Administrator
МАҚОЛАҲО ВА СӮҲБАТҲО
25 декабри 2025
Шумораи боздидҳо: 74
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ҳалқаи ҳаштум
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Бо Худованд чигуна муносибат хоҳи кард,
ВАҚТЕ БО Ӯ СУХАН МЕГӮИ ?
Муколамаи сартарош ва муштарӣ
Баҳси эътиқод . Ҳикоят мекунанд, ки марде барои ислоҳи мӯи сараш ба назди сартароше даромад. Сартарош ҳангоми кор бо ӯ вориди суҳбат шуд ва аз ҳар мавзӯе сухан мегуфт. Дар зимни гуфторашон сартарош ба он мард гуфт: «Ошкоро бигӯям, ман ба Худо имон надорам (алъаёзу биллоҳ)».
Сабаби беимонӣ . Он мард пурсид: «Чаро?». Сартарош гуфт: «Ман муҳтоҷам ва мушкилоти зиёд дорам, вале Ӯ ба ман ёрӣ намерасонад». Он мард сукут кард, то сартарош корашро ба охир расонид. Сипас, ҳаққи хидматро пардохт ва аз дукон берун шуд.