ФАСЛИ ДУВУМ:
ТАВАЛЛУД ДАР ХОНАДОНИ ТАҚВО:
Насаби Имоми Бухорӣ, оилаи ӯ
ва чӣ гуна оғоз шудани роҳи бузургӣ
Агар фасли аввал ба ин савол посух дода бошад, ки:
«Чӣ гуна як ҷавон аз деҳаи хурд берун омад ва имоми дунё гардид?», пас ин фасл ба саволи амиқтар ҷавоб медиҳад:
Ин Имоми бузург дар кадом хонадон ба воя расид? Ва кадом муҳит ин қалби шигифтангезро сохт ва шакл дод?
Аввал: Насаб ва хонадоне, ки аз он нур дурахшид
Ӯ Имоми Ҳофиз ва Амири мӯъминон дар илми ҳадис:
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғийра ибни Бардизбаҳи Бухории Ҷаъфӣ аст.
· Решаҳои таърихӣ: Бобои бузурги ӯ, «Бардизбаҳ» деҳқони зардӯштӣ (маҷусӣ) ва бар дини қавми худ буд ва дар ҳамон дин вафот кард.
· Нуқтаи гардиш: Писари ӯ «Муғийра» ба дасти Ямон ал-Ҷаъфӣ (ҳокими Бухорои он вақт) ислом овард. Аз ин рӯ, ин хонадон аз рӯи вало (пайвандӣ) ба қабилаи Ҷаъфӣ нисбат дода шуданд ва бо номи «Ҷаъфӣ» машҳур гаштанд.
· Падари Имом (Исмоил): Ӯ марди оддӣ набуд, балки олими фозил ва муҳаддиси шинохта буд. Барои талаби илм сафарҳо карда, аз бузургоне чун Имом Молик ибни Анас (соҳиби китоби «ал-Муватто»), Ҳаммод ибни Зайд ва Абӯмуовияи Зарир ҳадис ривоят кардааст.
· Мероси тақво: Падари ӯ бо парҳезгории шадиде машҳур буд, ки қалбҳоро ба таъаҷҷуб меорад. Ӯ дар дами марг гуфта буд: «Дар тамоми молу сарвати худ як дирҳам ҳаром ва ҳатто як дирҳам шубҳанокро намедонам». Ин моли ҳалолу покиза ҳамон ризқе буд, ки Имоми Бухорӣ дар кӯдакӣ аз он ғизо гирифт. Исмоил вафот кард, дар ҳоле ки Имоми Бухорӣ ҳанӯз кӯдаки хурдсол буд. Ҳарчанд падар умри дароз надид, аммо дар вуҷуди писараш асар ва нишони бузурге гузошт. Дӯст доштани ҳадис, ростгӯӣ ва рӯ овардани ба илми шариъат.
· Дарси тарбиявӣ: Дар ин ҷо як қоидаи муҳими тарбиявӣ ошкор мешавад, ки: Давомнокии умри падар муҳим нест, балки муҳимтарин чиз таъсири ӯ дар сохтани роҳу самти дурусти ҳаёти фарзанд аст.
Пас маълум гардид, ки Имом Бухорӣ дар хонадоне таваллуд шудааст, ки хонаи подшоҳӣ ва сарватмандиву молдорӣ набуд, вале як хусусияти бузурге дошт, ки онро бо пулу мол чен карда намешавад, он ХОНАДОНИ ИЛМ, ДИН ВА САДОҚАТ БУД.
Дувум: Муҳити Бухорои он замон (Ошёни илм)
Имоми Бухорӣ рӯзи ҷумъа, сездаҳуми шавволи соли 194-и ҳиҷрӣ таваллуд шуд. Шаҳри Бухорои он замон танҳо як шаҳри оддӣ набуд, балки як маркази зиндаи илмӣ ба шумор мерафт:
- Мавқеи ҷуғрофӣ: Яке аз бузургтарин ва муҳимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва нуқтаи таҷаммӯи тиҷорату фарҳанг дар Роҳи абрешим буд.
