Аз деҳаи ноошно то шӯҳрати оламгир: Қиссаи ҷавони ятиме, ки имоми илми ҳадис гардид.
Оё шароити душвор ва гумномӣ метавонад пеши роҳи бузургиро гирад? Ин достони ҳаёти Имом Бухорӣ (раҳ)-ро нақл мекунад — ҷавоне аз як деҳаи хурд, ки бе молу мансаб ва танҳо бо ихлосу сабр ба саҳеҳтарин китоби пас аз Қуръони карим асос гузошт. Паёме илҳомбахш барои ҳар ҷавон ва толиби илме, ки бо имкониятҳои кам орзуҳои бузург дорад.
АЗ ДЕҲАИ НООШНО ТО ШӮҲРАТИ ОЛАМГИР:
РОҲИ ДУРАХШОНИ ИМОМИ ИЛМИ ҲАДИС
(Ҷавоне аз деҳаи гумном: Чӣ гуна ӯ машҳуртарин олими ҳадис дар таърихи Ислом гардид?)
Муқаддима
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.
Ситоиш Худовандеро, ки аҳли илмро дараҷаҳо баланд бардошт ва олимонро ворисони паёмбарон қарор дод. Дурӯду салом бар сарвари мо Муҳаммад (с) — пешвои паёмбарон, ки Худованд суннати ӯро тавассути мардони содиқ (онҳое, ки ба паймони худ бо Худо вафо карданд) ҳифз намуд ва онро пок ва беолоиш ба уммат расониданд.
Аммо баъд...
Чӣ қадар ҷавононе ҳастанд, ки имрӯз дар деҳаи хурд, шаҳри дурдаст ё хонаи хоксоронае зиндагӣ мекунанд ва гумон доранд, ки шароит онҳоро маҳкум кардааст, то пайваста дар гумномӣ бимонанд!
Ва чӣ қадар толибони илме ҳастанд, ки орзуи хидмат ба Исломро доранд, вале мепиндоранд, ки шӯҳрат танҳо бо мол, ҷоҳ (мансабу мақом) ё нуфуз ба даст меояд!
Ин қисса омадааст, то ба онҳо бигӯяд: Ҳаргиз чунин нест!
Ин ҷавони ятимест, ки дар шаҳри дур аз пойтахтҳои ҷаҳон (марказҳои сиёсию фарҳангии он даврон) ба воя расидааст. Ӯ на амир буд, на вазир, на фармондеҳи лашкар ва на сарвати бузурге ба мерос гирифта буд. Вале ӯ қалберо ба мерос гирифт, ки барои Худо холис шуда буд ва ақле, ки аз муҳаббату ишқи суннати Расули Худо (с) лабрез буд.
Ӯ аз Бухоро берун шуд ва ҳазорҳо километрро тай намуд; гуруснагӣ кашид, хаста шуд, шабҳоро дар сафарҳо рӯз кард, ҳадисро дар рӯшноии чароғ навишт ва илмро аз даҳони шайхон (устодони ҳадис) ҷамъ овард. То ин ки пас аз солҳо пешвои ҷаҳон дар илми ҳадис гардид ва китоби ӯ бо иҷмоъ (иттифоқи орои) ҷумҳури уламои уммат, саҳеҳтарин китоб пас аз Китоби Худои Мутаол шуд.
Зиндагии ӯ ҳама шодӣ набуд, балки талхии имтиҳон (озмоишҳои иллоҳӣ), ҳасад, тӯҳмат ва берун кардан аз шаҳрашро чашид, то ин ки дар деҳаи хурде, дур аз ватанаш, дар ғурбат вафот кард.
Вале Худованди мутаъол суннати Хешро (қоидаву қонунияти иллоҳӣ дар мавриди бандагон) дар ҳаққи бандагони солеҳаш ҷорӣ кард; дар ҳоле ки ҷисми ӯ зери хок пинҳон шуд, номаш дар рӯи замин зинда монд. Имрӯз Имом Бухорӣ (раҳ) дар машриқу мағриби замин ёд мешавад, китобаш дар донишгоҳҳову масҷидҳо тадрис мегардад ва мардум ба зиёрати қабри ӯ меоянд, пас аз он ки дар дурӣ аз зоҳирҳои бузургдошти дунявӣ вафот карда буд.
