4. Маъноҳои муҳим
(Аудио: Бахши 4 – 32:44 дақиқа)
Паёмбар (с) дар ҳадиси бисёр зебое мефармоянд: «Ҳамоно Аллоҳ аз тавбаи бандааш шод мешавад». Сипас Паёмбар (с) барои ин шодӣ мисоле мезананд, ки он аз шодии марде, ки дар биёбон асту шутураш бо тамоми обу таъомаш аз ӯ гурехтааст, бештар мебошад. Он мард дар миёни биёбон яқин ба ҳалокату марг кард ва дар ҳолати ноумедии сахт барои худ чуқурие канд, то дар он бимирад. Ҳолати ноумедии ӯро тасаввур кунед; ҳамон гуна ноумедие, ки гунаҳкорро пас аз пур шудани зиндагиаш аз гуноҳон фаро мегирад. Дар ҳамин ҳол, ногаҳон шутурашро бо ҳама обу таъомаш болои сараш дид. Аз шиддати шодӣ хост Аллоҳро шукр гӯяд, вале иштибоҳан гуфт: «Бори Илоҳо! Ту бандаи манӣ ва ман парвардигори Ту ҳастам!». Ӯ аз шиддати шодӣ хато кард. Паёмбар (с) мефармоянд: «Аллоҳ аз тавбаи яке аз шумо, вақте тавба мекунад, аз ин мард дида бештар шод мешавад».
Шодии Аллоҳ таъоло аз тавбаи ту аз шодии худи ту барои тавбаат бузургтар аст. Аллоҳ таоло аз ин мисолҳо бартар аст, аммо вақте ту молеро садақа мекунӣ, шодии ту аз шодии он касе, ки садақаро гирифтааст, бештар аст; зеро ӯ машғули он чизест, ки аз ту гирифтааст ва шодии туро дарк намекунад. Ҳамчунин ҳангоми тавба дар қалб як навъ шикастагӣ, шарм ва дард пайдо мешавад ва назди Аллоҳ чизе маҳбубтар аз ин шикастагии қалби тавбакунанда нест, зеро он авҷи бандагӣ нисбат ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро нишон медиҳад.
Тавба туро ба баландтарин дараҷаҳои наздикӣ ба Аллоҳ мебарад ва дар ҳамон лаҳзае, ки тавба мекунӣ, маҳбуби Раҳмон мегардӣ. Як нуктаи дигаре ҳаст, ки туро ба тавба ташвиқ мекунад: Иблиси лаъин вақте аз саҷда ба Одам саркашӣ кард ва аз биҳишт ронда шуд, гуфт: «Ба иззату ҷалолат қасам, ки то ҷон дар бадани онҳост, гумроҳашон мекунам». Аллоҳ ба ӯ фармуд: «Ба иззату ҷалоли Худ қасам, то замоне ки аз Ман омурзиш мехоҳанд, онҳоро мебахшам».