- Муҳити илмӣ: Аммо чизи аҷиб танҳо шаҳр набуд, балки он чизҳое буд, ки дар он шаҳр вуҷуд дошт. Шаҳр лабрез аз ҳалқаҳои дарсии:
- муҳаддисон
- ва фақеҳон
- таваҷҷӯҳи зиёд ба Қуръон ва Суннат ва улуми он
- ва муҳити рабоқат дар талаби илм буд.
- Фазои умумии шаҳр: Кӯдаки хурдсол дар кӯчаҳои шаҳр ҷуз маҷлисҳои ҳадис, навиштани аснод ва мунозираҳои илмӣ чизи дигареро намедид. Ин муҳит дар қалби кӯдак як чизи бисёр муҳимро ҷой кард: “Дӯст доштани илм, пеш аз ишқ ба дунё”.
Сеюм: Ятимӣ… Оғоз аст, на поён
Имоми Бухорӣ падарашро дар тифлӣ аз даст дод ва дар зери сояи тарбияи модараш ба воя расид. Ин як нуқтаи меҳварӣ дар тарҷумаи ҳоли ӯст:
· Модари бузургвор: Ӯ зане солеҳа, оқила ва мустаҷобуддаъват (дуояш қабулшаванда) буд.
· Усули тарбияти модар: Модарро сарвати боқимондаи шавҳараш ба дунё машғул накард, балки тамоми тавони кӯдакро ба сӯи илм равона сохт ва аз моли ҳалоли шавҳараш барои таълими ӯ саховатмандона сарфу харҷ намуд. Аз ривоятҳо маълум мегардад, ки нақши модар, хусусан дар рӯ овардани фарзандаш ба илм, хеле калон будааст.
· Дарси имонӣ: Аз ин ҷо боз як қоидаи муҳимеро мефаҳмем, ки: Гоҳо инсон мумкин аст аз такягоҳи заминӣ (падар) маҳрум мешавад, то барояш дари такягоҳи осмонӣ ва қавитар боз гардад, ки он тавфиқи Худованд аст.
Чорум: Муъҷизаи шифоёбии чашмон (Дуои модар)
Дар кӯдакӣ Имоми Бухорӣ ба бемории шадиде гирифтор шуд, ки дар натиҷаи он ҳарду чашмаш комилан нобино гаштанд. Қалби модар шикаст, аммо умедашро аз даст надод. Ӯ шабҳо дар меҳроби дуо бо қалби сӯзон мегирист ва тазаррӯъу зорӣ мекард.
Рӯъё ва муъҷиза: Шабе модар дар хоб Паёмбар Иброҳим (а)-ро дид, ки ба ӯ гуфт: «Эй зан! Ба сабаби гиряву дуоҳои зиёди ту, Худованд биноии писаратро ба ӯ бозгардонд».
Субҳи муъҷиза: Модар субҳ аз хоб бедор шуд ва ба чеҳраи кӯдакаш Муҳаммад нигоҳ кард; дид, ки Худованд чашмони ӯро чунон шифо додааст, ки биноияш аз аввал ҳам тезтар ва қавитар шуда буд. Ин ҳамон чашмоне буд, ки баъдан ҳазорон ҳадиси Паёмбар (с)-ро таҳқиқ ва тафтиш кард.
Панҷум: Нахустин нишонаҳои заковат ва нуқтаи гардиш
Аз замони кӯдакӣ нишонаҳои нубуғ ва заковату, зеҳни тоза дар ӯ зоҳир гашта буд, ки ба сабаби он аз ҳамсолонаш фарқ мекард.
- Қувваи ҳифзи фавқулода ва ғайроддӣ.
- Майлу рағбати сахт ба ҳадис ва ривоят
- Бад дидан бозию дилхӯшиҳои тӯлонӣ.
- Дӯст доштани нишаст бо аҳли илм.
