ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ДАРДУ ДАВО - ДАРДУ ДАВО
Featured

ДАРДУ ДАВО - ДАРДУ ДАВО

Ибни Абуддунё дар китоби «Муҷобин» (Иҷобатшудагон) ва дар «Дуо» аз Ҳасан ривоят кардааст, ки гуфт: «Марде аз асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз миёни Ансор буд, ки кунияаш (лақабаш) Абумуаллақ буд. Ӯ тоҷир буд ва бо моли худ ва дигарон тиҷорат мекард ва ба гӯшаву канори олам сафар менамуд. Ӯ марди бисёр обид ва парҳезгор (вараъ) буд.

Боре ба сафар баромад ва бо дузде рӯбарӯ шуд, ки ва саропо мусаллаҳ ва рӯйпӯш (ниқобпӯш) буд. Дузд ба ӯ гуфт: «Ҳар чӣ дорӣ, бигузор, зеро ман туро хоҳам кушт!».
Абумуаллақ гуфт: «Чаро хуни маро мехоҳӣ? Шаъни ту ин мол (яъне ту бо мол кор дори)? (Яъне молро бигиру маро раҳо кун)».

Дузд гуфт: «Мол, ки аллакай аз они ман аст, вале ман ҷуз хуни ту чизеро намехоҳам!».

Абумуаллақ гуфт: «Акнун, ки аз куштани ман даст намекашӣ, пас иҷозат деҳ, ки чор ракаат намоз бигузорам».

Дузд гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, намоз бихон».

Пас (Абумуаллақ) таҳорат кард ва чор ракаат намоз хонд. Аз ҷумлаи дуоҳое, ки дар саҷдаи охиринаш кард, ин буд: «Ё Вадуд! Ё Вадуд! Эй Соҳиби Арши бошаҳомат! Эй Анҷомдиҳандаи ҳар он чӣ ирода мекунӣ! Аз Ту дархост мекунам ба ҳаққи иззати Ту, ки дастнорас аст ва ба ҳаққи подшоҳии Ту, ки мавриди ситам қарор намегирад ва ба ҳаққи нури Ту, ки аркони Арши Туро пур кардааст, ки маро аз шарри ин дузд кифоят кунӣ (наҷот диҳӣ). Эй Фарёдрас, ба фарёдам рас!» (се бор инро такрор кард).

Ногаҳон саворе пайдо шуд, ки дар даст найзае дошт ва онро миёни ду гӯши аспи худ гузошта буд. Чун дузд ӯро дид, ба сӯяш ҳамла кард, вале он савор бо найза ба ӯ зада, ӯро кушт. Сипас ба назди ӯ (Абумуаллақ) омад ва гуфт: «Бархез!».
Абумуаллақ гуфт: «Падару модарам фидоят бод, ту кистӣ? Имрӯз Худованд маро ба воситаи ту наҷот дод!
?».

Савор гуфт: «Ман фариштае аз аҳли осмони чаҳорум ҳастам. Вақте бори аввал дуо кардӣ, садои ҷарангосзании дарҳои осмонро шунидам. Вақте бори дуюм дуо кардӣ, садои шӯру ғавғои аҳли осмонро шунидам. Сипас вақте бори сеюм дуо кардӣ, гуфта шуд: «Ин дуои шахси ғамзадаву дармонда (макруб) аст!». Пас ман аз Худованд хостам, ки куштани он дуздро ба ман вогузор кунад».

Ҳасан гуфтааст: «Ҳар кас таҳорат кунаду чор ракаат намоз бихонад ва бо ин дуо талаб намояд, дуояш мустаҷоб мегардад, хоҳ ғамзада бошад ва хоҳ ғайри он»[4].


