5. Чаро Аллоҳ ин ҳама тавбаи моро мепазирад? Фалсафаи тавба дар чист?
Зеро Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло вақте инсонро офарид, ӯро барои ободӣ ва ислоҳи замин офарид: «Ҳамоно Ман дар замин халифае меофаринам» [Сураи Бақара, ояти 30]. Агар тавба намешуд, чӣ мешуд? Агар касе дуздӣ мекард ё моли мардумро мехӯрд ва пушаймон мешуд, вале роҳи тавбаро намеёфт, боз ҳам дуздӣ мекард ва замин фасод мешуд. Пас, тавба дар асоси андешаи (идеяи) ислоҳи ҷомеа бино шудааст. Кош мардумони мо худро бо номи Аллоҳ «Ат-Таввоб» ислоҳ мекарданд, зеро «Таввоб» дареро боз мекунад, то ислоҳи замин дар сатҳи ҷомеъа ва маҳалли зиндагонии онҳо бардавом ва пойдор бимонад.
...Ва дар сатҳи шахсӣ (тавба воситаи) таҷдиди умед аст. Зеро маъсият боиси нафрат ва дилгирӣ мегардад, аммо тавба дар инсон умедро нав мекунад, фаъолият ва ҳиммати ӯро боло мебарад ва ӯро зиндадилтар (пур аз ҳаёт) месозад.
Исми «Ат-Таввоб» аз ту металабад, ки нуқтаҳои заъфи зиндагиатро кам ва ислоҳ кунӣ ва исми «Аш-Шакур» нуқтаҳои қувватро дар ту бузург мегардонад. Тавба нақши дигаре низ дорад: дар ҳамон лаҳзае, ки тавба мекунӣ, ту Аллоҳро субҳонаҳу ва таъоло шинохтаӣ. Зеро тавба намекунӣ, магар ин ки бидонӣ Ӯ Азим (Бузург) аст, ва Ӯ Интиқомгиранда аст, ва Ӯ Раҳим аст, ва Ӯ Ғафур аст. Дар воқеъ, дар лаҳзаи тавба ту Аллоҳро бо тамоми Номҳои Зебояш шинохтаӣ.
Чаро Аллоҳ таъоло моро аз ибтидо маъсум (пок аз гуноҳ) наофарид?
Шояд бипурсӣ, ки чаро Аллоҳ таъоло моро аз ибтидо аз гуноҳ нигоҳ надошт? Парвардигор Зотест, ки бандагонашро тарбият мекунад ва Ӯ ба ҳоли ту огоҳ аст. Агар зиндагии ту бидуни гуноҳ ва саросар тоат мебуд, дучори худписандӣ ва худбинӣ мешудӣ; ҳамон гуна ки бо Иблис шуд ва кофир гашт. Пас Аллоҳ таъоло аз рӯи раҳматаш туро маъсум накард. Ибни Қаййим ривояти зебое нақл мекунад, то бифаҳмем, ки чаро Аллоҳ таъоло моро аз гуноҳ нигоҳ надошт:
Вақте Одам аз дарахт хӯрд ва аз биҳишт фуруд омад, гиря мекард. Парвардигорамон ба ӯ фармуд:
«Эй Одам! Агар ту ва фарзандонатро маъсум мекардам, пас Ман раҳмату мағфират ва авфу ҳилми Худро ба кӣ ато мекардам, дар ҳоле ки Ман Таввобу Раҳим ҳастам? Эй Одам! Ту дар биҳишт мисли даромадани подшоҳон ба назди подшоҳон ба назди мо меомадӣ, аммо ҳоло мисли даромадани бандагон ба назди подшоҳон меоӣ ва ин назди Мо маҳбубтар аст. Эй Одам! Гуноҳе, ки ба сабаби он назди Мо зорӣ ва тазарруъ кунӣ, назди Мо маҳбубтар аз тоатест, ки бо он бар Мо фахр фурӯшӣ. Эй Одам! Нолаи гунаҳгорон назди Мо аз тасбеҳи худнамоён маҳбубтар аст. Эй Одам! Маҳзуну ғамгин мабош, ки ба ту гуфтам "хориҷ шав", зеро биҳиштро барои ту офаридаам, вале ба дунё бирав ва тухми тақво бикор ва замини Маро обод кун, то ҳар гоҳ муштоқи биҳишт шудӣ, биёӣ ва туро ба он дохил кунам».