Ва ин танҳо қиссаи як мард нест, балки қиссаи ихлос, сабр, ҳиммати баланд, ишқи суннат ва пойдорӣ бар ҳақ аст.
Ин паёмест барои ҳар ҷавоне, ки мегӯяд: «Ман аз як деҳаи хурд ҳастам».
Ва паёмест барои ҳар толиби илме, ки мегӯяд: «Имкониятҳои ман кам аст».
Ва паёмест барои ҳар даъватгаре, ки гумон мекунад, амали ӯ зоеъ хоҳад шуд.
Зеро он чизе, ки номи Имом Бухорӣ (раҳ)-ро баланд бардошт, на насаби ӯ буд, на молаш ва на султонаш (қудраташ), балки садоқати ӯ бо Худо ва ихлосаш дар хидмати суннати Паёмбараш (с) буд.
Аз Худованди мутаъол хоҳонем, ки ин амалро холис барои Аллоҳи Бузург қарор диҳад, ҷавонони умматро аз он баҳраманд созад ва ба мо пайравӣ аз пешвоёни Исломро дар илм, амал ва ихлос рӯзӣ гардонад.
Дурӯду салом ва баракоти Худованди мутаъол бар паёмбари мо Муҳаммад (c) ва бар олу асҳоби ӯ ҳаммагӣ бод.
Оё шароити душвор, ятимӣ ва зиндагӣ дар як деҳаи хурд ё шаҳри дурдаст метавонад пеши роҳи бузургиву муваффақиятро гирад? Муқаддима ва фасли аввали ин китоби илҳомбахш достони ҳаёти Имом Бухориро нақл мекунад — ҷавоне, ки бе молу мансаб, интернет ва нақлиёти муосир ба саҳеҳтарин китоби пас аз Қуръон асос гузошт. Ин паёмест бедоркунанда барои ҳар ҷавон ва толиби илме, ки имкониятҳои маҳдуд, вале орзуҳои бузург дорад. Бихонед, ки чӣ гуна марди дар ғурбат вафоткарда ба соҳиби шӯҳрати ҷовидонӣ мубаддал гашт.
ФАСЛИ АВВАЛ
ҶАВОНЕ АЗ ЯК ДЕҲАИ ХУРД...
ЧӢ ГУНА Ӯ ИМОМИ ҶАҲОН ДАР ИЛМИ ҲАДИС ГАРДИД?
Аллоҳ таъоло фармудааст: «Худованд аз миёни шумо касонеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ба онҳо илм дода шудааст, ба дараҷаҳо баланд мебардорад» (Сураи Муҷодала, ояи 11).
Агар имрӯз аз миллионҳо мусалмон дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон бипурсем:
«Бузургтарин имом дар илми ҳадис кист?»
Аксари онҳо бе ҳеҷ шаку тардид ҷавоб хоҳанд дод:
«Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)».
Ва агар саволи дигаре бипурсем:
«Ин Имоми бузург аз куҷо омадааст?
Оё ӯ аз пойтахти хилофат (маркази ҳукумати Исломӣ дар он даврон) омада буд?
Оё дар яке аз қасрҳои хулафо ва подшоҳон тарбия ёфта буд?
Оё фарзанди кадом вазир ё амире буд?
Оё дар ихтиёри худ мактабҳои бузургу донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ дошт?»
Ҷавоб ин аст: На, ҳаргиз чунин нест!
Ӯ аз Бухоро баромад; шаҳре ки дар таърихи Ислом бисёр бузург аст, вале дар он замон аз маркази хилофат — шаҳри Бағдод бисёр дур воқеъ шуда буд. Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) аз аҳли қудрату мансаб ва нуфуз набуд, балки дар як хонаводаи солеҳ ва хоксор ба воя расид. Сипас, дар овони кӯдакӣ падарро аз даст дод ва зиндагии худро ҳамчун як тифли ятим оғоз намуд.
Ва маҳз дар ҳамин ҷо аввалин паёми дурахшони ин зиндагинома аён мегардад:
💡 Бузургӣ аз макону шаҳр оғоз намешавад, балки он аз даруни қалб сарчашма мегирад.
