бар ҳақ аст.
Ин паёмест барои ҳар ҷавоне, ки мегӯяд: «Ман аз як деҳаи хурд ҳастам».
Ва паёмест барои ҳар толиби илме, ки мегӯяд: «Имкониятҳои ман кам аст».
Ва паёмест барои ҳар даъватгаре, ки гумон мекунад, амали ӯ зоеъ хоҳад шуд.
Зеро он чизе, ки номи Имом Бухорӣ (раҳ)-ро баланд бардошт, на насаби ӯ буд, на молаш ва на султонаш (қудраташ), балки садоқати ӯ бо Худо ва ихлосаш дар хидмати суннати Паёмбараш (с) буд.
Аз Худованди мутаъол хоҳонем, ки ин амалро холис барои Аллоҳи Бузург қарор диҳад, ҷавонони умматро аз он баҳраманд созад ва ба мо пайравӣ аз пешвоёни Исломро дар илм, амал ва ихлос рӯзӣ гардонад.
Дурӯду салом ва баракоти Худованди мутаъол бар паёмбари мо Муҳаммад (c) ва бар олу асҳоби ӯ ҳаммагӣ бод.