Бухории хурдсол ҳанӯз кӯдак буд, ки ҳифзи Қуръонро ба поён расонид ва сипас дар синни даҳсолагӣ роҳи илми ҳадисро пеш гирифт:
Синни 10-солагӣ -> Илҳоми ҳифзи ҳадис ва нишастан дар маҷлиси муҳаддисон.
Синни 11-солагӣ -> Ислоҳ кардани хатои устоди худ (Дохилӣ) дар занҷираи ровиён.
Синни 16-солагӣ -> Ҳифзи пӯрраи китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъ.
Пас дида мешавад, ки дар дарсҳои ҳадис ҳозир шуданро аз хурдӣ шуруъ кардааст, то ҷое ки дар ҳамон синни кӯдакӣ ривоятҳо ва аснодро аз ҳам фарқ менамудааст. Қиссаи зерин барои мо мефаҳмонад, ки чигуна нишонаҳои Имом шуданаш ҳанӯз пеш аз он ки мардум ӯро бишиносанд, намоён гаштаанд.
- Қиссаи ӯ бо устодаш Дохилӣ:
Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Абиҳотим ал-Варроқи Наҳвӣ (нависанда ва котиби хоси Имоми Бухорӣ (раҳ) мегӯяд:
«Ба Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ гуфтам: Оғози кори ту дар талаби ҳадис чӣ гуна буд?
Фармуд: Ҳанӯз дар мактаб (куттоб) будам, ки ҳифзи ҳадис ба қалбам илҳом шуд.
Абӯҷаъфар мегӯяд: Ба ӯ гуфтам: Он вақт чандсола будӣ?
Фармуд: Даҳсола ё камтар аз он. Сипас баъд аз даҳсолагӣ аз мактаб берун шудам ва пайваста ба назди Дохилӣ (раҳ) ва дигарон мерафтам.
Рӯзе ӯ (Шайх Дохилӣ) дар маҷлисе, ки барои мардум ҳадис мехонд, (дар санад) гуфт: "Суфён, аз Абӯзубайр, аз Иброҳим".
Ман ба ӯ гуфтам: "Эй фалонӣ! (Эй устод!) Абӯзубайр аз Иброҳим ривоят накардааст!"
Шайх маро сарзаниш кард (ва бо лаҳни тунде бархӯрд намуд).
Ман ба ӯ гуфтам: "Ба аслаш (нусхаи хаттии худат) назар кун, агар дар наздат бошад".
Шайх ба дарун рафт ва ба он (китобаш) назар кард, сипас ба берун омад ва ба ман гуфт: "Эй писар, пас он (шакли саҳеҳаш) чӣ гуна аст?"
Гуфтам: "Он «Зубайр ибни Адӣ» аст аз Иброҳим".
Пас Шайх қаламро аз ман гирифт ва китоби худро ислоҳ намуд ва гуфт: "Рост гуфтӣ".
Баъзе аз ёронаш аз ӯ (Имоми Бухорӣ) пурсиданд: Дар он рӯз, ки хатои устодро ислоҳ кардӣ, чандсола будӣ?
Фармуд: "Ёздаҳсола будам".
Ва ҳангоме ки ба синни шонздаҳсолагӣ (16-солагӣ) қадам гузоштам, китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъро ҳифз намудам ва каломи инҳоро (фиқҳу раъйи асҳобро) шинохтам.» (Сарчашма: Сияру аъломин-нубало — ҷилди 12 / саҳ. 406)
ХУЛОСАҲОИ ТАҲЛИЛӢ ВА ТАВСИЯҲО
🌱 Фоидаҳои тарбиявӣ:
- Луқмаи ҳалол пойдевори солеҳият аст: Покии моли падар (Исмоил) ва дурии ӯ аз шубҳаҳо, таъсири ғайбие дар нури ақл, тавфиқ ва қувваи ҳифзи фарзанд дорад.