[4] Шарҳи муфассал

Ибни Қайим (раҳ) ин қиссаро барои нишон додани қудрати «Дуои Изтирор» (дармондагӣ) овардааст:

1.    Намоз — паноҳгоҳи аввалин: Абумуаллақ дар лаҳзаи марг ба ҷойи таваллову зории дузд, паноҳ бурдан ба Холиқро интихоб кард. Ин нишонаи камоли имон ва таваккул аст.

2.    Истифодаи номҳои таъсирбахш: Дар дуо калимаи «Ё Вадуд» (Эй Бисёр Дӯстдоранда) ва «Ё Зал-Арши-л-Маҷид» зикр шудааст. Вақте банда Худоро бо ин сифатҳо мехонад, раҳмати Худо ба ҳаракат меояд.

3.    Таъсири дуо дар олам: Ин қисса нишон медиҳад, ки дуои самимӣ дар замин садо медиҳад, вале дар осмонҳо аксулсадо (резонанс) эҷод мекунад. «Ҷарангоси дарҳои осмон» нишонаи он аст, ки барои дуои мӯъмини мухлис дарҳои олами ғайб кушода мешаванд.

4.    Мадади фариштагон: Худованд барои наҷоти бандагони солеҳаш фариштагонро сафарбар мекунад. Ин собит мекунад, ки мо дар ин дунё танҳо нестем ва қувваҳои ғайбӣ ҳамеша омодаи мадад ба аҳли имонанд.

 

ХУЛОСАИ ҶОМЕЪИ ФАСЛ: СИРРИ ИҶОБАТ ВА ДАРУНМОЯИ ДУО

Атиббоулқулуб бар ин боваранд, ки дуо танҳо талаффузи чанд вожаи хушк нест, балки як раванди амиқи рӯҳонӣ ва эъломияи бандагист. Барои он ки тири дуо ба ҳадаф бирасад ва дарвозаҳои осмонро бикшояд, бояд ин чаҳор рукн дар он ҷамъ шаванд:

1.     Ҳузури қалб ва ниёзи содиқона: Иҷобат аз қалби шикаста ва музтар оғоз мешавад. Инсон бояд худро дар баробари тӯфони ғамҳо монанди Юнуси паёмбар (а) дар «шиками моҳӣ» эҳсос кунад, ки ҷуз ба Зоти Поки Илоҳӣ ба ҳеҷ қудрате умед надорад. Эътироф ба кӯтоҳии хеш ва паноҳ бурдан ба сифати «Ҳайю Қайюм» калиди кушоиши бастагиҳост.

2.     Тавассул ба номҳои аъзами илоҳӣ: Бузургтарин роҳи наздикӣ ба Арши Илоҳӣ хондани Худованд бо номҳоест, ки бар Ягонагӣ, Азамат ва Пояндагии Ӯ далолат мекунанд. Махсусан зикри «Ё Зал-ҷалоли ва-л-икром» ва номҳои ҷалолу ҷамоли Ӯ, монеаҳои осмониро бардошта, иҷобати ҳоҷатҳоро кафолат медиҳад.

3.     Истифода аз «Дорухонаи Набавӣ»: Ғам ва андӯҳ ҷузъи ҷудоинопазири зиндагист, вале Расули Акрам (с) ба мо дуоҳоеро омӯхтаанд, ки «дорухонаи рӯҳонӣ» маҳсуб мешаванд. Ин калимот агар бо имон ва дарки маъно гуфта шаванд, метавонанд тарсро ба амният ва андӯҳро ба шодии амиқ табдил диҳанд.

4.     Одоби зоҳирӣ ва пайвастагӣ бо Арш: Наҷоти инсон дар лаҳзаҳои хатар на дар такя ба сабабҳои моддӣ, балки дар пайвасти ботин бо Холиқи сабабҳост. Дуое, ки бо таҳорат, намоз ва адаби комил ҳамроҳ бошад, мисли тирест, ки аз камони устувор раҳо шудааст ва ҳеҷ гоҳ ба хато намеравад.

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Ҳоло дар сомона 299 меҳмонҳо ва ҳеҷ истифодабарандае нест