«НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО: ат-ТАВВОБ» - Саҳифаи - 3
Featured

«НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО: ат-ТАВВОБ» - Саҳифаи - 3

3. Тавба дар Қуръон ва Суннат

 (Аудио: Бахши 3 – 26:55 дақиқа)

Дар Қуръон ва Суннат мавзӯи тавба борҳо зикр шудааст:

Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:

«Бигӯ: Эй бандагони Ман, ки бар худ зулм (исроф) кардаед! Аз раҳмати Аллоҳ ноумед нашавед. Ҳамоно Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро мебахшад, зеро Ӯ Омурзишгору Меҳрубон аст» [Сураи Зумар, ояти 53].

Аз ин оят эҳсос мешавад, ки гӯё ҷароҳатҳоро марҳам мениҳад. Оё даъвате барои тавба бештар аз ин оят вуҷуд дорад? Гӯё Аллоҳ ба ту мегӯяд: «Гуноҳонат ба ҳар андозае бошад, ҳар қадар дар маъсият ғарқ шуда бошӣ, ҳар қадар дур рафта ва гумроҳ гашта бошӣ, ҳар қадар фаромӯшхотир ва саргардон бошӣ — агар ба сӯи Ӯ биёӣ ва бигӯӣ: "Тавба кардам", ба ту мегӯяд: "Лаббайка, эй бандаи Ман!"».

Ба лутфи ин оят таваҷҷӯҳ кунед: Аллоҳ мегӯяд «Эй бандагони Ман» ва нагуфт «Эй ҷинояткорон» ё «Эй гунаҳгорон». Ҳамчунин гуфт: «Эй касоне, ки бар худ исроф кардаед» ва гуноҳи муайянеро зикр накард, то онҳоро шарманда накунад.

Идомаи оят касро ба ларза меорад:

«Ва ба сӯи Парвардигоратон бозгардед (тавба кунед) ва ба Ӯ таслим шавед, пеш аз он ки азоб ба суроғи шумо ояд ва дигар ёрӣ дода нашавед. Ва аз беҳтарини он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед, пеш аз он ки азоб ногаҳон ва дар ҳоле ки бехабаред, ба суроғи шумо ояд» [Сураи Зумар, оятҳои 54-55].

Яъне, зуд бозгардед! Сипас Қуръон саҳнаи рӯзи қиёматро ба намоиш мегузорад:

«То он ки касе нагӯяд: "Эй дареғо бар он чӣ дар ҳаққи Аллоҳ кӯтоҳӣ кардам ва ҳамоно аз масхаракӯнандагон будам!" Ё нагӯяд: "Агар Аллоҳ маро ҳидоят мекард, аз парҳезгорон мебудам". Ё вақте азобро мебинад, нагӯяд: "Кош бори дигар (ба дунё) бозмегаштам, то аз накукорон мешудам"» [Сураи Зумар, оятҳои 56-58].

Тарси бузург он аст, ки дар рӯзи қиёмат ин оятро бишнавӣ:

«Оре, оёти Ман ба суроғи ту омад, пас ту онҳоро дурӯғ шумурдӣ ва такаббур кардӣ ва аз кофирон будӣ» [Сураи Зумар, ояти 59].

«Ва дар рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ бастаанд, мебинӣ, ки рӯйҳояшон сиёҳ гаштааст. Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои такаббуркунандагон нест?» [Сураи Зумар, ояти 60].

(Дар ин оят Аллоҳ таъоло баён мекунад, ки дурӯғ бастан ба Зоти Ӯ таъоло ва роҳи Ӯ натиҷаи такаббур аст ва ҷазои чунин афрод дар охират на танҳо оташ, балки хориву рӯсиёҳии абадӣ хоҳад буд.)

Инчунин Аллоҳ таъоло ба ту нишон медиҳад, ки туро мебахшад ва дӯст медорад:

«Ҳамоно Аллоҳ тавбакунандагонро дӯст медорад ва покшавандагонро дӯст медорад» [Сураи Бақара, ояти 222].

Иродаи Аллоҳ нисбат ба мо чунин аст:

«Ва Аллоҳ мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад, вале касоне, ки пайрави шаҳватҳо ҳастанд, мехоҳанд, ки шумо ба инҳирофи (каҷравии) бузурге дучор шавед. Аллоҳ мехоҳад бар шумо сабукӣ оварад ва инсон заиф офарида шудааст» [Сураи Нисо, оятҳои 27-28].

