«НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО: ат-ТАВВОБ» - Саҳифаи - 2
Featured

«НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО: ат-ТАВВОБ» - Саҳифаи - 2

Исми зебои Аллоҳ «Ат-Таввоб»

 (Аудио: Бахши 2 – 23:14 дақиқа)

Исми Аллоҳ «Ат-Таввоб» (الله التواب) даъвати раббоиниест, ки умедро дар зиндагии мо аз нав эҳё мекунад ва даъвати Илоҳӣ барои кулли ҷомеа ва тамоми инсоният мебошад.

 

1.    Маънои тавба

            «Тавба» дар забон ба маънои бозгашт аст. Калимаҳои "تاب" (таба), "ثاب" (саба) ва "آب" (оба) ҳаммаъно мебошанд. Пас, «Аллоҳ Ат-Таввоб» зотест, ки ҳар фардеро, ки ба сӯи Ӯ бозгардад, қабул мекунад ва рад намесозад.

Аллоҳ таборака ва таъоло мефармояд:

            «Ва Ӯст он Зоте, ки тавбаро аз бандагонаш қабул мекунад» [Сураи Шӯро, ояти 25].

            Ин оят бисёр зебост. Мумкин аст мо аз инсоне узрхоҳӣ кунем, аммо ӯ узри моро напазирад, зеро ҳаҷми хатои мо ғайри қобили таҳаммул буд. Аммо Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло, ҳар вақт ки мо ба сӯи Ӯ равем, моро қабул менамояд.

            Дар ин ҷо як нуктаи дигар ҳам ҳаст: мумкин аст мо аз узрхоҳӣ кардан тарсем, аз тарси он ки узрамон қабул нашавад ва дар ҳолати хиҷолатмонӣ қарор гирем. (Аллоҳ таоло дорои баландтарин масалҳо ва сифатҳост), аммо Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бо ин оят ба мо мегӯяд: «Хиҷолат накашед, зеро шумо пазируфта хоҳед шуд».

            Мо ҳамеша дар Қуръони Карим вожаи «қабул»-ро дар якҷоягӣ бо калимаи «тавба» мебинем, чунончи дар ояти қаблӣ ва ҳамчунин:

            «Омӯрзандаи гуноҳ ва пазирандаи тавба» [Сураи Ғофир, ояти 3].

Ва ин ояти зебо:

«Оё намедонистанд, ки танҳо Аллоҳ аст, ки тавбаро аз бандагонаш қабул мекунад?» [Сураи Тавба, ояти 104].

Пас, Аллоҳ ҳеҷ гоҳ моро рад нахоҳад кард.

 

2. Тавба барои кист?

Мухотаби даъват ба тавба кист ва чаро исми Аллоҳ таъоло бо номи зебои «Ат-Таввоб» моро ба Худ мехонад?  Ин танҳо гунаҳгорон, ҷинояткорон, ғофилон аз Аллоҳ ва ё касоне нестанд, ки миёни гуноҳу тоат саргардонанд (яъне гоҳ ба маъсият даст мезананду гоҳ ба ибодат рӯ меоранд), балки ҳатто мӯъминон низ мухотаби ин исманд. Ҳамаи мо ҳам мухотаб ҳастем. Оят мефармояд:

            «Ва эй мӯъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, бошад ки растагор шавед» [Сураи Нур, ояти 31].

            Ва инчунин мефармояд:

            «Ва ҳар кӣ чунин кунад (ширк, қатл ё зино), ба ҷазои гуноҳи худ мерасад. Азоби ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд мешавад ва дар он ба хорӣ ҷовидон мемонад. Магар касе, ки тавба кунад...» [Сураи Фурқон, оятҳои 68-70].

Намунаҳои ниёз ба тавба:

·        Тавба барои оқипадар ва оқимодар: Гоҳо як қатра ашки модар, ки (аз ранҷиш) мерезад, дар тарозуи бадиҳо вазнинтар аз гуноҳони яксола мешавад. Гоҳо сурх шудани рӯи падар аз хашм бар писараш (масалан барои нокомӣ дар имтиҳон ё беэътиборӣ ба нишастан бо падар) бадтар аз гуноҳони ду ё сесола аст.

·        Тавба аз ришва: Ин вабое, ки дар ҳама кишварҳо паҳн шудааст. Зеро ришвадиҳанда ва ришвагиранда, ҳарду дар оташанд.

·        Тавба аз нӯшидани хамр (арақ): Аллоҳ таъоло нӯшанда, бардоранда, соқӣ (резонанда) ва фурӯшандаи онро лаънат кардааст.

·        Тавба аз шабакаҳои телевизионӣ ва фазои маҷозӣ: Аз он чи ки дар онҳо намоиш дода мешавад ва боиси паҳн шудани фаҳшо мегардад.

«Ҳамоно касоне, ки дӯст медоранд корҳои зишт дар миёни мӯъминон ривоҷ ёбад, барои онҳо дар дунё ва охират азоби дарднокест...» [Сураи Нур, ояти 19].

Тарки намоз ва зулм:

Аз ҷумлаи касоне, ки бар онҳо тавба карда воҷиб мебошад, намозро тарккунанда аст.

·        Дар ҷаҳаннам даре ҳаст бо номи «Сақар» барои касоне, ки намозро тарк мекунанд. Аллоҳ таборака ва таъоло мефармояд:

«Ва ту чӣ донӣ, ки Сақар чист? На боқӣ мегузорад ва на раҳо мекунад» [Сураи Муддассир, оятҳои 27-28].

