ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
АЗ ДАФТАРИ УМРА ВА АСРОРИ ОН: САФАРИ ҚАЛБ - УМРА ВА АСРОРИ ОН: САФАРИ ҚАЛБ
Featured

АЗ ДАФТАРИ УМРА ВА АСРОРИ ОН: САФАРИ ҚАЛБ - УМРА ВА АСРОРИ ОН: САФАРИ ҚАЛБ

❸ Дарвозаи қалб

Севум: Фиқҳи қалбӣ, асрор ва мақоми муроқиба

(Худо маро мебинад)

Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) дар баёни асрори маносик маънои бисёр нозукеро баён мекунад. Ӯ мефармояд, ки саъйи байни Сафо ва Марва монанди он аст, ки банда пайваста дар остонаи Подшоҳ даромаду баромад мекунад; бо тамоми вуҷуд ниёзмандӣ, муҳтоҷӣ ва изтирори худро нишон медиҳад. Ӯ мисли ғуломест, ки ҳар лаҳза ба даргоҳи хоҷааш бозмегардад ва танҳо як чиз мехоҳад: авф, раҳмат ва ризои Ӯро.

Аммо сирри аслии саъй танҳо дар роҳ рафтан нест.

Сирри саъй — тарбияи қалб аст.

Вақте аз назди Каъба хориҷ шудӣ, гӯё Худованд ба ту мефармояд:

«Ту муҳаббати худро баён кардӣ; акнун ростии онро нишон деҳ.»

Муҳаббат танҳо бо гиря назди Каъба собит намешавад.

Муҳаббат бо ҳаракат собит мешавад.

Бо сабр.

Бо кӯшиш.

Бо таваккул.

Бо таслим.

Ҳоҷар (алайҳассалом) ин мактабро барои ҳамаи башарият сохт.

Вақте об тамом шуд, вай дар ҷояш нанишаст.

На гуфт: «Ман таваккул кардам, пас дигар ҳаракат намекунам.»

Ва на танҳо ба сабабҳо такя кард.

Ӯ миёни ин ду ҳақиқат ҷамъ намуд:

кӯшиши комил ва таваккули комил.

Ҳафт бор давид.

Ҳар бор умед дошт.

Ҳар бор ба Худо бозгашт.

Ҳар бор дил ба Парвардигор баст.

Ва Худованд нишон дод, ки кушоиш аз он ҷое меояд, ки инсон ҳатто тасаввур намекунад.

Замзам аз Сафо набаромад.

Аз Марва ҳам набаромад.

Аз зери пойи кӯдаке ҷорӣ шуд, ки худ ҳатто наметавонист барои худ об талаб кунад.

Ин дарси бузурги тавҳид аст.

Сабабҳоро бигир, аммо дилатро ба сабабҳо мабанд.

 

Дар ҳар давре, ки байни Сафо ва Марва ҳаракат мекунӣ, Худованд ба қалби ту менигарад.

Ӯ нигоҳ намекунад, ки чанд километр роҳ рафтӣ.

Ӯ мебинад, ки қалбат чанд қадам ба Ӯ наздик шуд.

Ӯ мебинад:

Оё ҳанӯз ба қудрати худ эътимод дорӣ?

Ё ба қудрати Ӯ?

Оё ҳанӯз ба мардум такя мекунӣ?

Ё ба Парвардигори мардум?

Оё ҳанӯз гумон мекунӣ, ки ризқ аз дасти мардум аст?

Ё яқин дорӣ, ки ҳамаи калидҳои осмонҳову замин танҳо дар дасти Аллоҳ мебошанд?

 

Саъй танҳо давидан байни ду кӯҳ нест.

Ин сафар байни ду ҳолати қалб аст.

Аз ноумедӣ ба умед.

Аз тарс ба амният.

Аз изтироб ба итминон.

Аз вобастагӣ ба халқ ба вобастагӣ ба Холиқ.

 

Ҳарвала байни ду чароғи сабз низ сирри амиқ дорад.

Ин ҷо танҳо ҷои тез роҳ рафтани мардон нест.

Ин ҷо ёдгори лаҳзаҳое аст, ки модаре бо тамоми вуҷуд барои наҷоти фарзандаш медавид.

Ин давидан аз рӯйи воҳима набуд.

Аз рӯйи муҳаббат буд.

Аз рӯйи масъулият буд.

Аз рӯйи яқин буд.

Пас ҳар боре ки ту байни ин ду нишона ҳарвала мекунӣ, аз худ бипурс:

Ман ба сӯи чӣ медавам?

Ба сӯи дунё?

Ё ба сӯи ризои Худо?

Аз гуноҳ мегурезам?

Ё ҳанӯз бо гуноҳ зиндагӣ мекунам?

 

Шояд муҳимтарин сирри Саъй ҳамин бошад:

Ҳоҷар (алайҳассалом) ҳафт бор роҳ рафт.

Аммо Худо намехост танҳо об диҳад.

Мехост як модарро муаллимаи тамоми аҳли яқин гардонад.

Имрӯз миллионҳо мусулмон ҳаракати ӯро такрор мекунанд.

Аммо саволи асосӣ ин аст:

Оё яқини ӯро низ бо худ доранд?

 

🌿 Аз дил ба зиндагӣ

Агар имрӯз қалбат дар миёни Сафо ва Марва таваккулро омӯхт, пас баъд аз бозгашт ба ватан ҳар мушкилоти зиндагӣ барои ту як Сафо ва ҳар кушоиши илоҳӣ як Марва хоҳад шуд.

Он гоҳ ҳар гоҳ сабабҳо баста шаванд, пеш аз он ки ба мардум рӯ оварӣ, ба ёд меорӣ сухани модари мӯъминон Ҳоҷар (алайҳассалом)-ро:

«إِذًا لَا يُضَيِّعُنَا اللَّهُ»

«Пас Худованд ҳаргиз моро зоеъ нахоҳад кард.»

***

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Ҳоло дар сомона 299 меҳмонҳо ва ҳеҷ истифодабарандае нест