Чӣ қадар инсонҳое буданд, ки дар шаҳрҳои бузургу марказӣ ба дунё омаданд, вале ҳеҷ асар ва номе аз худ боқӣ нагузоштанд. Ва чӣ қадар мардоне буданд, ки аз маконҳои дурдаст баромаданд ва ба як чароғи ҳидояте мубаддал гаштанд, ки насли ҷавон бо нури онҳо роҳ меёбад.
Чаро мо нақлро маҳз аз ин андеша оғоз мекунем?
Зеро имрӯз бисёре аз ҷавонони мусалмон баҳона оварда мегӯянд:
«Ман аз як деҳаи хурд ҳастам».
«Дар наздикии мо донишгоҳҳои бузург вуҷуд надоранд».
«Ман олимонро намешиносам ва ба онҳо дастрасӣ надорам».
«Имкониятҳои ман бисёр маҳдуд аст».
Вале агар ин ҷавонон ба таърихи зиндагӣ ва рӯзгори Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) назар андозанд, хоҳанд дид, ки ин гуна баҳонаҳо ҳеҷ гоҳ мардони бузургро намесозанд. Он чизе, ки мардони ҳақиқиро тарбия мекунад ва месозад — садоқати ният, қуввати ирода (азм ва тасмими ҷиддӣ) ва сабру таҳаммул дар роҳи талаби илм аст.
⏳ Илм дар асри сеюми ҳиҷрӣ: Талош бидуни технология
Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар асри сеюми ҳиҷрӣ зиндагӣ мекард. Ин асре буд, ки илму маърифат дар он шукуфон гардида буд, вале расидан ба маҳзари олимон умуман осон набуд. Он замон на ҳавопаймоҳо буданду на қатораҳо, на воситаҳои алоқаи муосир ва на китобхонаҳои электронӣ. Толиби илм маҷбур буд, ки моҳҳои тӯлонӣ биёбонҳову кӯҳҳои сахтро тай кунад, то танҳо як ҳадисро бо санади олӣ (силсилаи ровиёни боэътимод ва кӯтоҳ то ба Паёмбар) бишнавад.
Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) ҳеҷ гоҳ ақиб нанишаст, балки тамоми ҳаёти худро вақфи хидмати суннати Расули Худо (с) кард.
Чаро Худованд маҳз Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)‑ро барои ин мақоми баланд интихоб намуд?
На барои он ки номаш "Бухорӣ" буд ва на барои он ки аз шаҳри Бухоро буд.
Балки барои он ки Худованд бо сабаби ихлосу покдилӣ ҳар касеро, ки бихоҳад, мақомашро баланд мебардорад.
Имом Абдуллоҳ ибни Муборак (раҳимаҳуллоҳ) (яке аз устодони бузурги насли пеш аз Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) фармудааст:
«Чӣ басо як амали хурде ҳаст, ки ният онро бузург мегардонад ва чӣ басо як амали бузурге ҳаст, ки ният онро хурду беарзиш мекунад».
Ин сухани пурмаъно гӯё тамоми ҳаёту рӯзгори Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)‑ро хулоса мекунад.
Ҳадафи ӯ ин набуд, ки машҳур шавад ва ё мардум ӯро "имоми ҷаҳон" бигӯянд. Ҳадафи ягонаи ӯ ин буд, ки суннати Паёмбар (с)-ро ҳамон тавр ки шунида шуда буд, комилан пок ва саҳеҳ ҳифз намояд, то солим ба уммати Ислом бирасад.
Аз ин рӯ, Худованд номи ӯро дар дунё баланд бардошт ва китоби ӯро бо иттифоқи орои ҷумҳури аҳли суннат, бузургтарин ва саҳеҳтарин китоб дар Ислом пас аз Қуръони Карим қарор дод.
⚖️ Муқоисае, ки арзиши андеша карданро дорад
Вақте ки Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) ба сабаби озору ранҷҳо аз шаҳру диёри худ берун шуд, на лашкаре дошт, ки ӯро ҳимоя кунад, на султону қудрате, ки аз ӯ дифоъ намояд ва на сарвате, ки ӯро бениёз созад. Ӯ дар ғурбат ва танҳоӣ дар деҳаи Хартанг (деҳае дар наздикии Самарқанд) вафот кард.