Ҳамаи гунаҳгорон мухотаби ин оятанд. Шумо (азоби) рӯзи қиёматро ҳаргиз таҳаммул карда наметавонед: «Пас оё тавба намекунанд?» [Сураи Моида, ояти 74]. Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва ҳар кӣ тавба накунад, пас онҳо ҳамон ситамгоронанд» [Сураи Ҳуҷурот, ояти 11]. Аллоҳ мардумро ба ду гурӯҳ тақсим кард: ё тавбакунанда ва ё ситамгар (золим); гурӯҳи сеюме вуҷуд надорад.

Паёмбар (с) мефармояд:

«Эй мардум, аз Аллоҳ омурзиш бихоҳед (истиғфор кунед), зеро ман дар як рӯз сад бор ба сӯи Аллоҳ истиғфор ва тавба мекунам».

Эй Расули Аллоҳ! Шумо дар як рӯз сад бор тавбаву истиғфор мекунед, вале мо тавба намекунем?! Саҳобагон мегуфтанд: «Мо дар як нишасти Расули Аллоҳ (с) беш аз ҳафтод бор истиғфорро аз ӯ мешумурдем».

 

Тавба аввалин ва охирин манзилгоҳи бандагӣ аст

Тавба нахустин манзили бандагӣ ва охирин манзилгоҳи он аст. Ба ҳамин сабаб, зиндагии Паёмбар (с) бо сураи «Тавба» ба анҷом расид ва охирин оятҳои нозилшуда ба ӯ дар сураи «Наср» буданд:

«Чун ёрии Аллоҳ ва пирӯзӣ фаро расад *** пас Парвардигоратро ҳамд гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ» [Сураи Наср, оятҳои 1-2].

«Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳамоно Аллоҳ рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, дареро офарид ва онро боз гузошт. Он дар аз ҷониби Мағриб (ғурубгоҳи офтоб) аст. Масофаи (паҳнои) он дар ба андозаи роҳи савораест, ки ҳафтод сол меравад ва онро тай карда (ба охир расонида) наметавонад; савора дар паҳнои он ҳафтод сол ҳаракат мекунад ва онро қатъ намекунад (ба интиҳояш намерасад)». Сипас Паёмбар (с) фармуданд: «Оё медонед, ки он чӣ дарест?» Гуфтанд: «На, эй Расули Аллоҳ». Фармуданд: «Он дари тавба аст. Ҳамоно ин дар васеъ ва боз аст ва аз гуноҳони шумо бузургтар аст. Пас, ҳар гоҳ ки офтоб аз мағриб (ғурубгоҳаш) тулӯъ кунад, он дар баста мешавад».

Нуктаҳои муҳим ин ҷо:

1.     Тай карда наметавонад: Ин ибора таъкид мекунад, ки паҳнои дари тавба аз тасаввури инсон берун аст.

2.     Аз гуноҳони шумо бузургтар аст: Ин ҷумла умеди калон мебахшад, ки раҳмати илоҳӣ ҳамеша бар гуноҳи банда ғолиб аст

Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ҳар бандае, ки гуноҳе содир кунад, сипас бархоста таҳорат бикунад ва ду ракъат намоз бигузорад, баъд бинишинад ва аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, ҳатман Аллоҳ он гуноҳашро мебахшад» [Ривояти Имом Аҳмад].

Ва Паймбар (с) мефармоянд:

 «Ҳеҷ касе нест, ки узрхоҳиро бештар аз Аллоҳ дӯст дошта бошад». Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло узрҳоро дӯст медорад ва дӯст медорад, ки ту ба назди Ӯ узрхоҳӣ кунӣ.

Ба ин сурат: "узр" ё "узрхоҳӣ" дар ин ҷо ба маънои "пеш овардани баҳона барои талаби бахшиш" аст. Яъне:

1.     Аллоҳ таъоло дӯст медорад, ки банда ба гуноҳи худ эътироф кунад ва бигӯяд: "Парвардигоро, ман хато кардам, узр мехоҳам".

2.     Ин нишондиҳандаи карами бениҳояти Аллоҳ аст, ки ба ҷои муҷозоти фаврӣ, мунтазири узрхоҳии банда мемонад, то ӯро бибахшад.

