ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ҚУРЪОН НУР ВА РАҲНАМОИ БЕҲТАРИНҲО
ДАРДУ ДАВО - ДАРДУ ДАВО
Featured

ДАРДУ ДАВО - ДАРДУ ДАВО

ФАСЛ: ЗАМОНҲО ВА ОДОБИ ИҶОБАТИ ДУО

 Агар дар дуо ҳузури қалб ва тамаркузи комил бар матлаб ҷамъ шавад ва он бо яке аз шаш замони иҷобат мувофиқ ояд, ки иборатанд аз:

1.     Сеяки охири шаб.

2.     Ҳангоми азон.

3.     Байни азон ва иқомат.

4.     Паси намозҳои фарзӣ.

5.     Ҳангоми боло шудани имом ба минбар дар рӯзи ҷумъа то поёни намози он рӯз.

6.     Соати охири баъд аз аср (дар рӯзи ҷумъа).

Ва агар ин ҳолат бо хушӯъ дар қалб, шикастагӣ (фурӯтанӣ ва изтирору дармондагӣ) дар пешгоҳи Парвардигор, ва хориву изҳори ниёз дар баробари Ӯ, ва зорӣ кардан (тазарруъ) ва нармдилӣ ҳамроҳ гардад;

Ва дуокунанда рӯ ба қибла истад;

Дар ҳолати таҳорат бошад;

Дастҳояшро ба сӯйи Худо бардорад;

Дуоро бо ҳамду санои Илоҳӣ оғоз кунад;

Сипас бо дуруду салом бар Муҳаммад — банда ва расули Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) идома диҳад;

Ва пеш аз арзи ҳоҷат, тавба ва истиғфорро пешкаш намояд;

Сипас ба даргоҳи (раҳмати) Худо ворид шуда, дар талаби ҳоҷати худ пофишӣ (илҳоҳ) кунад, ва бо зориву тавалло ва хушомадгӯӣ аз Ӯ дархост намуда ва аз рӯйи рағбат (умед) ва раҳбат (тарс) Ӯро бихонад;

Ва бо асмо (номҳо) ва сифоти Худованд ва тавҳиди Ӯ тавассул ҷӯяд;

Ва пеш аз дуояш садақае тақдм намояд...

Пас, чунин дуое қариб аст, ки ҳеҷ гоҳ рад карда намешавад. Бахусус агар бо он дуоҳое мувофиқ ояд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз иҷобат шудани онҳо хабар додаанд ё дар онҳо Исми Аъзам зикр шуда бошад[1].


[1] Шарҳи муфассал

Дар ин фасл муаллиф «муҳити комил»-ро барои дуо тасвир мекунад:

1.    Ҷамъияти қалб: Ин муҳимтарин рукн аст. Ибни Қайим мегӯяд, ки тамоми қувваи фикрӣ ва қалбии инсон бояд дар як нуқта — ҳоҷате, ки аз Худо мехоҳад — ҷамъ шавад.

2.    Одоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ: Таҳорат, рӯ ба қибла будан ва бардоштани дастҳо нишони адаби банда дар баробари Шоҳаншоҳ аст. Аммо «шикастагӣ» (инкисор) ва «тамаллуқ» ҳолатҳои ботиние ҳастанд, ки раҳмати Худоро ҷалб мекунанд. Тамаллуқ дар ин ҷо ба маънои бо зорӣ ва суханҳои ширин изҳори ниёз кардан ба Холиқ аст.

3.    Тартиби дуо: Муаллиф як "протокол"-и хосро пешниҳод мекунад: аввал ҳамди Худо (на танҳо як бор, балки бо сифоташ), баъд дуруд бар Паёмбар (с), баъд поксозии қалб бо тавба ва танҳо пас аз инҳо арзи ҳоҷат.

4.    Василаҳои қавӣ: Тавассул ба асмоуллоҳ (масалан: "Ё Раҳмон, ба раҳматат ба ман раҳм кун") ва додани садақа пеш аз дуо, монанди "пора" ё "ҳадя" барои кушодани дарҳои раҳмат аст.

Хулоса:

Иҷобати дуо танҳо ба хондани чанд ҷумла нест, балки он як раванди рӯҳонист, ки аз қалби шикаста оғоз шуда, бо адаби зоҳирӣ ороста мегардад ва дар замонҳои хос ба арш мерасад. Чунин дуое, ки тамоми ин шартҳоро дорад, мисли тирест, ки ҳеҷ гоҳ ба хато намеравад.

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Ҳоло дар сомона 299 меҳмонҳо ва ҳеҷ истифодабарандае нест