Вале ба суннати Илоҳӣ бингар!
Имрӯз маблағҳои ҳангуфт барои ҳифзу нигоҳдории мероси илмии ӯ сарф мешаванд; мардум аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ба масҷид, маҷмааи илмӣ ва зиёрати қабри ӯ меоянд; асарҳояш ба даҳҳо забонҳои дунё тарҷума мешаванд ва китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» дар ҳазорҳо мадорису донишгоҳҳо тадрис мегардад. Он мард вафот кард, вале амалу заҳмати ӯ ҷовидон боқӣ монд.
Шӯҳрате, ки бо мол ё мансаб ба даст меояд, мумкин аст бо гузашти замон аз байн биравад. Вале шӯҳрате, ки бар пояи илм ва ихлос бино шудааст, бо хости Худои мутаъол то вақте, ки нафъи он дар миёни мардум боқӣ аст, устувор хоҳад монд. Ва Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) беҳтарин гувоҳ ба ин гуфтаҳост.
Ин ҳамон тасдиқи сухани Худованди мутаъол аст, ки мефармояд:
«Аммо кафк ба берун афканда мешавад ва нобуд мегардад ва аммо он чизе, ки ба мардум нафъ мерасонад, дар замин боқӣ мемонад» (Сураи Раъд, ояи 17).
📌 ХУЛОСАҲОИ ТАҲЛИЛӢ ВА ТАВСИЯҲО
🌱 Фоидаҳои тарбиявӣ:
· Макони таваллуди худро ҳақир машумор; зеро чӣ басо аз як деҳаи хурд касе барояд, ки таърихи умматро дигаргун созад.
· Ятимӣ, фақр ё камии имкониятҳо ҳеҷ гоҳ монеи расидан ба муваффақият шуда наметавонанд.
· Ихлос (покдилию холис будани ният барои Худо) пойдевори ҳар як кори бузург ва мондагор аст.
· Илми нофеъ (илми судманд) пас аз марги соҳибаш ҳам зинда мемонад, дар ҳоле ки молу ҷоҳ (мансаб) зудгузару заволпазиранд.
· Ҳар касе, ки ба дини Худо содиқона хидмат кунад, Худованд номи ӯро баланд мебардорад, агарчи пас аз гузашти замон ҳам бошад.
💡 Фоидаҳо барои донишмандон:
· Уммати Ислом ба уламои раббонӣ ва намунаҳои ҳақиқӣ эҳтиёҷ дорад, на ба машҳурҳои зудгузару бемағз.
· Бузургтарин сармоягузорӣ — ин тарбияву сохтани инсони мӯъмин ва олим аст.
· Олиму донишманд ва даъватгар набояд муваффақияти худро бо суръати ба даст омадани натиҷаҳо бисанҷад, балки меъёри асосӣ устувории ӯ бар ҳақ аст.
🔬 Фоидаҳои илмӣ:
- Бузургии Имом Бухорӣ танҳо аз зеҳни тезу заковати ӯ набуд, балки аз пайванди миёни ҳифз (ёдкунии қавӣ), риҳлат (сафарҳои тӯлонии илмӣ), сабр, дақиқкорӣ ва ихлоси ӯ сарчашма мегирифт.
- Хидмат ба суннати Паёмбар (с) ба фидокории устувору тӯлонӣ ниёз дорад, ин як кори муваққатӣ ва рӯзакию соатӣ нест.
🚀 Тавсияҳои амалӣ:
1. Магӯ: «Ман аз як деҳаи хурд ҳастам», балки бигӯ: «Аз ҳамон ҷое, ки ҳастам, корро оғоз мекунам».
2. Барои худ ҳадаферо интихоб кун, ки ба Ислом хидмат кунад, агарчи ин ҳадаф дар аввал хурд ба назар расад.
3. Пеш аз он ки дар пайи шӯҳрат бошӣ, кӯшиш кун, ки ниятатро холис гардонӣ.