            Ва мефармоянд (с):

            «Ҳамоно Аллоҳ дасти (бе мислу монанди) худро дар шаб паҳн мекунад, то гунаҳгори рӯз тавба кунад, ва дасти (бе мислу монанди) худро дар рӯз паҳн мекунад, то гунаҳгори шаб тавба кунад» (яъне 24 соат тавбаро мепазирад).

            Ва Аллоҳ азза ва ҷалла дар ҳадиси қудсӣ мефармояд:

            «Эй фарзанди Одам! То замоне ки Маро бихонӣ ва аз Ман умедвор бошӣ, туро мебахшам, новобаста аз он чи аз ту сар задааст, ва парвое надорам. Эй фарзанди Одам! Агар гуноҳонат ба абрҳои осмон бирасад, сипас аз Ман омурзиш бихоҳӣ, туро мебахшам. Эй фарзанди Одам! Агар ба андозаи пуррагии замин назди Ман бо гуноҳ биёӣ, вале дар ҳоле Маро мулоқот кунӣ, ки ба Ман чизеро шарик наовардаӣ, ба ҳамон андоза омурзиш ба ту ато мекунам. Амали андакро шукр мекунам ва хатои бисёрро мебахшам. Раҳмати Ман аз хашми Ман пеш гузаштааст ва бурдбории Ман аз уқубатам. Ва Ман нисбат ба шумо аз модари меҳрубон ба фарзандаш дида дилсӯзтарам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳамаи гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омурзиш бихоҳед, то шуморо бибахшам».

            Паёмбар (с) мефармоянд:

«Парвардигори мо таборака ва таъоло ҳар шаб дар сеяки охири он ба осмони дунё фуруд меояд ва нидо медиҳад: «Кист, ки Маро бихонад, то иҷобат кунам? Кист, ки аз Ман омурзиш бихоҳад, то бибахшам? Оё тавбакунандае ҳаст, ки тавбаашро бипазирам? Оё омурзишхоҳе ҳаст, ки бибахшам?»

            Аллоҳ таъоло ба Довуд (а) мефармояд:


«Эй Довуд! Агар онҳое, ки аз Ман рӯй гардонидаанд (пушткардаҳо), медонистанд, ки чӣ қадар муштоқи бозгашти онҳоям ва чӣ қадар хоҳони тавбаи онҳоям, аз шиддати шавқ (ва муҳаббат) нисбат ба Ман об мешуданд. Эй Довуд! Ин аст рағбат (ва майли) Ман ба касоне, ки аз Ман рӯй мегардонанд, пас муҳаббати Ман ба онҳое, ки бо тамоми ҳастӣ ба сӯи Ман рӯй меоваранд, чӣ гуна хоҳад буд?»

            Ва дар ҳадиси дигар мефармояд:

Ман ва инсу ҷин дар хабари бузург (ва сангин) ҳастем: Меофаринам, вале ғайри Маро мепарастанд; рӯзӣ медиҳам, вале шукри дигареро мекунанд. Хайри Ман ба сӯи бандагон нозил мешавад, аммо шарри (гуноҳони) онҳо ба сӯи Ман боло меравад.

Ман бо раҳмати Худ ба онҳо наздикӣ меҷӯям (ва меҳрубонӣ мекунам), дар ҳоле ки аз онҳо комилан бениёзам; ва онҳо бо гуноҳон аз Ман дурӣ меҷӯянд (ва худро манфур (нохуш) месозанд), дар ҳоле ки аз ҳама беш ба Ман ниёз доранд.

Аҳли зикри Ман, аҳли маҷлиси (ҳамнишинони) Ман ҳастанд. Аҳли тоати Ман, аҳли муҳаббати Ман ҳастанд. Аҳли маъсияти Манро аз раҳмати Худ ноумед намекунам. Агар ба сӯи Ман тавба кунанд, Ман дӯстдори онҳоям ва агар саркашӣ кунанд (ва тавба накунанд), Ман табиби онҳоям.

Онҳоро ба балоҳо ва мусибатҳо гирифтор мекунам, то аз айбҳо ва гуноҳҳо пок созам. Ҳар кӣ аз онҳо назди Ман тавбакунон биёяд, аз дур пешвозаш мегирам ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз наздик садояш медиҳам ва мегӯям: «Куҷо меравӣ? Оё Парвардигоре ҷуз Ман дорӣ?»