- Модар, мактаби аввалини устуворӣ: Набудани падар Бухориро шикаст надод, зеро дар пушти ӯ зани солеҳае истода буд, ки баробари ҳазор мард ҳиммат дошт ва сарватро на дар роҳи дунё, балки дар роҳи илми фарзандаш сарф кард.
- Тарбияи муҳит пеш аз таълим аст: Муҳити илмии Бухоро дар қалби кӯдак як чизи бисёр бузург ва муҳимро ҷой кард: Муҳаббат ба илм, пеш аз дӯстдории дунё.
1. Муҳити солеҳ пеш аз он ки илмро бисозад, самти ҳаётро месозад.
2. Асари падари солеҳ ҳатто пас аз маргаш ҳам боқӣ мемонад.
3. Ятимӣ монеъа дар роҳи созандагӣ нест, балки баръакс метавонад ангезаи қавитаре бошд.
💡 Фоидаҳо барои донишмандон (устодон):
· Танҳо муассисаҳо нестанд, ки олимонро месозанд, балки сохтани олимону донишмандон аз хонаҳо шуруъ мешавад.
· Таваҷҷӯҳи барвақт ба кӯдак метавонад аз ӯ имоми як умматро бисозад
· Инсоф ва қабули ҳақ аз хурдсолон: Сар фуровардани Шайх Дохилӣ ба сухани кӯдаки 11-сола нишон медиҳад, ки уламои раббонӣ ҳамеша дар баробари далели саҳеҳ таслиманд, агарчи аз забони як тифл ҳам барояд.
· Эътибори илми риҷол (санадшиносӣ): Бузургтарин сармоягузории илмӣ ин аст, ки толиби илм на танҳо матн, балки ровиён ва таърихи зиндагии онҳоро низ дақиқ бидонад.
🔬 Фоидаҳои имонӣ:
1. Дуои содиқонаи падару модар яке аз дарҳои тавфиқ (муваффақ шудан) аст.
2. Аллоҳ ҳар касеро, ки бихоҳад барои хидмати динаш интихоб мекунад, ҳатто агар оғози ҳаёти ӯ бо заъфу нотавонӣ бошад.
🔬 Фоидаҳои илмӣ:
· Заковату ҳушмандӣ дар хурдсолӣ сохта мешавад: Маърифати Имоми Бухорӣ ба каломи аҳли фиқҳу ҳадис дар синни 16-солагӣ собит мекунад, ки заковат натиҷаи истифодаи дурусти умр аз аввали кӯдакӣ аст.
· Каромати аҳли тақво ва дуо: Қиссаи бозгашти биноии Имоми Бухорӣ бо дуои модараш нишон медиҳад, ки дуои самимӣ ва бо ашк қонунҳои моддиро тағйир медиҳад ва тақдири умматро дигаргун месозад.
🚀 Тавсияҳои амалӣ:
1. Молу даромади худро аз шакку шубҳа пок кун; то баракати онро дар зеҳн, ахлоқ ва ояндаи фарзандонат бубинӣ.
2. Ба кӯдакони хурдсол бо чашми камӣ нанигар; балки агар нишони зеҳну фаҳм дошта бошанд, мисли Шайх Дохилӣ сухани ҳаққашонро бишнав ва ташвиқашон кун.
3. Аз мушкилоти иҷтимоӣ (мисли ятимӣ ё беморӣ) маъюс машав; зеро чӣ басо Худованд такягоҳи заминиро мегирад, то дарҳои тавфиқи осмониро бароят боз кунад.
4. Вақти кӯдакии фарзандонро бо бозиҳои беҳуда зоеъ макун; балки онҳоро аз хурдӣ ба маҷлисҳои илм ва китобхонӣ одат кунон.
5. Дар баёни ҳақиқати илмӣ устувор бош, аммо онро бо риояи адаби комил баён кун, чуноне ки Бухорӣ ба устодаш гуфт: «Ба аслаш назар кун».