4. Зиндагиномаи олимонро бисёр мутолиа кун; зеро он ҳимматро баланд мебардорад ва роҳи ҳаётро саҳеҳ месозад.
5. Ҳар рӯз аз худ бипурс: «Ман пас аз марги худ чӣ амали солеҳе мегузорам, ки мардум аз он нафъ бинанд?»
🔍 Заминасозӣ барои фасли дувум (Анҷоми боб)
Пас аз он ки донистем Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) аз як макони хоксорона баромад ва ба баландтарин дараҷаҳои илм расид, як савол боқӣ мемонад:
Ин ҷавон кист? Хонаводаи ӯ чӣ гуна буд? Ва чӣ сирру асроре дар он хонаводае, ки ӯ ба воя расид, ниҳон буд, ки барои уммати Ислом чунин имоми беназир ва такрорнашавандаро тарбия намудаву эҳдо кард?
Давомашро дар Фасли дувум бихонед...
ФАСЛИ ДУВУМ:
ТАВАЛЛУД ДАР ХОНАДОНИ ТАҚВО:
Насаби Имоми Бухорӣ, оилаи ӯ
ва чӣ гуна оғоз шудани роҳи бузургӣ
Агар фасли аввал ба ин савол посух дода бошад, ки:
«Чӣ гуна як ҷавон аз деҳаи хурд берун омад ва имоми дунё гардид?», пас ин фасл ба саволи амиқтар ҷавоб медиҳад:
Ин Имоми бузург дар кадом хонадон ба воя расид? Ва кадом муҳит ин қалби шигифтангезро сохт ва шакл дод?
Аввал: Насаб ва хонадоне, ки аз он нур дурахшид
Ӯ Имоми Ҳофиз ва Амири мӯъминон дар илми ҳадис:
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғийра ибни Бардизбаҳи Бухории Ҷаъфӣ аст.
· Решаҳои таърихӣ: Бобои бузурги ӯ, «Бардизбаҳ» деҳқони зардӯштӣ (маҷусӣ) ва бар дини қавми худ буд ва дар ҳамон дин вафот кард.
· Нуқтаи гардиш: Писари ӯ «Муғийра» ба дасти Ямон ал-Ҷаъфӣ (ҳокими Бухорои он вақт) ислом овард. Аз ин рӯ, ин хонадон аз рӯи вало (пайвандӣ) ба қабилаи Ҷаъфӣ нисбат дода шуданд ва бо номи «Ҷаъфӣ» машҳур гаштанд.
· Падари Имом (Исмоил): Ӯ марди оддӣ набуд, балки олими фозил ва муҳаддиси шинохта буд. Барои талаби илм сафарҳо карда, аз бузургоне чун Имом Молик ибни Анас (соҳиби китоби «ал-Муватто»), Ҳаммод ибни Зайд ва Абӯмуовияи Зарир ҳадис ривоят кардааст.
· Мероси тақво: Падари ӯ бо парҳезгории шадиде машҳур буд, ки қалбҳоро ба таъаҷҷуб меорад. Ӯ дар дами марг гуфта буд: «Дар тамоми молу сарвати худ як дирҳам ҳаром ва ҳатто як дирҳам шубҳанокро намедонам». Ин моли ҳалолу покиза ҳамон ризқе буд, ки Имоми Бухорӣ дар кӯдакӣ аз он ғизо гирифт. Исмоил вафот кард, дар ҳоле ки Имоми Бухорӣ ҳанӯз кӯдаки хурдсол буд. Ҳарчанд падар умри дароз надид, аммо дар вуҷуди писараш асар ва нишони бузурге гузошт. Дӯст доштани ҳадис, ростгӯӣ ва рӯ овардани ба илми шариъат.
· Дарси тарбиявӣ: Дар ин ҷо як қоидаи муҳими тарбиявӣ ошкор мешавад, ки: Давомнокии умри падар муҳим нест, балки муҳимтарин чиз таъсири ӯ дар сохтани роҳу самти дурусти ҳаёти фарзанд аст.