Ва як маънои дигаре ҳаст, ки туро водор месозад, ки тавбаро бештар дӯст дорӣ. Маънои дигари зебо ин аст, ки исми «Ат-Таввоб» бо исми «Ар-Раҳим» робитаи зич дорад ва тавба ҳамеша дар канори раҳмат зикр мешавад. Пеш аз баёни ин робита, бигӯ, ки дӯст дорӣ Аллоҳ бо ту чӣ гуна рафтор кунад? Бо адлаш ё бо раҳматаш? Агар бо адлаш бошад, туро дар дунё ба ҳоли худат мегузорад ва рӯзи қиёмат бо хатоҳоят рӯ ба рӯ карда, ба оташ меафканад. Аммо бо раҳматаш туро ба сӯи тавба ҳидоят мекунад. Агар бо адлаш бошад, дар дунё мусибате нест ва ҳар гуна хоҳӣ зиндагӣ кун, аммо бо раҳматаш туро ба тавба ташвиқ мекунад ва агар тавба накунӣ, дарси дардноке ба ту мефиристад ва агар боз ҳам нафаҳмӣ, мусибатеро мефиристад, ки авҷи раҳмат аст, то туро ба тавбае расонад, ки наҷотбахши туст.
Қиссаи зебои як тавбакунанда:
Пизишки диндоре нақл мекунад, ки барои муоинаи бемори қанд рафта буд. Пас аз анҷоми кор, бемор исрор кард, ки писараш пизишкро (бо мошин) расонад. Дар роҳ пизишк аз ҷавон дар бораи намозаш ва баъзе масъалаҳои динӣ пурсид. Ҷавон посух дод: «Намоз ин сафсата ва суханони беҳуда аст!». Пизишк гуфт: «Оё аз оташ наметарсӣ?». Ҷавон гуфт: «Аҳли дӯзах беҳтарин одамон ҳастанд!». Пизишк бо нороҳатӣ мошинро тарк кард.
...Ва баъди як сол дӯсти ман бори дигар барои муоинаи он бемор рафт, пас аз он ки аз ӯ талаб карда шуда буд. Ӯ ба назди бемор рафт ва ҳангоми берун шудан аз хона, модар аз ӯ хост, ки мунтазир шавад то писараш ӯро расонад. Пизишк қатъиян рад кард. Модар гуфт: «Ӯ ҳоло дар масҷид намози хуфтан мехонад ва фавран меояд!».
Пизишк тасмим гирифт, ки мунтазири ӯ шавад. Дар роҳ аз ҷавон пурсид: «Чӣ шуд (чӣ тағйироте рух дод)?» Ҷавон нақл кард, ки дар як ширкати сайёҳии ҳаҷ ва умра кор мекард. Ӯ ҳамроҳи яке аз гурӯҳҳои ҳоҷиён буд. Ҳоҷиён ба умра рафтанд, аммо ӯ дар меҳмонхона танҳо монд. Ҳар вақт мехост кори ҳароме анҷом диҳад, фурсат пайдо намекард. Пас тасмим гирифт, ки биравад ва бори аввал дар зиндагиаш Каъбаро бубинад. Он рӯз, аввали моҳи шаъбон буд ва субҳи барвақт Каъбаро мешустанд ва дари он боз буд. Ӯ истода тамошо мекард, ки ногаҳон яке аз хонадони Шайба (ки ашхоси гиромие ҳастанд ва калиди Каъба назди онҳост) назди ӯ омад ва гуфт: «Мехоҳӣ дар дохили Каъба намоз бихонӣ?!».
Кӣ ин корро кард?! (Кӣ ин фурсатро барояш муҳайё сохт?)
Ҷавон хиҷолатзада шуд ва вориди Каъба гардид. Мегӯяд: «Гӯё маро аз нав мешустанд ва аз нав меофариданд. Фосиқу мункир ворид шудам ва мӯъмину муваҳҳид (яктопараст) хориҷ гаштам ва мегуфтам: Тавба кардам, ё Раб! Тавба кардам, ё Раб!».