Вақте фариштагон аз дохилшудагон мепурсанд: «Чӣ чиз шуморо ба Сақар кашид?» Мегӯянд«Мо аз намозгузорон набудем ва ба мискинон таъом намедодем» [Сураи Муддассир, оятҳои 43-44].

·        Ин танҳо шомили касоне нест, ки намозро комилан тарк кардаанд, балки касеро низ дар бар мегирад, ки масалан намози субҳро (ки панҷяки фариза аст) тарк мекунад ва дигар дар қалбаш эҳсоси дард намекунад.

·        Ва касе, ки ҳамсарашро хору залил мекунад, чун медонад ӯ заиф аст ва ягона роҳи зиндагиаш мондан бо ӯст. Оё намедонад, ки «зулм дар рӯзи қиёмат торикиҳост» ва ин кор ниёз ба тавбаи ҷиддӣ дорад?

·        Хӯрдани моли мардум ва ниёзи ҳамагон ба тавба

 Ва касоне, ки амволи мардум ва ятимонро мехӯранд:

«Ҳамоно касоне, ки амволи ятимонро ба зулм мехӯранд, ҷуз ин нест, ки дар шикамҳои худ оташ мехӯранд ва ба зудӣ ба оташи фурӯзон хоҳанд афтод» [Сураи Нисо, ояти 10].

 

Оё инҳо ба тавба ниёз надоранд?

Ва агар аз гуноҳони кабира (бузург) бигзарем, оё ҳазорон гуноҳи сағира (хурд), ки дар давоми рӯз содир мешаванд, ниёз ба тавба надоранд? Чӣ қадар сухани ҳаромро шунидем? Чӣ қадар ғайбатро гуфтем? Чанд нигоҳи ҳаромро дар шабонарӯз дидем? Оё ҳамаи инҳо ниёз ба тавба надоранд?

·        Тавбаи шахси ғофил:

Шахси ғофил аз Аллоҳ, худро инсони муҳтарам мебинад, ва шояд дар воқеъ ҳам чунин аст, аммо дар асл аз Аллоҳ ғофил мебошад. Гоҳо тавбаи ӯ аз тавбаи гунаҳкор душвортар аст, зеро гунаҳкор пас аз муддате аз маъсият нафрат пайдо мекунад, аммо шайтон ба ғофил ҳамеша мегӯяд: «Ту инсони олӣ ҳастӣ», то ӯро дар ҳолати бехабарӣ аз Аллоҳ нигоҳ дорад. Пас ин ғофил кай бедор мешавад?

·        Бояд ба худ бигӯӣ: Танҳо доштани ахлоқи хуб кофӣ нест. Агар ба ин дунё омада бошӣ ва Аллоҳро нашиносӣ, пас арзиши зиндагӣ дар чист?

·        «Оё ба сӯи Аллоҳ тавба намекунанд ва аз Ӯ омурзиш намехоҳанд?» [Сураи Моида, ояти 74].

Суфёни Саврӣ (яке аз имомони тобеин) мегӯяд: «Рӯзе нишастам, то гуноҳонамро ҳисоб кунам. Чун ҳисоб кардам, дидам, ки 21 000 (бисту як ҳазор) гуноҳ аст. Ба худ гуфтам: Эй Суфён! Бо бисту як ҳазор гуноҳ бо Аллоҳ рӯ ба рӯ мешавӣ? Ва Ӯ аз ту дар бораи ҳар як гуноҳ мепурсад? Дар ҳоле ки миёни туву Аллоҳ ҳеҷ тарҷумоне нест, аз ҳар як гуноҳат суол мекунад?!». Мегӯяд: «Пас нишастаму ҳисоб мекардаму тавба мекардам, ҳисоб мекардаму тавба мекардам...».

·        Симои тавба дар сураи «Тавба»:

Сураи «Тавба» барои ҳамаи табақаҳои мардум, ҳатто барои мушрикон, дари тавбаро кушодааст. Дар ин сура вожаи «тавба» ҳабдаҳ (17) бор зикр шудааст. Аллоҳ таборака ва таъоло дар бораи мушрикон мефармояд:

·          «Дар бораи ҳеҷ мӯъмине на хешовандиро риоя мекунанд ва на паймонро ва онҳо ҳамон таҷовузкоронанд. Пас агар тавба кунанд ва намоз барпо доранд ва закот диҳанд, пас бародарони динии шумо ҳастанд» [Сураи Тавба, оятҳои 10-11].

·        Сипас дар бораи касоне мегӯяд, ки амали солеҳро бо амали бад омехта кардаанд:

·        «Ва дигароне ҳастанд, ки ба гуноҳони худ эътироф карданд, амали солеҳро бо амали дигаре, ки бад аст, омехтанд; умед аст, ки Аллоҳ тавбаи онҳоро бипазирад» [Сураи Тавба, ояти 102].

·        Ва ҳатто дар бораи Паёмбар (с) мефармояд:

·        «Ҳақиқатан Аллоҳ тавбаи Паёмбар ва муҳоҷирону ансорро пазируфт...» [Сураи Тавба, ояти 117].

·        Пас дари тавба барои ҳамаи мардум боз аст, ҳатто барои мӯъминоне, ки диндор буданд, вале имонашон заиф гаштааст; онҳо низ ба тавба ниёз доранд.