Пас маълум гардид, ки Имом Бухорӣ дар хонадоне таваллуд шудааст, ки хонаи подшоҳӣ ва сарватмандиву молдорӣ набуд, вале як хусусияти бузурге дошт, ки онро бо пулу мол чен карда намешавад, он ХОНАДОНИ ИЛМ, ДИН ВА САДОҚАТ БУД.
Дувум: Муҳити Бухорои он замон (Ошёни илм)
Имоми Бухорӣ рӯзи ҷумъа, сездаҳуми шавволи соли 194-и ҳиҷрӣ таваллуд шуд. Шаҳри Бухорои он замон танҳо як шаҳри оддӣ набуд, балки як маркази зиндаи илмӣ ба шумор мерафт:
- Мавқеи ҷуғрофӣ: Яке аз бузургтарин ва муҳимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва нуқтаи таҷаммӯи тиҷорату фарҳанг дар Роҳи абрешим буд.
- Муҳити илмӣ: Аммо чизи аҷиб танҳо шаҳр набуд, балки он чизҳое буд, ки дар он шаҳр вуҷуд дошт. Шаҳр лабрез аз ҳалқаҳои дарсии:
- муҳаддисон
- ва фақеҳон
- таваҷҷӯҳи зиёд ба Қуръон ва Суннат ва улуми он
- ва муҳити рабоқат дар талаби илм буд.
- Фазои умумии шаҳр: Кӯдаки хурдсол дар кӯчаҳои шаҳр ҷуз маҷлисҳои ҳадис, навиштани аснод ва мунозираҳои илмӣ чизи дигареро намедид. Ин муҳит дар қалби кӯдак як чизи бисёр муҳимро ҷой кард: “Дӯст доштани илм, пеш аз ишқ ба дунё”.
Сеюм: Ятимӣ… Оғоз аст, на поён
Имоми Бухорӣ падарашро дар тифлӣ аз даст дод ва дар зери сояи тарбияи модараш ба воя расид. Ин як нуқтаи меҳварӣ дар тарҷумаи ҳоли ӯст:
· Модари бузургвор: Ӯ зане солеҳа, оқила ва мустаҷобуддаъват (дуояш қабулшаванда) буд.
· Усули тарбияти модар: Модарро сарвати боқимондаи шавҳараш ба дунё машғул накард, балки тамоми тавони кӯдакро ба сӯи илм равона сохт ва аз моли ҳалоли шавҳараш барои таълими ӯ саховатмандона сарфу харҷ намуд. Аз ривоятҳо маълум мегардад, ки нақши модар, хусусан дар рӯ овардани фарзандаш ба илм, хеле калон будааст.
· Дарси имонӣ: Аз ин ҷо боз як қоидаи муҳимеро мефаҳмем, ки: Гоҳо инсон мумкин аст аз такягоҳи заминӣ (падар) маҳрум мешавад, то барояш дари такягоҳи осмонӣ ва қавитар боз гардад, ки он тавфиқи Худованд аст.
Чорум: Муъҷизаи шифоёбии чашмон (Дуои модар)
Дар кӯдакӣ Имоми Бухорӣ ба бемории шадиде гирифтор шуд, ки дар натиҷаи он ҳарду чашмаш комилан нобино гаштанд. Қалби модар шикаст, аммо умедашро аз даст надод. Ӯ шабҳо дар меҳроби дуо бо қалби сӯзон мегирист ва тазаррӯъу зорӣ мекард.
Рӯъё ва муъҷиза: Шабе модар дар хоб Паёмбар Иброҳим (а)-ро дид, ки ба ӯ гуфт: «Эй зан! Ба сабаби гиряву дуоҳои зиёди ту, Худованд биноии писаратро ба ӯ бозгардонд».
Субҳи муъҷиза: Модар субҳ аз хоб бедор шуд ва ба чеҳраи кӯдакаш Муҳаммад нигоҳ кард; дид, ки Худованд чашмони ӯро чунон шифо додааст, ки биноияш аз аввал ҳам тезтар ва қавитар шуда буд. Ин ҳамон чашмоне буд, ки баъдан ҳазорон ҳадиси Паёмбар (с)-ро таҳқиқ ва тафтиш кард.