Оё дидӣ, ки Аллоҳ ӯро чӣ гуна ба сӯи Худ овард? Зеро Ӯ бандагонашро дӯст медорад. Баъзеҳо зуд мефаҳманд, баъзеҳо бо ишора мефаҳманд ва баъзеҳо бо душворӣ.»
Қиссаи файласуфи лубнонӣ ва фалсафаи тавба
Ин қиссаро нависанда ва олими бузург Ротиб Набулсӣ дар бораи як устоди бузурги илми фалсафа дар Лубнон нақл мекунад. Ӯ солҳои зиёд ба донишҷӯён дарси илҳод (бехудоӣ) медод, афкори онҳоро вайрон мекард ва ба Аллоҳ азза ва ҷалла имон надошт. Агар Аллоҳ ӯро бо адли Худ раҳо мекард, сарнавишташ оташ мебуд, аммо ар-Раҳим субҳонаҳу ва таъоло барои ӯ роҳи дигаре хост.
Ин мард духтари бисёр зебое дошт, ки ногаҳон дучори беморӣ шуд. Устод ӯро аз назди ин пизишк ба он пизишк мебурд, вале ҳама якдилона гуфтанд, ки ҳолати ӯ бисёр нодир аст ва шояд ба марг анҷомад. Духтар моҳҳо азоб кашид ва ин ҳолат устодро ба шиддат такон дод, то ҷое ки рафтораш ғайритабиӣ гашт. Рӯзе ҳамсараш вориди утоқ шуд ва ӯро дар ҳолати саҷда дид, ки гирякунон мегуфт: «Мегӯянд, ки Ту ҳастӣ; агар рост бошад, ё духтарамро бимирон, ё маро бимирон ва ё ӯро шифо деҳ!». Ӯ ба намозхонӣ шурӯъ кард ва ба шогирдонаш мегуфт: «Ман дар назарияҳои худ бознигарӣ мекунам, Аллоҳ вуҷуд дорад». Зебоии кор дар он буд, ки духтарак комилан шифо ёфт, валҳамдулиллоҳ.
Ду ояти калидӣ дар бораи тавба:
«Дар ин ҷо ду ояти зебо вуҷуд дорад; як оят мефармояд: «Сипас (Аллоҳ) бар онҳо тавба дод (тавфиқи тавба бахшид), то тавба кунанд» (Сураи Тавба, ояти 118). Дар ин ҷо тавбаи Аллоҳ (тавфиқи Ӯ) бар тавбаи банда пешӣ гирифтааст.
Ва ояти дувум мефармояд: «Магар касоне, ки тавба карданд ва ислоҳ намуданд ва (ҳақиқатро) баён карданд, пас тавбаи онҳоро мепазирам» (Сураи Бақара, ояти 160).
Ояти аввал ба маънои тавфиқ додан ба тавба аст, ки дар натиҷа бандагон тавба карданд ва ояти дувум дар бораи қабули тавба аст. Пас, тавба аз Зоти Ӯ оғоз шуда ва ба сӯи Ӯ анҷом меёбад; Ӯ туро ба сӯи тавба савқ медиҳад (раҳнамоӣ мекунад), ту тавба мекунӣ ва Ӯ тавбаатро мепазирад. Аммо дар асл, ин Худи Ӯст, ки аз ибтидо ба ин кор тавфиқ додааст.
Ҳамон гуна ки бо Одам (а) рух дод; вақте Одам аз дарахт хӯрд, дар биҳишт мегурехт ва ҳанӯз бо исми Аллоҳ «Ат-Таввоб» ошно набуд ва намедонист, ки чӣ гуна Аллоҳ ӯро мебахшад. Оят мефармояд: «Пас Одам аз Парвардигораш калимотеро омӯхт, пас (Аллоҳ) тавбаи ӯро пазируфт» (Сураи Бақара, ояти 37). Аллоҳ ба ӯ фармуд: «Эй Одам, бигӯ: «Парвардигоро! Мо бар худ зулм кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, ҳамоно аз зиёнкорон хоҳем буд» (Сураи Аъроф, ояти 23). Чун Одам ин суханонро гуфт, Аллоҳ ба ӯ фармуд: «Тавбаатро пазируфтам».
Пас, Аллоҳ дар марҳилаи аввал тавфиқдиҳанда ба тавба ва дар марҳилаи дувум қабулкунандаи он аст.»