Панҷум: Нахустин нишонаҳои заковат ва нуқтаи гардиш
Аз замони кӯдакӣ нишонаҳои нубуғ ва заковату, зеҳни тоза дар ӯ зоҳир гашта буд, ки ба сабаби он аз ҳамсолонаш фарқ мекард.
- Қувваи ҳифзи фавқулода ва ғайроддӣ.
- Майлу рағбати сахт ба ҳадис ва ривоят
- Бад дидан бозию дилхӯшиҳои тӯлонӣ.
- Дӯст доштани нишаст бо аҳли илм.
Бухории хурдсол ҳанӯз кӯдак буд, ки ҳифзи Қуръонро ба поён расонид ва сипас дар синни даҳсолагӣ роҳи илми ҳадисро пеш гирифт:
Синни 10-солагӣ -> Илҳоми ҳифзи ҳадис ва нишастан дар маҷлиси муҳаддисон.
Синни 11-солагӣ -> Ислоҳ кардани хатои устоди худ (Дохилӣ) дар занҷираи ровиён.
Синни 16-солагӣ -> Ҳифзи пӯрраи китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъ.
Пас дида мешавад, ки дар дарсҳои ҳадис ҳозир шуданро аз хурдӣ шуруъ кардааст, то ҷое ки дар ҳамон синни кӯдакӣ ривоятҳо ва аснодро аз ҳам фарқ менамудааст. Қиссаи зерин барои мо мефаҳмонад, ки чигуна нишонаҳои Имом шуданаш ҳанӯз пеш аз он ки мардум ӯро бишиносанд, намоён гаштаанд.
- Қиссаи ӯ бо устодаш Дохилӣ:
Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Абиҳотим ал-Варроқи Наҳвӣ (нависанда ва котиби хоси Имоми Бухорӣ (раҳ) мегӯяд:
«Ба Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ гуфтам: Оғози кори ту дар талаби ҳадис чӣ гуна буд?
Фармуд: Ҳанӯз дар мактаб (куттоб) будам, ки ҳифзи ҳадис ба қалбам илҳом шуд.
Абӯҷаъфар мегӯяд: Ба ӯ гуфтам: Он вақт чандсола будӣ?
Фармуд: Даҳсола ё камтар аз он. Сипас баъд аз даҳсолагӣ аз мактаб берун шудам ва пайваста ба назди Дохилӣ (раҳ) ва дигарон мерафтам.
Рӯзе ӯ (Шайх Дохилӣ) дар маҷлисе, ки барои мардум ҳадис мехонд, (дар санад) гуфт: "Суфён, аз Абӯзубайр, аз Иброҳим".
Ман ба ӯ гуфтам: "Эй фалонӣ! (Эй устод!) Абӯзубайр аз Иброҳим ривоят накардааст!"
Шайх маро сарзаниш кард (ва бо лаҳни тунде бархӯрд намуд).
Ман ба ӯ гуфтам: "Ба аслаш (нусхаи хаттии худат) назар кун, агар дар наздат бошад".
Шайх ба дарун рафт ва ба он (китобаш) назар кард, сипас ба берун омад ва ба ман гуфт: "Эй писар, пас он (шакли саҳеҳаш) чӣ гуна аст?"
Гуфтам: "Он «Зубайр ибни Адӣ» аст аз Иброҳим".
Пас Шайх қаламро аз ман гирифт ва китоби худро ислоҳ намуд ва гуфт: "Рост гуфтӣ".
Баъзе аз ёронаш аз ӯ (Имоми Бухорӣ) пурсиданд: Дар он рӯз, ки хатои устодро ислоҳ кардӣ, чандсола будӣ?
Фармуд: "Ёздаҳсола будам".
Ва ҳангоме ки ба синни шонздаҳсолагӣ (16-солагӣ) қадам гузоштам, китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъро ҳифз намудам ва каломи инҳоро (фиқҳу раъйи асҳобро) шинохтам.» (Сарчашма: Сияру аъломин-нубало — ҷилди 12 / саҳ. 406)
ХУЛОСАҲОИ ТАҲЛИЛӢ ВА ТАВСИЯҲО
🌱 Фоидаҳои тарбиявӣ:
- Луқмаи ҳалол пойдевори солеҳият аст: Покии моли падар (Исмоил) ва дурии ӯ аз шубҳаҳо, таъсири ғайбие дар нури ақл, тавфиқ ва қувваи ҳифзи фарзанд дорад.
- Модар, мактаби аввалини устуворӣ: Набудани падар Бухориро шикаст надод, зеро дар пушти ӯ зани солеҳае истода буд, ки баробари ҳазор мард ҳиммат дошт ва сарватро на дар роҳи дунё, балки дар роҳи илми фарзандаш сарф кард.
- Тарбияи муҳит пеш аз таълим аст: Муҳити илмии Бухоро дар қалби кӯдак як чизи бисёр бузург ва муҳимро ҷой кард: Муҳаббат ба илм, пеш аз дӯстдории дунё.
1. Муҳити солеҳ пеш аз он ки илмро бисозад, самти ҳаётро месозад.
2. Асари падари солеҳ ҳатто пас аз маргаш ҳам боқӣ мемонад.
3. Ятимӣ монеъа дар роҳи созандагӣ нест, балки баръакс метавонад ангезаи қавитаре бошд.
💡 Фоидаҳо барои донишмандон (устодон):
· Танҳо муассисаҳо нестанд, ки олимонро месозанд, балки сохтани олимону донишмандон аз хонаҳо шуруъ мешавад.
· Таваҷҷӯҳи барвақт ба кӯдак метавонад аз ӯ имоми як умматро бисозад
· Инсоф ва қабули ҳақ аз хурдсолон: Сар фуровардани Шайх Дохилӣ ба сухани кӯдаки 11-сола нишон медиҳад, ки уламои раббонӣ ҳамеша дар баробари далели саҳеҳ таслиманд, агарчи аз забони як тифл ҳам барояд.
· Эътибори илми риҷол (санадшиносӣ): Бузургтарин сармоягузории илмӣ ин аст, ки толиби илм на танҳо матн, балки ровиён ва таърихи зиндагии онҳоро низ дақиқ бидонад.
🔬 Фоидаҳои имонӣ:
1. Дуои содиқонаи падару модар яке аз дарҳои тавфиқ (муваффақ шудан) аст.
2. Аллоҳ ҳар касеро, ки бихоҳад барои хидмати динаш интихоб мекунад, ҳатто агар оғози ҳаёти ӯ бо заъфу нотавонӣ бошад.
🔬 Фоидаҳои илмӣ:
· Заковату ҳушмандӣ дар хурдсолӣ сохта мешавад: Маърифати Имоми Бухорӣ ба каломи аҳли фиқҳу ҳадис дар синни 16-солагӣ собит мекунад, ки заковат натиҷаи истифодаи дурусти умр аз аввали кӯдакӣ аст.
· Каромати аҳли тақво ва дуо: Қиссаи бозгашти биноии Имоми Бухорӣ бо дуои модараш нишон медиҳад, ки дуои самимӣ ва бо ашк қонунҳои моддиро тағйир медиҳад ва тақдири умматро дигаргун месозад.
🚀 Тавсияҳои амалӣ:
1. Молу даромади худро аз шакку шубҳа пок кун; то баракати онро дар зеҳн, ахлоқ ва ояндаи фарзандонат бубинӣ.
2. Ба кӯдакони хурдсол бо чашми камӣ нанигар; балки агар нишони зеҳну фаҳм дошта бошанд, мисли Шайх Дохилӣ сухани ҳаққашонро бишнав ва ташвиқашон кун.
3. Аз мушкилоти иҷтимоӣ (мисли ятимӣ ё беморӣ) маъюс машав; зеро чӣ басо Худованд такягоҳи заминиро мегирад, то дарҳои тавфиқи осмониро бароят боз кунад.
4. Вақти кӯдакии фарзандонро бо бозиҳои беҳуда зоеъ макун; балки онҳоро аз хурдӣ ба маҷлисҳои илм ва китобхонӣ одат кунон.
5. Дар баёни ҳақиқати илмӣ устувор бош, аммо онро бо риояи адаби комил баён кун, чуноне ки Бухорӣ ба устодаш гуфт: «Ба аслаш назар кун».